воскресенье, 1 ноября 2020 г.

Ашрофияти тоҷикӣ

Дар ҷое хондам, ки агар заволи давлатро хоҳӣ корҳои хурдро ба бузургон (ашроф) супор ва корҳои бузургро ба хурдон (ғайриашроф).

Коммунистон суханҳои Ленинро, ки ҳар як ошпаззани оддӣ метавонад давлатдорӣ кунад, пиёда карданд.

Баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чунин рӯйдод сурат гирифт, ки дар Тоҷикистон ба мансабҳо дар аксар маврид шахсоне таъин шуданд, ки ашрофият чист, тасаввуроте надоштанд. Аз сарвати забони адабӣ фарсахҳо дур буданд. Бо таъсири онҳо як забони кириминалии пур аз дашном дар Душанбе паҳн шуд. Ин криминалзабонҳо ин қадар забон дароз карданд, ки гули сари сабади аристократияи тоҷикро душмани миллат қаламдод мекунанд. Тарс дар мағзи дилу ҷонашон хона кардааст, ки мардум дар асл кӣ будану чӣ будани онҳоро, яъне нонаҷибу ноначибзода будани онҳоро фаҳмидааст. Барои он ки мансабро аз дасти онҳо кашида нагиранд, бояд наҷибонро (яъне нухбагонро) сиёҳ кард, душманони миллат гӯён ба воситаи расонаҳо тарғиб намуд.

Агар миллатро ба сурати як ҷисми одам тасаввур кунем, бешак аз узвҳои асосӣ сар ва дил наҷибонанд, яъне аристократия.

Инсони боақл пеш аз ҳама ҳамин узвҳои асосиро аз ҳама зарбаҳо эҳтиёт мекунад.

Бисёр касон фикр мекунад, ки ИМА-ро Президент идора мекунад. Дар амал бошад идора дар дасти истеблишмент, яъне аристократҳо - наҷибон аст, ки дар Конгресс аксариятанд. Нерӯи бешикасту пешбарандаи ИМА дар ҳамин аст.

 

Комментариев нет: