четверг, 24 июня 2021 г.

Саводнок кист?

 Ҳамроҳи банда дар мактаби миёна як ҳамсол ва ҳамқишлоқӣ мехонд. Хеле бадхон буд. Дар соли саввум ба зинаи чорум нагузашт. Ҳамин тавр мактабро тарк кард, як илоҷе карда дар макаби шабона соҳиби аттестат шуд. Ман аълохон будам, мактаби олиро низ бо дипломи сурх хатм кардам. Бисёр сол дар матбуот кор карда соли 1993 ба зодгоҳам – Самарқанд баргаштам. Дар киса як танга надоштам ва дар бағал 9 номгӯй китоби нашркардаам.

Он ҳамсоли бадхонам дар корхонаи гӯсфандпарварӣ кор кардааст. Қасре сохта буд, ҳама фарзандонашро хонаву ҷойдор карда буд, дар зераш мошини сабукрав. Сабаби чунин фарқияти иқтисодӣ он буд, ки ӯ саводи ҳаётӣ дошт. Барои ӯ алгебра, геометрия, ҷуғрофия лозим набуд.

Ӯ саводнокиро дигар хел мефахмид - дар ҳаёт роҳи пулёбиро ёфтан.

 Ман ӯро сафед намекунам. Ин мисол чандон мувофиқаст ё не, барои он овардам, ки ҳар кас саводнокиро ҳар хел мефаҳмад.

Дар замони шӯравӣ дар мактаби миёна “Ҷамъиятшиносӣ” ном фан буд, ки аз сиёсат сухан мекард. Сипас дар мактаби олӣ “Материализми диалектикӣ”, “Таърихи КПСС”, “Иқтсоди сиёсӣ” барин фанҳоро омӯхтем. Ин ба ғайри ҳаррӯза ним соат информасияи сиёсии пеш аз оғози дарсҳо дар мактаби миёна.

Акнун ба ман гӯед, ки бачаҳои тоҷик аз ҷамъиятшиносӣ, сиёсат чӣ медонанд?

Агар вазъ ҳамин тавр бимонад, оқибат чӣ мешавад?

Он чизе, ки оиди форматсияҳои ҷамъиятӣ дар дарсҳои торих бачаҳо меомӯзанд, барои шакл гирифтани саводи сиёсӣ кофӣ нест. Ҷамъиятшиносӣ илми ҷиддист ва онро густурдатар фаро бояд гирифт.

Баъзеҳо эҳтимол чунин гумон мекунанд, ки ҳар чӣ ҷавонон аз ВАО ва Интернет гиранд, саводи сиёсиро шакл медиҳад. Оре инкор намекунам, аммо дар ВАО ва Интернет афкори манфӣ низ бисёр аст.

Иммунитети зидди мафкури вайрони сиёсиро бачаҳо бояд дар мактаб ҳосил кунанд. Дар ҳамин ҳолат онҳо тӯъмаи тарғиботи экстремистҳо намешаванд, аз қабили экстремизми динӣ – ДОИШ ва ғайра.

Ҷавонони тоҷик оё медонанд, ки сиёсат низ илм аст ва ба русӣ онро политология мегӯянд. Политолог ин сиёсатшинос аст. Дар баҳсҳои сиёсӣ, ки дар телевизиони Русия баъзан мебинед, сиёсатшиносон суханронӣ мекунанд.

Яъне кори буз нест хирман кӯфтан.

Дар Фейсбуки тоҷикӣ сиёсатшиноси варзида нест.

Ба ин сабаб бесаводии сиёсӣ ба як дарди умумӣ табдил ёфтааст.

Ба ин сабаб наметавон аз ҳушёрии сиёсӣ сухан кард.

Ба ин сабаб душвор аст пешгӯӣ кардан, ки дар ҷомеъаи тоҷикӣ пешрафти фикрӣ рух медиҳад ё не.

Умуман ҷаҳонбинии сиёсӣ ҳаст ё нест?

Масалан бигирем мардикорони тоҷикро, ки теъдодашон миллионҳо нафар аст. Ва аксар бо меҳнати вазнин дар хориҷа дур аз ватан рӯз мегузаронанд.

Инҳоро сармоядорони хориҷӣ бераҳмона истисмор мекунанд. Агар ҷавони мардикор саводи сиёсӣ надошта бошад,, Маркс дар “Капитал” чӣ навиштааст, надонад, магар барои зиёд кардани ҳаққи меҳнаташ мубориза мекунад? Чӣ тавр исбот мекунад, ки капиталист ҳақи ҳалоли ӯро бурида истодааст?

 

 

Комментариев нет: