вторник, 20 марта 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 15


Ҳар кас дасти рӯғанинаша ба сари худаш мемолад.
Яъне ба сари дигар кас намемолад. Азбаски пухтани палав бо  равғани дунбаи гӯсфанд расм будаасту палавро бо даст мехӯрдаанд, баъди хӯрдан баъзе касон равғани дастро ба сар мемоланд, аз он сабаб, ки хосияти шифоӣ дорад, зидди сармохӯрдагист. Ин мақол ба он маъност, ки ҳар кас даставвал ҳама корро ба манфиати худу хонаводаи худ мекунад.

Пӯстата дар бозори чарм мешиносам.
Яъне дар асл кистӣ, хуб медонам, агарчӣ аз пӯсти баданат маҳсулоти чармӣ тайёр карда бошанд.

Пушту пешаш баробар.
Одами берӯй. Яъне пешаш ҳам пушту пушташ ҳам пушт. Баъди обед бой шудагиҳо.


Тушберая хом шумурдӣ.
Тушбераро (навъи таоме, ки қиммаи гӯштро дар хамири тунук печонида дар об мепазанд) дар Самарқанд барак мегӯянд. Аммо танҳо дар ин мақол калимаи «тушбера» истифода мешавад, ки дурусташ ҳамин аст, чун аз гӯшти тӯши барра истифода мешудааст ва маънои тушбера яъне гӯшти барра аст. Ӯзбекҳо инро ба шакли чучвара тағйир додаанд. Ин мақол мисли мақоли «Ҷӯҷаҳоро дар тирамоҳ мешуморанд» аст.

Дума хода кард.
Дар вақти гурехтан думро хода кардан хоси чорпоён аст. Нисбат ба одам ҳамон вақт мегӯянд, ки бадахлоқӣ ё ҷинояте карда баъд гурехта бошад.

Нуомед шайтон.
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.
Ноумед шайтон мегӯянд ҳатто онҳое, ки ба мавҷудияти шайтон бовар надоранд.

Поезд гузашта рафт.
Шакли муосири мақоли дерини «Корвон гузашту рафт».
Ба касе мегӯянд, ки аз кор ё воқеаи гузашта хабар надорад.

Коса лесидан.
Дар Самақанд баъди хӯрдани таом табақ ё косаро аз ғизои боқимонда пок бихӯрдан савоб меҳисобанд ва ин шеърро низ мехонанд:
Худо вақте ки дунёро ато кард,
Савоби  косалесонро ҷудо кард.
Агар донӣ савоби косалесӣ,
Ба ҷуз коса чизи дигар налесӣ.
Яъне дар Самарқанд косалесӣ нишонаи гуруснагӣ ва хасисӣ не, балки як амали савоб маҳсуб мешавад.

Кайка наъл кардагӣ.
Оиди каси аз ҳад зиёд маккор ва каси маҳораташ фавқулода баланд.

Якта нон балои ҷон,
Нимта нон роҳати ҷон.
Оиди қаноатпешагӣ

Оба лой карда моҳӣ медорад.
Оиди корҳои ношоистаи касе мегӯянд. Вақте ки бо фиреб ягон масъаларо ба манфиати худ ҳал мекунад.

Баъзе мақолҳои самарқандӣ, ки Ҳаёт Неъмат дар китоби «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ» (Душанбе, 2017) овардааст:

Саг аккос мезанад, корвон мегузарад.

Аз паи ҳар гиря охир ханда аст.

Моргазида аз ресмони ало метарсад.

Ба деги гарм расӣ, даҳон сӯзи.

Бад надонӣ, то надонӣ некро.

Бо гапи нағз мор аз хонааш мебарояд.

Баҳри кайке гилем масӯз.

Бонагӣ беҳтар зи макри нокасон.

Бисёр магӯ, ки вақти ош аст.

Сӯҳбати ноҷинс гӯр асту лаҳад.

Аввал таом баъд калом.

Қарсак аз ду даст.

Меҳр дар чашм.

Ба осмон туф кунӣ, ба рӯи худат меафтад.

Алоии гов аз беруну одама алойеш аз дарун.

Гушна дар хобаш нон мебинад.

Ба умеди кас нашав, буттаро дор.

Девор муш дорад, муш гӯш.

Дӯстии аблаҳ бадтар аз душманӣ.

Замона бо ту насозад ту бо замона соз.

Аз даҳони саг оби дарё ҳаром намешавад.

Зӯри беҳуда миён мешиканад.

Душман гирӣ, ба ҳадди хеш гир.

Шунидан кай бувад монанди дидан.

Калро ғами шона нест.

Қадри ҳезумро чӣ донад саҳроии тапписӯз?

Кар ду бор механдад.

Буз агар хирман мекӯфт, ҳоҷат ба барзагов набуд.

Меҳмондорӣ се рӯз.

Меҳр дар чашм.

Марди меросӣ чӣ донад қадри мол.

Моҳӣ аз сар бӯ мегирад.

На сих сӯзад на кабоб.

Нони гармат набошад ҳам гапи гармат бошад.

Об аз сар тира.

Одамӣ фарбеҳ шавад аз роҳи гӯш. (Яъне таъриф мефорад)

Ба  доно як ишора бас.

Ба аспи нағз як қамчин зан, ба аспи бад сад қамчин.

Пеши саг каҳ, устухон дар пеши хар.

Ақл дар сар на дар синну сол.

Ранг бину ҳол пурс.

Роҳзанеро роҳзани дигар барад.

Дуздро қарақчӣ зад.

Дарди бадро давои бад.

Гӯшти хару дандони саг.

Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост.

Кӯза доим ба лаби ҷӯ соғ рафта соғ намеояд.

Сари хару меъдаи саг.

Шуши нақд аз дунбаи насия беҳ.

То бача гиря накунад, очеш шир намедиҳад.

Оҳанро дар гармиаш мекӯбанд.

Узри аҳмақ аз гуноҳаш бадтар.

Ангур аз ангур ранг мегирад.

Хар ёфту полон наёфт.

Хунро бо хун намешӯянд.

Аз ту ҳаракат аз худо баракат.

Ҳаракат – калиди дари баракат.

Ҳар кӣ арзон харад, арзон диҳад.

Арзон бе иллат нест, қимат (яъне гаронқимат) бе ҳикмат.

Ҳар каса айбаш дар пушти пошнеш.

Худ шиносӣ, худоя шиносӣ.

Ҳар ки аз кишташ ёбад.

Чизе ки корӣ ҳамон медаравӣ.

Боз бо  боз мекунад парвоз.

Интизорӣ – бадтар аз марг.

Чоҳ кандаро чоҳ дар пеш.

Ҷав корӣ ҷав медаравӣ.

Ҷавоби аҳмақ - сукут.

Ҷафои оқил беҳтар аз вафои ҷоҳил.

Ҷони нодон дар азоб.

Ҷӯянда – ёбанда.

Даҳони хӯрда шарм дорад.

Шукри неъмат неъматат афзун кунад.


Комментариев нет: