Рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода хабари хушеро расонд, ки
мактаби рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд садсола мешавад.
Ин ягона мактаби даҳсола (дар замони хрушёвӣ ёздаҳсола)
дар он атроф буд. Ман ба ин мактаб соли 1953 қадам мондам. Он вақт ба харидани
портфел падарам маблағ надошт. Зеро бекор буд. Ҳукумати Шӯравӣ барои бо кор
таъмин кардани собиқадорон ҷанги бузурги ватанӣ коре намекард. Модарам як остини куртаи
кӯҳнаашро бурида як тарафи онро бо ресмон дӯхт ва аз тарафи даҳонаш тасмаи латтагинро
васл карда ба гарданам овехт. Ман китоб низ надоштам. Даруни ин халтача ду дона
дафтар ва як қалам доштам, ки онро падарам қариндош мегуфт, эҳтимол карандаши
русиро ин тариқ талаффуз мекард.
Мактаб соф тоҷикӣ буд. Он вақт синфи якум дуто буд. Якеро
якуми «А», дигареро якуми «Б» мегуфтанд.