Мирҷалолиддини КАЗЗОЗӢ
СӮЗАНИ ИСО
Як сў nucapam нишаставу як сў зан,
Ин ҷумла ба ҳам гузору бар як сӯ зан.
Исо натавонист 6а афлок расад,
То дошт зи асбоби ҷаҳон як сӯзан.
Фарзонасуханвар Афзалиддини Кошонӣ дар ин сурудаи ҳунарии хеш ба ойини дарвешон ва ворастагон пандамон медиҳад, то асбоби ҷаҳонро вониҳем ва барои он ки андарзи хешро устувортар дорад, аз достони сӯзани Исо сухане дар миён меоварад.
Достон ин аст, ки Исоро пас аз он ки ҷаҳони фурӯдинро вониҳод, дар осмонҳо фаро мебурданд; дар осмон чаҳорум ӯро бозҷустанд, дар палоси кӯҳнаи ӯ сӯзане ёфтанд ва чун бо сӯзане хурд ба гетӣ вобаста монда буд, ӯро аз фароравӣ ва фарозҷӯӣ дар осмонҳо боздоштанд. Исо ба ночор дар осмони чаҳорум монд.
Сурободӣ достонро чунин овардааст: «Худои таъоло ӯро ба осмони чаҳорум бурд, чун он ҷо расид, амр омад фариштагонро: «Бингаред то бо вай аз дунё ҳеч чиз ҳаст? Агар нест, ӯро ба осмони хафтум оред.» Нигоҳ карданд, бо вай сӯзане ёфтанд дар гиребони палосе ки чиҳил сол буд то ӯро пӯшида дошт ва он вақт се шаборӯз буд то Исо алйҳисалом чизе нахӯрда буд. Чун он сӯзан диданд бо вай, нидо омад, ки Исоро ҳамон ҷо бидоред. Байтулмаъмурро маскани вай карданд, то ба рӯзи қиёмат...»
Аз ин достон дар паҳнаи адаби порсй борҳо ёде рафтааст. Сухансолори Шервон дар «Чомаи тарсоӣ» фармудааст:
На рӯҳуллаҳ бар ин дайр аст, чун шуд
Чунин даҷҷолфеъл ин дайри мино?
Танам чун риштаи Марям дутояст,
Дилам чун сӯзани Исост якто.
Ман ин ҷо пойбасти ришта монда.
Чу Исо пойбасти сӯзан он чо.
Оё метвон партаве нав бар ин достони куҳан афканд? Чаро Исоро аз осмонҳо мегузаронанд? Чаро ҷойгоҳи Исо осмон аст? Чаро дар миёни осмонҳои ҳафтгона, осмони чаҳорум оромҷойи ӯ шумурда шудааст?
Посухи кӯтоҳ ба ин ҳама он аст, ки Исоро бо Хуршед пайванде розомез ва дерин аст. Исо ҳамхонаи Хуршед аст ва ба гунае бо ӯ яке пиндошта мешавад.
Дар боварҳои ахтаршиносии куҳан, осмони чаҳорум хонаи Хуршед ангошта мешудааст:
Чорумин чарх баҳри Хуршед аст,
Ки ҷаҳонро ба нафьаш уммед аст.
Хоқонӣ дар сухан бо Хуршед фармудааст:
Болот шуҷоъи аргунунтан,
Зери ту аруси аргунунзан.
Болои Хуршед, дар осмони панҷум Баҳром (Миррих), «шуҷоъи арғунунтан» ва зери он. дар осмони саввум Ноҳид (Зуҳра), «арӯси аргунунзан» ҷой гирифтаанд.
Хоқонй дар чомаи тарсоӣ аз мурғи Исо сухан мегӯяд, ки ҳамсоягии Исо бо Хуршед, ин конуни равшанӣ баҳрае барои ӯ надоштааст ва мурғи бенаворо аз кӯрӣ нараҳонидааст:
Чи роҳат мурғи Исоро зи Исо,
Kи ҳамсояст бо Хуршед Узро.
Ва низ намунаҳои дигар ҳам аз ӯ:
На Хуршед ҳамхонаи Иси омад,
Чи маънӣ, ки маълул мизон намояд.
На Исосифат з-ин хароботи зулмат.
Дар айвони шамсуззуҳо мегурезам..
Муҷири Билқонӣ низ ҳаваси Исоро чашмасори гардун (Хуршед) пиндоштааст:
Чу Исо ар ҳавасат чашмасори гардун аст,
Гиёҳи даҳр бадин хартабиатон бигзор.
Ҳам ӯ дар ин намунаҳо пайванди Исоро бо Хуршед бозменамояд:
Эй гаҳи базм табъи ту Исои офтобдил,
В-эй гаҳи разм табъи ту шӯълаи осмони шарар.
Маро қутби маъонӣ хонд бар чорум фалак Исо,
Ба бандам кард, яъне қутб давронро намешояд.
Чаро Исо ҳамхонаи Хуршед аст? Барои посух ба ин пурсиш, ночор бояд ба рӯзгорони куҳан бозгардем ва пайванд дар миёни оини тарсоӣ ва кеши меҳриро биковем. Оини Меҳр аз куҳантарин оинҳои эронӣ аст; Меҳр дар боварҳои ҳиндуэронӣ, дар пайванд бо Хуршед аст, номи ӯ дар Авасто Мисра, дар Ведҳо Митра, дар порсии миёна Митр ва дар лотин Митро аст.
Дар Авасто Меҳр яке аз эзадони бистуҳафтгона аст, ӯ офаридаи Аҳурост, ҷойгоҳи ӯ кӯҳи Сипанд - Ҳаро аст. Меҳр пеш аз дамидани Хуршед бармеояд ва фурӯғи худро бар ситеғҳои баланд метобад ва пас аз фурӯхуфтани Хуршед, ҳамчунон мепояд. Ӯ хам бом аст, ҳам шом. Ҷанговаре дамон аст, ки настӯҳ бо тирагиҳо ва падидовардагони онҳо меситезад, даҳ ҳазор чашм ва даҳ ҳазор гӯш дорад, аз ҳар он чи дар Замин мегузарад, огоҳ аст. Ниҳонитарин андешаҳо бар ӯ ошкоранд, ӯ аз ҳар дурӯғ огоҳ мешавад ва сахт аз он безор аст; ӯ Худои ростӣ аст. Худованди марғзорҳои паҳновари осмон аст, тавонгарӣ ва боровариро мегустарад ва мепароканад. У посдори паймонҳост ва пояндаи онҳо, ӯ бар пайвандхое ки мардумонро баякдагар мепайвандад, фармон меронад ва конуни хонаводаро устувор медорад. У дӯст ва оромишгар аст.
Меҳр дар рӯзи бозпасин равонҳоро аз пули Чинват мегузаронад, кирдорҳояшонро месанчад, аз ин рӯ ҳам худои осмон, ҳам худои Замин, ҳам худои марг аст. Меҳр дар рӯзгори Ашконӣ ба вижа бас гиромӣ ва ситуда будааст, то он ҷо ки метавон гуфт, Худои меҳин дар он рӯзгор ӯст. Оини Меҳр дар ин рӯзгор аз Эрон ба Рум меравад ва дар замоне кӯтоҳ, ба шевае шигифт паҳнаи империяи Румро дарменавардад ва то бадон ҷо дар назди румиён жарфо ва густариш меёбад, ки оини расмии империяи Рум мешавад.
Дар миёни оини Меҳр ва оини тарсоӣ, ки пас аз он оини румиён мегардад, пайвандҳо ва ҳаммонандиҳои бисёр мегавон ёфт. Мо танхо ба чанд намунае басанда мекунем:
Номи рузи сипанд дар назди тарсоён рӯзи Меҳр аст. 25 декабр ҷашни зоиши Меҳр аст, ки бо шукӯҳи бисёр баргузор мешудааст ва зодрӯзи Исо шумурда омадааст.
Роҳу расми нон ва набид, ки дар назди католикҳо бас сипанд ва арҷманд аст ва аз розҳои бунёдин дар боварҳои онон, дар назди меҳриён низ ривоҷ ва раво будааст. Ва ба ҷои набид нонро бо об сипанд ва оини мекардаанд. Пайвандҳои бисёри дигар, ки аз онҳо дармегузарем, пайванде чун зодани Исо дар ғор. ки меҳриён меҳробаҳои худро бештар дар он барпой медоштаанд, рафтани муғони эронӣ ба Байтуллаҳм, ба фаррухбоди зодани Исо ва расму роҳи таъмиди тарсоён бо об, ки меҳриён натанҳо бо об, ки бо оташ ва нӯш низ таъмид медодаанд.
Ин пайвандҳо ва ҳаммонандиҳо чунон бисёру ошкоро будааст, ки нависандагони оғозини тарсо ба ночор бар он мебудаанд, ки Аҳриман ин ҳамсониҳои шигифтро падид овардааст, то тарсоёнро дар гумон бияфканад ва аз роҳ бубарад.
Селе, андешаманди Афлотунӣ, ки дар садаи дувуми милодӣ мезистааст, навиштааст: «Касе ки мехоҳад розҳои оини тарсоиро дарёбад, мебояд онҳоро бо оинҳои розомези эрониён бисанҷад.»
Дар миёнаи ин пайвандҳо он чи бештар дар ин ҷустор ба кори мо меояд, пайванде аст, ки аз нахустин солҳои оини тарсоӣ дар миёни Исо ва Меҳр ниҳодаанд. Милтон де Сардес он гоҳ ки аз cap баровардани Исо ёд мекунад, ӯро «Хуршеде ки аз Ховар бархостааст» мешуморад.
Сейнт Амбройзе он гоҳ ки мехоҳад чашни зодрӯзи Мехрро бо зодрӯзи Исо яке бигирад, менависад: «Чи гуна метавон дар шигифт буд аз ин, ки равшанӣ дар ин рӯз фузунӣ мегирад. Рӯзе ки Хуршед нав аз дурустӣ ва дод бар ҷаҳон тофтааст; рузе ки партави шукӯҳманди ростӣ Заминро равшанӣ бахшидааст. Худованд дар як зоиш равшаниро ҳам барои мардумон ба армуғон овардааст, ҳам барои рӯзҳо.
Аз дигар сӯй меҳриён бар он мебудаанд, ки равони одамӣ он гоҳ ки аз ҷойгоҳи равшанӣ - осмон, ба чойгоҳи тирагӣ - Замин фуруд меояд, то дар тангнои тан дарафтад ва ба олоиши хок биолояд, мебояд аз ҳафт ахтар, яке пас аз дигарӣ бигзарад. Ҳар як аз ин ахтарони ҳафтгона, ба бовари пешиниён, сиришге доштааст ва ранге. Ва яке аз кониҳо ва гавҳарҳо ба он вобаста будааст; чунон ки зарро ба Хуршед бозмехондаанд ва симро ба Моҳ. Равон пас аз гузаштан аз ин ахтарон внжагихои ҳар як аз онҳоро ба худ дармепазируфтааст ва бадин гуна омодаи пайванд гирифтан бо тан ва мондан дар гетй мешудааст.
Аз сӯи дигар, ба бовари онон равоне низ, ки аз гетӣ роҳ ба минӯ мебарад, мебояд ҳамчунон аз ҳафтон (хафт ахтар) бигзарад. Дар ин ҳангом аз фурӯтар ба фаротар; бадин гуна равони фарозҷӯй дар ҳар кадом аз ин ахтарҳо ситондаҳои хешро вопас медиҳад ва аз олоиши он ахтар пок мешавад, то бад он поя, ки тавонад ба рӯшноийи ҷовид бипайвандад.
Ба ҳамон сон бурҷи Харчанг (Саратон) бурҷе пиндошта мешудааст, ки paвонҳo аз он ба Замин фуруд меоянд ва бурҷи Буз (Ҷадди) бурҷе, ки аз он ба осмон фаро мераванд. Бурҷи нахустин дар шимолитарин бахши осмон ва гармгаҳи тобистонӣ ва бурҷи дувумин дар ҷанубитарин ва авҷи сармои замистонӣ гумон мерафтааст. Ва чун пайкараи Харчанг наздиктарин пайкара ба Замин будааст, онро ба Моҳ бозмехондаанд ва чун пайкараи Буз дуртарин ва баландтарин пайкара аз Замин будааст, онро дар пайванд бо Кайвон (Зуҳал) мешумардаанд. Ду пайкараи Харчанг ва Бузро ду дарвозаи осмон медонистаанд.
Афлотун ки аз андешаҳои эронӣ баҳраи бисер бурдааст ва оини муғонро перостатарин оинҳо медонистааст, он дуро равзанаҳои осмон хондааст. Ҳамчунон дингузорони меҳрӣ бар он будаанд, ки равонҳо аз Хуршед ба осмон фаро мераванд ва аз Моҳ ба Замин фурӯ меоянд. Макроб, нависандаи лотин дар садаи панҷуми милодӣ, навиштааст, ки аз ин рӯй Хуршед дарвозаи худоён ва Моҳ дарвозаи мардумон хонда мешудааст.
Нависандагони куҳан гоҳ ҳафт ахтарро, ки гузаргоҳи равонҳо шумарда мешудааст, ба палаконе бо ҳафт пала монанд мекардаанд. Мӯбади зардуштӣ дар рӯзгори Сосонӣ Ардовироф низ замоне, ки дар хоб ба гушту гузор дар минӯ меравад, ба палаконе розомез бо ҳафт пала мерасад; Ардовироф дар_ҳар пала ба осмоне вижа дар меояд, то саранчом ба осмони барин мерасад. У дар он ҷо Зардуштро дар миёнаи фарзандони ӯ ва равонҳои пок меёбад ва аз шодмонӣ ва беҳрӯзии човид бархурдор мегардад...
Ин ҳафт зинаро дар равиши намодин ва розолуди гаравиш ба оини меҳр низ боз метавон ёфт. Гараванда мебоист аз ҳафт озмуни душвор пирӯзманд ва комёб бигзарад. Ин ҳафт озмунро метавон бо ҳафт хони афсонаҳо санчид. Ин озмунҳо дар горе дар дили кӯҳ ба анчом мерасидааст; ғор намоди чаҳони фурӯдин будааст. Бар девори ғор нигораи ҳафт ахтар дар шумори нигораҳои розомез нигошта мешудааст. Ҳафт зинаи озмун бадин гуна будааст: сарбоз, шер, калоғ, шер - шоҳин, ё шери болдор, порсӣ, Хуршед ва падар.
Гараванда ба оини розомези Меҳр ба ҳангоми гузар аз ин зинаҳо, озмуни марги намодинро низ аз cap мегузаронидааст; дар ин озмун меҳрпараст ба марги намоишӣ тан дармедодааст. Рози ин марг дар он будааст, ки меҳрпараст бадин шева зиндагии дарунии тозаеро оғоз мекардааст. Ў бо гузаштан аз ин озмуни душвор маниш ва хӯи пешинро фурӯ мениҳодааст ва марде нав мешудааст. Пас аз ин «марг дар зиндагӣ», номи дигар бар ӯ мениҳодаанд, ту гӯӣ дигар бор аз модар мезодааст. Бозтобе аз ин марги намодинро дар андешаҳои ниҳонгароёнаи сӯфиён метавонем дид. Саноӣ фармудааст:
Бимир эй дуст пеш аз марг агар мезиндагӣ хоҳӣ,
Ки Идрис бо чунин мурдан биҳиштӣ гашт пеш аз мо.
Мавлоно марг дар зиндагӣ ва зоиши дувумро чунин месарояд:
Ҳин ки Исрофили вақтанд авлиё,
Мурдаро з-эшон ҳаётасту ҳаё.
Ҷонҳои мурда андар гўри тан,
Барҷаҳад з-овозашон андар кафан.
Мо бимурдему ба куллӣ костем,
Бонги ҳақ омад ҳама бархостем.
Эй фанопӯсидагони зери пўст,
Бозгардед аз адом з-овози дўст.
Пири Балх ҳамчунон ба чунин марге аст, ки пай дар пай андарзамон медиҳад:
Бимиред.бимиред, дар ин ишқ бимиред,
Дар ин ишқ чу мурдед, ҳама рӯҳ пазиред.
Бимиред, бимиред, вазин марг матарсед,
Козин хок бароед, самовот бигиред...
Нағз ва андешиданӣ он аст, ки аз Исо бозгуфтаанд, ки гуфтааст: «Он ки ду бор зода нашуд, ба минӯи осмонҳо наметавонад расид.»
...Ормон ва омоҷ дар оини Меҳр роҳ бурдан ба раҳоӣ аст. Ин хама маншаҳо ва кунишҳои розомез дар назди меҳриён танҳо барои он аст, ки марди меҳрӣ аз тангнои тан ва зиндони хок огоҳона ва ба хости хеш бирахад ва ялаву раҳо дар фарохнои осмон ба парвоз дарояд ва ба сӯи Хуршед бол кушояд.
Метавон бар он буд, ки пай кардани гов, яке аз душвортарин ва печидатарин намодҳои меҳрӣ, нишоне аз ин ормони бартарин аст. Яке аз нуровозатарин нигораҳои меҳрӣ, ки дар бисере аз меҳробаҳо нигошта шудааст, Меҳри говавжан аст. Меҳр дар ин нигора бар пушги гов нишастааст ва бо дашнае буррон говро пай мекунад. Дар ин нигораи печида нишонаҳои оини ҳафт ахтар, ҳафт зина ва нишонаҳои розомези дигарро метавон дид. Метавон говеро, ки Митро пай мекунад, намоди офариниши фурӯдин ва ҷаҳони хок пиндошт. Зеро гов намоде аз бунёди обӣ ва хокӣ аст дар баробари шер, ки намоде аз бунёди оташин ва осмонӣ аст. Митро бо куштани гов офаридгони монда дар банди тан ва олуда ба гуноҳро мераҳонад, ҷонҳои гирифтор ва пастӣ гирифта, ки Гераклит дар бораи онҳо набиштааст: «Зиндагӣ барои ин ҷонҳо марг аст ва он чи мо онро марг меномем, барои онон зиндагӣ аст.»
Дар ин нигораҳо море низ нишон дода шудааст; мор намоди Аҳриман аст, Митро бо пай кардани гов ва раҳонидани офариниши дар банд, бадкорӣ ва афсуни морро табоҳ мекунад, зеро бадин сон гетиро ба минӯ мерасонад.
Гов чун намоди офариниши фурӯдин дар андешаҳои Эрони бостон пешинаи куҳан дорад. Нахустгове ки Урмузд офарид, Айвакдод, Гови Яктоофарид буд. Ин гов пеш аз Каюмарс, нахустин мард офарида шуд. Урмузд Каюмарсро дар каронаи чапи рӯди афсонавӣ ва оинии Доити офарид ва Айвакдодро дар каронаи рост. Пас аз тозиши Аҳриман ба офаринипш Урмузд, равони гов ба Моҳ бурда шуд, сипас дигарбора ба гетӣ бозгашт ва аз ӯ чорпоёни бисёр падид омаданд. Оре, ончунон ки дар оини Меҳр мебинем, дар кешҳои дарвешӣ низ ормони раҳрав расидан ба раҳоӣ аст; раҳрав шӯрида мекӯшад то саранчом аз банди тану аз чанги ман бираҳад.
Дар ин кешҳо аз ман растаи ба ӯ пайваста, он ки раҳравонро даст метавонад гирифт ва роҳ метавонад бурд, пир аст; ҳафтумин ва бартарин радаи пешвоӣ дар оини меҳрӣ, чи он ки пир сохти дигар аз вожаи падар аст.
Тарсоён низ раҳбарони динии хешро падар мехонанд, ё поп (боб). Сухан кӯтоҳ, бар бунёди он чи навишта омад, метавон бар он буд, ки ёдмоне куҳан аз ягонагии Исо ва Меҳр (Хуршед) ба шевае дар назди тарсоёни Ховарзамин, достони гузари Исо аз осмонҳо ва бозмондани ӯ дар осмони чаҳорум ва ҳамхонгаияшро бо Хуршед падид овардааст; чи он ки то он ҷо, ки нигоранда медонад, ин достон дар навиштаҳои тарсоии Бохтарзамин оварда нашудааст. Суханро ҳамчунон бо сурудае аз Хоқонӣ ба поён мебарам, ки дар он ба пиндори шоирона Офтоб Масеҳ пиндошта шудааст:
Субҳ шуд Марям, Офтоб Масеҳ,
Қатраи жола ашки Марями субҳ.
Баргадониши Ю. ЮСУФӢ
Комментариев нет:
Отправить комментарий