Чаро Ҳусайн Воизи Кошифӣ ахлоқи ҷавонмардияро вориди тасаввуф карда онро зинаи авали тариқат мешиносад?
Ба тахмини камина ин ходими намоёни фарҳанг ҳис кардааст, ки барои тамоман аз байн рафтани оини ҷавонмардӣ хатаре пеш омадааст ва кўшидааст, ки талабҳои ахлоқии ҷавонмардияро вориди тасаввуф кунад, то ки ҷавонмардия ҳамчун зуҳуроти исломӣ муаррифӣ гардад ва имкони дар кишварҳои мусалмон зинда мондани ҷавонмардия шавад.
Ҳоло аз ин асари Ҳусайн Воизи Кошифӣ пораеро манзуратон мекунам, ки нашриёти «Адиб» (ш.Душанбе) соли 1991 чоп карда буд.
ФУТУВВАТНОМАИ СУЛТОНӢ
Ин рисолаест дар баёии тариқи аҳли футувват ва қавонину одоби шадду байъат ва пӯшидани тоҷу хирқа ва шарҳи адабу сирати ҳар фирқа ва шароити шайху мурид ва шогирду устод ва лавозими такмилу таълим ва талқину иршод, ки фақири хақиру касир ат-тақсир Ҳусайн ал-Кошифӣ аз китоби мӯътабара ва расоили машхура истинбот (натича) намуда ва дар силки таъмир кашида, онро «Футувзатномаи султонӣ» ном ниход. Асоси ин рисола бар муқаддима ва дувоздаҳ боб ва хотима лоиқ афтод. Муқаддима дар шарафи илми футувват аст ва мавзӯи ин илм ва баёни маънии футувват ба ҳасби луғат ва истилоҳ дар се фасл.
ФАСЛИ АВВАЛ
ДАР ШАРАФИ ИН ИЛМ
Бидон, ки илми футувват илми шариф аст ва шӯъбаест аз илми тасаввуф ва тавҳид. Ва акобири олам дар ин илм рисолаҳо сохтаанд ва дар сифату тавчияи (тафсир) камоли ӯ нусхаҳо пардохта... дар китоби «Қаноид-ал-футувват» ин байтро ба шайх Фаридаддини Аттор иснод кардаанд:
Дидаи дил аз футувват равшан аст,
Равзаи ҷон аз футувват гулшан аст.
Гар бувад илми футувват бар сарат,
Ҳар замон бахшад сафои дигарат.
Ва дигар рисолаи «Одоб-ул-футуваат», «Футувватнома»-и Шайхи Кабир. «Ориф-ул-масриф», «Мирсод-ул-аьбод», «Ҳадикат-ул-ҳақиқат», «Рисолаи сайр»-и Ҷомӣ, «Зод-ул-ахира»-и Зариаи Исфаҳонӣ, «Тазкират-ул- авлиё» зикри ин илми шариф — футувват ва таърифа касе ки мазҳари ин сифат бошад, мастур (пинҳон) аст.
ФАСЛИ ДУЮМ
ДАР МАВЗӮИ ИН ИЛМ
Бидон, ки хар илмеро мавзӯе ҳаст, ки дар он илм баҳс аз аворизи зотии он мавзӯъ мекунанд. Чунончи дар илми тиб бадани инсон мавзӯъ аст аз ҳайсияти сиҳату мариз. Чун ин муқаддима дониста шуд, бибояд донист, ки мавзӯи илми футувват нафси инсонӣ бошад, аз он ҷиҳат, ки мубоширу муртакиби афъоли ҷамила ва сифоти хамида гардад...
Ва шархи нафси инсонӣ ва баёни маротиби ахлоқ, лоиқи ин мухтасар нест ва боз ҳар илмеро масоиле ҳаст, ки дар он или баҳс аз он кунанд ва худ тамомати илм бар он мақсур бошад. Ва масоили ин илм он аст, ки дар ин рисола аксар бар тариқи саволу ҷавоб баён гардад.
ФАСЛИ СЕЮМ
ДАР БАЁНИ МАЪНИИ ФУТУВВАТ ВА ҲАСБИ ЛУҒАТ ВА ИСТИЛОХ,
Бидон, ки футувват аз рӯи луғат ҷавонӣ бошад ва фатӣ марди ҷавонро гӯянд ва баъзе дар шарҳи ин луғат бар онанд, ки футувват ҷавонмардӣ бошад. Аз руи истилоҳ футувват дар урфи ом иборат аст аз итсоф (машхур будан) ба сифати ҳамида ва ахлоқи писандида, бар ваҷҳе, ки ба он аз абнои ҷинси хеш мумтоз гардад. Ва ба таърифи хос иборат аст аз зуҳури нури фитрати инсонӣ бар зулмати сифоти нафсонӣ...
Пас, футувват чист? Футувват он аст, ки ҳеҷ коре накунӣ дар нихонӣ ки он ошкор нагардад ва бо ҳама кас ба хулқи некӯ зиндагонӣ кунӣ, ки дӯстии халқро ба хулқи некӯ ҳосил тавонӣ кард ва чунонки гуфтаанд:
Ба ҳама ҳалқи ҷаҳон хулқи писандида намой,
Ки сўи хулди барин роҳ бар он аст, эй дил!
Ҳамчунин, футувват ба аҳд вафо кардан аст... ва вафо кардан кори ҷавонмардон аст ва нуқси аҳду шикастани паймон нишонаи нуқсони виҷдон аст:
Дасти вафо дар камари аҳд кун,
То нашавӣ аҳдшикан, ҷаҳд кун.
Футувват он аст, ки ҳама касро аз худ беҳтар донӣ ва худро бар ҳеҷ кас тафзил (бартарӣ) наниҳӣ;
Ҳар киро заррае вучуд. бувад,
Пеши ҳар зарра дар суҷуд бувад.
...Футувват тарки такаллуф кардан аст ва он чӣ дар хона бошад, барои меҳмон ҳозир овардан:
Он чӣ бошад пеши мо, ҳозир кунем,
Гар ҳама нони ҷавину сирка аст.
Шак нест, ки аз такаллуф бӯи аноният (худписандӣ) меояд ва мадори футувват бар шикасти нафс ва тарки худпарастӣ бошад:
Ҳар кӣ ӯ нест гашт, ҳасташ дон,
Ҳар кӣ худ дид, бутпарасташ дон.
Бехабар з-ин чаҳону маст, якест
Хештанбину бутпараст якест.
Футувватро се мартаба аст: аввал сахо, ки ҳар чӣ дорад аз ҳеҷ кас дареғ надорад. Дуюм сафо, то синаро аз кибру кина поку покиза созад ва мартабаи охир вафоест, ки бо халқ нигаҳ дорад.
Салмони Форсӣ низ дар хусуси футувват фармудааст: «Футувват инсоф додан аст ва инсоф наситондан, яъне ҳар айбе ва нуқсе, ки бошад онро ба худ нисбат бояд кард ва ҳар чизе, ки дар вуҷуд ояд худро дар миён набояд дид» Ва ғайр аз ин дар боби футувват суханон гуфтаанд ва мо ба ин қадар ихтисор кардем.
БОБИ ABBАЛ
ДАР БАЁНИ МАНБАЪ ВА МАЗҲАРИ ФУТУВВАТ ВА МАЪНИИ ТАРИҚАТ ВА ТАСАВВУФУ ФАҚРУ ОДОБ ВА АРКОНИ ОН.
Ин боб муштамил бар чаҳор фасл аст.
ФАСЛИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ МАЗҲАРИ ФУТУВВАТ ВА ОДОБИ ОН
Бидон, ки ҳар кй аз мазҳари сифати футувват бо¬шад, ӯро фатӣ гӯянд ва фатӣ дар асл луғати ҷавониро гӯянд ва ин лафз мавзӯъ аз барои марди ҷавон аст. Пас, итлоқи фатӣ бар ҷавон ҳақиқат бошад ва бар ғайри он маҷоз: Он маҷозро аз рӯи маънӣ итлоқ кунанд бар касе, ки ба камоли фазоили инсонӣ расида бошад ва ваҷҳи маҷозӣ он аст, ки солик, модом ки дар қайди ҳавои нафс ва орзуи табъ бошал ба масобаи кўдаке бошад, норасида ва чун аз марта¬баи нафс тараққӣ намуда ба мақоми дил расад, ба манзалаи ҷавон бошад, расида ва чунончи ҷавонро қувватҳои сурӣ ва камолоти баданӣ ҳосил аст, чавонмардро низ камолоти инсонӣ ва кувватҳои маънавӣ ҳосил бувад ва дар ин мартаба ӯро фатӣ гӯянд...
Ниҳояти чавонмардӣ он аст, ки аз сари ҷон бархезад, чуноне ки Хоҷа Хусрави Деҳлавӣ дар ин боб овардааст:
Ҳаст ҷавонмарди дирам сад ҳазор,
Кор чу бо ҷон фитад, он ҷост кор.
Ҳақиқат он аст, ки ақсоми ҷавонмардӣ мунҳасир (ғунҷондашуда) дар ду сифат аст: яке нафъ ба дўстон расонидан ва он ба саховат ҳосил шавад ва дуюм зарари душман аз эшон боздоштан ва он ба шуҷоат вуҷуд гардад...
Нори хандон боғро хандон кунад,
Сӯхбати мардон-т аз мардон кунад.
Санг агар хорову гap мармар бувад,
Чун ба соҳибдил расад гавҳар шавад.
Агар пурсанд, ки аркони футувват чанд аст, бигӯй, дувоздаҳ: шаш рукни зоҳир ва шаш рукни ботин. Аммо аркони зоҳири футувват аввал, банди забон аст аз ғайбат ва бӯҳтони кизб (дуруғ) ва сухани беҳуда. Ва аҳди футувват аз касе дуруст аст, ки аз забони ӯ мардум ба саломат бошанд:
Агар мардӣ, забони худ нигаҳ дор,
Зи кизбу ғайбату бӯҳтону озор.
Дуюм, банди самоъ аст аз ношуниданихо, чунончи... шунавандаи ғайбат аз ҷамъи ғайбаткунандагон аст!
Дигар бибанд гӯш зи ҳар ношуданӣ,
К-аз гуфтугуи ҳазл шавад ақл торумор.
Сеюм, банди басират аз нодиданихо, чукончи:
Чашм бипӯшону мадеҳ, дил зи даст,
К-аз назари туст балое, ки ҳаст.
Чаҳорум, банди даст аст аз гирифтани ҳаром ва озурдани халқ:
Дасти худро бибанд аз озор,
Лек бикшо ба додани динор.
Панҷум, банди қадам аст аз ҷое, ки набояд рафт ва ба ғамзу кина ва озори халқ кадам наниҳодан:
Пой бибанд аз раҳи норафтанӣ,
То ки дар ин роҳ ба ҷое расӣ.
Шашум, банди шикаму фарҷ аст, аз хӯрдани ҳаром ва кардани зино, ки албатта аҳди футувват аз зино дуруст набошад ва уқди футувват аз ҳаромхор рост наояд:
Иффати фарҷу батн мебояд,
То дилат аз футувват орояд.
Аммо он шаш рукни ботин аввал саховат аст, ки бе суол ато кунад ба маҳал ва мулоҳизаи истеҳқоқ намояд:
Саховат кун, ки ҳар кас к-ӯ сахӣ буд,
Раво набвад, ки гӯям дӯзахӣ буд.
Дуюм, тавозӯъ аст, ки касро беҳ аз худ донад ва бо ў фурӯтанӣ кунад:
Такаббур кунад пояи мард паст,
Тавозӯъ туро беҳтар аз ҳар чӣ ҳаст...
Сеюм, қаноат аст... Ҳар меҳнатеву шиддате, ки ба халқ мерасад, бештар аз ҳирси бешталабӣ аст, чунончидар «Маснавӣ» Мавлавӣ мефармояд:
Косаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.
Чаҳорум, авфу марҳамат аст. Яьне бар халқ шафқат кардан ва аз сари гуноҳи эшон даргузаштан ва ба он микдор, ки макдур (мувофиқи қудрат ва имкон) бошад, бо эшон некӯӣ варзидан ва меҳрубонӣ намудан:
Меҳрубонӣ кун, ки марди меҳрубон
Дорад аз асли ҷавонмардӣ нишон.
Панҷум, нафи (инкори) уҷбу нахват (ғурур) аст, яъне ҳарчанд аз вай аъмоли шоиста дар вуҷуд ояд, бояд ки бад-ӯ мағрур нашавад ва муаҷҷаб нагардад, ки иблис ба воситаи нахват малъуну мардуди абад гашт:
Шайтон зи аҷаб ноқису малъуну тар аст,
Ҳар кас, ки аҷаб кард зи иблис батар аст.
Шашум, таваҷҷӯҳи тамом ба мақоми қурбу васлат аст, яъне хонаи дилро ба чорӯби риёзат аз хасу хошок пок созад, то тахтгоҳи тоҷи султони ишқ гардад... ва модом, ки дил аз ғавғои тааллуқ пок нашавад, назаргоҳи муҳаббати дўст нахоҳад шуд.
То дил аз занги тааллуқ нашавад софии ҳол,
Аз паси пардаи ғайбат нанамоянд ҷамол.
Агар пурсанд, ки шароити футувват чанд аст, бигӯй ҳафтоду як: чилу ҳашт вучудӣ ва бисту се азалӣ. Аммо он чи вучудӣ аст, аввал ислом; дуюм имон; сеюм ақл; чорум илм; панчум ҳилм; шашум зӯҳд; ҳафтум вараъ; ҳаштум сидқ; нӯҳум карам; даҳум мурувват; ёздаҳум шафқат; дувоздаҳум эҳсон; сездаҳум вафо; чордаҳум ҳаё; понздаҳум таваккал; шонздаҳум шуҷоат; ҳабдаҳум ғайрат; ҳаҷдаҳум сабр; нӯздаҳум истиқомат; бистум насиҳат; бисту якум таҳорати нафс; бисту дуюм аълоҳимматӣ; бисту сеюм пӯшидани асрор; бисту чорум раҳм; бисту панҷум мутобиати ша¬риат; бисту шашум амри маъруф... бисту ҳаштум ҳурмати волидайн: бисту нӯҳум хидмати устод; сиюм ҳаққи ҳамсоя; сиву якум нутқи бо савоб; сиву дуюм хомӯшӣ аз руи дониш; сиву сеюм талаби ҳалол; сиву чорум ифшони салом; сиву панчум сӯҳбат бо некон ва покон; сиву шашум сўхбат бо оқилон; сиву ҳафтум шукргузорӣ; сиву ҳаштум дастгирии мазлумон; сиву нӯхум пурсиши бекасон; чилум фикрат ва ибрат; чилу якум амал ва ихлос; чилу дуюм амонатгузорӣ; чилу сеюм мухолифати нафсу ҳаво; чилу чорум инсоф додан; чилу панчум ризо; чилу шашум иёдати (аёдат) мариз; чилу хафтум дурӣ аз ноҷинс; чилу хаштум мудовимат бар зикр.
Ва аммо он чӣ аз он эҳтироз бояд кардан: Аввал, мухолифат аст; дуюм, каломи кабеҳ гуфтан; сеюм, ғайбати некон кардан; чорум, мазоҳи бисьёр кардан; пан¬чум, суханчинӣ кардан; шашум, бисьёр хандидан; ҳаф¬тум, хилофи ваъда кардан; ҳаштум, ба ҳиллаву макр бо мардум маош намудан; нӯхум, ҳасад бурдан; даҳум, ситам кардан; ёздаҳум. ғаммозӣ кардан; дувоздаҳӯм, сарватчӯӣ варзидан; сездаҳум, ҳарис будан; чордаҳум, амали дароз пеш гирифтан; понздаҳум, айби мардум ҷустану гуфтан; шонздаҳум, савганд бар дурӯғ гуфтан; ҳабдаҳум, тамаъ дар моли мардум кардан; хачдаҳум, хиёнат варзидан; нӯздаҳум, бӯҳтон задан ва аз нодида хабар додан; бистум, хамр хӯрдан; бисту якум, рибо хӯрдан; бисту дуюм, зино кардан; бисту се¬юм, бо мардуми бадмазҳаб мусоҳибат намудан. Ҳар кӣ аз ин ҳафтоду як шарт хабар надорад бӯи футувват (ҷавонмардӣ) ба ӯ нарасидааст...
Агар пурсанд, ки хислатҳои аҳли футувват чанд аст, бигӯй, ки аҳли футувватро аз даҳ хислат чора нест: Аввал, бо кори ҳақ ба сидқ; дуюм, инсоф ба халқ; сеюм каҳр ба нафси худ; чорум, бо бузургон ба хидмат; панчум, бо хурдон ба шафқат; шашум, бо дӯстон ба насиҳат; хафтум, бо уламо ба тавозӯъ; хаштум, бо ҳукамо ба ҳилм; нӯҳум, ба душманон саховат; даҳум. бо ҷоҳилон ба хамўшӣ...
Агар пурсанд, ки футувватро бо чӣ чиз ташбеҳ кардаанд, бигӯй бо дарахти ток... Агар пурсанд, ки ваҷҳи мушобиҳат ва муносибат миёни дарахту футувват чист, бигӯй, чуноне ки дарахтро бех, пуст, шох, соқу барг ва шукуфаю мевае мебошад, ҳамчунин футувватро шохеву барге, соқеву пӯсте ва меваеву бехе ҳаст.
Агар пурсанд, ки ҳар яке кадом аст, бигӯй, бехи дарахти футувват, ки асли он аст ва бе он дарахт нашъунамо надорад ва баргу мева наёварад, мухаббатӣ пок аст... соқи вай тавозӯъ, шохи вай бурдборӣ, барги вай пархезкорӣ аст ва пусти вай адабу шарм аст ва шукуфаи вай хулқу лутф аст ва меваи вай саховату карам аст.
Агар пурсанд, ки мурувват чист, бигӯй, мурувват ҷузъест аз футувват, чунонки футувват ҷузъест аз тариқат...
Комментариев нет:
Отправить комментарий