вторник, 11 февраля 2020 г.

Далелҳои раднопазир оид ба зарурати эҳёи хат ва номи забон

1.       Забони адабию шифоҳии форсӣ 1300-сола торих дорад.
Он баъди забони юнонӣ дуввумин забони машҳур ва пуркорбурди классики ҷаҳонист. Дигар ҳама забонҳои ҷаҳонӣ дар ин раддабандӣ поинтар аз порсиянд.
2.       Забони форсӣ (яъне бо назардошти ҳама кишварҳои порсизабон) дар теъдоди анвои мақолҳо (яъне зарбулмасалҳо) бар ҳама забонҳои дунё пешдастӣ дорад. Зеро таҷоруби на танҳо 1300-соли пасин, балки пеш аз онро низ дар худ ғунҷондааст. Ва бо ин далел бадеитарин забон аст.
3.       Забони порсӣ беҳтарин ва ширинтарин забони дунё буда аз даҳ шоири радаи аввали ҷаҳон панҷ нафари онон форсанд.
4.       Забони форсӣ дар тӯли мавҷудияти худ бисту панҷ миллион калима сохтааст, ки гувоҳ ба хиради олии порсизабонон аст. Ҳеҷ як забони дигар ин қадар калима сохта натавонистаааст.
5.       Дар ягон забони дигар луғатномае ба мисли Луғатномаи Деҳхудо дар ҳафдаҳ ҷилд ва ё Фарҳанги Муинро дар шаш ҷилд пайдо карда наметавонед.
6.       Забони порсӣ дар 28 кишвари ҷаҳон мавриди истифода мардум аст бо ҳамин хати арабиасоси худ,  танҳо дар  Вароруд, яъне Мавароуннаҳр 29-ӯм кишвар Тоҷикистон пофишорӣ дорад, ки хаташро Кирил ва Мефодий эҷод кардаанд
7.       Забони форсӣ байни забонҳои пуркорбурди интернетӣ дар мақоми 13-ум аст. Зеро ин воситаи фановарӣ дар Ғарб пайдо шуда мардумони эронӣ ба он дертар дастрасӣ пайдо кардаанд.
8.       Забони форсӣ дар бобати бо як калима ифода кардани маъноҳои гуногун низ дар байни забонҳои дунё беҳамтост.

Ин маълумотро камина аз навиштаи интернетии Пошо Хуросонӣ гирифтам. Ва гуфтаниям, ки мо тоҷикон боз бо карахтии фикрӣ номи забонамонро ба асли худ форсӣ наномида, хату алифбои 1300-соларо пушти по задан гирем, аз ҳамаи ин шӯҳрате, ки забони порсӣ дар ҷаҳон дорад, берун хоҳем монд.

Зиёда аз ин нишони заифхирадии мо хоҳад буд дар пеши назари мардуми ҷаҳон. Мо барои барқарор кардани хату алифбои форсӣ дар се даҳсолаи истиқлол қариб коре накардем. Ин гуноҳи азими моро оё наслҳои оянда мебахшида бошанд?

Ҳоло ҳам дер нашудааст, вақти он аст, ки сарвари давлат, пешвои миллат Эмомали Раҳмони мӯҳтарам, дар ин боб иқдоми таърихи кунанд ва номи худро дар сафҳои торихи забони модарӣ бо ҳуруфи заррин ба ёдгор гузоранд.