Буд ё не,
дар замоне,
кулбаи фарсудае андар лаби баҳри дамоне,
кулбаи бобои ҳезумкаш,
к-аз ҳама ганҷи ҷаҳон дошт
духтаре маҳваш,
духтаре чолок чун оташ,
аз париёни самоӣ ҳам фузун ҳуснаш.
Лек моиндар-ш
кафтари рўзи сапедашро
ҳар қадр медид, мезад тир,
аз забони тунди пурзаҳраш ҳамеборид
сели дашном,
яхчаи таҳқир.
Духтаракро гов буд мерос аз модар,
гове обастан зи ашки талхи духтар,
роздори дарду ранҷи ў,
давлати дунёву ганҷи ў.
Ҳар гаҳе ў гови яктояш
бар чаро мебурд,
баҳри риштан пунбаи бисёр
кампири маккор
бар ятими хори шавҳар месупурд.
Субхи як рўз
боди тунду шўр бархост,
пахтаҳоро бурд бар як ғори торик,
духтаракро сўхт дил
гиряҳо кард,
лобаҳо кард.
Дил ба каф бигирифту охир
рафт бар ғор
бо раҳи борик ночор,
не асар аз шамъу нуре,
не асар аз зиндаҷоне.
лек нуре дид,
нури рўи пиразоле
дод оҳиста саломаш
ҷисми пиру лоғари ўро бубахшид
як ҷаҳон нерўю дармон.
Дид ин ҷо кори бисёр,
лек пиразан ночор.
Зуд ў сомони манзилро даровард,
пиразанро марҳаме гардид бар дард.
Пас нишаста пеши кампир
аз шаби бесубҳу бепоёни худ гуфт,
гиря кард аз зулми тақдир,
пиразан ўро шунуфт.
Дарғазаб шуд, сахт ошуфт.
- Рав, осуда мебош,
пахтаро бар гов хўрон,
ғуссаро аз дил бурун рон.
Духтарак бо ў видоъ кард,
ҳар чӣ гуфт, онро ба ҷо кард:
пунбаро бар гов хўронд,
ногаҳон
3-он чӣ дидаш, дар аҷаб монд:
гўши говаш ресмони ришта медод.
Шодии он нозанин аз нав бисабзид,
сарви болояш биёзид...
Рўзу шабҳо аз паси ҳам медавиданд,
Зулмро поён набуд
Модарандар як саҳар,
духтари худро бипўшонд атласу зевар,
лек пеши духтари шавҳар
Рехт шоливу арзан
пас бифармудаш ҷудо созад
то ба вақти шом,
Духтарак нолон ба ғор омад,
қиссаро бикшод,
пиразан таскин-ш дод:
- Мурғаке монда туро аз модарат мерос,
зуд ўро назди кўҳи дона мемонӣ,
шубҳаро аз сарзамини дил ҳамеронӣ.
Духтарак чун бод
кард сомон, он чӣ фармон дод.
…Бибй чун он халтаро во кард,
устухон на, зар бурун овард:
сумми говаш кафши тилло буд,
устухони пои говаш маҳсии зар шуд,
буд пироҳан зи зар бемислу бемонанд,
тоҷи заррин
Чун бипўшид он ҳама
рашк бурд аз пайкари симин-ш
ҳар нигину зар,
дурру гавҳар.
Як рухи ў офтобу дигараш маҳтоб,
ҳамраҳи бибӣ даромад бар сарои шоҳ
ҳусни ў бедор кард, ангор,
сангҳои мармарини қасрро аз хоб,
сохт дилҳои ҷавонон об,
аз ҷамоли тозааш ҳар гоҳ
нозҳои нозанинон шуд бадал бар оҳ…
Сеҳри чашмони сияҳмижгон
аз нигоҳи подшоҳзода нашуд пинҳон,
мурғаки дил бандӣ шуд осон,
ишқи ў биншаст андар банд-банди ҷон…
Бибиву духтар
Зудтар аз дигарон рафтанд аз базм,
пеши раҳ дар ҷўи пур аз об.
кафши зар ногаҳ ба об афтод.
Духтарак ҳарчанд
кафши зар меҷуст,
кафш азў гўё ки мешуд руст.
Оқибат бе кафш
хонааш баргашт,
дил пур аз эҳсоси хушнудӣ...
Рўзгоре подшоҳзода -
дар суроғи нозанини чун ситора нопадидор
гашта дар саҳрову кўҳсор,
дар миёни шаҳру бозор,
гашта-гашта дар алафзор.
Кафши заррине бидид.
Ёд кард аз соҳиби попўш
пеши модар ҳам падар омад,
гуфт:- Эй олиҳаи меҳрам,
в-ай шаҳи баҳрузамин, бишнав:
ёфтам ман кафши онеро,
ки хаёламро рабуда,
баҳри таскини дили бемори ман ёбед
соҳибашро
Хостгорон кафш дар даст
хонаҳои мардуми бисёр диданд,
бас дар он ҷо ҳусни нотакрор диданд.
Лек кафши зарнигорӣ
Рост н-омад бо нигоре.
Хостгорон ҷуста-ҷуста чораву тадбир
Роҳ бигрифтанд сўи кулбае дар соҳили рўд-
кулбаи ҳезумкаши пир.
Модарандар дар танўр андохт зуд он моҳи тобон,
сахт пўшида даҳонаш лой андуд,
духтари худро ба назди хостгорон
хамчу зоча рост бинмуд,
лек кафши зарнигорӣ
сохиби худро набишнохт.
Хостгорон бо дили навмед
бозрафтан хостанд, аммо
парзанон аз домани онон
дошт махкам мургаки доно:
-Дар танўр он моҳи беҳамто,
дар танўр оғуштаи ғамҳо,
зуд баред ўро
аз дили шабҳо
Аз танўри тор берун оваридандаш
шуста рўю cap
хира гаштанд он замон аз ҳусни дилбандаш,
кафши зарринро чӣ осон ў ба по андохт,
шаҳзанонро лолу ҳайрон сохт:
кафши зарринкўб дар пояш ҳамехандид,
Бо сафеди пой «меҷангид».
Шоҳзода ин навиди тоза чун бишнид,
чил шабу чил рўз
мардумашро дод оши ид.
Мевазид он хушнасими навбаҳори бахт,
пушти cap мерафт
рузгори сахт.
Духтари ночори ҳезумкаш,
(бозии тақдирро бингар),
бар сари тахти ҷаҳон биншаст
ғуссаҳояш дур,
манзилаш пурнур.
Охирин таъкиди бибӣ - ҳалқаи гўшаш,
меҳрубониву накўӣ гашт ҳамдўшаш...
Аз қазо як рўз - рўзи поки сешанбе
ў ба дег андохт ўмочи муборакрўз,
норизо шуд шоҳзода, дег бо по зад:
- Шоҳҳоро ин хамирхўрӣ намешояд.
Рафт пас мағрур
бар шикори гўр...
Аспи ў дар барзани хомўш танҳо
ҷустуҷў мекард ҳар ҷо соҳибашро,
бўи харбуза зи хўрҷинкиссаҳояш
маст мекард аҳли бозор...
Гирд гашт андар забонаш
Бибии Сешанберо таҳсини беохир
Ровиёни қисса мегуянд:
духтари ҳезумкаши ночор
дар паноҳи Бибӣ Сешанбе -
дар раҳи африштаи ин рўзи некасрор
хамраҳи шаҳзодаи худ монд
соле аз сад беш
ҳукмрони сарзамини хеш.
Хубрўёни парисо зод,
паҳлавонон зод,
салтанат бар ҳукми эшон дод,
духтаронашро ба меросӣ
монд расми Бибӣ Сешанбе -
ёдгоре хуб аз африштаи ин рўз,
қиссаи бонуи хуштақдир,
қиссае бас ҷовидону пир,
бо ҳамин афсона шуд охир...
-----------------------------------------
Бибӣ Сешанбе - номи муосири фариштаи рўзи сешанбе Сипандормуз дар оини зардуштӣ ва пеш аз он номи модархудо Анаҳито дар оини митроӣ. Ин манзумаро идораи «Овози тоҷик» бо ихтисор чоп кардааст ва шакл пурраи он дастрас нашуд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий