четверг, 24 июня 2021 г.

Ёде аз Баҳром Истамқулов

 Ба мардӣ марди майдон буд,

Ба ғайрат чархи гардон буд.

Зи тифлӣ дид бас азоби сахт,

Намурд зеро, ки сахтҷон буд.

Дар ин рӯзгори бешафқат,

Чу хуршед меҳрафшон буд.

Ба дӯстон худ палав мепухт,

Ба ҳоли халқ дилаш месӯхт.

Ниҳон медошт дарди худ,

Набардаш бо саратон буд.

Навишта се китоби хуб,

Бигуфт бо зиндагӣ падруд.

Ба марги ин азизи дил,

Бисухтам хеле чун каҳдуд.

Надошт ӯ дар дилаш гарде,

Кунун ку як ҳамдарде?

 

Дар ақсҳо: Баҳром Истамқулов бо камина баъди чопи китоби якум “Бо дуои модар” 17-уми июли 2017. Дар акси дуюм Баҳром дар бемористони саратони Самарқанд бо романи тозагӣ чоп шудааш “Лаклаки сафед” соли 2019.

 

Баҳром аз дӯстони ҳаммактабӣ буд. Аз рӯзгори талхи ӯ хабар надоштам, зеро ӯ боре ҳам шикоят накардааст. Ҳар сол як бор ба зодрӯзаш ба хонааш мерафтем. Як-ду соати мулоқот бо хушгӯиҳо мегузашт.

 

Бисёр солҳо муовини сардори Облплан буд. Азбаски Ислом Каримов сарвари Госплани республика буд, дар тафтиши корхонаҳои Самарқанд ҳамроҳ кор кардаанд. Дар бораи он ҳамкорӣ як мақола навишта овард, ман гуфтам, ки ҳоло камтар сабр кунад, зеро одамоне ҳастанд, ки аз зери нохун чирк мекобанд. Дар поёни фаъолияти меҳнатӣ дар бонки “Ипак йӯлӣ”-и Самарқанд бо тарбияи кадрҳо машғул шуд. Сарвари ҳозираи ин бонк Хироҷ Сироҷиддинов аз шогирдони ӯст.

 

Одамшинос буд. Ҳама қудоҳояш, домодҳо одамони хубанд. Панҷ духтар ва набераҳои бисёр дорад. Набераи калонӣ Ҳусниддинро худаш тарбия намуд, зеро падари ӯ барвақт вафот кард.

 

Аз касе шунида будам, ки паёмбар (дуруд бар ӯ!) гуфтааст, ки ба касе, ки се духтар дорад, Худо худаш ёрдам мекунад.

 

Президенти Ӯзбекистон Мирзиёев боре гуфт, ки дар ин хароҷоти калони тӯйҳои ҳозира сарвари ҳар  хонаводае, ки се духтар дорад, бояд худро парронад.

 

Баҳром Истамкулов тавонист фарзандони хубро тарбия кунад ва ҳама духтаронро соҳибмаълумот гардонад.

 

Нав дар дилаш шавқи дар мавзӯҳои ахлоқ навиштан пайдо шуда буд, аммо бемории саратон имкон надод.

 

Камбудии ҳамаи мо ин аст, ки аз ҳоли дӯстон кам хабар мегирем. Дӯстамон бошад, ба шикоят кардан андеша мекунад.

 

Боре дидам, ки аз дӯкони обу машрубот ду бастаи оби нӯшокиро харида ба бордони мошин гузошт. Ба нигоҳи саволомези камина чунин посух дод: - Аз ҳамин об ҳар рӯз як-ду бутилка менӯшам. Ман гуфтам, ки оби дар бутилкаи паластик аз як ҳафта зиёд истода барангезандаи саратон мешавад. Гуфт, ки ба ман аз оби нав медиҳанд. Гули таомро мехӯрд. Ҳама чизе, ки истеъмол мекард, тоза буданд. Аммо сабаби асосии бемориҳои саратонӣ зиёд шудани заҳрхимикатҳо дар меваю сабзавот будагист. Ӯ ҳатто чивотро аз мости тоза ва шибиту қаланфур худ тайёр мекард. Ба тозагӣ сахт риоя мекард, доим дар наздаш дастрӯймол буд. Ҳоло аз тӯйи набераи калониаш аксҳои гирифтаамро ин ҷо гузоштам. Дар китф як рӯймолчаро мисли сачоқ партофтагӣ. Дар вақти палавпазӣ низ як сачоқи тоза дар китфаш овезон буд. Баъзе олимонӣ мардумшинос сахтгапии самарқандиёнро таъкид кардаанд. Дар ин бобат Баҳром самарқандии асил буд, мақолҳои тунди самарқандиёнро ба мавридаш ба кор мебурд. Ин хел одамони ростгӯйро дар Самарқанд тикгӯй меноманд. Ба ин сабаб дар мансаб боло нарафт.

 

Як ҳокими собиқи ноҳияи Самарқанд мисли амири Бухоро одате дошт, ки роҳбарони тобеъ ҳар саҳар дар назди бинои ҳокимият омада ба ӯ салому ҳолпурсӣ кунанд.

 

Баҳром яке аз роҳбарони Агропроми ноҳия буд, ба маъракаи саломдиҳӣ ягон бор нарафт. Ба ӯ хушомадгӯӣ  билкул бегона буд.

 

Аз насри бадеӣ кам хабар дошт. Бо ташвиқи камина  дар як-ду сол беҳтарин намунаҳои насри бадеии русро мутоила кард. Хеле босаводона менавистагӣ шуд. Аммо ҳайрон буд, ки дар муҳимтарин масъалаҳои ахлоқ ва маънавият менависаду чаро рӯзномаҳои тоҷикӣ мақолаҳои ӯро чоп намекунанд. Ман мегуфтам, зиқ нашав. Мана хайрият Олим Панҷизода ҳаст, дар “Ховар” чоп шуда истодааст, дар блогатон хонандаҳо асарҳоятонро меёбанд ва мехонанд.

 

Метарсидам, ки нашри романаш “Лаклаки сафед”-ро надида намурад. Хайрият шогирдаш Анвар ду-се рӯз пеш аз вафот китобро аз Тошканд оварда ба дасти устодаш расонд.

 

Бо ғурури рустамона, бо сари баланд ин ҷаҳонро тарк гуфт. Ҳалол кор кард, касеро наранҷонд.

 

Дилаш бисёр сӯхт, ки корхонаҳои азим фурӯхта шуданду соҳибони нави онҳо ноӯҳдабаро баромаданд.

 

Ба маънои том инсони асил буд.

 

Ҷояш дар ҷаннату ёдаш гиромӣ бод!

 

Надошт ӯ дар дилаш гарде,

Кунун ку як ҳамдарде?

  

Комментариев нет: