четверг, 24 июня 2021 г.

Аҳамияти хонавода дар фарҳанги мардумӣ

 Бисёр чизҳоро дар муқоиса мефаҳмем. Масалан мо оиларо хонавода мегӯем. Оила вожаи арабӣ буда аз оил, ки ниёзмандӣ ва аёлмандиро ифода мекунад, сохта шудааст.

 

Аммо  дар асл хонавода мегуфтаанд. Яъне дар мафкураи мардуми тоҷик хона мақоми баландро соҳиб аст.

 

Аммо бинед, ки оиларо ба русӣ семья мегӯянд, яъне тухма. Ба хона вобаста накардаанд. Фарзанди рус дар аксар маврид ба воя  расад, ҳаракат мекунад аз хона баромада равад ва зиндагии мустақилона дошта бошад.

 

Тоҷик бо аъзои хонаводаи худ пайванди ногусастанӣ дорад ва хеле кам мушоҳида мешавад, ки тарки хонавода кунад. Агар мушоҳида карда бошед, шеърҳои беҳтарини шоирони муосири мо Лоиқу Бозор ҳамонҳост, ки тасвири шоиронаи бому дари хонаи падарианд. Барои Гулрухсор ватан аз як хонаи падариаш сар мешавад. Аз Қаноат ва шоирони дигар низ дар тақвияти ин фикр абёти зиёде метавон овард.

 

Барои мардуми кӯчӣ, ки хонаи муқимии аз хишту чӯб сохтагӣ надораду доим юртаашро бардошта ба саҳроҳои сералаф мебарад, хонавода мегӯянд ё не намедонам. Аммо ӯзбекҳо хонаводаро оила мегӯянд.

 

Ба назари шахсии камина таваҷҷӯҳи мардуми мо ба хонавода бештар аст, ки бақои абадии миллатро таъмин мекунад. Асоси давлату миллат хонавода аст. Ба ин сабаб давлат бояд барои пойдории хонавода доимо ғамхорӣ намояд.

 

Мардикорӣ дар шаҳрхои дур, маъракаҳои серхароҷот суннатҳои хонаводагиро суст мекунад.

 

Вазъи иқтисодиву маънавии хонаводаро бояд шӯъбаҳои махсуси Академия таҳлил намуда мунтазам дар нашрияҳо чоп кунанд.

 

Комментариев нет: