четверг, 24 июня 2021 г.

Афсонаи зиндагӣ

 Агар ба олами ҳайвоноти ваҳшӣ бо чашми ибрат нигаред, бисёр чизҳоеро кашф мекунед, ки хотирмон ҳастанд. Масалан ҳайвоне ҳаст ба мисли муш, ки заминкани луч (голый землекоп) мегӯянд. Ӯ дар зери замин бо хӯрдани решаҳои рустаниҳои пайдо кардааш қаноат мекунад. Дарозии умраш 300 сол аст. Муш низ зери замин хона мекунад, бо хӯрдани реша каноат накарда ба рӯи замин мебарояд, то ки тухми рустаниҳоро ёфта хӯрад. Ин ҷо мор, бум, гурба, рӯбоҳ ва дигар душманони ӯ ҳастанд. Ба ин сабаб доим зери тарс, яъне ҳаяҷони қалбӣ (стрес) зиндагӣ мекунад.

 Давоми умри муш 3-4 сол аст. Яъне тахминан сад баробар камтар аз заминкани луч.

 Аммо кадом тарзи зиндагӣ беҳтар аст: зиндагии ҳақиқиро надида умри дароз дидан, ё аз неъматҳои бебаҳои табиат лаззат бурдану умри кам дидан?

 Вақте ки рӯшанфикронамон дар мушхонаҳои худ сар фурӯ бурдаанду намехоҳанд оиди ноадолатиҳо дар ҷомеа ҳарфе бигӯянд, ба назарам ҳамон заминканҳои бараҳнаанд, аммо бе он умри дароз. 

Солҳое, ки дар “Адабиёт ва санъат” дар  як утоқ бо Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама Аҳмадова, Баҳманёр (ёди ин бузургон гиромӣ бод) кор мекардем, афсонае навишта будам, ки дар китоби  “Чароғи сеҳрнок” соли 1988 чоп шуда буд. Хоҳари азизам Муаззама хонду гуфт: Устод, мӯрчаяки дилсӯзи тасвиркардаатон манам.

 Ба хотири ҳамин ҳамқаламони собиқам, ки барои худшиносии мардуми хеш умри азизи худро кӯтоҳ карданд, ҳоло ин афсонаро ин ҷо мекорам.

-----------------

 

Мӯрчаяки дилсӯз

 

Дар байни мӯрҳои сиёҳ мӯрчаяке таваллуд шуд, ки хаёлӣ буд. Доимо аз хатти роҳи рост берун мерафт ва аз калонҳо танбеҳ мешунид. Калонҳо талаб мекарданд, ки аз хати кашидаи онҳо берун набарояд. Аммо барои ӯ олами атроф аҷиб буд ва саргарми омӯзиши табиат шуда, гоҳо роҳгум мезад ва бегоҳӣ гуруснаю бемадор ба хона бармегашт.

 

Хонаи мӯрон хонаҳои микрорайон барин бисьёрқабата буд. Ҳама барои бисьёртар ғалладона ҷамъ овардан пайваста меҳнат мекарданд. Анборҳо аз тухми анвои гуногуни наботот пур мешуданд. Аммо ба сабаби сернамии замин неш мезаданду нобуд мешуданд. Дили Мурчаяки хаёлӣ ба мӯрҳое, ки меҳнаташон зоеъ мерафт, месӯхт.

 

Рӯзе сардори мӯрҳо Мӯри Калон ба ӯ гуфт:

— Бас аст муфтхӯриву сарсарӣ гаштан! Ту ҳам ба қатор дарою дона каш. Агар ҳамин рӯз се бор дона набиёрӣ, саратро меканам! Ба мо хӯрандаи танбал даркор нест!

 

Мӯрчаяк ба берун баромад. Ҳаво гарм буд, замини тафсон пойҳояшро ва нурҳои офтоб пушташро сӯзонданд. Ӯ ба Офтоб нигариста хаёл кард, ки соати мӯрҳо ҳамин будааст, аз намоён шудан то фурӯ нишастани он пайваста кор мекунӣ, ба хона бор мекашӣ.

 

Ин дам садои таҳдидомези Мӯри Калон баланд шуд:

- Ҳа, поруғелон, боз бекор истодаӣ!?

 

Мӯрчаяк аз тарс як қад парида ба қатори мӯрҳо даромад ва аз паси онҳо ба алафзор, ки дар назараш ҷангали калон барин менамуд, равон шуд. Ду-се мӯри боқувват ӯро бо китф зада пеш гузаштанд ва мисли аспони даванд ба суръат тохта, аз назар дур шуданд. Мӯрчаяк дид, ки ҳама чолокона метозанд ва сустгардӣ хоси мӯрҳо нест, ӯ низ қадаммониро тезонд, то ки аз дигарон ақиб намонад. Мӯрчаяк ҳамин тавр тохта-тохта ба марғзоре расид, ки он ҷо тухмҳои пухтаю ба замин рехтаи алафҳо бисьёр буданд, фақат калонтар ва болаззаттарашро интихоб карда ба хона бурдан лозим буд. Вале диққати Мӯрчаякро бештар манзараҳои атроф, алафҳои зебои баланд, соябонмонанд ва манорашакл ба худ мекашиданд.

 

Азбаски дар атроф растаниҳои аз онҳо баландтаре набуданд, Мӯрчаяк ба яке аз манорашаклҳо баромад, ки аз он ҷо атрофро тамошо кунад.

 

Ва ӯ аз болои он «манор» бидид, ки дуртар одаме болои алаф ғелида китоб мехонад.

 

Ӯ дар бораи одамҳо аз мӯрҳои калонсол ҳикояҳои бисьёр шунида буд. Ҳатто дар бораи аз ҷониби мӯрҳо мағлуб гардидани одам қиссаю афсонаҳои бисьёре бофтаанд. Дар ҳамаи он ривоятҳо мӯрҳо нисбат ба одам зӯртар ва донотар тасвир ёфта буданд. Мӯрчаяк барои аз наздик дидани одам аз танаи алаф фуромада, ба тарафи ӯ равон шуд ва баъди чанд дақиқа ба назди ӯ расид. Вале одам ӯро намедид ва мисли пешин ба хондани китоб банд буд. Мӯрчаяк хост, ки одам ҷасорати ӯро бубинад ва часпида ба рӯи саҳифаи китобаш, ки болои алафҳо мехобид баромад. Одам бо дастонаш ӯро оҳиста ронд. Вале мӯрчаяк боз ба рӯи китоб баромада, ба чашмони одам нотарсона нигоҳ карда истод. Одам хандид ва ба пеши мӯрчаяк нонреза гузошт. Мӯрчаяк нигоҳ накард.

 

- Ман ба нонрезаи шумо зор нестам,— гуфт ӯ,— ба ман дониш даркор.

 

Вале одам суханҳои ӯро нашунид, зеро овози мӯрча бениҳоят паст аст. Овози мӯронро танҳо мӯрон шунида метавонанд. Аммо одам ҳис кард, ки мӯрчаяк чӣ мехоҳад ва ба ӯ гуфт:

 

- Эҳтимол, ба ту ғизои маънавӣ лозим аст? Ҳа, шумо мӯрон ҷонваракони беақлед. Барои он ки боақлтар шавед, савод доштан даркор. Савод бе китобхонӣ намешавад.

 

- Не, мо доноем, зеро аз ҳама ҷонварони дигар бисёрем. Аҳлона зиндагӣ мекунем,— гуфт Мӯрчаяк ва ин суханро танҳо худаш шунид.

 

Одам каме хаёл кард ва баъд гуфт:

Аҳлона зиндагй кардан кам аст. Агар шумо ақл медоштед, ҳар як донаро тақсим карда, баъд ба анбор захира мекардед, то ки насабзанд.

 

Одам ба коғазчае, ки баробари тангаи яктина буд, ҳарфи «а»-ро навишта, ба пеши Мӯрчаяк гузошт ва гуфт: —Ин ҳарфи аввал аст. Инро бубар, ҳарфи дуюмро баъд мебарӣ. Бо ин ҳарфҳо дунёро меомӯзӣ, ҳақиқатро мефаҳмӣ.

 

Мӯрчаяк коғазчаро ба даҳон гирифта, ҷониби хона равон шуд. Ҳамин ки ба роҳи мӯргард баромад, ба мӯрони бисёре дучор шуд, ки бо тааҷҷуб мепурсиданд:

- Ин чист? Ягон чизи хӯрданӣ?

Ин мӯрчаяк зимистон аз гуруснагй мемирад.

Девона барин-е, ба ҷои дона коғаз мебарад!

Парто! Вагарна Мӯри Калон саратро меканад!

 

Ба ҳамаи ин гапҳо эътибор надода, Мӯрчаяк ҳарфи аввалини худро ба хонаи мӯрон мебурд. Вале дар таги дар ба Мӯри Калони пурғазаб дучор шуд, ки ба кунғузи сиёҳи поруғелон монанд буд ва ҳар ду шофашро бараҳна карда, барои куштани ӯ тайёр меистод. Мӯрчаяк аз тарс коғазро пора-пора, оҳиста-оҳиста фурӯ бурд ва Мӯри Калон ба хӯрданибоб будани коғаз бовар карда, шамшерҳояшро ба ғилоф гузошт. Ҳарфи «а» бо ранги талхи химиявй навишта шуда буд ва он ҳоли Мӯрчаякро бад кард. Шикамдард шуду дасту пояш карахт гардиданд. Ӯ фаҳмид, ки мемирад, бинобарин ба Мӯри Калон гуфт:

Ҳар донаро тақсим карда, баъд ба анбор гузоред.

 

Баъди ин сухан Мӯрчаяк ҷон дод.

 

Мӯрчаҳо мувофиқи расми аҷдодӣ ҷасади фавтидаҳоро мехӯрданд. Аммо Мӯри Калон манъ кард ва гуфт:

- Ҳаром аст, зеро ки ҳарфи душманро фурӯ бурдааст.

 

Дертар бо супориши Мӯри Калон мӯрҳо донаҳоро тақсим карда, ба анборҳо нигоҳ медоштанд ва ба ақли саркардаи худ қоил шуданд. Мӯрчаякро ба ёд оварда дашном медоданд, ки ба насли тифоқи онҳо як нафар хоин доғ оварданӣ шуд, вале он «кӯрнамак» ҷазояшро зуд худаш дид.

 

Дигар касе аз мӯрҳо ҷуръати саводнокшавӣ накардааст, то ҳанӯз ҳама аҳлона дона мекашанд.

 

Комментариев нет: