четверг, 24 июня 2021 г.

Оё мардуми тоҷик мафкураи меҳварӣ дошт?

 Мафкураи миллии мардумоне, ки дар собиқа Авесто доштанд, дар доираи талаботи он комилан шакл гирифта буд. Яъне душмани асосии инсон дурӯғ шинохта шудааст. Ба ғайри он формулаи “Пиндори нек, гуфтори  нек, кирдори нек”. Пиндори нек, яъне фикри нек. Дурӯғ ҳамту як сухани норосту ғайривоқеӣ набуда маънои васеътаре дорад.

 

Вақте мо бо тӯйҳои серхароҷот обрӯ гирифтан мехоҳем, бо мошини хориҷии гаронқимат худнамоӣ мекунем, инҳо низ навъе аз дурӯғ маҳсуб мешаванд. Зеро қимати инсонро на молу ашьё, қасру мансабу сарват балки накӯкорӣ, саховат ғамхорӣ ба эҳтиёҷмандон муайян мекунад.

 

Як мансабдори калон ба ягон шаҳр ё ноҳия меҳмон мешавад. Баъд мебинед, ки ба пешвози ӯ бо кӯдакони 9-10 сола мебароянд ва ин кӯдакон дар васфи ин меҳмон мадҳия мехонанд.

 

Ин кӯдакон ҳоло намедонанд, ки меҳмон кисту барои халқу ватан чӣ хизматҳо кардааст. Яъне калонсолон бачаҳоро ба ин амал ё маҷбур кардаанд ё ташвиқ. Яъне ин амал низ як намуди дурӯғ аст. Ягар ба ҷои кӯдакон ягон марди миёнсол ё мӯйсафед чунин шеър хонад, масъала ранги дигар мегирад, зеро бинанда фикр мекунад, ки дар асоси таҷрибаи ҳаёти худ ин мадҳияро ба забон овард.

 

Боз як дурӯғи дигари машҳур бо унвонҳо қадршиносӣ кардани адибону аҳли фарҳанг.

 

Ин аз боқимондаи шӯравист. Зеро онҳое, ки сиёсати шӯравиро бо эҷоди худ бештар тарғиб мекарданд, соҳиби чунин унвонҳо мегардиданд.

 

Ман як касро мешиносам, ки барои гирифтани унвони “Хизматнишондода” бист сол қабл даҳ ҳазор доллар сарф карда буд. Боз як касро медонам, ки барои гирифтани мукофоти давлатӣ як рӯз пеш аз овоздиҳӣ ба хонаи ҳар як узви комиссиюн рафта хоҳиш кардааст, ки ба ӯ овоз диҳанд.

 

Популизм як  навъи обрӯӣ сохтаро соҳиб шудан аст, ба мисли он ки ба тӯйи писарат ҳофизеро ба даҳ ҳазор доллар биёрӣ, аммо барои ягон донишгоҳи машҳур хонондани фарзандон пул сарф накунӣ.

 

Дар кадом замон тоҷик  чунин хароҷоти беҳударо мекард?

 

Дурӯғро шиносед, дурӯғро фош кунед, нафрин кунед!

 

Телевизион, радио, матбуот ва фарҳангро аз дурӯғ тоза кунед!

 

Дар мусулмонӣ низ дурӯғгӯй душмани худост!

 

Аммо ҷомеъа ба ғайри дурӯғгӯй дурӯғсоз, дурӯғбоз, дурӯғмард, дурӯғшоҳ, дурӯғкор низ дорад.

 

Нози танфурӯшонро дурӯғноз метавон номид.

 

Саховати дуздону ҳаромхӯронро дурӯғсаховатӣ, дипломи донишҷӯёнеро, ки бо ришва баҳо мегиранд, дурӯғдиплом гуфтан дуруст будагист.

 

То чӣ будани дурӯғро пурра дарк накунем, тоҷики комил нестем!

 

Эҳтимол мақоли “дурӯғи маслиҳатомез беҳ зи рости фитнаангез”-ро ба ёд оред. Аммо ин дурӯғи маслиҳатомез ба манфиати инсон будааст, то ки хабари бад боиси дилкаф шуда мурдани шунаванда нашавад.

 

Дар жанри фантастикаи насри бадеӣ, ки ин низ як навъи дурӯғ аст, ҳақиқати зиндагӣ он қадар бо ҷасорат баён ёфтааст, ки адабиёти расмӣ ба тасвири он қодир набуд.

 

Дар насри бадеии реалистии пурҷасораттарин ҳақиқати зиндагӣ 90-100 фоиз тасвир мешавад, дар жанри фантастика аз ин зиёдтар аст. Ҳатто муболиға нест гӯем, ки дусад фоиз!

 

Вақте ки сухан оиди тақдири одаму олам меравад, мутафаккирони машҳури ҷаҳон такя ба “Мо”-и Замятин, романи “1984”-и Оруэлл ва “Дили саг”, “Усто ва Маргарита”-и Булгаков мекунанд! На ба Деккенсу Хемингуэю қатор-қатор адибони соҳиби мукофоти Нобелӣ.

 

Асари беҳтарини Ф.Достоевский “Сон смешного человека” аст! “Бинӣ” ва “Шинел”-и Гогол фантастика аст! Ба фикри адабиётшиносони рус тамоми  насри бадеии Русияи подшоҳӣ аз “Шинел”-и Гогол рӯидааст!

 

Мо тоҷикон барои пешрафти фикрии мардуми худ чаро осори ба ҷаҳон машҳури ин адибонеро, ки зикр кардам ва бисёр дигар забардастоне чун Платонов, Ефремов ва дигаронро тарҷума ва чоп накардаем?

 

Агар дар дилатон шубҳае тавлид шуд, ки Адаш Истад ба хотири фантазиянавис буданаш ин ҳама гапҳоро менависад, марҳамат ба Интернет дароеду романи Оруэлл “1984”-ро ақалан чанд саҳифа хонед ва хоҳед фаҳмид, ки режимҳои худкома, яъне авторитару диктаторӣ бо инсон чиҳо мекунанд, ки ӯ ҳатто баробари як донаи арзан қадр нахоҳад дошт ва чӣ тавр Вазорати ҳақақат дар амал Вазорати дурӯғсозист.

 

Комментариев нет: