четверг, 24 июня 2021 г.

Мусоҳиба дар жанри худӣ

 Жанри асосии камина фантастикаи илмӣ буд, ки дар рӯҳияи камина нақши амиқе дорад.

Ин саҳар ба оинаи барқад нигариста афзудани сафедиҳоро дар мӯи сар ва абрувон дида оҳ кашидам, ки зиндагӣ чӣ қадар тез мегузарад.

Тоб хӯрда аз оина дур шуданӣ будам, ки аксам дар симои худам чу одами зинда аз даруни оина берун омад ва гуфт: - Ман ба шумо ҷаноби олӣ чанд савол дорам. Охир ман ҳамкасби шумоям. Журналист.

- Марҳамат,- гуфтам,- ку чӣ саволҳо доред?

- Соли таваллудатон?

- 1946, соли нимгуруснагӣ.

- Зодрӯзатон?

- 7 сентябр дар гувоҳномаи таваллуд. Аммо падарам мегуфтанд, ки 1 сентябр ба дунё омадӣ. Дурӯғ дар замони муосир ҳокими зӯри мардум аст, ҳарфи дар коғаз навишта аз ҳақиқат болост. Ба ин сабаб дар хонавода зодрӯзи банда доим 7 сентябр таҷлил мешавад. Яъне аз умри ман шаш рӯз дуздидаанд. Азбаски дуздӣ ҳаммагир буд, ба он одат карда будем .

- Дар куҷо ба дунё омадед?

Дар деҳаи Ӯташиқ, ноҳияи деҳотии Самарқанди вилояти Самарқанд. Дар байни деҳа роҳи сангфарш буд, як масҷиди амборшудаи як худҷрааш чойхонаи гузар, як хавз бо сафедорони азим, як мактаби миёнаи машҳури рақами 16.

- Аз замони тифли чӣ дар ёд монда?

- Деҳаи мо дар марзи колхоз буд, дигар чизе надошт ба ғайри як дӯкончаи ғизофурӯшӣ. Рӯ ба рӯи масҷиди  кӯҳна, ки амал намекард. Модарам  ва падарам дар колхоз кор мекарданд. Қанди печакро 10-15 грамм  танҳо дар рӯзҳои ид медидем.

Падарам маҷбур шуда буданд, ки кори колхозро тарк карда ба устоҳои хонасоз кор кунанд. Колхоз ба аъзои худ ҳаққи меҳнатро он қадар кам медод, ки ба таъмини рӯзгор намерасид.

Модар маро ба полизи колхоз мебурданд, зеро ба кӯдакистон як рӯз рафтаму маъқулам нашуда буд. Яъне дар байни замини кишти колхоз калон шудаам. Як бор ба ҷӯйи сероб афтодаам. Модарам гуфта буданд: - Ногоҳ бинем, дар ҳеҷ куҷо нест, ба лаби ҷӯй давидам, зери оби шаффофи ҷӯй мехобидӣ, чашмонат кушодагӣ буд. Туро худо ба мо баргардонд.

- Ин хел ҳодисаҳо, ки дар дами марг будед, чанд бор рух дод? 

- Се бор. Як бори дигар, вақте ки маро ҷарроҳӣ карданд. Дар сӯрохи талхадон санг дармонда буд ва заҳр ба бадан паҳн мегардид. Дар болои мизи ҷарроҳӣ мехобидам, барои нафаскашӣ нерӯ намерасид. Гоҳо аз нафаскашӣ бозмеистодам, он гоҳ ҳамшираи ӯзбек аз зери гӯшам фарёд мекад: Амакӣ, нафас олинг!

Ман бо шунидани ин садо тамоми неруи даруниро ба он равона мекардам, ки боз нафас бикашам. Ҳамин овоз мухаббатамро ба халқи ӯзбек афзуд. Ба адибони ӯзбек Навоӣ, Абдулло Қодирӣ, Абдулло Қаҳҳор, Саид Аҳмад, Худойбердӣ Тӯхтабоев эҳтироми зиёде дорам.

Як бори дигар дар назди ҳавли – музейи Айнӣ аз роҳи мошингард мегузаштам. Дар ҳамун лаҳза дидам, ки  мошине нест. Вале ба миёни кӯча расида, садои резинаи чархи мошини сабукравро шунидам, ки бо суръати баланд меомадаасту кариб 20 метр чарх болои асфалт хат кашидааст. Ронанда аз дар баромад, рангу рӯяш сап-сафед паридагӣ буд. Пурсид: - Чашматон хирамӣ?

- Мошинатон ранги асфалт, надидам,- гуфтам

- Мактаб дар ҳаётатон чӣ нақше дошт?

- Дар он замон мактаби миёна 11-сола шуд. Ин нисфи умри ҷавонӣ аст. Дар мактаб бисёр чизҳои хубро омохтам, дониш, таҷрибаи зиндагӣ.

Мактаб қитъаи замини кишоварзӣ, гармхона дошт. Ба ғайри ин баъди дарс хонандагонро ба ғунучини ҳосили колхоз мебурданд.

Ман дарсҳои иншои озод, ки муллимаи фанни забони русӣ Анастасия Романовна Иванова мегузаронид, фикри худро мустақилона навишта метавонистагӣ шудам. Решаи ниҳоли эҷоди камина дар он ҷост.

Модарам нисфи шаб хеста ба танӯр оташ мегиронду нон мепухт. Ман 15-20 нони танӯриро ба лаган андохта ба назди масҷиди мазори Хоҷа Кавшер мебурдам, саҳар баробари чашми рӯз кафидан. Масҷид ба чойхонаи сурх мубаддал шуда буд ва чойхоначӣ Саидмурод-бобо буданд, мӯйсафеди нуронӣ.

Ва доим ба дарс дер мерафтам, аммо муаллимон медонистанд, ки ман ёрдамчии хонаводаам ва рӯзгорамон камбағалона. Ягон бор ягон муаллим чаро дер мондӣ нагуфта аст. Зеро аълохон будам. Дар мактаб баъзе муаллимон шеър менавистанд. Масалан иштирокчии ҷанг шодравон Бердӣ Ҳамроев. Ман шеъри ҳиҷоӣ менавистам. Ҳамту дар ягон маврид. Аммо бо муаллим нишон надодаам, маслиҳатгари ман дӯстам Хуршед Қамар буд, ки ду сол дар син калон буд, аксар рубоӣ менавист. Ӯ маро сипас ташвиқ намуда ба факултаи суханшиносӣ овард, ки худ дар он ҷо таҳсил мекард.

Бердӣ Ҳамроев дар маҳфили театрӣ бо иштироки бачаҳо спектакалҳо мегузоштанд.

- Дар мактаби шӯравӣ чӣ ба шумо мақул набуд?

- Диктатура. Ҳамма амал бо таҳдид, тарсондан... Аммо фаҳмондан ва фаҳмидан камтар буд. Педагоги ҳақиқӣ будан низ истеъдод ва дониши комил мехоҳад.

- Ихтисосатон асосан чист?

- Филолог. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷикӣ. Аммо ҳамчун журналист дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» , «Адабиёт ва санъат» (дар ин нашрия муовини сардабир будам), радиои Тоҷикистон , радиои «Озодӣ», радиои ӯзбекии Машхад (дар ин ду радио ғайриштатӣ), дар газетаҳои «Овози Самарқанд» ва «Овози Тоҷик» кор кардаам.

 Дар ин фарҳангсаройҳо бисёр чизҳоро омухтам, зеро бо адибони номдор ҳамкор будаам.

- Яъне нависандагӣ магар касби асосиатон нест?

- Нависандагӣ ба мисли намоз аст. Намоз гуфтугӯ бо худо бошад, нависандагӣ гуфтугӯ  бо одамон аст. Ҳамон кас муваффақ мешавад, ки дилу нияташ поктар аст, яне таҳорати дарунӣ дорад.

- Мактаби олӣ ба шумo чӣ дод?

- Дониши суханшиносӣ дод. Ин ҷо низ маҳфили адабӣ буд, ки Таълат Абдуҷабборови раҳматӣ ва Аслиддин Қамарзода роҳбарӣ мекарданд.

Сипас маҳфил ба қабулхонаи «Ҳакикати Узбекистон» кӯчид. Имрӯзҳо маҳфилро дар донишгоҳ эҳё кардаанд.

- Устодонатон киҳоянд?

- Пеш аз ҳама Болта Ортиқзода ва Фазлиддин Муҳаммадиев. Аммо дар боби фантастика аз адибони рус ва ҷаҳон омӯхтам.

- Жанри дӯстдоштаатон чист?

- Афсонаҳо барои кӯдакон ва калонсолон. Ҳаҷвро низ дӯст медорам.

- Чаро фантаастикаи илмӣ не?

Фантастикаи илмӣ ё худ ғайриилмӣ як навъи афсона аст.

- Чаро имсолҳо дар жанри фантастикаи илмӣ чизе наменависед?

- Замони Шӯравӣ сензура буд. Агар ягон сухани танқидӣ нисбати мансабдорон ё сиёсат менавистед, тамоман ба нобудӣ мерасонданд.

Нақши фантастика имкон медод, ки дардҳои имрӯзаи ҷомеаро бо баҳонаи “ин дар як кадом сайёра рух додааст”, баён кунӣ.

Баъди ошкорбаёнии горбачёвӣ ва пош хӯрдани Шӯравӣ ҳамон нуқсу проблемаҳоро дар мақолаҳо рӯирост менавиштагӣ шуданд. Ба чунин намуди фантастика эҳтиёҷ намонд.

- Дурӯғ дар замони Шуравӣ зиёд буд ё дар замони муосир?

- Дурӯғ дар ҳама замонҳо буд ва ҳоло низ кам нест. Мисоли равшан – рекламаҳо.

- Барои кам шудани дурӯғ чӣ бояд кард?

- Ягон идеологияи наве бояд сохт, ки дар он дурӯғ бузургтарин ҷиноят дониста шавад.

- Чиро дӯст намедоред?

- Мағал, ҳар хел маҷлисҳо – яъне ҳар ҷое, ки як нафар аз мавқеъ ё мансаби худ истифода намуда фикри худро бо зӯрӣ ба дигарон бор карданӣ мешавад. Ҳоло низ мансабдорон дар чунин фикранд, ки агар нашрияҳо, васоити ахбори умум ҷонибдори онҳо бошад, дасташон болост.

Ҳол он ки кайҳо боз Интернет пайдо шудааст ва дар он хеҷ хел маҳдудият нест.

- Дарди аз ҳама азими ҷомеаи кунинӣ чист?

- Коррупсия, яъӣне ришвахорӣ, порахӯрӣ, тамаллуқ, чоплусӣ (хушомадгӯӣ). СССР-ро ришвахороне, ки ба сари ҳокимият омада буданд, пош хӯронданд.

- Оё аз ин иллатҳо ҷомеаро халос карда мешавад?

- Дар Сингапур ва дигар кишварҳо шудааст, масалан дар Гурҷистон Саакашвили решакан карда тавонист. Чаро мо наметавонем?

- Коррупсия дар адабиёт низ ҳаст?

- Ҳаст. Ҳар адибе, ки ба мансабдорони болоӣ муносибати хуб дорад, соҳиби унвону ҷоизаҳо мегардад. Албатта агар теъдоди китобҳояш ба дараҷаи зарурӣ бошанд. Дар Душанбе солҳои 90-99 мушоҳида кардам, ки китобҳои хурди киссагӣ бисёр баровардаанд. Ин ҳам барои афзоиши рақами асарҳо, то ки унвон ё ҷоиза гиранд. Муносибати давлат бояд ба адабиёт дар заминаи гуманизм бояд шакл гирад. Хамон давлат инсонпарварона аст, ки ба кӯдакон ва пиронсолон зиёдтар ғамхорӣ мекунад.

Адабиёти кӯдакон дар Тоҷикистон як сағираи бепадару модар аст. Баъди устод Миршакар ба он касе эътибор намедиҳад. Шукӯҳӣ гуфта буданд, ки афсонаҳои нав лозим барои хурдтаракон. Қиссачаи “Саргузашти Нахӯдак”-ро навишта дар маҷаллаи “Чашма” ва “Родник”чоп карда будам. Сипас “Чароғи сеҳрнок” нашр шуд, ки афсонаҳҳо барои бачагон аст. Ин дар соли 1989 буд. Инҳо ҳама аз ҷониби адабиётшиносии тоҷик эътироф гардидаанд. Агар давлат дар ҳақиқат ғамхорӣ адабиёти бачаҳо бошад, мебоист на танҳо ин асарҳо, балки асарҳои адибони дигарро низ маҷҷонӣ нашр мекард. Ба ман ягон унвон ё ҷоизаи шумо даркор нест. Дилатон ба бачаҳо намесӯзад, ки ояндаи миллатанд. Аз соли 1989 сию ду сол сипарӣ шудаасту ҳанӯз ҳам маблағ нест.

Ман ба ягон гапҳои баландпарвозӣ мансабдорон дар бораи ғамхорӣ ба адабиёт бовар надорам.

Баъди ин қиссаи “Ҳикоя аз рӯзгори Борбад” чоп шуд. Ва ба забони русӣ низ тарҷума ва чоп шудааст. Адабиётшиносӣ низ онро хуш истиқбол кард.

Аммо мансабдорони имрӯза аз куҷо медонанд, ки адабиёти ҳақиқӣ чист?

Онҳо танҳо теъдоди асарҳои чопшударо мешуморанду бас. Мафкураашон дар доираи танг аст. Дар замони Шӯравӣ низ онҳо китобҳои нодирро барои ороиши ҷевон мехариданд.

-  Барои вазъи солими маънавиро барқарор кардан чӣ бояд кард?

- Ленини нав лозим. На он Ленин, ки боиси хунрезиҳо гардид. Балки пешвое, ки дар ҷамъият поквиҷдонӣ ва инсофро ба мақоми аввал мегузорад. Коррупсияро тамоман решакан мекунад, ҷавононро ба донишкадаҳои беҳтарини олам ба хондан мефиристад.

- Нависандагони фантазиянависро пешгӯикунандаи ояндаи ҷамъият меҳисобанд. Шумо дар бораи ояндаи инсоният чӣ фикр доред?

- Ман фолбин ё экстрасенс нестам. Аммо дар ин бобат хушбин низ намебошам. Зеро вазъи экологӣ рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Дар ҷамъият эгоизми миллӣ афзалият пайдо кардааст. Миллати сершумортарин камшумортарро камҳуқуқтар меҳисобад. Забону адабиёт, театру мусиқиашро маҳдуд мекунад. Муҳите месозад, ки миллати камшумор маҷбур шавад дар мактабҳо ба забони миллати сершумор хонад ва аз адабиёти асили худ дур шавад. Инро дар бисёр ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ мушоҳида мекунед.

- Марказҳои фарҳангии миллатҳои камшумор ҳастанд, ҳеҷ кас ман накардааст, ки ба забони худашон суруд нахонад.

- Рост. Аммо баробарию бародарӣ гуфтаанд. Театру ансамблҳои мусиқии давлатӣ ба забони тоҷикӣ бошанд, аз ин обрӯи республикаи Ӯзбекистон баландтар мешавад, ки кам не. Дузабонӣ дар фарҳанги мардумони ӯзбеку тоҷик дар замони Навоӣ ба вуҷуд омад. Афсӯс, ки тарғиби девони форсии Навоӣ ба дарачаи кофӣ нест.

- Саволҳои дигарро ба сӯҳбати оянда вомегузорам, зеро гапи бисёр ба хар бор, гуфтааст халқ

- Гуфт акси камина ва ба даруни оина рафт.

 

Комментариев нет: