пятница, 9 октября 2020 г.

Қасри сухани форсӣ

Дар таърихи ҷаҳон дар вайронкорӣ нисбат ба бисёр шоҳони золим Ҳерострат ном шахс, ки соли 356-и пеш аз солшумории мелодӣ дар Эфес ном шаҳри Рум ибодатхонаи машҳури Артемидаро оташ  задааст, машҳур аст.

Бинед, ки 24 садсола паси сар шуда бошад ҳам дар таърих, адабиёт ва мақолаҳо аз ӯ ва кирдукораш ёд мекунанд.

Ҳерострат як тоҷири номуваффақ буд, дучори инқироз шуд, сипас як хурӯси ҷангиро ба панҷсад дирҳам харида ба ҷанг тайёр карду ба бозии хурӯсҷанг даромад. Хурӯси Ҳерострат рангаш зарди зӯр буд, аммо хурӯси тарафи муқобил сиёҳи қамқувват. Се дафъа соҳиби хурӯси сиёҳи камқувват аз Ҳерострат илтимос кард, ки вай хурӯси худро ба як паногоҳ бурда ба гӯшаш дуо хондан даркор. Ҳерострат розигӣ дода ҷангро бохт.

Баъд аз як хабаркаш фаҳмид, ки ӯро фиреб додаанд, ҳар дафъа хурӯси сиёҳи наверо ба ҷанг даровардаанд ва дуохонӣ фиреб будааст.

Дар шаҳри Эфес бузургтарин ибодатхонаи юнониён Артемида буд ва Ҳерострат онро оташ зад.

Ӯро дошта лату кӯб карданд, иқрор шуд, ки барои шӯҳрат ин корро кардааст.

Мардуми Эфес сахт дар ғазаб буданд, ки барои сохтани ин ибодатхона 120 сол заҳмат кашиданд ва як шахси шӯҳратпараст дар як шаб онро нобуд кард. Ӯро ба куштан маҳкум карда қарор карданд, ки дар ягон ҷой аз ӯ ном бурда нашавад. Аммо торихнависи Юнони бостон Феопомп ин амали ӯро тасвир карду номаш дар торих монд.

Ду ҳазору чорсад сол боз юнониён ба рӯҳи ӯ лаънат мефиристанд ва номаш сумбули шӯҳратпарастӣ гардидааст.

Агар ибодатхонаи Артемидаро дар 120 сол сохта бошанд, забони форсӣ бо иштироки миллионҳо эронинажодон дар ҳазору панҷсад сол эҷод шудааст. Ин ҳам қасри бузурги фарҳангӣ аст.

Хати форсӣ на танҳо забон, балки нишони маданияти ҳазору андсолаи табори эрониёни шарқӣ, яъне тоҷикон аст. Хиштҳои кохи сухани форсӣ бо ҳуруфи арабии форсӣ аст ва иваз кардани он бо хати кириллӣ ин дигар ҳамон кохи пешинаи форсӣ нест, чизест дигар.

Сталин ва болшевикон хати форсиро аз марзи Осиёи Миёна рӯфта партофта ҷинояте кардаанд, миллион бор мудҳиштар, миллион бор сангинтар нисбат ба ҷинояти Ҳерострат. Ин баробар аст бо наслкушии фарҳангӣ.

 

 

Комментариев нет: