четверг, 17 апреля 2008 г.

Садбарги сурхе зи Регистон

CАМАРҚАНДУ БУХОРО

Барои устод М.Шакурӣ

Самарқанду Бухороро дилу ҷон метавон гуфтан,

Дилу ҷони санохони Хуросон метавон гуфтан.

Ду алмосе ба тоҷи тоҷдорон метавон гуфтан.

Чу шаҳбайти ғазалҳои бузургон метавон гуфтан.

Якеро қуббатулислому дигар қуббатулирфон,

Ва ҳар дуро зи нури ҳақ чароғон метавон гуфтан.

Яке гар чашмаи Хизр аст, дигар чашмаи Кавсар,

Ва ин дуро Зарафшон дар биёбон метавон гуфтан.

Нахушкиданд гулҳояш зи дасти боди поизҳо,

Бухороро баҳоре дар зимистон метавон гуфтан.

Агар лафзи дарӣ ҷон дардиҳад рўзе ба сад афғон,

“Бухоро – гўри армонҳои Сомон” метавон гуфтан.

Шамида ҷонҳои хаста аз бўи Самарқандам,

Ва атру анбараш бурда ба Юнон метавон гуфтан.

Манори пойбарҷояш бад-ин фарру бад-ин шавкат,

Сутуни қомати айвони Яздон метавон гуфтан.

Дар ин ду шаҳри хушхўён зияд Хизри даригўён,

Ва ганҷашро нигаҳбон шоҳи морон метавон гуфтан.

Мазори Дониёлу Ҷирҷис ин ҷо дар Самарқанд аст,

Варо меҳроби ҳар дину ҳар имон метавон гуфтан.

Гарам аз Бўали Сино Самарқанду Бухороест,

Ба захми бедавои сина дармон метавон гуфтан.

Дар ин ду шаҳри додар ворисони Рўдакӣ бисёр,

Ва мактабҳои онро сардабистон метавон гуфтан.

Бухорою Самарқандам ба дасташ оташи ҷовид,

Чароғи раҳнамое дар шабистон метавон гуфтан.

Ба каф ҷон нақши Хайём андар ин ду шаҳр мегардад,

Ва ин дуро зиёратгоҳи риндон метавон гуфтан.

Ба марзи донишу фарҳангу авҷи сарбаландиҳо,

Ҳимолою Бадахшону Тиёншон метавон гуфтан.

Даригўянд дар ҷаннат ҳама ҳуру париён ҳам,

Ва ин дуро суханзори париён метавон гуфтан.

Самарқанду Бухоро Каъбаи хоки Хуросон аст,

Ва ҳар дуро ду чашми поки Яздон метавон гуфтан.

ҲАВЗИ ХОҶАИ АҲРОР

Мазори Хоҷаи Аҳрор назди хонаи мо буд,

фақат як ҷеғи субҳии хурўсон дур.

Ба бонги он азон бедор мегаштем,

азоне, ки муаззин ҳар саҳар мегуфт

аз тоқи манори масҷиди он ҷо:

“Дил ба ёр бошад мудому даст ба кор,

дил ба ёр бошад мудому даст ба кор!...”

Замони наврасиям оби ҳавзи деҳаҳо гоҳе,

саросар ях ҳамебасту ҳамехушкид.

Дар айёме, ки мешуд оби ширин ончунон ноёб,

дар он атрофу он акноф

фақат ҳавзи мазори Хоҷаи Аҳрор буд пуроб.

Ва ман меоваридам об з-он бо кашшаке симин,

Худоро шукр мегуфтам,

ки ҳавзи Хоҷа Аҳрор ҳаст,

“Дил ба ёру даст ба кор” –

беҳтар аз ҳар чӣ шиор аст,

афзал аз ҳар шеъри табдор.

Вале як рўз дидам ман:

саге низ об менўшад аз он ҳавзи зи покӣ пок,

имом ҳам диду гуфто:

“Даҳони саг расад гар ҳавзро, нашмар ҳаром обаш,

ки Аллоҳ обро бар одаму ҳайвон баробар дод,

ва ҳавзи Хоҷаи Аҳрор,

шунидам, ҳавзи ирфон аст,

сагеро то ба он шаҳҳавз роҳе нест,

ва марди бекитобро низ...”

Тааҷҷубам гирифт авҷу бипурсидам:

“— Куҷо он ҳавз?

Маро то он кӣ хоҳад раҳнамо будан?”

“— Агар покизаҷониву ниҳодат пок,

қадам зан лаб-лаби рўди мусаффооб,

бурун шав аз мазори хоб

ва шабҳоро паси сар кун,

чу аз домони кўҳҳо меравӣ боло,

самои лоҷвардиро назар мекун,

ва дар он дид хоҳӣ мисраеро аз хати парвози кафтарҳо:

“Дил ба ёр бошад мудому даст ба кор!”

Падарро пурсидам аз роҳи ҳавзи Хоҷаи Аҳрор,

чу ў раҳсоз буд, гуфто:

“Вале он раҳ на роҳи сангфарш аст,

раҳи ин ҳавз дилфарш аст,

в-аз он роҳ ҷониби Арш аст.

Бар он раҳ меравӣ бо пои дил, медон,

хасу хошоку хори раҳ ба дил чинон,

Бирезӣ хуни дил бисёр...

Чӣ лозим шуд туро ин кор?

Ки ҳоло зиндагӣ бе ин ҳама душвор ! ...”

Падар он вақт

ба зери қурси сўзонандаи хуршеди тобистон

саҳар то шом

барои қурси ноне тоб меовард.

Ва қурси нон

ба ҳавзи фикри покаш гашта буд сарпўш...

Вале ман қурси моҳро фикр мекардам,

ки андар ширмаҳтобе

ба нури шириаш пур карда ҳавзеро.

Хаёлам, ҳавзи ирфон инчунин буда,

фақат бо хатти шеъре дар ҷабини мавҷ:

“Дил ба ёр бошад мудому даст ба кор!”

Ба мардум то саҳар мепухт модар нон,

маро мемонд аз баҳри фурўши он,

ва дасти ман ба нону фикратам дар осмонҳо буд.

Зи умрам мегузашт он солҳои баччагӣ, аммо

ба ҳавзи орзуҳоям шиновар буд

ба мисли моҳии тиллоӣ майли дидани он ҳавз...

Ва рўзе дўстам Абдулло

бигуфто:

— Чунин ҳавзе,

ки обаш софу ранги он ба ранги осмон обист,

ман дидам.

Ва он дар қуллаи кўҳест,

ки роҳ аз сангоби Оҳалик дорад...

Ва мо рафтем,

рў бар сўи ҳавзи Хоҷаи Аҳрор,

ва бо имдоди чўпоне расидемаш,

бидидемаш,

ки он гапҳо ҳақиқат дошт...

Агарчи он ба сурат буд як ҷоми бузурги сурху сангине,

вале на беш аз толоб.

Набуд аз он шиори Хоҷа ҳарфе ҳам,

вале дидам

басе аз шохи бузҳое, ки қурбон гашта дар ин роҳ.

Ва гўё оби ҳавз аз хун рангин буд,

ва ин ҳолат чунон сангину нангин буд...

Бифаҳмидам,

ки ҳавзи Хоҷаи Аҳрор дар дигар баландиҳост,

баландиҳои рўҳи поки садҳо аз бузургон аст,

баландиҳои рўҳи поки Мавлоност!

Гузашт аз кўҳбароиҳом,

аз он оғозгоҳи ҷустуҷўҳоям чиҳил соле,

вале то ҳол раҳпўям,

вале то ҳол раҳҷўям,

манам ҷўёи шаҳроҳе, ки дар болост,

ба сўи ҳавзи ирфон аст,

ки дар наздаш ягон хар нест,

ва дар он ҷо сагу инсон баробар нест...

Шумо аз ҳавзи нопайдои пурасрор,

ки ўро ном бошад Хоҷаи Аҳрор,

хабар доред?!

АФСОНАИ ЗАРДАРА

Андар яке дара

бо номи Зардара

буданд чашмаҳо

гирёну талху шўр

аз тундиҳои Зўр.

Ў буд мири он,

чун Чингизи замон.

Талхиву шўриҳо

аз оби чашм буд,

чашмони одамон.

Зеро ки ҳукмрон

зўриву хашм буд.

Буд марзи Зардара

ҷои хушобуранг –

амлоки Зўршоҳ ва ҷои қасри ў.

Замини одамон ҷои камоб буд

в-андар баландиҳо.

Зеро ки Зўршоҳ

бо сад фиребу ҷанг

замини Зардара

аз мардумаш ситонд.

Қалби фариштагон

аз ин хуноб буд.

Рўзе аз ин дара

бигзашта як парӣ

бар чашмаҳои он

хондааст як дуо.

Пас чашмаҳо ҳама

ростгў шуданд,

аз зулми Зўршоҳ

додгў шуданд.

В-он гоҳ Зўршоҳ

як кори “зўр” кард,

ҳар чашмаи сухан

чун чашм кўр кард,

бар хок гўр кард.

Буд шод ў кунун –

ҳақгўй дигар намонд!

(Ў баҳри кишту нўш

рўде хушоб дошт.)

Лек оби чашмаҳо –

он кўрчашмаҳо

рафтанд таҳ ба таҳ

аз зери хоку санг

бар зери теппаҳо.

Лекин ба Зўршоҳ

ин буд ноаён.

Як сол зуд гузашт.

Он хоки теппаҳо

ҳам гилу фалла шуд,

фарёди ҳабси гунг

ғун гашта наъра шуд.

Дар мавсими баҳор

ларзид Зардара,

монанди аждаҳо

ғуррид Зардара.

Ярче* фаро гирифт

замини он дара.

Сарои Зўршоҳ

дар зери хок монд,

в-он мири Зардара

ҷон дод зери лой,

бо аҳли байти худ

бигриста ҳой-ҳой.

Шахсе ба маргашон

ҳатто дуо нахонд.

Афсўси Зардара,

сад ҳайфи гулдара!

Имрўз номи он

гардида Гўрдара.

-----------

* Ярч – лою хоке, ки аз баландӣ ба поёни кўҳ ҳаракат карда баъзан деҳро тамоман хокпўшу маҳв мекунад.

РЎЪЁИ ТАЪРИХӢ

Замони зоғҳои сиёҳ...

Замони даҳшат, шоҳигарии ваҳшат,

Зимистони дарозе буд, хеле ва хеле дароз,

Регистони намозӣ буд чандин сол бе намоз.

Регистони пир бе шайху шоиру пир,

Шоир-муллоҳо дар табъид – дар Сибир,

Қуръонро дар ҷилди Ҳофиз бо худ бурдаанд,

Ҳофизро дар ҷилди Қуръон ба ман супурдаанд.

Шоир-муллоҳо бо дастони аз сармо карахт

Дар ҷангали Сибир мебуриданд дарахт,

Барои ҳезуме, ки дар оташхонаи қатораҳо месўхт,

Қатораҳое, ки азонгўёнро ба Сибир мебурд.

Азони шоир-муллоҳо башорати субҳи рўзи нав буд,

Навиди Наврўз буд.

Шоир-муллоҳо азонгўйҳои баҳорбиёр буданд,

Тўтиёни хушгуфтори ин диёр буданд.

Ба ман алам мекард:

Ягон азонгўй намонда буд ва мурғи ҳақгўй низ,

Аз девони Ҳофиз маи оташинро нўши ҷон кардам,

Яхи дарунро фурў шикастам,

Ва занҷири қулфи дари манорро гусастам,

Ва аз сари манор худам азон гуфтам,

Аз мағзи ҷон гуфтам,

Бо дили сўзон гуфтам,

Ба забони тоҷикии булбулӣ.

Аз шохҳои дарахтон барфрезаҳо рехтанд,

Селаи зоғон рамиданд,

Аз шохҳо париданд.

Аз осмон ғози мизон чун пари нозуки малоик фуруд омад.

Одамон лолу ҳайрон.

Онҳо садои булбулонро фаромўш кардаанд.

Танҳо дарахти урёну манорҳои бесар ба салот истодаанд.

Вале як хурўсак садои азонро шунид

Ва бо садои ноҳамгун пайравӣ намуд.

Барои ҷеғи нобаҳангом хурўсакро куштанд.

Маро девона гумон карда аз Регистон ронданд.

Маро дигар ҳамовозе нест,

Ҳампарвозе нест.

Вале дарахтони боғистони Регистон

Навои азони булбулиро бовар кардаанд.

Ва дар он чиллаи зимистон

Рўзи дигар ҳама бишкуфтанд, –

Либоси арусӣ ба бар карданд.

Оре!

Ҳастанд ононе, ки ба ин сармо туф кардаанд!

СУРУДИ ТОҶИКӢ

ДЕВРОНИ МАН АСТ

Ман кишоварзам,

Бо ҷуфти барзагов замин шудгор мекунам,

Суруди тоҷикӣ говрони ман аст.

Замин нарм гардад аз шеъри Рўдакӣ,

Ин замин дидааст Рўдакиро дар кўдакӣ,

Ва кафи пои лучи ўро дар кўдакӣ бўсидааст.

Ман ҳарф мекорам дар замини Рўдакӣ,

В-об меорам аз рўди Рўдакӣ.

Ҳарфҳо чун тухми най сабзанд аз хок,

Қад кашида мепазанд дар офтоб.

Ман аз шаккари найҳо пур мекунам халтаи шеърам,

Ва аз найҳо сози най месозам,

Ва ин найҳо месароянд тоҷикӣ:

“Бўи ҷўи Мўлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.”

Дар Самарқанду Бухоро Мўлиён машҳур аст,

Соҳили онҳо табаррук в-обашон пурнур аст.

Мўлиён дорад зиё аз нури шеъри Рўдакӣ,

Мўлиён дорад сафо аз ҳури шеъри Рўдакӣ.

Дар китобҳои куҳан дарҷ аст:

Касе, ки гандум мекорад, девҳоро меронад.

Ман ҳуруфи тоҷикӣ мекорам,

Суруди тоҷикӣ деврони ман аст.

С А Й Қ А Л

Дар Самарқанд –

“Сайқали рўи замин”

ҳар кас чизеро сайқал медиҳад:

нонвой рўи нонро бо равған,

мевафурўш мурўду себҳояшро,

ҷавонмарде мўйлаби сиёҳашро,

сарватманде туфлии навашро,

дўшизае рухсори тарашро,

деҳқон гови фурўширо,

тармимгар куҳандевори коширо,

кўзагар нақшу нигори кулолиро,

сангтароше санги мақбараи олиро,

ҳайкалтарош муҷассамаи дарунхолиро...

Шоирон вожаҳоро сайқал мезананд,

то дар оинаи онҳо акси дили худро бубинанд.

Ман шоир нестам,

ва ҳайкалтарош низ.

Аммо сайқалгарам,

ва зиёд муқаллидам,

чун кўдаконе, ки ба калонсолон тақлид мекунанд.

Ба мисли бостоншиносе,

ки тангаи ҳазорсоларо ёфтааст,

вожаҳоро сайқал мезанам,

вожаи безаволиро.

Вале ба содагӣ намедонам ниҳоят чӣ хоҳад шуд.

Аммо итминон дорам:

Самарқанд сайқали рўи замин аст.

Ин оят чун ситора яқин аст.

Ва медурахшад.

Ва гавҳари шабчароғест,

ки ба дилам нури умед мебахшад.

Ман вожаи “Самарқанд”-ро сайқал мезанам,

ин вожа зинда аст,

ба мисли кўдак аст.

Сайқалгарии ман

меҳрбониву навозиш аст,

молишу ситоиш аст.

Оқибат,

ҷилои табассуми ўро мебинам!

Ба ман ҳамин кофист.

Дилам чун оинаи сайқалхўрда рўшан мешавад...

ШОҲИГАРИИ АБАДӢ

Дар Самарқанд,

Байни чорраҳа

Рў ба театри мазҳака ва дром

Нишастааст ором

Тандеси бузурги Соҳибқирон

Ва лол асту ҳайрон:

Дар пеши рўи ў

Ин Кўксарой

Ё тамошосароест дар ҳангоми шом?

“Ин агар тамошосарои шумост,

Пас Арки салтанат дар куҷост?”

Автомобилҳо – дарунсўзҳои оҳанҷон,

Дуд пуф мекунанд ба поҳои соҳибқирон.

Аз шохи чинорҳои баланд калоғон

Пору мерезанд бар сари одамон,

Ва ба боғ аст фикри Соҳибқирон:

Чаро аз ҳама боғҳо бимонда Боғи Зоғон?

Магар набуд онро ном Боғи Булбулон?

Ва билохир Соҳибқирон огоҳ мешавад:

Дар ин тамошосарой

Ҳар шоме

Дар як намоише

Бар тахти баланде менишинад як омӣ.

Оинаҳое, ки дар деворҳо насб кардаанд,

Ҳазорҳо акси ўро такрор мекунанд.

Шоҳ – актёр хурсанд аст:

Мардум каф мекўбад.

Аммо Амир Темур

дар лаб тамасхур

зери лаб мекунад ғур-ғур:

— Шоҳигарии абадӣ ин нест.

Шоҳигарӣ он аст, ки гар тавонӣ ба мисли Ҳофиз

Чун дар он даврони мозӣ,

Ба як холи сиёҳи турки шерозӣ

Бубахшоӣ Бухорою Самарқанд.

Шоҳигарӣ – тахти баланд не,

ҳиммати баланд!

АЗ РЕГИСТОН МЕГУЗАШТАМ...

Аз Регистон мегузаштам,

Ҳеҷ кас надид,

Вале ман дидам:

Як манори Шердор шоху барг баровард,

Сипас гул кард,

Шукуфаҳо рехтанд,

Ва як дона себи сурх пухта расид,

Калоғ минқори суол ба себи сурх зад,

Кирми шубҳа себро хўрд,

Шамоли нобоварӣ шохаҳоро канд.

Манор боз ҳамон манор аст.

Рўзи дигар,

Аз Регистон мегузаштам,-

Дидам,

Зи боғи биҳиштӣ ҳанўз бўе ҳаст:

Шерҳои Шердор ба сўям чашмак заданд.

ДАРВОЗАИ САМАРҚАНД

Аз рўи як ривоят,

Пайғамбари Худо

Як рўз гуфтааст бар саҳобааш Асом:

Дарвозаи Самарқанд – дарвозаи биҳишт,

Бешубҳа, вассалом.

Бар нақли дигаре,

Гуфтааст бар расули Худо Ҷабраил чунин:

Ҳусни чаман Самарқанд назаркардаи Худост,

Дарвозаҳошро посбон ҳазорҳо фариштаанд,

Лои ҳамаи хишти варо ин фариштагон ба дуоҳо сириштаанд.

Садҳо надомате...

Ки бар касофате,

Дар тўли асрҳои зиёдеву ҳам дароз,

Аз барфузудани дасти ҳарому пои бенамоз,

Ҳурон гурехтанд ба афсўсу эътироз.

Хишти ҳама дарвозаҳо дуздон бурдаанд,

Кошини аркро ҳам бифрўхта хўрдаанд.

— Дарвозашоҳ манам! – мегуфт ҳар амир.

Медод амр ў,

Дарвозаҳои қасраш таъмир то кунад,

Ин мардуми фақир.

Аз шаҳри орзуи Муҳаммад-паёмбар

Дарвозаҳои биҳиштӣ нопадид шуд,

Танҳо яке бимонд

Аз Хоҷа Аҳрор*,

Ин ҳам фақат ба ном.

Аз дарвозабон ҳам ному нишон намонд,

Чуғде даруни рахнаи як бурҷ лона кард.

Он чуғди файласуф

Мехонд ин ҳуруф:

Дарюзагар – зиёд,

Дарвозагар намонд.

----------

*Дарвозаи Хоҷа Аҳрор – номи мавзее дар Самарқанд.

Т А З О Д

Ман аз Регистон меоям,

Регистони таоло,

Регистони мадрасаҳои олӣ,

Улуғбеку Шердор,

Регистони тиллокор

Қавомиддин Шерозӣ

Ва Абдуҷаббори меъмор.*

Ва Хоҷа Аҳрор

Регистони ор.

Ман аз Регистон меоям...

Регистоне, ки дар ҳар зарраи регаш диле дошт,

Ва Ҷомӣ бо Навоӣ маҳфиле дошт,

Ва дар ҳар қалби соҳибдил

фурўзон қандиле дошт.

Ман аз Регистон меоям...

Регистони Рўдакию Айнӣ,

Регистони аллома Хилъатпур,**

Регистони ҳур,

Регистони нур

Ва дилҳои пуршўр.

Ман аз Регистон меоям…

Регистони пур аз офтоб,

Ҷавонмардии Қассоб,***

Ва шеъри ноб.

Ман аз Регистон меояму

Дареғо!

Ў ба дегистон равон аст.

----------

*Исми меъморони мадрасаҳои Улуғбек ва Шердор.

**Академик Ботурхон Валихоҷаев (Хилъатпур).

***Ҷавонмарди Қассоб бинокорони мадрасаи Шердорро бо гўшт таъмин мекардааст ва қабраш назди ин мадраса аст.

Ч О Р С Ў *

Солҳое Чорсў

қаймоқфурўшӣ буд,

Вақте ман омадам,

қаймоқ адо бишуд.

Насиби ман гашт

як коса дўғи турш,

Берун шудам зи дар

лабрези ҳарфи шукр.

Ин Чорсўйро

рамзи ҷаҳон бидон.

Якчанд дақиқа аст

моро будан дар он.

----------

* Чорсў – фурўшгоҳи болопўшидаи гунбаздори Самарқанд. Чунин фурўшгоҳҳоро дар Бухоро тим мегўянд.

ДАР РЕГИСТОН ИСТОДААМ...

Дар Регистон истодаам...

Регистон дилфарш аст,

Чун Арш аст.

Регистон аз кўҳҳо болост,

Ва поёнтар аз Арши Аълост.

Замон ба мисли боди вазон

Аз бари Регистон мегузарад.

Регистон хомўш аст,

Чу мўсафеде, ки ҳама гапро гуфтааст.

Ва пире, ки рози ишқи Худоро

дар худ нуҳуфтааст.

Абадият ин ҷост,

Ҳузури Худо дар ҳар зарраи ҳавост.

Дар Регистон истодаам...

Мошинҳо мўрчаҳои тезгардаканд,

Ҳавопаймоҳо парастуянд,

Парастуҳо парвонаянд.

Осмон абрист,

Вале дилам рўшан.

Ман дар хомўшистон истодаам,

Санги фаршии аз поймолӣ хастаам,

Ба Регистон пайвастаам.

Чун ҷонамоз аст,

Майдони роз аст...

ЭРОНЗАМИН

(раҳоварди як сафар)

Даштҳо ҳама саҷҷодаанд,

Рўҳҳо ҳама мисли Дамованд баланд.

Дар даштҳо гаван,*

Дар кўҳ норван.

Нардбоне зи норван ба осмон ниҳодаанд.

Осмон обист,

Замин тира,

Пора- пора.

Касе ҳаст аз ҳоли замин дилтанг,

Соҳибдарде.

Хоби ҳар шаб:

Абармарде

Соҳибқирон

Мефурояд

Аз осмон

бо ресмон.

Дар кўҳҳо гавазн

Дар даштҳо паланг...

----------

*Гаван – як навъ рустании худрўй.

МУРҒИ АФСОНАВӢ

Мурғе нишастааст дар боми шаҳманор,

Ба ягон мурғи олам монанд нест,

Чашмони уқобеш дар роҳанд,

Ўро чу тўтӣ фикри пиставу қанд нест.

Ў шаҳравоне меҷўяд,

абармарде.

Афсўс,

чунин кас дар Самарқанд нест,

Касе, к-- ў ба тилло дилбанд нест.

Регистон регистон аст,

Регистон холист,

Бузургон ба мардикорӣ рафтаанд.

Мурғи фасона бар ҳаво бархост,

Кай бармегардад

маълум нест:

Сад сол?

Ҳазор сол?!

АЛОМАТИ ХИТОБ

Ман Хоҷа Хизрро

дидам шабе ба хоб,

Гуфтам, ки “Хоҷаам,

кайҳо яке савол

медиҳадам азоб:

Андар Регистон манор чаро зиёд?”

Хоҷа Хизр гуфт

ба ин савол ҷавоб:

— Инҳо ҳама хитоб,

инҳо ҳама хитоб!

Ҳушёр бошед,

ҳушёр бошед!

Хезед зи хоб!

Аз хоби беғамӣ !!!

ШАБИ РЕГИСТОН

Шаб ба мисли меғи сиёҳ,

Ё худ дуде

Ба Регистон фуруд омадааст.

Гулўи манорҳо аз талхии он сўзон аст.

Ин манорҳо дар асл дудкашанд,

Дуди ғами замин ба осмон бояд кашанд,

Аммо зи қулфи дари худ мушаввашанд.

Ва ҳатто ба сурфидан метарсанд.

Моҳ дар паси абр аст,

Ситорагон низ.

Касе ба манорҳо сухани хуш намегўяд,

Ба ғайри сайёҳон,

Ки онҳоро рўзона аккосӣ мекунанд.

Дастони дурушти ғам

Гулўи манорҳоро фишурдааст:

Овоз

Дар гулўи хурўсҳо ях бастааст,

Нола дар гулўи саги маҳтобдида.

Овозе набароред,

Шаб дароз аст!

Аммо калоғи шумхабар,

Ки дар шохи кадом чанор байни меғи сиёҳ

Руст шудааст,

Медиҳад садо:

Бемор шудаст шаб,

Дардаш бедавост,

Вақти субҳ мемирад!

Субҳ ногузир аст.

Оҳ!

Ин калоғи шум! –

Зоғи сиёҳи шум!

КИШТИҲОИ МАЙДОНИ РЕГИСТОН

Чун киштиҳои бузурги таркшуда,

Ё чун “Титаник”

Мадрасаҳо ба дарёи Вақт

Шиновар будаанд.

Солиёни зиёдест дар рег нишастаанд.

Дарё вафо накард,

Ба тунукоб бурду

болои рег шинонд.

Бодбонро бод бурд.

Ин манорҳо – сутунҳои он.

Ин киштиҳо дар танаи деворҳояшон

Аз вожапулакчаҳои моҳигии исми Худованд

Зиреҳ доштанд.

Ҳар як бодбон гўё ливо буд,

Бар сари сутун моҳи тилло буд.

Маллоҳ мулло буд –

Баҳрнаварди Вақт.

Онро биронданд (дар соли 37)

Бар ҷангали Сибир.

Нохудоҳо кунун назди Худоянд,

бо Худоянд.

Шабҳо киштиҳо,

К-имрўз музеянд,

Замони мозиро

Дар хоб бинанд:

Аз ҳуҷрае мулло

Мекунад садо:

“Киштинишастагонем,

эй боди шурта, бархез,

Шояд, ки боз бинем

дидори ошноро...”*

----------

*Ин байт аз Ҳофиз аст.

БОҒҲОИ ХУДОӢ

Зи Талли Барзу то пули Муғоб

Дарахтон Худоро мебинанд хоб...

Дарахтони меваҳои худоӣ

Дар боғҳои тиллоӣ

Нишони ҷовидонӣ

Зи ҳар як саховатпешаи фидоӣ

Боғи тиллоӣ.

Боғҳои худоӣ зи ҳеҷ кас набуд,

Ба ҳеҷ як заминхар дастрас набуд.

Боғҳои худоӣ

Боғҳои самоӣ.

Ба боғҳои худоӣ садҳо фаришта

Ба ҳар барг ҳазорон офарин навишта,

Ба оне, ки он дарахтони мевадор

Барои худаш не –

Худояш кишта.

Набуда дар замираш ягон худнамоӣ.

Зи Таллли Барзу то Пули Муғоб

Бубинӣ чандин боғи савоб,

Дарахтон худоро мебинанд хоб,

Ва хобро бигўянд ба оби Муғоб...

ДАР ФАРОРЎД

Аз даштҳои дур

Бар шаҳрҳои нур

Сад гуна вожахўр.

Чун лашкари татор

Ё мисли аждаҳор

Бинмудаанд убур.

Як марзбон набуд,

Марзи забон набуд,

Бинмудаанд ҳуҷум

Бар вожаҳои нур,

Бар ҳарфи пурғурур.

Марзи забони мо

дашти алаф буд,

Шоҳи замона лек

як бошараф буд,

Дўсти забони мо

як бетараф буд.

Ҳамкосамон вале

як нохалаф буд,

В-он душмани забон

абри малах буд.

Дар ҳар замонае

бо ҳар баҳонае

Бар марзи ин забон

он қадр тохтанд.

Аз вожаҳои сурб,

ҳам аҷнабисадо

Бар гўши тоҷикон

он қадр рехтанд

Бегонасон бишуд

дастони булбулӣ,

Атри сухан намонд

дар накҳати гуле.

Дар ин ҷаҳони мо

аввал сухан буд!

Яздони ту буд,

яздони ман буд,

Виҷдони ту буд,

виҷдони ман буд.

Худо сухан буд,

Сухан худо буд,

чаманфизо буд.

БА ҶАМОЛ СИРОҶИДДИНИ ХУМӢ

Дарахти сухангўи шаҳри куҳан

Ба васфат кушодаст садҳо даҳан.

Ва гуфто: сухангўй бисёру лек

Чу Хумӣ нагуфтаст “Танбўри ман”.

Ва роҳи сафар маро уфтод чун

Ба роҳе зи Афросиёби ватан.

Баногаҳ дахмае бигуфто чунин

Ки Хумӣ куҷо бурд ганҷи сухан.

Яке пайкара дидам аз дўстӣ

Чу рафтам ба сўи Регистонзамин.

Ба Фонӣ ҳамегуфт он пири Ҷом,

Ки имрўз Хумӣ туро ҷонишин.

Ман аз пири дайре ҳамехостам,

Ки аз ринди Ҳофиз фоле бубин.

Бигуфто, ки ҷуз Хумии масти шеър

Намеёбӣ ин ҷо ту ринде чунин.

БА НАҚҚОШИ САМАРҚАНДӢ

АСЛИДДИНИ ИСО

Дар шохи чинори ту

Мўкандаю рўканда.

Дар боғи баҳори ман,

Мурғони гулўканда.

Дар ранги нигори ман,

Осори барозанда.

Дар ранги баҳори ту,

Оҳанги навозанда.

Шоҳони туро дидам,

Дар пираҳани ҷанда.

Ширини туро дидам

Бе лаб ба рухаш ханда.

Бар чашми рақибонат,

Бигзор, ки ту – ганда.

Аллоҳ, ки худ шоҳид,

Бар кас набудӣ банда.

ВА ШАМС БА ШУМО...

(Ба Зафари Сўфии азизам)

Як саҳар

Дар дами субҳ

Ногаҳон хоҳам мурд,

Ин ғами халқи пареш

Дар дилам хоҳам бурд.

Сипас,

эй дўст !

Ту маро ҷўй,

Аз обаки ҷўй,

ки хабар

аз рўди Зарафшон дорад.

Ва аз он мусиқӣ,

ки хабар аз дарди ниёгон дорад.

Дар замони пури ҷабр

Ман сабр хоҳам шуд.

В-андар хушксолӣ

Ман абр хоҳам шуд.

Абри серобе,

ки бо ҳар қатраи бороне

Ба ҳар як рустанӣ хоҳам дод ҷоне.

Ва агар дар боғам

Мурғаке мехонад,

Шоирон медонанд:

дилакам мехонад.

Як саҳар

Дар дами субҳ

Ногаҳон хоҳам мурд,

Охирин гармии дил

Ман ба шамс

хоҳам бурд...

ВАРДИ САМАРҚАНД

Барои мурдан ба Самарқанд меравем,

Ба ватани садбаргҳои ҷовидон.

(Анна Ахматова)

Самарқанди қандманд –

пойтахти Шарқ,

Навиштаанд дар осмон

бо хатти барқ.

Чаманпероии садбарги ҷовидон

дар кўчаҳои он –

Нишони бенишон

зи шаҳризодагон.

Ва он боғбон,

ки ошиқ буду ранги қалби хеш

ба садбарг бидод.

Чӣ сиррест ин ҷо,

ки ҳар андалеб

бимирад ҷавон?

МАҲТОБШАБЕ БУД...

Маҳтобшабе буд...

Андар Регистон.

Шабгарддухтаре чашмон пури суол,

Мерафт ба ҳар сў.

Аммо касе набуд,

ба ғайри шоире.

Он ақлбохта

чанде зи барги зард

бар синааш ниҳод.

Оҳе кашид бадард.

В-аз ў суол кард:

Чумчуқ чаро зиёд?

Булбул куҷо бирафт?

Шоир карахт шуд,

пургул дарахт шуд.

Сипас чунин бигуфт:

“Бигир баҳори ман,

Момо Ҳавои нав!

Булбул худат бишав!

ПАРАСТУҲОИ РЕГИСТОН

Чаро умри каргас дусад сол, вайҳақ,

Намонад фузунтар зи соле парасту?

(Рўдакии Самарқандӣ)

Парастуҳо

зери равоқ

лона мондаанд

ба тоқи муқарнас.

Ва аммо

дарак нест

зи каргас.

* * *

Парасту дар парастиш ибтидо дошт,

Ва яъне ў навоҳо бо Худо дошт.

Ба Регистон бидидам лонаҳояш

Ба айвони илоҳӣ илтиҷо дошт.

МЕҲРИ ЗОДГОҲ

Ҷомадонам пури танҳоӣ,

Душманонам аз малах бисёр.

Ҳар шаби хобам

Мебинам такрор:

Чеҳраҳои шаҳрҳои дур,

Шаҳрҳои нур.

Лек ҳоло азми рафтан нест –

“Хори поям” медиҳад озор...

Ҷисму ҷонам пур аз хор аст,

Рўи роҳам пур аз мор.

Дўсту ёри ҷавфурўши* ман

Коргардони турфа озор.

Шаҳрҳои хуб дар ҷаҳон бисёр,

Лек дар ин чархи каҷрафтор

Чун Самарқанди сафоосор

Марзи ҷоне ёфтан душвор.

----------

*Ҷавфурўш – ишора ба ибораи машҳури гандумнамои ҷавфурўш. Дар ин боб Бадрии Кашмирӣ беҳтар гуфтааст:

Ҳама гандумнамои ҷавфурўшанд,

Гаҳе дар оҳу гоҳе дар хурўшанд.

БА ДЎСТАМ ҶУМЪА ҲАМРОҲ –

раиси факултаи суханшиносии ДДС

Агар

дар филфаки тоҷик имрўз

як фазое,

як навое ҳаст,

амин бошед,

ки ин ҷо Ҷумъабое ҳаст!

Чӣ бояд кард?

Ки донишҷў

ва таҳсилдида

имрўз бекитоб аст,

ва пеши ҳар муаммо

безабон аст,

беҷавоб аст.

БЕСУРАТӢ

Гардҳоро аз шишаи тан шустам,

Ва аз шишаи дил.

Он қадар пок шудам

Ҳамранг ба ҳаво.

Берангӣ ба мисли бесадоӣ буд.

Ҳарифам нолишомез нидо кард:

“Ту дар куҷоӣ

— Ман ҳам туро пазмон шудам.

Ту дар куҷоӣ,

чирки худнамоӣ?

ВОЖАҲОИ ҶОНДОР

(ба тариқи ҳазл)

Ман нависандаам,

Офаринандаам,

Бандаам,

Ба роҳи худ равон.

Мебахшам чун Исо

Бар ҳарфи мурда ҷон.

Навиштам як “дупо”,

Чилпо шуду гурехт.

Навиштам як “ҳумо”,

Анқо шуду парид.

Навиштам “Эй худо!”,

Нашнидам ҳеҷ садо.

Навиштам “Ҳафтсар”,

Гўё ба кўру кар.

Навиштам “Хўсамард”,

Хонданд “Кўсамард”.

Навиштам “Борбад”,

Бимонда то абад?!

Навиштам як “мушак”,

Гуфто: “Ман хомўшак”.

Навиштам “шери нар”,

Табдил бишуд ба хар.

Навиштам “аждаҳор”,

Табдил бишуд ба мор.

Навиштам “аспи зўр”,

Табдил бишуд ба мўр.

Ва мўр гуфт: – Адаш!

Симои ёр каш.

Навишта чеҳри ёр,

Мурдам ба сеҳри ёр.

ТИРАМОҲИ РЕГИСТОН

Овози бархўрди

барги хазон

ба рўи замин,

Овои пои

пойиз аст.

Суръати боди вазон –

суръати фасли ҳазин.

Дар ин соати

регии

табиат

Ба ҷои реги зард

Мерезад

Барги зард.

Мўйҳои тори сарам

Ба мисли барг рехтаанд

Бар асари зиндагии сард

Сарам

Боғи сармохўрдаест.

Мевафикрҳо - нимхом

Амрўди дерпаз

Барои зимистон

Дар реги ғам нуҳуфтаам.

Регистони пойизӣ

Амрўди тиллоии шамс -

Шамси ҳақиқати сухан

Дар реги худ

Гўрондааст...

Рўзе мерасад...

Рўзе меояд

Як марди ҳушманд

Бо белу бо каланд

Ба Регистони

Самарқанди қандманд...

Комментариев нет: