суббота, 19 апреля 2008 г.

МОҲЕ, КИ ДАР ЗЕРИ КЎРПА МАСТУР МОНД...

Ҳикоя

Дар яке аз дараҳои биҳиштии водии Зарафшон, ки Ҳафткўлаш ҳафт ранг дорад ва ҳафт кўҳаш ҳафт оҳанг (чун оби кўл гулҳои соҳилро мунъакис намудаву дар кўҳҳо андалебу кабк хунёгарӣ мекунанд) як шаби пурситораи моҳи Асад мўъҷизаи мўъҷазаке рух дод. Шаби софу салқин ва ороми кўҳистон нисбат ба шаби пурғубору пурмағали шаҳр хушгувор бошад ҳам нависандаеро, ки дар соҳили кўли Сияҳмижгон хайма зада буд, хоб намебурд. Ин кўл дар сурат чашми сабзи заминро мемонд, ки ба осмон нигоҳ мекунад. Нависанда Ардамеҳри Хуросонӣ, ки ин ҷоро барои кори эҷодиву истироҳат писандида буд, чун муаллифи достонҳои ишқӣ шўҳрат ёфта буд. Ў ҳар тобистон дар дар ягон гўшаи дилпазири кўҳистон хайма зада дар як-ду моҳ ба қавли худаш қиссаеро “навишта мефуровард”. Нависанда рўзона аз кўл моҳӣ медошт, дар оби форами кўл ғўта мезаду аз ин гўшаи биҳиштӣ аҷаб ҳаловате мебурд. Ардамеҳри Хуросонӣ бо фуромадани пардаи торикӣ чароғи карасинии худро фурўзон карда болои сандалича ба навиштани қиссаи ошиқона мепардохт. Ба ў садои чирчиракҳо не, балки осмони бекарони пурситора, ки дар он чун дар оби кўл моҳи мунир мисли моҳии симин шино мекард, бештар илҳом мебахшид. Имшаб аз шабҳои сари моҳи қамарӣ буд, дар осмон қурси моҳ наметофт ва нависанда дар рўи кўрпача аз як паҳлў ба паҳлўи дигар гашта на хобида метавонисту на навишта. Баъди хеле фикру хаёли паҳлўгардиҳо аз бистар хеста ба берун баромад. Пояш ба сатили холӣ бархўрд ва сатилро гирифта ҷониби кўл равон шуд. Ў ба лаби чашма расида, дер гоҳ бо ҳайрат ба оби он нигоҳ кард. Дар осмон қурси моҳ наметофт, аммо дар оби чашма қурси симини моҳ “мана ман” гуфта истода буд. Барои Ардамеҳри Хуросонӣ, ки нависандаи воқеанигор буду ба афсонаю мўъҷиза бовар надошт, ин ҳол ғайривоқеӣ намуд. Гумон кард, ки ин ҳама рўъёст. Ардамеҳри Хуросонӣ сатил ба оби чашма фурў бурд ва обро гирифта ҷониби хаймааш гом бардошт. Валек қадаме наниҳода аз шуои қурси моҳи даруни сатил ба худ омад. Сатилро ба замин гузошту ду-се ҷои бадани худро пучид, ки агар хоб дида истода бошад, бедор шавад. Баъди ин амал низ моҳ даруни сатил чун чароғи барқии кулўла нурпошӣ мекард. Нависанда боз як бор ба осмон нигоҳ кард: моҳ дар осмон набуд. Сипас даст ба оби сатил фурў бурд, то бисанҷад, ки ин моҳии нурафшон аст ё моҳи ҳақиқӣ? Панҷааш аз даруни қурси моҳ чун аз даруни шуо гузашт бе ҳеҷ монеа. Ардамеҳри Хуросонӣ, агар чанде зоҳид набуд калимаҳои шаҳодат ба забон овард ва бар илова сураи ихлосро хонд. Баъд “аз мўъҷизаат гардам, худоҷон” гуфта сатили нурафшони худро бардошт ва сўи хаймааш, ки аз дари он рўшноии чароғ берун мерехт, равон шуд. Вақте ки ба хайма даромад, ҳис кард, ки рўшноии моҳи даруни сатил аз шуои чароғ зиёдтар аст. Чароғро кушт. Сипас паси сандаличаи сайёри худ нишаста чанд соат бе танаффус навишт. Дар қиссаи нави ў қаҳрамонҳо Моҳпайкар ва Меҳрангез оиди тавсифи моҳ ба ишқу ошиқон баҳси домонадоре карданд. Баъди анҷоми кор ба бистари хоб дароз кашид ва бо кампал худро пўшид. Ин дам дид, ки қурси моҳ аз даруни сатил баромад ва чун тўби мунаввар ғелида омада аз ҷониби пой зери кампали ў даромад. Сипас оҳиста-оҳиста ба мобайн омад ва нависанда ҳис кард, ки тамоми вуҷудашро эҳсоси кайфовар фаро мегирад.

Ардамеҳри Хуросонӣ кампалро бардошта даст ба қурси моҳ дароз кард, то ўро мисли маъшуқае ба оғўш бигирад. Дастонаш боз даруни нур фурў рафтанд ва ба ў чунин тофт, ки дўшизае бо ноз бихандид. Сипас моҳ болотар омад ва ба қафаси сина фурў рафт. Дили Ардамеҳри Хуросонӣ он қадар рўшан шуд,ки гўё чилчароғи булўрини фурўзон бошад. Ўро ҳиссиёти парвоз фаро гирифт, ба осмонҳо, ба кайҳони пурситора ва ў аз он баландӣ ба такудави одамони заминӣ нигариста хандааш гирифт. Кай хобаш бурдааст, намедонад. Саҳар, бо ғазали мурғони хушхони кўҳсор бедор шуд. Аввалин фикре, ки ба сараш зад: моҳ куҷо шуд? Моҳ на дар сатил буд, на дар зери кампал, на дар дил. Ардамеҳри Хуросониро ғам гирифт: гўё чизи беҳтарини зиндагиро гум кардааст. Тамоми рўз сараш болои зонуи хаёл буд. На ҷумлаеро хонда тавонист, на сатре навишт. Аз гулўяш низ чизе нагузашт. Бо фуромадани пардаи торикӣ қурси моҳи мунир боз даруни сатили об пайдо шуд. Ардамеҳри Хуросонӣ он қадар хурсанд гардид, ки ҳам хандиду ҳам ашки шодӣ рехт!

— Аз мўъҷизаат гардам, Худо! – гуфта ба даст қалам гирифт ва идомаи қиссаи ишқиро навишт. Боз қаҳрамонҳои асар оиди таъсири руҳонии моҳ ба дарунёфти инсон баҳс карданд. Боз ҳолати васл бо моҳ такрор шуд ва парвозҳои хаёлиро анҷом дод. Шоми дигар моҳ наомад. Дар осмон ба мисли изи нохуне ба синаи пурдарди ошиқ ҳилоли моҳи нав рух намуд. Ардамеҳри Хуросонӣ ба асари нави худ нуқта монда буд. Ў хаймаро канду ба зодгоҳи худ Самарқанд рафт. Ў то ҳанўз ин воқеаро рўи қоғаз наовардааст. Лекин хаёлӣ шуда мондааст. Доимо фикр мекунад, ки моҳ воқеан меҳмони ў гардид ё ҳамааш хобу хаёл буд?

Умед мекунем, ки рўзе моҳномаи худро хоҳад навишт.

Комментариев нет: