суббота, 19 апреля 2008 г.

РЎЗИ ОХИРИН

Ҳикоя

Абдулатиф – писари калони Мирзо Улуғбек омад бо лашкари бисёр ва Самарқандро ишғол кард. Кўксарой ба дасти Абдулатиф гузашт. Улуғбеки бо ду-се нафар ҷондор, хидматгор ва як нафар воизи ҷавон монда бо иҷозаи шоҳи нав дар Боғи баланд паноҳанда шуд. Дигар ҳама мулозимонаш аз тарси Абдулатиф Улуғбекро тарк намуданд. Яке рўирост тарк кунад, дигарӣ рустӣ мегурехт. Одамони Абдулатиф низ дар ин кор даст доштанд. Онҳо атрофиёни Мирзо Улуғбекро метарсонданд ва на ҳама ба таҳдиди онон тоқат карда метавонистанд.

Дар дили ҷондорон низ тарс хона карда буд, вале онҳо дар ин рўзҳои мушкил танҳо гузоштани Улуғбекро хиёнат ба касби худ ҳисобида бо шиори “то омадани табар кунда месояд” рўз мегузарониданд.

Воизи ҷавон, ки Муҳаммад Солеҳ ном дошт, сухандони хушовоз ва марди покизаниҳоде буд. Ў низ мисли Улуғбек Каломи Шарифро ба ҳафт оҳанг қироат карда метавонист, вале ҳаргиз ситоиши ҳунари худ намекард. Бағоят хоксору фурўтан буд. Муҳаммад Солеҳ се соли охир ба аҳли рикоб пайваста ва ба сабаби ихлоси бузургаш ба санъати сухан аз ҳамсўҳбатони маҳбуби Мирзо гардида буд. Ў даҳҳо бор барои Улуғбек “Шоҳнома”-и Фирдавсиро хонда буд. Ҳар боре ки “Шоҳнома” ба поён мерасид, Улуғбек мегуфт: “Эрону Тўрон боз тақсим шуда. Боз байни фарзандони як падар. Бародарам Бойсанқур низ дар Эрон ҳоло “Шоҳнома” мехонад... Ва сари муаммои ин дунё майна об мекунад. Ин дунё то мо низ чунин буд ва баъди мо низ чунин хоҳад буд. Агар гардиши фалак тағйир наёбад”.

Муҳаммад Солеҳ дар айвони Боғи баланд ба Мирзо ривоятеро нақл мекард: “Гўянд, расуле фиристодаанд аз шаҳри кофирон, то бинигарад, ки Умар чӣ гуна мард аст ва сирати вай чист. Чун ба Мадина расид, гуфт:— Ин малики шумо куҷост? Гуфтанд: моро малик нест, моро амирест. Ба дарвоза берун шуд, вайро дид дар офтоб хуфта, ҷомаи кўҳнаи худ зери сар ниҳода ва эзораш чордаҳ дарбеҳ (ямоқ) дорад. Дар атрофи Умар касе аз хидматгорону ҷондоронро надид. Бар дили вай азим асар кард, ки амиралмўъминин аз касе тарсе надорад ва бар чизе тамаъ. Ва ин кадар бо дили пур аз осоиш байни мардуми шаҳр хуфта. Зеро ба касе ҳаргиз ҷавреро раво надида. Гуфт: агар амири шумо ин аст, ман низ мусулмон шавам”.

Муҳаммад Солеҳ ривоятро ба поён расонд ва Муҳаммад Тарағай Мирзо Улуғбек ғарқи андеша шуд. Кай ў охирин бор осуда хобида буд? Дар ёд надорад. Ба хотираш расид, ки дар айёми тифлӣ низ хоби бароҳат надоштааст. Гавҳораи ў аз паси корвони бобояш – Темур саҳро ба саҳрову шаҳр ба шаҳр мегашт.

Вақте ки Улуғбек аз модари худ Гавҳаршоди нозанин ба дунё омад, рўзи аввали Наврўзи оламафрўз буд. Фоли нек буд. Дар ин вақт лашкари Темур дар Эрону Ироқ буд. Улуғбек дар шаҳрчаи Султонияи Озорбойҷони ҷанубӣ таваллуд шуд. Вақте ки 17 апрели соли 1394 Темур пой ба остонаи шаҳри Мардини Ироқ ниҳод, ба ў дар бораи аз Гавҳаршод писардор шудани Шоҳрух паёми хуш расид.

Темур ба наздаш мунаҷҷими муйсафедро даъват карда, толеъномаи навзодро пурсид.

— Толеъи нек дорад, – гуфт мунаҷҷим, – чиҳилу як сол ҳукмронӣ мекунад. Ба ҳаёташ аз ақраб хатаре ҳаст. Хатари бузурге.

Улуғбек ҳисоб кард, ки қариб чил сол дар Самарқанд ҳукмронӣ кардааст. Яъне, боз як сол аз ҳукмронии ў боқӣ мондааст. Эҳтимол, ин як солро дар ҳисоб мунаҷҷим зиёд ҳисоб кардааст, ки тоҷу тахт аллакай аз даст рафтаанд.

Улуғбек намедонист, ҳоло аз дили Абдулатиф чиҳо мегузарад. “Ба ҳар ҳол зиндонӣ намекунад. Эҳтимол, дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дорад, вале аз фитна метарсад. Эҳтимол, душманон аз феъли бадаш истифода кунанд ва ба қатли ман ташвиқ намоянд”.

Абдулатиф бо вуҷуди лашкаркаши моҳир будан, табъи шоирӣ доштан ва шеърҳои хуби форсӣ гуфтан девонаавзоъ буд. Улуғбек намехост, ки чилсола осоиши мардумро як нафар султони нави девонаавзоъ барбод диҳад. Бо ҳамин сабаб, гарчанде писари хурдиаш Абдулазиз қобилияти хуби лашкаркашӣ надошт, ўро валиаҳд эълон карда буд. Вақте ки Абдулатиф бо лашкари худ ҳуҷум кард, Абдулазиз дар қатори падараш меҷангид. Онҳо хеле вақт беҳунарона ҷангиданд ва муҳорибаро бохтанд. Шоҳзодаи ҷиннифеъл Абдулатиф ғалаба кард. Мироншоҳи қавчин, ки аз ҷониби Улуғбек муваққатан ҳокими шаҳри Самарқанд таъин шуда буд, намонд, ки Улуғбек ба қалъаи Самарқанд даромада паноҳ ёбад. Он гоҳ Улуғбек роҳ ба ҷониби Шоҳрухия гирифт, вале дар он ҷо низ ў ва аҳли рикобашро роҳ надоданд. “Мо туро ба Абдулатиф месупорем!” – гўён дўғ заданд. Улуғбек дид, ки аз муқаррабонаш ҳама хиёнат кардаанд, ба ғайри Абдулазиз.

Абдулазиз дар ҷанг беҳунар буд, вале умеди ягонаи Мирзо Улуғбек буд.

Улуғбек дар бораи ў бисёр фикр мекард. Ғам мехўрд, ки чаро Абдулазизро ҳунари ҷанг наомўзонд. Ба ҳар ҳол имрўз ба ин ҳол намеафтод. Ҳамаи ин аз толеъ будагист, андешид Улуғбек, маро бобоям аз айёми тифлӣ дар сафарҳои ҳарбӣ бо худ мебурд, ки дар кўраи ҷангҳо обутоб ёбам, вале парвардигор ба ман қобилияти лашкаркаширо надода ва ман дар ҳама ҷангҳо паи ҳам дучори шикаст будам. Ҳолам чӣ мешуд, агар падарам бо лашкари худ қариб чил сол маро пуштибонӣ намекард? Чил сол падарам соябони сари давлати ман буд.

Воизи ҷавон Муҳаммад Солеҳ Улуғбекро ғарқи андеша дида, бо нўги по аз айвон дур шуд. Улуғбек рафтани ўро пай бурда дар дил гуфт: “Кошкӣ, аз ин олам берун рафтани мо низ ҳамин тавр осон мебуд. Подшоҳии мо дар назди Худованди карим арзан барин ҳам нест. Подшоҳони бисёре гузаштаанд, вале чӣ аз онҳо боқӣ монд?

Онон, ки куҳан буванду онон, ки наванд,

Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.

Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

Рафтанду равему боз оянду раванд.

Аз Умари Хайём рубоиҳою рисолаҳои илмӣ ёдгор бимонд, аз ман низ эҳтимол чанд ғазал, “Зич” ва рисолае бимонад. Мадрасаҳое, ки дар Самарқанду Бухоро сохтам, Расадхона ёдгор хоҳад буд. Балки ҳамаашро об хоҳад шуст, хок хоҳад хўрд, бод хоҳад бурд, нор хоҳад сўхт...”

Фалак ба мисоли дастгоҳи гирдгардони кулол дар гардиш аст. Ба ҷои як бурҷ бурҷи дигар ояд, ё худ Офтоб дар дувоздаҳ бурҷ бо навбат хона кунад. Ва одамоне, ки зери ситораҳои як бурҷ таваллуд мешаванд, ба зодагони бурҷҳои дигар монанд набошанд. Аз он, ки ситорашиноси пир толеъномаи набераи Амир Темур Улуғбекро тартиб дода буд, Улуғбек бо кушодани асрори олами нуҷум таваҷҷўҳи хоса дошт. Ў ҳис мекард, ки “мо лўъбатаконему фалак лўъбатбоз”, бо ин сабаб тарзу усули ҳаракат ва таъсири онро бояд кашф кард, то ки инсон хатту ҳаракати худро ба тақвими муайянкардаи Оллоҳ мувофиқ гардонад. Инсон бояд пеш аз ҳама Каломи шарифро дастури асосии худ қарор диҳад, рози зиндагиро аз он биҷўяд. Аммо олами ситораҳои осмон низ китоби дигарест, ки бо нерўи Худованди Карим офарида шуда, барои омўзиш ва афзоиши дониши инсонӣ, – фикр мекард Улуғбек. — Шоҳ сояи худо дар замин аст, мегўяд халқ. Шоҳ сояи худо ҳам шуда наметавонад, – ҳукм мекард Улуғбек. — Вале масъул аст, ки ба омўзиши ҳар чизе, ки офаридгор офарида, кўшиш намояд, илмро ривоҷ диҳад, ин корҳои савобанд ва эҳтиром ба офаридаҳои Худованд эҳтиром ба худи ўст. Агар ў асрори нуҷумро наомўзад, шайтон барои фиреби ў истифода хоҳад кард. Донистан беҳтар аст аз надонистан.

Ба ҳамин сабаб мунаҷҷимӣ дар “Зич” яке аз қисми муҳим қарор гирифт. Мирзо Улуғбек рўзҳои охир ба Муҳаммад Солеҳ такрор мекард: — Ман дар лашкаркашӣ тавоно набудам, вале дар замин аз рўи дастури китоби осмонӣ – Қуръон ҳукм мекардам. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ба дурустию нодурустии ҳукмҳои ман қазоват кунад, ба ғайри Худованди Карим. На Абдулатифу на ягон шайх чунин ҳуқуқро надоранд. Рўзи қиёмат бар хоҳанд кашид, ки кадом ҳоким зиёдтар барои хушнудии Оллоҳи таоло заҳмат кашида ва осоиши мардуми мусалмонро таъмин намуда.

Барои Улуғбек интизории он ки Абдулатиф бо ў чӣ хоҳад кард, хеле гарон буд. Ба ҳамин сабаб аз Абдулатиф иҷозати ҳаҷ хост. Навкар иҷозати хаттии сафари ҳаҷро овард.

Улуғбек фавран фармон дод, ки тўшаи роҳ бигиранд ва ба роҳ дароянд. Зеро Абдулатифро дар ғафлат бояд дошт. Абдулатиф фикр хоҳад кард, ки Улуғбек камаш ду-се рўз ба сафари мушкили ҳаҷ тайёрӣ мебинад.

Вақте ки Улуғбек бо муқаррабонаш ду фарсанг аз шаҳр берун рафта ба работе наздик мешуд, аз оқибаш савораи низомии Абдулатиф асп тозонда омад ва гуфт:

— Аз он ки падари шоҳ Абдулатиф шитобон ба сафар баромаданд, шоҳ ранҷиданд. Маро фиристоданд, ки бигўям: Дар ин работи кўҳна таваққуф кунед, то ҳазрати ҳумоюнӣ тўшаи сазовори сафари ҳаҷ барои шумо муҳайё кунанд ва фиристанд.

Улуғбек дар работ фуруд омад. Ин воқеа 25 октябри соли 1449 мелодӣ рух дод. Роҳзани машҳур Аббос, ки аз таги дор гурехта буд, барои гирифтани қасоси бародарони роҳзани аз ҷониби Улуғбек кушташудааш аз арбобони дин саросема зери фатво имзо ҷамъ мекард. Ба яке таҳдид менамуд, ба дигаре халтаи зар пора медод. Ҳамин тариқ, ў то нисфи рўз имзои ҳамаро ҷамъ овард, ба ғайри имзою мўҳри Қозӣ Мискин, ки аз имзо гардан печид ва бо ин амали пок номи худро дар саҳифаи таърих бо ҳуруфи зар сабт кунонд. Қозӣ Мискин на аз таҳдиди “мекушам!”-и роҳзан тарсид, на фирефтаи халтаҳои зар гардид.

Вақте ки Аббос фатворо ба пеши Абдулатиф бурд, шоҳ ба имзоҳо нигоҳ карда гуфт:

— Имзою мўҳри Қозӣ Мискин куҷост?

— Қозӣ Мискинро дар хонааш пайдо накардем, – дурўғ гуфт Аббос.

Абдулатиф чизе нагуфт, коғазро пеши пои Аббос партофт ва башаст ба хонаи дарун даромада рафт.

Аббос лаҳзае малул истод. Ин вақт аз хонаи дарун садо омад: “Чаро шах шуда мондӣ? Бирав, ҳукми фатвои шаръӣ иҷро кун!”.

Ин овози Абдулатиф буд ё ягон муқарраби ў, Аббос фарқ карда натавонист. Ў зуд коғазро аз замин бардошта, ба бағалкисса зад ва башаст аз Кўксарой берун рафт.

Мирзо Улуғбек боқимондаи рўзро дар боғи хазонрехтаи работи кўҳна гузаронд. Таом хўрду сайри боғ намуд. Қадамзанон байти машҳури “Шоҳнома”-ро замзама мекард:

Чунин аст расми саройи дурушт,

Гаҳе пушт ба зину гаҳе зин ба пушт.

Муҳаммад Солеҳ низ ҳис мекард, ки кор ранги дигар мегирад. Эҳтимол, Абдулатифи девонаавзоъ фаромўш кардааст, ки Улуғбек боре ба хотири аз асорат наҷот додани ў ба сулҳи зиёновар розӣ шуда буд, фаромўш кардааст, ки аз камари кист. Муҳаммад Солеҳ низ ба гардиш баромада ба Улуғбек рў ба рў омад ва вазъи ғамолуди султонро дида гуфт:

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махўр

Кулбаи эҳзон шавад рўзе гулистон, ғам махўр.

— Магар Самарқанд Канъон аст? – гуфт бо тамасхур Улуғбек.

— Шоҳам, гуфт Муҳаммад Солеҳ, — Самарқанд паёмбар Зардуштро ронда, эҷодгари нахустини “Шоҳнома” Дақиқиро кушта. Ин ҷо ситораи бахти бисёриҳо натофта ва Рўдакӣ танҳо шўҳрат дар Бухоро ёфта. Ғам махўр.

— Ман барои ободию осоиши ин шаҳр чил сол меҳнат кардам, – гуфт Улуғбек.

— Рўзе меояд, ки ба қадрат мерасанд, – гуфт Муҳаммад Солеҳ.

— Пас аз маргам! – гуфт Улуғбек. — Исои Масеҳ даҳ кўрро бино кард. Дар кўча танҳо яке аз онҳо ўро шинохту салом дод.

Офтоб ғуруб карду ситораҳо дар осмони соф ба нурпошӣ сар карданд. Улуғбек дар осмон ситораҳои бурҷи Ақрабро дид.

Ларзае ба ҷисмаш роҳ ёфт. Вақте ки ба хона даромад, бифармуд, ки гулхан афрўзанд.

Гирди оташ нишасту ба Муҳаммад Солеҳ гуфт:

— Доимо тарсам аз каждум буд. Эҳтимол, аҷал аз бурҷи Ақраб мерасад. Агар аз бурҷи Ақраб бошад, “лўъбатакон” ба қатли ман шитофтаанд.

Ҳамин дам дарвозаи работро бо шиддат кўфтанд.

— Кушоед, фармони шоҳ Абдулатифро овардем!

Хидматкор ба кушодани дарвоза рафту Улуғбек ҷойнамоз паҳн карда рўй ба қибла чорзону нишаст ва гуфт:

— Поко парвардигоро,ман ба хонаи ту мешитобам, роҳамро наздику борамро сабук кун.

Ояте поён наёфта Аббоси роҳзан бо шамшери бараҳна ба сари Мирзо Улуғбек расид. Аббос бо як зарбаи сахт сари Мирзоро бияфтонд.

Вале тана устувору ноҷунбон истод, калла меғелиду табассуми фарохи дандоннамо мекард.

Аббос инро дида аз даҳшат девона шуд ва “а-а-а...” гўён аз работ давида баромада, худро ба зини асп андохт ва ба ҷониби шаҳр гурехт.

Комментариев нет: