Ҳар як қаламкашро рисолатест. Рисолати адиб тавассути сухан пиёда мешавад. Самарқанд шаҳри устодони каломи бадеъ аст, чунки Одамушшуаро Рўдакӣ аз хоки Самарқанд хеста ва шўҳрати суханварӣ то ба Сурайё расонида. Рўдакӣ – “Ҳазрати Одами шоирон” ва Самарқанд – зодгоҳи сардафтари адабиёти форсу тоҷик. Дар ин шаҳр зистан ва эҷод кардан, билхосса суханварӣ намудан арҷ гузоштан ба сифати олии ин шаҳр – шаҳри суханварони покизанажод ва машҳури олам аст. Дар ин шаҳр Хайёму Восифӣ, Ҷомӣ ва Навоӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд.
Яке аз суханварони асил, ки бори вазнини ҳунари суханвариро бар дўш доштанд, Болта Ортиқзода буданд. Болта Ортиқзода асосан аз ҳаёти мардуми шаҳру деҳоти Самарқанд менавистанд. Қаҳрамонҳои қиссаву ҳикояҳояшон ба забони мардуми Самарқанд гап мезананд, забони тасвири адабӣ ҳам ба шеваи Самарқанд наздик аст. Воқеаҳои асарҳои ин устоди сухан асосан дар Самарқанд ва атрофи он мегузарад, манзара ва муҳити тасвир шинос буда, боварибахшии асари бадеиро таъмин намудааст.
Ба пайванди даруниву берунии асарҳои Болта Ортиқзода бо ин шаҳри бостонӣ ва рўзгори мардуми он диққат дода, камина боре ба муносибати як ҷашнашон гуфта будам: ”агар бо адибони машҳури рус муқоиса кардан ҷоиз бошад, пас Болта Ортиқзода Шолохови тоҷик ҳастанд”. Дар ҳақиқат низ, агар аниқтар биандешем ва тасаввур кунем, ки баъди сад-дусад сол барои ягон донишманди мардумшинос мисоле аз зиндагии мардуми асри бисти Самарқанд лозим шавад, мебинад, ки рўзгори мардуми ин шаҳри бостонӣ дар асарҳои Болта Ортиқзода батафсилтар ва пурратар тасвир ёфтааст, нависандаи мазкур ба рўзгори одамон зиёдтар диққат дода, нуқтаҳои муҳимро инъикос кардааст. Баробари ин Болта Ортиқзода ҳамту барои танҳо мақсадҳои тасвири бадеӣ нанавишта, балки фарохтар андеша ронда масъалаҳои тунду тези ҳамон солҳоро дар тақдири қаҳрамонони асари бадеӣ корбаст мекунад.
Забони асари Болта Ортиқзода ба он дараҷа содда ва ба хонандаи оддӣ фаҳмост, ки доираи хонандагони китобҳои ўро хеле васеъ кардааст. Аслан ин забон – забони асарҳоест, ки барои бачаҳо навишта мешавад. Болта Ортиқзода вақти омўзгорӣ дар мактаб ба навиштани асарҳо барои бачагон ва наврасон шурўъ карда, соддабаёниро пеша намуда ва вақти барои ҷавонон ва калонсолтарон эҷод кардан низ аз ин роҳи писандидааш берун нарафтааст.
Қиссаҳои “Гули садбарг”, “Полвон”, “Таътил”, ҳикояҳои барои бачаҳо навистаи адиб хеле шавқовар ва хотирнишин ҳастанд. Адибони зиёде ҳастанд, ки асарро шавқовар нависта наметавонанд. Асарҳои устод Болта Ортиқзода баробари ба даст гирифтан хонандаро чунон ба худ ҷалб мекунад, ки дигар аз риштаҳои воқеа канда шуда, танаффус карда наметавонед. Ин ҳам ҳунарест, ки сифати эҷодкори боистеъдод маҳсуб мешавад. Сифати дигар ин, ки воқеаҳо ба хотир мемонанд ва чанд вақт дар бораи онҳо фикр карда мегардед, чунки худи муаллиф ба воқеа ва қаҳрамонҳояш бовар дорад, баробари онҳо ғусса мехўрад, баробари онҳо шодӣ мекунад.
Ҷиҳати тарбиявии асарҳои ин устоди сухан хеле қавист. Худи устод як инсони покизагуҳар буданд, дасти ҳалолу дили соф, нисбати дуздӣ, қаллобӣ, ҳаромхўрӣ ва дигар падидаҳои манфии ҷомеа нуқтаи назари оштинопазир доштанд. Аммо қаламашон дар тасвир танҳо ранги сиёҳро не, балки рангҳои зарду сурху сабзро низ мегирад, чун аз ҳар падида кўшидаанд, ҷиҳати мусбаташро низ инъикос намоянд. Ҳақиқатнигорӣ шиору ростгўӣ маслаки адабӣ ва зиндагии эшон буд.
“Ғори ошиқон”, “Писари Афандӣ” асарҳои калонанд, ки солҳои охир навишта шудаанд. “Писари Афандӣ” романи ҳаҷвӣ буда, адиб тавассути ин қаҳрамон назари ҳаҷвомезе ба рўзгори ҳамасрони хеш дўхтааст. “Ғори ошиқон” боз ҳамон вижагиҳои Самарқандро тасвир мекунад.
Дар бораи фаъолияти публицистии Болта Ортиқзода алоҳида бояд сухан ронд, зеро доманаи масъалаҳои дар он мақолаҳо бардоштаи адиб васеъ буда, гуфтугўи алоҳидаро мехоҳад. Аммо ин ҷо низ ҳамон равия – муаммоҳои инсон, дарди ҷомеа, ки муаммоҳо ва дарди адиб аст, равшан мушоҳида мешавад. Устод Болта Ортиқзода ба тарбияи адибони тоҷики самарқандӣ саҳми бузурге гузоштаанд. Солҳои зиёд маҳфили адабии Самарқандро сарварӣ кардаанд. Камина низ солҳои навқаламӣ ҳикояҳои худро аз назари танқидӣ ва сахтгиронаи ин устоди сухан мегузаронидам.
“Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад,
Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад”, – гуфтааст шоир.
Устод Болта Ортиқзода каму андак не, балки зиёда аз 40 китоб нашр намуда кўҳи сухани худро ба вуҷуд овардаанд. Бисёр асарҳояшон ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва чоп шудааст.
Аминам, ки таҳти таъсири мактаби адабии самарқандшиносии устод Болта Ортиқзода дар адабиёт равияи самарқандшиносӣ устувор ва пайравони зиёде пайдо мекунад!
Ҳар як адиб сифатҳои ҳамидаи худро дорад. Болта Ортиқзода дар байни носирони тоҷик бо он фарқ мекардаанд, ки асари дар деги тафаккур пазондаи худро чанд бор дар сўҳбатҳо нақл карда, фикри хонанда ва муносибати ўро фаҳмида мегифтанд. Ва танҳо баъди он, ки ба таваҷҷўҳи самимии сомеъон бовар карданд, ба рўи қоғаз меоварданд. Бино бар ин матни адабии асарҳояшон шираю шарбати забон ва оҳангу услуби афсонапардозии халқиро соҳиб шуда, сухан зиндатар ва тасвир ҷолибтар таҷаллӣ мекунад. Агар ба сўҳбатҳои Болта Ортиқзода диққат медодед, бори аввал нишаста бошед, ба чунин хулоса меомадед, ки дар ҳузури зироатшинос (агроном)-и халқӣ ҳастед. Ва асарҳояшон низ аз чунин маълумот саршор аст. Асари охирине, ки чоп карданд “Анҷири Боғибаланд” ном дорад ва аминам, ки як рисолаи ҷолиб оид ба анҷирпарварӣ аст. “Анҷир аз биҳишт омадааст, хосияти зиёди шифоӣ дорад, касе ки анҷирпарварӣ мекунад, ризқашро худо мефиристад” – гуфта буданд боре Болта Ортиқзода. Ва худашон ҳам дар ҳавлӣ ва боғашон анҷири бисёре парварида, таъмини иқтисодии хонаводаи хешро асосан аз анҷирпарварӣ менамудаанд. Рўзи таваллудашонро хешу ақрабо ва ёру дўстонашон ҳар сол якчанд бор ҷашн мегиртанд. Ду бор дар моҳи май ва июн ва чанд бори дигар дар моҳи августу сентябр – вақти анҷирпазӣ. Хусусан дар вақти анҷирпаз ҳатто дўстону рафиқонашон аз Тоҷикистон ва ё дигар ҷумҳуриҳо ба меҳмонӣ меомаданд. Агар дар вақти анҷирпаз ба хонаашон рафта натавонем, рўи дастархон мураббои анҷирӣ гузошта, гила мекарданд:
— Мулло, имсол вақти анҷирпаз наомадед?
Вақти анҷирпаз ба хонаи устод нарафтани мо, албатта, дар назари он кас як қадрношиносӣ нисбати ин мўъҷизаи обу ҳавои Самарқанд, анҷири биҳиштии он буд. Оре, Самарқандро ба туфайли ҳамин анҷири тиллорангу наботсифаташ ва дигар меваҳои биҳиштиаш ҷаннатмакон номидаанд. Ва ин сифат ба туфайли мардони фариштахисоле чун Болта Ортиқзода ба даст омадааст. Деҳқони саҳроҳои мо ҳам бояд ҳамин хел бошад, яъне касе бошад, ки таҷрибаи ҳазорсолаи кишоварзии халқро ғун кардааст, аз кор фармудани моддаҳои кимиёвӣ ҳазар мекунад. Боре диққати маро ба як дона анҷир ҷалб карда гуфта буданд:
— Ин пашшачаҳои майдаро даруни чуқурчаи анҷир дидед? Вақте ки экология вайрон мешавад, ҳамин пашшачаҳо мемуранд ва “дунё тамом шуд” гўед, хато намешавад.
Оре, вақте ки пашшачаҳои чуқурчаҳои меваи анҷирро шинохтӣ ва вазифаи онҳоро фаҳмидӣ, баъд метавонӣ, ки ба самарқандшиносӣ даъво кунӣ!
Ман борҳо таъкид кардаам ва ҳоло боз як бор мегўям: чунин фарзандони асили Самарқанд ҳар яке ба даҳ мадраса баробаранд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий