суббота, 19 апреля 2008 г.

ДИЛСИЁҲ

Ҳикоя

Ва ин ёрон душманоне беш набуданд,
Норостоне беш набуданд.
( Аҳмади Шомлу)

Ҳар як инсони покизагуҳар саҳар бо дасти росту пои рост иқдоми ҳаракат мекунад ва нияти аввалини ў ин аст, ки имрўз низ ба нафъи халқу Ватан ягон кори неке кунад,ё ба касе кўмак намояд, ақаллан ягон кори савобро анҷом диҳад. Адиби номӣ Ардашер Ҳалимӣ низ ин субҳ бо ҳамин ният аз хоб бедор шуд. Ва ин сатри шоҳона дар осмони фикраш таҷаллӣ намуд: Ба номи Худованди ҷону хирад, к-аз ин бартар андеша барнагзарад... Ҳалимӣ сари хонтахта омад. Ин саҳар низ ҳаёти ў аз хондани рўзномаҳои нав оғоз хоҳад ёфт. Дар як гўшаи хонтахта рўзномаҳои шаҳриву ноҳиявию вилоятӣ меистод. Рўзномаҳои ҷумҳурӣ одатан баъди нисфирўзӣ омада мерасиданд. Ардашер Ҳалимӣ рўзномаи тоҷикии вилоятиро кушода боз чашмаш ба идомаи ёддоштҳои сардабири собиқи он афтод. Морқул Пастонзода аз шумора ба шумора ёддоштҳои худро таҳти унвони “Аҷоибулвақоеъ” чоп кунонда ному фомили ҳама рўзноманигорони шинохтаи ин рўзномаро каме тағйири ҳарф карда ҳама ахлоти ҷамъкардаашро ба сари онон мерехт. Пастонзода ба ёддоштҳои худ эссеи бадеӣ-таърихӣ ном гузошта ба эродҳои ину он баҳона пеш меовард, ки ин воқеаҳо бадеиянд, яъне бофтаи хаёли нависанда ҳастанд, аммо хилофи мантиқ боз онро таърихӣ номида ба он ранги санади воқеӣ дода буд.

Кормандони собиқу кунунии ин рўзнома ҳангоми вохўрӣ бо афсўсу надомат мегуфтанд, ки сардабири собиқ эҳтимол дар асорати пирӣ камақл шудааст, ки дар навиштаҳояш аз як бўҳтоннавис фарқе надорад. Ардашер Ҳалимӣ бошад, бовар накарда мегуфт, ки “наход ба ҳамин дараҷа расида бошад?”

— Устод Ҳалимӣ, шумо масъаларо чандон ҷиддӣ гумон накарда истодаед. Пастонзода ба он нуқтаи пасттарини фитрат ва қабоҳат расидааст, ки аз киссаи худ додани пули як яхмосро ба ҳамкори худ миннат кардааст.

Баъди шунидани ин сухан Ардашер Ҳалимӣ лаҳзае карахт шуда монд. Ба ёд овард, ки ҳангоми дар идораи ин рўзнома кор карданаш нишонаҳои аз ҳад зиёди хасисию мумсикии Пастонзода аён буданд, аммо ў ба он майда-чуйдаҳо эътибор надодааст. Масалан Пастонзода чойнаки чойро дар ҷевон руст карда мемонд ва агар ташна монад, аз ҷой хеста назди ҷевон мерафт ва ба пиёлае чойро рехта менўшиду чойнакро руст карда ба ҷои кориаш омада менишаст. Ва доим кунҷҳои тари лабашро бо ду ангушт дам ба дам пок мекард. Албатта дар замони гузариш ба иқтисоди бозор он рўзномаро низ мушкилоти молӣ пеш омада буд. Ардашер Ҳалимӣ барои нисфирўзӣ аз хона нимта нони танўрӣ меовард ва ҳамонро ба оби ҷўш тар карда мехўрд. Роҳбари идора Пастонзода “маблағ намонд” гуфта моҳҳо ба кормандон моҳона намедод, аммо бо сарҳисобчӣ забон як карда барои худ ведомости алоҳида нависонда моҳонаашро мунтазам мегирифт. Аммо дар назди кормандони ҳам эҷодиву ҳам техникӣ воқеан ҳам бечора шуда мегуфт: — Ман ҳам мисли шумо бепул мондаам,тоқат карда гаштаам, шумо ҳам тоқат кунед.

Ардашер Ҳалимӣ худро аз ин ёддоштҳои ғашовар раҳонида натавониста ба сатрҳои “Аҷоибулвақоеъ”-и Пастонзода чашм давонд. Ку, ин ноқисулақл боз чӣ сафсатаҳо навиштааст? Пастонзода ба бобе, ки дар он корҳои Ҳалимиро дар рўзнома ёдовар мешавад, “Кўрнамак” ном гузоштааст. Гўё ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ҳамин Ардашер Ҳалимӣ афрўхта бошад ва баъди ошкор шудани ҷинояташ ўро умури интизомии Тоҷикистон ҷустуҷў мекунанд, ки дошта ҷазо диҳанд, аммо ў “думро хода карда” гурехта ба Ўзбекистон меояд ва Пастонзода раҳмаш омада ба кор мегирад. Ҳалимӣ худро чунин ҳис кард, ки ҳоли ҳозир аз ҳаммом бо либоси покиза баромаду ба сараш ногаҳон як сатил наҷасро рехтанд. Ҳалимӣ ба хаёл рафт. Ва ба ёд овард, ки Пастонзода узви ягон ҳизб ва ташкилоти даргири воқеаҳои хунини Тоҷикистон набудани ўро хеле дақиқ медонист. Аҳли адаб асосан тарафдори оштӣ ва муқобили хунрезӣ буд. Барои Ҳалимӣ тааҷҷубовар он буд, ки Морқул Пастонзода ҳамаи инро хеле хуб дониста истода ба як нафар адиби номӣ ин тўҳматномаро часпонидан мехост. Пастонзода инро низ хуб медонист, ки сабаби ба Ўзбекистон кўч бастани ин адиби номӣ ба шавҳар баромадани духтари ягонааш Гулчеҳра аст. Баъди он ки ҷанги шаҳрвандӣ ба охир расид, баъзе донишҷўёни ҳамкурси Гулчеҳра, ки ба даст силоҳ гирифта буданд, ба синфхонаҳо баргаштанд. Аммо феълу хўяшон дигар шуда буд,ҷанг онҳоро асабонӣ ва дағал карда буд. Яке аз онҳо ба Гулчеҳра дастагулҳо тўҳфа мекард.Ҳалимӣ ба воситаи дўстоне, ки дар донишгоҳ кор мекарданд, дарак ёфт, ки он ҷавон дар кушторҳо ва ғорати як сабукрав даст доштааст. Сипас, илоҷи дигаре намонд, ки духтарашро барои идомаи таҳсил ба донишкадаи Ўзбекистон гузаронад. Ва ин ҷо ба шавҳар диҳад. Пастонзода ҳамаи инро хуб медонист, зеро бисёр воқеъ шудааст, ки ў бо Пастонзода ва ҷонишини ў ҳамроҳ чой нўшидаанд ва Ҳалимӣ бо алам саргузашти худро ҳикоя кардааст. Акнун бошад, навиштааст, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро ҳамин адиби номӣ даргиронда буд, ман раҳмдилӣ карда ба кор гирифтам, аммо баъди даву ғеҷи ман прописка шуду баъди як ҳафта кўрнамакӣ карда аз рўзнома рафт. Ардашер Ҳалимӣ ҳайрон шуд: воқеан ҳам як ҳафта буд-мӣ? Ҳалимӣ ба ёд овард, ки моҳи августи соли 1993 ба зодгоҳаш омад, сипас дар идораи рўзномаи вилоятӣ ба кор сар кард. Ду сол идораи қайди шиносномаи садорати корҳои дохилӣ қайди шиносномаи ўро ба таъхир андохт. Пастонзода мактуберо аз номи идораи рўзнома ба унвони идораи умури дохила имзо накарда ба ҷонишинаш ҳавола мекард. Ҷонишин бошад, як мактубро имзо карда таъкид намуда буд: — Устод Ҳалимӣ, дар ин идораҳо асосан имзои раҳбар аввал эътибор дорад.

Пас аз он қайди шиноснома боз ду сол кашол ёфт. Пастонзода бошад, доимо “чаро туро ба қайд намегиранд?” гуфта неши каждумии худро бар дили Ҳалимӣ мезад. Билохир ҳамаи ин маймунбозиҳо ба дили Ҳалимӣ зад ва ў ба сарвари садорати умури дохилаи вилоят мактубе навишта талаб кард, ки агар ў гуноҳе дошта бошад, ошкоро бигўянд. Сипас аз ин идора як нафар омада гуфт, ки хотирҷамъ бошед, шумо ягон гуноҳе содир накардаед, ки сабаби ба қайд нагирифтани шумо шуда тавонад.

Сипас, насрнависи ҷавон Аҳтам Исмоил, ки онро низ Пастонзода дар эссеи худ сиёҳ мекунад, Ҳалимиро ба назди яке аз ҷонишинҳои идораи умури дохила бурд, шиносонд ва гуфт: чӣ хел, ки ман дар Тоҷикистон ба ягон ҷанҷоли сиёсӣ қатӣ набудам, ин кас низ ҳамин тавр. Баъзе маккорон ҳастанд, ки мехоҳанд аз қайди шиносномавӣ нашудани ин адиби номӣ истифода карда ғуломвор кор фармоянд. Шумо, дўсти азиз ба гапҳои онҳо бовар накунед! Дар Душанбе ман сиҳат будам, аммо дар идораи ин рўзнома маро аз ҳад зиёд асабонӣ намуданд ва дардҳоям аз нав хурўҷ карданд.

Баъди ин гапи Аҳтам Исмоил баъди як ҳафта шиносномаи Ҳалимиро ба қайд гирифтанд. Ин соли 1995 буд. Вақти аз идораи ин рўзнома ба рўзномаи ҷумҳуриявӣ гузаштани Ардашер Ҳалимӣ соли 1997 буд. Яъне Ардашер Ҳалимӣ аз як рўзномаи хурдтар ба рўзномаи калонтар ба кор гузашт, аз як рўзномаи тоҷикӣ ба рўзномаи дигари тоҷикӣ,

рўзномаи ҳукуматӣ ва давлатии ҷумҳурӣ. Ин ҷо чӣ тавр кўрнамакӣ карда рўзномаро партофта рафт гуфта мешавад ? Барои чунин гуфтан беинсофтарини беинсофҳо бояд буд! Аҷибтар он аст, касе, ки дар тўли умраш ягон китоб чоп накардааст, дар бораи Ҳалимӣ, ки бо номи худ бист номгўй китоб чоп кардааст, менависад: якта-нимта ҳикоя менавистааст, баъди аз кор рафтан ягон ҳикоя нанавист.

Ҳалимӣ умуман чизҳои навиштаи худро намешуморид. Аммо барои он ки онҳоро вақти китоб кардан кофта ёфтан осон шавад, дар дафтаре қайд карда мемонд. Барои адиби хушсалиқа теъдоди асар не, сифати он меъёри асосист. Асарҳое, ки Пастонзода зери унвони ҳикоя чоп мекунонд, умуман аз бадеият орӣ буда, як нақли хушки воқеа аз ҷониби як рўзноманигори камаҳорат буданд. Ба ҳамин сабаб, Пастонзода дар идораи рўзномаи ҷумҳуриявӣ кор карда натавониста ба ҷониби вилоят рў оварда ба қавли худаш ”думро хода” карда буд. Вале дар сўҳбатҳо ин бемаҳоратию беҳунарии худро бо баҳонаҳои гуногун хаспўш мекард. Ҳалимӣ ба ин рўзномаи вилоятӣ омада дид, ки Пастонзода дар рўзномаи ҷумҳуриявӣ кор кардаам гуфта лофи зиёде занад ҳам, унсури оддии низоми кор – тартиб додани нақшаи кориро намедонад ва дар тўли чанд соли сарварӣ ҷорӣ накардааст. Вақте ки Ҳалимӣ зарурати нақшаи солона, семоҳа ва якмоҳаро гуфт, ҳамин Пастонзода буд, ки пеш аз ҳама аз худи ў чунин нақшаро талаб кард. Сипас навиштани мақолаҳоро аз он ноҳияҳои дури ўзбекзабон, ки рўзномаи тоҷикиро намехонанд, дархост намуд. Вақте ки барои ба он маҳалҳо рафтан на идора маблағи сафарӣ дошту на дар кисаи кормандон як тангаи зиёдатӣ, дар маҷлисҳои муҳокимаи кор ба дили Ҳалимӣ неши каждумии хешро мезад, ки ҷаноби Ҳалимӣ худашон як рўзноманигори варзида, соҳиби мукофоти ҷумҳуриявии ба номи устод Лоҳутӣ бошанд ҳам, нақшаро иҷро накардаанд, ба ҳамин сабаб аз мукофотпулӣ маҳрум кардем. Ардашер Ҳалимӣ “Аҷоибулвақоеъ”-и Морқул Пастонзодаро хонда тааҷҷуб намуд, ки ў ҳатто ҷуръат карда аз номи ҷонишин суханҳои дуруғро меорад. Ҷонишини ў ҷавоне буд, ки мактаби рўзноманигорӣ ва ҳикоянависиро дар пойтахти Тоҷикистон гузарондааст. Ва ҳамин ҷавон аз Ардашер Ҳалимӣ бисёр чизҳоро омўхта, аз маслиҳату машварати ў баҳрабардор буда, касби маҳорат кардааст. Ва ҳамин кас оё ба чашми устоди худ рост нигоҳ карда “кўр мешавед!” гуфта метавонад ? Агар гўяд, худаш кўр мешавад.

Боз хаёли устод Ҳалимӣ ба сари эҷод рафт ва дафтари қайдҳояшро кушода теъдоди ҳикоя, очерк ва мақолаҳояшро аз соли 1999 то имрўзи 2001-ўм шумурд. Нуздаҳто! На танҳо дар Ўзбекистон, балки дар рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ва Русия низ нашр шудааст. Воқеан ҳамаи ин солҳо робитааш бо Тоҷикистон канда нашудааст, ҳамчун паёмнигори озоди як радиои байналхалқӣ як пояш доим дар як водии Тоҷикистон буд, дурўғгўй Морқул Пастонзода бошад, навиштааст, ки ўро ҳамчун ҷинояткори ташкилкунандаи хунрезиҳо бо милиса мекобанд! Ҳалимӣ ҳар боре ки қадам ба хоки Тоҷикистон монад, низомию ғайринизомӣ доимо бо оғўши кушод пешвоз мегирифтанд, зеро ба дарди ҳамаи онҳо шарик буд, ҷоеро сел барад, ё кўҳпорае фурў равад, ё моҳонаро сари вақт надиҳанд, садои ин паёмнигор ба дифои мардуми ҷабрдида аз радиои байналхалқӣ баланд мешуд ва дар ҳалли зудтари мушкилот кўмак мекард. Мана, дирўз низ Ҳалимӣ аз сафари Тоҷикистон баргашт, дар ҷашни Иди забон, дар анҷумани байналхалқии забони форсии тоҷикӣ ҳамроҳи як гурўҳ адибону олимон иштирок намуд.

Пастонзода ба мухолифони худ ҳама гуна айби сиёсиро зўран часпондан мехоҳад. Масалан, дар ҷое гуфтааст, ки гўё як нафар рўшанфикри тоҷик аз ў чопи китоби “Табартақсим”-ро талаб карда будааст. Аммо дар сўҳбат шоҳиди воқеа иброз дошт, ки Пастонзода муболиға кардааст, мо чопи як мақолаи устод Шакуриро дар бораи забони тоҷикӣ талаб карда будем, ки барои маърифати тоҷикон муфид буд.

Пастонзода чанд сол аст, ки ба нафақа баромадааст. Ягон шогирд тарбия накардааст. Ягон рўзноманигор ё адиби ҷавон телефон карда “устод, аҳволатон чӣ тавр?” намегўяд. Ба ягон кас некӣ накардааст, ки ҳангоми вохўрӣ сипосгузорӣ кунад. Дар дами пирӣ ҳамаи ин ба ў алам кардааст. Акнун ҳама мардуми соҳибқаламро, ки каме обрўю эътибор доранд, сиёҳ кардан мехоҳад. Барои амалӣ кардани мақсади нопокаш ў аз усули маккоронаи истилогарон, ки дар ҷазираи Ява истифода карда истодааст. Истилогарони бо силоҳҳои оташфишони навтарин мусаллаҳ мардуми озодаи Яваро бо лашкари зиёд мағлуб карда натавонистанд. Сипас шайтоне маслиҳат медиҳад: — Ин мардум тозагиро хеле зиёд дўст медоранд, ба ҷониби онҳо наҷаси худро партоед! Инро бинед, ки аскарҳои истеъморгар ба ҷониби явагиҳо гўҳпарронӣ мекунанд ва мардуми озода сангарҳоро партофта мегурезанд.

Морқул Пастонзода ҳам дар навиштани “Аҷоибулвақоеъ”-и худ айнан ҳамин усулро истифода кардааст. Ва бовар дорад, ки мардуми покизасириштро бо гўҳпарронии худ мағлуб мекунад ва баъд дар байни зиёиёни тоҷик танҳо худаш ҳамчун шахси тамоман беайб, бегуноҳ шўҳрат хоҳад ёфт. Ва хоҳанд гуфт: Ин дигарҳо буданд, ки рўзномаро ба ҳоли хароб расондаанд ва сармуҳаррири собиқ барои дар лаҳзаи охир бо якуним миллион сўм қарзи рўзнома аз вазифаи худ истеъфо доданаш гунаҳкор набудааст.

Ардашер Ҳалимӣ ногоҳ ҳис кард, ки аз рўи эссеи “Аҷоибулвақоеъ” бўи тези наҷас ба димоғаш зад ва онро чун пораи нопоке дур партофт. Ба ёдаш омад, ки ҳар саҳар дар оғози рўзи корӣ Пастонзода дарҳои холии утоқҳоро қулф мекард ва навбат ки ба дарҳои ҳоҷатхонаҳои мардонаву занона расид, онҳоро низ бо шпингалет мебаст ва баъди ба ҳуҷраи худ рафтанаш аз даруни ҳоҷатхонаи занона дашноми зане баланд мешуд.

Ардашер Ҳалимӣ хаёломез дар таги девори боғ қадам зад ва чашмаш ба гамбуски сиёҳи поруғелон афтид, ки қумалоқи гўсфандро мекашид. Ҳамин гамбуски поруғелон, ки мардуми таҳҷоӣ қунғузи гўзин мегўянд, аз Морқул Пастонзода дар амал болотар меистад, фикр кард ў. Зеро то ба ў нарасед, бўи бад паҳн намекунад. Ардашер Ҳалимӣ ва дигар адибону рўзноманигорони рўзномаи вилоятӣ дар хотир надоранд,ки зидди Пастонзода чӣ кори ноҷое кардаанд. Як нафар рўзноманигори ҷавон гуфта буд, ки Пастонзода аслан дар бурҷи Ақраб ва зери ахтари наҳс ба дунё омадааст. Ба ҳамин сабаб камбудиҳои ҷузъиро дар рафти кор ба кормандон нагуфта ҳафтаҳо дар дафтарчае меғундорад ва сипас дар маҷлис чун заҳри ғункардаи каждум ба сари кормандон ногоҳ мезанад. Ҳалимӣ дар хотир дорад, ки агар плони таҳияи мақолаҳо аз ҷониби шўъбаи ў пур шавад, маҷлиси корӣ онҳафта баргузор намешуд, агар бо сабабе пур нашавад, барои сиёҳ кардани Ҳалимӣ ҳатман маҷлис даъват мегардид ва Пастонзода исбот мекард, ки “Арбоб мезанад бо ҳар боб”. Аммо сари Ҳалимиро хам карда натавонист. Он гоҳ барои он ки мудири шўъбаи маънавиёт Ҳалимиро забонкўтоҳ кунад, мақолаҳои аз ҷониби олимону адибон нисбаттан камтаҳрирро худаш хонда ба матбаа мефиристодагӣ шуд. Пастонзода муаллифонро ба ўҳдаборою ноўҳдабаро тақсим карда бархеро аз рўзнома дилхунук карда буд. Масалан аз ҷониби Ҳалимӣ ба рўзнома аз нав ба ҳамкорӣ даъват шудани муаллифони дуркардашуда Шамсӣ Самеъзода ва Ҳамза Рафиқ ба табъи Пастонзода нафорид.

Кормандони деринаи рўзнома ба Ҳалимӣ мегуфтанд, ки Пастонзода дар идораи рўзнома муҳити асабониро ба вуҷуд овардааст ва ба ин сабаб он қадар ҳамкорони мо ин редаксияро тарк кардаанд, ки ба штати ду редаксия баробар аст. Ҳалимӣ то он вақт ки фаҳмид айб дар ош аст ё дар мош як шоири ҷавон ва як рўзноманигори мукофоти давлатӣ гирифта ба нишони эътироз аз ин муҳити асабонӣ тарки вазифа намуданд. Онҳо ба Ҳалимӣ мегуфтанд, ки сардабир Пастонзода байни ҳамсинфонаш мурғи ҷуҳуд лақаб доштааст. Мурғи ҷуҳуд марди тарсончак ва буздилро мегўянд, зеро мурғи дар ҳавлии яҳудӣ мезиста доимо тарсон аст, ки дер ё зуд ўро кушта хоҳанд хўрд. Пастонзода ягон муаммои рўзномаро ҳал намекунад, барои ҳалли онҳо метарсад, ки ба назди ҳокими вилоят ё ҷонишинони ў дарояд. Ў ҳатто метарсад барои тарғиби обуна ба корхонаҳо равад, то ки аз боло ногоҳ телефон кунанду ў дар ҷои корӣ набошад ва ўро ҷазо диҳанд. Ҳалимӣ ба ёд овард: Пастонзода агар ба тўй раваду ҳангоми қадаҳбардорӣ аксбардор биёяд, башитоб қадаҳро ба рўи миз гузошта ба даст пиёлаи чой ва чойнакро мегирифт, яъне бубинед, ман он қадар сардабири баинтизом ҳастам, ки ҳатто дар тўю базмҳо арақ наменўшам. Ва ҳатман шишаи арақро тавре тоб медод, ки барчасп (этикетка)-и он ба объективи видеокамера ё дастгоҳи аккосӣ наафтад.

Пастонзода ҳатто ба онҳое, ки ба манфиати рўзнома хайрия мекарданд, тўҳмат менамуд. Шоире, ки соҳиби корхонаи хурде буд, ў дар “Аҷоибулвақоеъ”-аш бо номи Ҳасрат Нафрат ном мебарад, зиёда аз ним миллион сўм маблағи корхонаи худро барои арзон кардани нархи обунаи ин рўзнома хайрия намуд. Дар натиҷа теъдоди обуначиён хеле афзуда рўзнома аз инқирози шадид халос шуд. Аммо рўзе Пастонзода дар ҳолати ширикайфӣ вориди корхонаи шоир шуд, ки он ҷо Ҳалимӣ низ нишаста буд ва даъво кард, ки “ҷаноби шоир, шумо ба рўзнома кўмакпулӣ дода хизмати хирсона кардед”. Яъне, – давом дод Пастонзода, — теъдоди обуначиён зиёд шуда харҷи коғаз ва корҳои матбаа афзуд ва ин боиси талафоти молии идора гардид.

Шоир ин гапро шунида карахт шуда монд. Зеро ба подоши хизмат тўҳматро бори аввал медид. Пастонзода худро ҳалолтарин инсон ҳисобад ҳам, дар амал аз вазифааш сўйистеъмол карданро дўст медошт. Масалан, дар байни кормандони матбуот чунин қоидае ҷорист, ки агар ҳикоя ё шеъри худро ба машинисткаи идора чоп кунонед, ҳаққи меҳнати машинисткаро додан лозим аст. Пастонзода бошад, қариб ки ҳар ҳафта ягон ҳикояи фаче менавист ва ба машинистка дикта намуда ба ин духтараки каммаоши муштипар ягон сўм намедод.

Пастонзода қариб ҳар моҳ ду-се ҳикояи фачи худро зери унвони ин жанри адабӣ дар рўзномаи худ чоп кунонда аз адабиётшиносону адибон эроде намешунид. Вай ҳатто намедонист, ки агар дар бораи эҷодиёти адиб адабиётшинос ё мунаққиде чизе нанависад, нишони он аст, ки навиштаҳои ў адабиёт нест. Ба ин сабаб диққати муҳаққиқи соҳаро ба худ накашидааст. Дар вилоят адабиётшиносону мунаққидони адабиёти тоҷик кам нестанд. Дар бораи эҷодиёти Ардашер Ҳалимӣ, ки Пастонзода нописандона “якта-нимта ҳикоя менавистааст” мегўяд, мунаққидон зиёда аз даҳ мақола навиштаанд ва ҳатто академик Сабурӣ дар як мақола оид ба адабиёти асри бисти тоҷик ўро дар қатори Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ ном мебарад.

Пастонзода бо майнаи хушк, забони хушк, дасти хушк боғи рўзноманигории тоҷики вилоятро хушконид. Боз ҳамин Ҳалимӣ буд, ки дар идораи рўзнома барои рўзноманигорони навқалам ва адибони ҷавон мактаби эҷодӣ таъсис намуда ду соли тамом онҳоро таълим дод, аммо Пастонзода ҳама корҳои неки Ҳалимиро чун шабу рўз бо ҷонишини сардабир дар маъракаи обуна заҳматҳои зиёд кашиданашро фаромўш кардааст ва ё барқасд ба ёд овардан намехоҳад. Пастонзода аз ҳасад дарун-дарун месўзад, ки чаро ба ҳар анҷумани фарҳангӣ, ё ҷашни адабӣ ба Тоҷикистон Ҳалимиро даъват мекунанду ўро не, ў садҳо ҳикоя нависта бошад ҳам, нависанда ҳисоб намекунанд, дар ягон мақолаи умумӣ ҳатто ном намебаранд. Ў ин нокомии худро бо сиёҳ кардани аҳли қалам, рўзномаигорони боистеъдод хаспўш карданист. Ҳамкорони Пастонзода дар ёд доранд, ки ў як шоири ҷавонро чанд вақт ба сифати хаткашон кор фармуда барои ба шўъба гузарондани ў муқовимат мекард. Сипас Ҳалимӣ кафолат дод, ки шоири ҷавонро ба шўъбааш ба кор мегирад ва он шоири ҷавон бо сарпарастии Ҳалимӣ ҳунари рўзноманигориро омўхт. Воқеан ҳам гамбуски поруғелон аз Пастонзода болотар меистад. Ба ў даст нарасонед кайфиятатонро вайрон намекунад, аммо Пастонзода коре надорад, ки шумо тарафдори ў ё бетараф, ҳатман, мисли косадум (ҳайвоне, ки заҳрашро моҳҳо ҷамъ карда сипас ба ҷониби одам мепошад) амал мекунад.

Гамбуски поруғелон агар дар ҳавлӣ саргине ёбад, гирифта ба хонааш мебарад, яъне санитар аст, манфиаташ ба инсон мерасад. Аммо худо шоҳид, дида истодаед, ки Пастонзода баръакс бар сари одам пору мерезад. Он қадар камақл гардида ва фикр намекунад, ки рўзе хоҳанд пурсид. - Агар ҳама ҳамкорон одамони бад бошанд, пас сармуҳаррири ин қадар нуқсондорҳоро ҷамъ оварда магар солимақл аст?

Ҳамин тавр ба осмон туф кунӣ, ба сари худат меафтад. Ҳалимӣ дар пайроҳа байни дарахтони боғи худ қадам зада истода боз як найранги Пастонзодаро ба ёд овард. Рўзе Пастонзода бо мудири шуъбаи маънавият Ардашер Ҳалимӣ маслиҳат накарда ба ин шуъба аз шўъбаи мактубҳо Гулрў Олимиро гузаронд. Шўъбаи маънивиёт тақозо мекунад, ки дар он адибу рўзноманигори баландмаҳорат кор кунанд. Гулрў, ки асосан бо таҳияи мактубҳо кор карда омадааст ва адиб нест, хеле азоб кашид. Ҳалимӣ доимо ба Гулрў кўмак мекард, ба сардабир аз Гулрў шикоят наменамуд. Пастонзода ҳамаи инро мушоҳида карда рўзе оташинона гуфт: — Дида истодаед, ки аз ўҳдаи вазифа намебарояд, рапорт нависед, аз кораш пеш мекунем.

— Гулрў аз кўҳнатарин корманди идора аст, вай дар ҷои пешинааш аз ўҳдаи кораш мебаромад, ягон огохӣ ҳам нагирифтааст, имрўз аз кор рондани ў ноинсофӣ хоҳад буд, –гуфт Ҳалимӣ ,

Пастонзода дар дил “ҳоло ту гапи маро гардонди--мӣ?, Ҳоло ист!”гуфта бо ғазаб аз дари шўъба баромад. Эҳ кадом як чунин фитнаҳои Пастонзодаро ба ёд орад, хеле зиёд–ку! Ба ёди Ҳалимӣ мисраъҳои зерини устод Лоиқ расиданд:

Кӣ бурид решаи мо, ки бисўхт бешаи мо?

Ту мапурс ҷони бобо, ту мапурсу ман нагўям,

Ҳалимӣ қарор кард, ки рўзгори дар идораи Пастонзода аз сар гузарондаашро ба ёд наорад, беҳтар аст. Бисту панҷ сол дар рўзномаҳо ва радиои ҷумҳуриятӣ кор карда ин қадар азоби рўҳӣ накашида буд, чи хеле ки дар ин рўзнома дид.

Сад афсўс, Пастонзода фикр накард, ки агар ҳаммаро сиёҳ кунад, пагоҳ рўзи маргаш тобути ўро чи гуна хоҳанд бардошт? Ҳамчун нашъи як нафар зиёӣ ё зиштнавис?

Ҳалимӣ қаламу қоғаз гирифта ҳамаи ин андешаҳояшро дар шакли ҳикоя ба қоғаз фуровард.

Аз рўи фикри ниқоргирӣ не, балки андешаи он ки мардум дар бораи чунин зотҳо бояд ҳақиқатро донанд. Сардабири нави рўзномаи “Садои вилоят” Собир Беҳбудӣ ҳикояро бо таваҷҷўҳи зиёд хонд ва ба Ҳалимӣ гуфт: — Маро маҷбур карданд, ки он тўҳматномаи Пастонзодаро чоп кунам.

— Кӣ маҷбур кард? – пурсид Ҳалимӣ

Беҳбудӣ ҷониби иморате маънидорона бо сар ишорае кард ва бо оҳанги афсўс гуфт: — Ман ин ҳикояро чоп карда наметавонам. Ба ғайри шумо ҳамаи дар эссеи Пастонзода сиёҳшудагон раддия ё мисли шумо ягон асари бадеӣ алайҳи ин тўҳмат навиштаанд, вале онҳо низ чоп намешаванд.

— Яъне Пастонзода дар дасти баъзе одамони дилашон сиёҳ бозича будааст? — гуфт Ҳалимӣ.

— Бале. – гуфт Беҳбудӣ, — Шукр кунед, ки пеши чопи асарҳои шуморо ҳоло набастаанд.

Ардашер Ҳалимӣ аз дари идораи рўзнома баромада ҷониби хонааш равон шуд. Ў намедонист, ки ин ҳама моҷаро сарсухани як нақшаи маъракаи аз ватан рондани ўст, ки баъди шаш-ҳафт моҳ оғоз хоҳад шуд.

Сардабир Беҳбудӣ бо иштироки собиқадорон – рўзноманигорон ва адибони мўйсафед эссеи Пастонзодаро муҳокима кунонд. Устоди Ҳалимӣ – адиби куҳансол Табаралӣ Зиёдӣ танҳо ҳини муҳокима фаҳмид, ки дар эссе нисбати ў низ ҳарфи носазо гуфта шудааст. Фишори хуни ин устод хеле баланд шуда азбаски бемории дил дошт,баъди чанде даргузашт.

Аз чунин тўҳматҳо Худо нигоҳ дорад!

1 комментарий:

Анонимный комментирует...

Чи дареғ, дар ҳама чо бо чунин афроди палид рўбарў мешавем, ки ягон муқаддасот надоранд ва ҳар касеро, ки аз онҳо беҳтар аст, ҳадаф мегиранд.

Умдатан, чунин афрод хеле ва хеле беҳунаранд, ки бо тасодуф ё фасод ба мақоме мерасанд ва якумр ба таври фосид амал мекунанд.

Ҳастии онҳо атрофро заҳрогин мекунад. Дидани онҳо ҳама гуна фикри баландро дар зеҳну дили одамони ҳунарманд мекушад ва ҳунармандонро дилсард мегардонад.

Онҳоро бояд бо силоҳи худашон зад ва дар ҳамон сари кор, на баъд аз онки палидияшон аз ҳама ҳадду сарҳад гузашт. Аммо ин бисёр сахт аст, фосидонро фосидони дигар пуштибонй мекунанд, вале ҳунармандон одати иттиҳодро надоранд ва ё хеле дер дар ин самт ба чунбиш меоянд.

Чои чунин палидон оташи дўзах хоҳад буд!