Ҳеҷ кас дар олам ин хел мазорро надидааст. Мазор дар наздикии деҳаи Муғон дар байни замини кишти бригадаи панҷуми собиқ колхози “Бо роҳи Ленин” воқеъ буд. Мегўянд, ки то вақте ки ин ҷо деҳа пайдо шуд, ин мазор буд. Яъне мазор қадимтар буд аз колхозу деҳу ҳавлиҳое, ки дар он атроф ҳастанд, Мазори Муғон зоҳиран аз мазорҳое, ки дар шакли теппа ва бо анбўҳи дарахтони худ дар ин ё он саҳро вомехўранд, кам фарқ дошт. Як теппаи зоҳиран ба кулоҳи дарвешӣ монанд дар байн буду атрофаш аз дарахтони челони кўҳӣ ва тасбеҳдонаи бетартиб рўида пур буд. Дар мобайн танаи ғафси як дарахти азими кайҳо хушкида ҳанўз рост меистод, ки дар ғафсиву баландӣ баробари манори азонгўии масҷиди гузарҳо буд. Дар бораи пайдоиши ин мазор ривояте ҳаст. Гарчанде мазор Муғон ном дорад, нақл мекунанд, ки дар ҷангҳои байни мусулмону кофир як нафар сарбози мусулмон ин ҷо шаҳид шудааст ва ҳамин ҷо ба хок супориданд.
Колхозчиён боре як ҷўи нав канданд, ки он аз бари ҳамин мазор бояд мегузашт. Вақте ки навбати ҷўйканӣ ба таги мазор расид, аз чуқурии як метр хун мисли чашма ҷўшида баромад. Ҷўйканҳо он ҷоро хокпўш намуда зуд мурғеро кушта дуои фотиҳа хонданд ва хатти ҷўйро аз мазор як-ду метр дуртар бурданд.
Мазори Муғон мисли мазорҳои дигар, агар касе дар он одоби суннатиро вайрон накунад, ўро намедошт ё худ таъсир намерасонид.
Одамони он атроф ҳам кўшиш мекарданд, ки ба он нарасанд, ба замини он қадам нагузоранд. Аз дарахти он касе мевае намечинд, ҳатто барои шифо аз челонаш чун дору истифода намебурданд. Танҳо ба касе барои тасбеҳ мўҳра лозим шавад, меваҳои ба замин рехтаи тасбеҳдонаро чида аз он барои худ тасбеҳе месохт. Аз мўйсафедони деҳа, танҳо пирамард Тағоймуроди фолбини қоматхамида чунин тасбеҳ дошт. Дар ҳар донаи тасбеҳи ў калимаи “Оллоҳ” бо хати арабӣ сабт ёфта буд. Ба гуфти ў, баъди даҳ сол мунтазам донаҳои тасбеҳро гардондан ин калима дар донаҳои он бо мўъҷизаи илоҳӣ пайдо шудааст.
Мазорҳое, ки дар он касе гўронида шудааст, одатан, аз хишти пухта мақбарае доранд ва ё аз санги мармар ё қайрок нишонае. Аммо ин мазор эҳтимол қадимтар будааст, ки умуман чунин нишонаҳоро надошт. Ба шохи дарахтони он касе бо нияте латтае ҳам намебаст.
Мазор як пораи табиати дастнорасида буд, ки дар он “ҷазира” мушҳо, морҳо ва бисёр ҷонваракони дигар озодона зиндагӣ мекарданд. Баъзан аз чорвои мардуми бепарво бузе ё гўсфанде ба замини мазор қадам мегузошт. Зеро алафҳои баланди сабз ва гулу гиёҳи муаттар онҳоро ба сўи худ мекашид. Агар соҳиби чорпо бехабар монад, чорпояш сафед бошад, баъди дар замини мазор чаридан ранги он сиёҳ мегардид, агар сиёҳ бошад, сафед шуда мебаромад.
Мазор ба атроф таъсире намерасонид. Вале ба рўҳи дар мазор маскангирифта тамоку маъқул набуд. Солҳои ҳукумати шўравӣ чандин бор ба замини атрофи он тамоку кориданд. Баъди аз замин неш зада баромадани кишт аз мазор шомгоҳ ду барзагови азими сиёҳ мебаромаданд ва тамоми шаб заминро ларзонда болои кишти тамоку метохтанд ва онро якта намонда помол мекарданд.
Албатта раис ин ҳодисаро аз райком пинҳон медошт, ба касе дар ин бора ҳарфе намезад. Зеро солҳои сурхи атеистӣ барои чунин як ҳарф билети ҳизбиашро кашида гирифта, аз мансаби раисӣ маҳрум мекарданд.
Баъзе мўъҷизаҳое буданд, ки онҳоро одамон бинанд ҳам, ба нақлаш кўшиш намекарданд, зеро он қадар ғайритабиӣ буд, ки касе бовар надошт. Як чунин мўъҷиза пеши назари ман рўй дода буд ва ба ҳамин сабаб камина ба рўйдодҳои аҷибу ғариби дигари ин мазор низ шубҳае надорад.
Он вақт дувоздаҳ ё сездаҳ сол доштам. Охири зимистон буд. Барф то буҷули пой борида, заминро кўрпа карда буд. Ман аз ҳавлии худамон ба сўи хонаи бобом мешитофтам. Бобом бемори бистарӣ буд ва бояд доруро зуд ба он кас мерасондам. Роҳи миёнбури наздик аз пеши ҳамин мазор мегузашт. Он вақтҳо ин ҷойҳо саҳрои беодам буд ва вақте ки ба мазор наздик шудам, маро тарс фаро гирифт. Аз мазор бок надоштам. Тарси ман аз 10-12 саг буд, ки аз паси як саги мода мегаштанд.
Ногоҳ саги мода сўи ман аккос зад ва ҳама сагҳои нар ғуррос зада, ба тарафи ман давиданд.
Аз дилам гузашт, ки тамом, ин сагҳои бадқаҳр ба ман амон намедиҳанд. Ногоҳ аз байни дарахтони мазор мўйсафеди нуронии сафедпўше пайдо шуд. Ў шохи хушкидаи дарахтро “қарси” шикаста сагҳои ба ман ҳуҷумкардаро бераҳмона кўфт. Онҳо вингоскунон оқиб гаштанд, баъд пирамард боз байни дарахтони мазор даромад ва аз назар ғоиб шуд.
Мўъҷизаи дигареро тобистон дидаанд.
Онҳое, ки шабона киштзори атрофи мазорро об додаанд, нақл мекунанд, ки ҳар шаб аз он ҷо подшоҳи мушҳо бо аҳли дарбораш чароғҳо бардошта, ба лаби ҷўй мебарояд ва ба заврақҳо нишаста ба ҷараёни об шино мекунад. Он гоҳ даруни ҷўй дар масофаи қариб сад қадам пур аз чароғакҳои шиновар мегардад.
Мазор ба касе коре надошту касе ба мазор. То вақте ки замони қартакунии заминҳо сар шуд. Замини атрофи мазор мисли заминҳои дигари колхоз аз майдонҳои пасту баланди гуногуни боғҳои мусодирашудаи хусусии одамон иборат буд. Ин ҳодиса замоне воқеъ шуд, ки заминҳои киштро аз кайҳон ба сурат мегирифтанд ва дар Маскав меомўхтанд. Ва рўзе дастуре расид, ки заминҳои колхози шўравӣ набояд ин тавр каҷу килеб ва пасту баланд бошанд. Аз тарафи дигар, чунин заминҳо ба коркарди мошинӣ мутобиқ нестанд. Фармон ба колхоз аз райком омад. Раис медонист, ки ин фармони райком нест, ба райком аз обком, ба обком аз болотар, ба болотар боз аз болотар омадааст. Ҳама медонистанд, ки заминҳоро ҳатман рўи каф барин ҳамвор ва чоркунҷаи росткунҷа кардан даркор. Инро танҳо рўҳи дар мазор хобида намедонист, зеро вай ба қонунҳои ин замону ин замин тобеъ набуд. Баъди он ки ҳама ҷоро ҳамвор карданд, навбат ба мазори Муғон расид. Ҳомид-акаи бригадир, ки мазор ба марзи бригадаи ў дохил мешуд, шитоб надошт. Ҳатто ҷуръат карда ба раис гуфт:
— Ба ҳамин мазор намерасем.
Раис гуфт:
— Ман ҳам – мўъмину мусулмон, вале фармон – ин фармон!
Раис ба ёд овард, ки чӣ тавр дар лаҳзаҳои душвор котиби якуми райком ба ду паҳлўи худ сардори шўъбаи корҳои дохилӣ ва прокурори ноҳияро шинонда ба ў дўғ зад:
— Ё фармонро иҷро мекунӣ, ё дар ҳабсхона пўсида меравӣ!
Бригадир дар дил андешид, ки агар роҳи нави мумфарши аз наздикии ҳамин мазор гузаранда намебуд, раис розӣ мегардид. Зеро калонҳои ноҳия ё вилоят ба колхоз оянд, мошинашон аз ҳамин ҷо мегузарад ва ҳатман ин ҷангалакро мебинанду ба чашмашон чун хор мехалад ва мағал мебардоранд. Раис андешид, ки пеши ин мазорро девор кунад ҳам, хоҳ-нохоҳ аз кайҳон ба сурат мегиранд ва рўзе меоянд барои тафтиш, ки чаро теппаеро ҳамвор накардаанд.
Булдозерчӣ писари ҳамон Амонқули майпараст буд, ки ҳар бегоҳӣ маст буд ва шоме рў ба мазор рост истода пешоб карду боқии умр шал шуд ва шикоят менамуд, ки садои шир-шири пешобам доимо дар гўшам садо медиҳад. Булдозерчӣ талаб мекард, ки то мулло дуои фотиҳа хонда иҷозат надиҳад, булдозераш ба тарафи мазор як ваҷаб ҳам ҳаракат намекунад. Муллои деҳа домулло Абулхайрхон аз воқеа пешакӣ огоҳӣ ёфта, сар ба болин монда худро бемори бистарӣ вонамуд кард ва худро аз ин корҳо халос намуд. Танҳо мўйсафед Саидмурод монда буд, ки дар ғайби домуллои деҳа дар маъракаҳои азо аз рўи зарурат дуои фотиҳа мехонд. Шофир ҳам нағз медонист, ки Саидмурод-бобо аз ин гуна корҳо сар мепечад, ба ҳамин сабаб ба ў гуфт:
— Раис барои як даҳан маслиҳат шуморо ҷеғ зада истодаанд.
Шофир пирамардро ба мошин савор карда баъди 5-10 дақиқа ба назди мазор овард.
— Ман ин хел дуои фотиҳа намехонам, – гуфт пирамард Саидмурод баъди хоҳиши раисро шунидан. — Дуои фотиҳаро танҳо барои нияти нек мехонанд, барои вайрон кардани мазор не.
— Ту барои вайрон кардани мазор намехонӣ! – бо зарда гуфт раис, — барои худо мехонӣ, ба арвоҳи гузаштагон мехонӣ. Ин мурғро сар мезанию баъд мехонӣ. Он тарафаш кори ту не-ку!?
Пирамард Саидмурод фикр кард, ки агар рад кунад, пагоҳ раис барои бачаҳои хонадоршудаи ў барои сохтани хонаи алоҳида замин намедиҳад.
Ў аввал таҳорат кард, мурғро сар зад ва се бор сураи фотиҳаро бо овози баланд самимона хонда даст ба омин бардошт. Раис ба булдозерчӣ ишора намуд, ки ба кор сар кунад. Вале мотор ба ҳаракат намедаромад. Шофир ба ёрии тракторчӣ шитофт. Ҳама ҳайрон шуданд. Ҳама ҷои булдозер соз буду мотор ҳеҷ ба ҳаракат намедаромад. Гўё ки он ҷоду шуда буд. Бо фармони раис булдозери навро бо трайлер оварда фуроварданд, ки колхоз дирўз харида буд.
Акнун булдозерчӣ саркашӣ кард, ки мазорро ҳамвор кардан кори хавфнок аст, вай ин корро намекунад. Бо фармони раис бригадир ду шиша арақи “русӣ” овард. Баъди ду пиёла ба гулўи булдозерчӣ рехтану ваъдаҳои бисёри раис ў ба кабина нишаст. Булдозери нав ғуррос карда ба ҳаракат даромад ва сўи мазор равон шуд. Вале ба мазор як-ду метр нарасида ногоҳ дар замини ҳамвор чаппа шуд. Булдозерчиро базўр аз зераш кашида бароварданд, ки хеле осеб дида буд.
Пас аз ин раис аз нияташ гашт ва ба мазори Муғон дигар нарасид. Вале рўҳи мазор аллакай бедор гардида ба чанд кас расида буд. Рўзи дигар як дасту як пои раис шал гардид, нисфи рўяш каҷ шуд ва қариб як сол дар бемористон ва хонаи худ хобид. Ҳоло сиҳат шуда бошад ҳам, осоре аз он боқист. Булдозерчиро бошад, баъди қариб як соли табобат ба нафақаи маъюбӣ бароварданд.
Акнун қиссаи Саидмуродбоборо шунавед. Баъди ин ҳодиса ду бузи ў бо ҳамдигар шохзанӣ карда яке дигареро кушт. Гови сершираш ногоҳ аз ширдиҳӣ бозмонд. Ба гулўи сагаш устухон дармонд. Оруе виззозкунон аз ҷониби мазор омада, биниашро газид ва он варам карда, ба кадуча монанд гардид. Рўзҳо мегузаштанду варами биннӣ намегашт. Духтурҳо бошанд, илоҷи табобати онро намедонистанд.
Ҳар шаб хоб медид, ки мору каждумҳо аз мазор баромада сўи хонаи ў хазида меоянд. Саидмурод-бобо як таксиро киро карда, ба шаҳр ба хонаи фолбини кўҳансол Исрофил-бобо омад.
Ҳамин ки аз остонаи дари фолбин гузашт, мўйсафеди Исрофил ба сараш дод зад:
— Чаро ба мазори Муғон расидй? Зуд ба хонаат раву бузи зиндамондаатро ба назди мазор бурда қурбонӣ кун!
Саидмуродбобо як садсўмаро аз киса кашида, пеши фолбин партофту бошитоб оқиб гашт. Бо ҳамон таксӣ ба хона омад, ба шитоб ресмони бузро аз мех кушод ва назди мазор бурда “бисмиллоҳ” гуфта сар зад.
Вақте ки узвҳои буз аз ҷунбиш бозмонд, варами бинӣ ҳам нест шуд.
Солҳо мегузаранд, асрҳо мегузаранд. Мазори Муғон бошад, ҳанўз ҳам дар ҷояш мисли теппаи вулқони хомўш истодааст, чӣ хеле, ки садҳо сол истода буд ва чӣ тавре, ки пеш буд, касе ба ў нарасад,ў ҳам ҳаргиз ба касе зиёне намерасонад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий