суббота, 19 апреля 2008 г.

ПАРВОНА

Афсона

Парвона вақте чашм кушоду худро шинохт, ҷаҳон пардаи сиёҳи шаб ба сар кашида буд. Ў дар болои кўл парвоз карда, пеш аз ҳама акси шукуфазори ситораҳоро дар синаи оби кўл бидид ва чароғаки меҳр дар дилаш фурўзон шуд. Парвона ҳис кард, ки хеле ширин аст ин чароғи меҳр. Фикр намуд, ки ин ҷаҳони торик чандон бад нест, агар чунин ситораҳои зебою дилрабо дошта бошад.

Ў поёнтар фуромад, ки ситораҳои кўлро аз наздик бубинад, вале мормоҳие боло ҷаҳида, таҳдиди хўрдани ў кард.

Парвона ба суръат боло рафт ва ба осмон нигариста дид, ки ситораҳои оби он ҷо равшантар метобанд.

Парвона хеле ба боло парид, вале ба осмон расида натавонист. “Қувватам нарасид” – фикр кард ў, вақте ки поён мефуромад.

Ў дар шохаи гуле нишаст ва дид, ки Шабпарак низ онҷост. Парвона дир-дир ларзид.

— Натарс, – гуфт ба ў Шабпарак. — Ман туро намехўрам. Аз мушҳои паррон ва ғукҳо эҳтиёт шав.

Боз аз чӣ эҳтиёт шавам? – пурсид Парвона, ки ба назараш ин дунёи торик пур аз душман намуд.

Намедонам, - гуфт Шабпарак, – ин пардаи шаб чӣ сирҳое дорад. Ту Парвона ҳастӣ. Яъне зодаи ситораҳои осмон. Ба рўшанӣ наздик бош. Он ҷо ҳамқавму ҳамсолони худро меёбӣ.

Парвона каме дам гирифту, дар болои марғзор парвоз кард. Дар байни алафҳо чароғаке тофт ва ў наздик шуда, кирми шабтобро дид. Кирме, ки нураш гармие надошт. Парвона дар дили худ сардиро ҳис намуд, як ларзид ва тарсида аз он ҷо зуд дур парид. Парвона парвоз кард ва ба атроф бодиққат нигариста чароғистонеро дид. Ў ба ҳамон сў парида қасри чилҳуҷраеро ёфт. Дар ҳар ҳуҷраи он қаср як қандили булўрии чилчароғ месўхт.

Дар як толори калоне шоҳу вазирон нишаста кабоби бедонаву кабк мехўрданд. Бўи гўшту дуду пари сўхта ба димоғ мезад. Аз тирезаи ҳуҷрае садои дашноми зане меомад, ки духтарашро мезад. Дар зиндонҳои қаср асирон оҳу нола доштанд. Қасри равшани булўрии чилҳуҷраи қандилҳояш чилчароға ба назари Парвона тира намуд. Ва ў боз дар ҷустуҷўи нур ба осмон парид.

Хеле баланд шуд, чашм ба чор сўи замин афканд ва дур аз қаср шўълаи хираи шамъе гарм ба назараш тофт. Парвона ба он ҷое, ки шамъ месўхт, биштофт. Вақте ки наздик омад, чунин манзараро дид:

Дар шамъдони мисин шамъи борике месўхт. Мўйсафеди нуронӣ дар даст қалам, дар пеш қоғази сафед дошту андешаманд назди шамъ нишаста буд. Шоире буд. Шоири ришсафед гоҳо байтеро сурудвор форам мехонду гоҳо гўш ба овози чирчиракҳо медод.

Парвона дар кунҷе нишаста ўро наззора мекард. Ин ҷо парвонаҳои дигар низ пайдо шуданд, парвонаҳои зебое, ки гирди шамъ мепариданду аз бозёфти шамъ шодмонӣ доштанд.

Вақте ки умри онҳо ба охир мерасид, худро ба оташи шамъ зада месўхтанд, то ки ҷисмашон тўъмаи ғукҳо ё мушҳои паррон нагардад.

Шоир бошад, дер гоҳ ба ин сўхтанҳо нигоҳ мекард ва чизе ба қоғаз менавист. Эҳтимол қиссаи ба шамъ ошиқ шудани Парвонаро...

Комментариев нет: