Дар байни шаҳрҳои олам Самарқанд эҳтимол ягона шаҳрест, ки Боғи шоирон дорад. Ба ҳамин сабаб қадру қимати он ҳам баланд аст. Ин чорбоғ бо ташаббуси Президенти Ўзбекистон Ислом Каримов васеъ ва обод гардид. Дар ҳақиқат, шакли пешинаи он зебо ва диққатрабо набуд, хеле содда ҳам буд, иборат аз деворчаҳои пастак. Дар он кўшиш карда буданд, ки ба ҳама адибони самарқандӣ ҷой диҳанд, ки танҳо теъдоди адибони классики самарқандӣ дар ҳар як садсола заёда аз 300 нафар соҳидевон аст ва ҳеҷ имкони ҳамаро дар Боғи шоирон ҷой додан набуд.
Аммо бузургоне чун Рўдакӣ, Навоӣ, Ҷомӣ, Бобур ва Айнӣ гапи дигар аст, яъне ҳам дар адабиёти ўзбек ва ҳам дар адабиёти тоҷик адибони ҷаҳоншумуле, ки дар Самарқанд зистаанд, аз даҳ нафар зиёд нестанд.
Аммо Боғи шоирон пеш аз ҳама чорбоғест шоирона. Аз гулҳои садбаргӣ садбарги сурху сафед аз навъи пиёзбехӣ-лола, савсани бунафшу сафеду карнайгул ва наргис, гули хайрӣ, ҳиногул, райҳон ба табиати миллии мардуми мо мувофиқ афтодааст. Чаро бодому писта шинондан мумкин не, вақте ки шоир пистадаҳон ё бодомчашм гуфтааст, яъне ҳамчун образ чун сарвқад ва санавбарқомат дар шеър аз ҷониби шоирон истифода шудааст.
Бубинед, ки Рўдакӣ гуфтааст:
Бихандад лола дар саҳро, ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун, ба сони дидаи Маҷнун.
Умари Хайём, ки дар Самарқанд бисёр солҳо зиндагӣ ва эҷод кардааст, рубоии зеринро гуфтааст:
Ҳар ҷо, ки гулею лолазоре будаст,
Аз сурхии хуни шаҳриёре будаст.
Ҳар ҷо, ки бунафша аз замин мерўяд,
Холест, ки бар рухи нигоре будаст.
Яъне барои ҷустуҷўи гулҳои ороишии миллӣ кофист, ки ба ашъори клоссик рў биёварем.
Дар боби он ки дар атрофи ёдгориҳои меъморӣ кадом дарахтҳо, буттаҳо ва гулҳоро корид, баҳси зиёде ҳаст. Бояд аз ёд набарем, ки меъмор дар вақти сохтани гунбади сабз дарахти садаи чинии шаклан гунбадмонандро ба ёд овардааст. Ва манорҳо ҳам дар шакли комили худ ба сарв бештар монанданд. Лоларо аз кўҳҳои мо ба Ҳолландия бурда навъҳои зиёде ба вуҷуд овардаанд. Азбаски ватани лола инҷост, пеш аз ҳама мо бояд ба қадри он бирасем ва дар майдонҳои шаҳрамон бикорем. Як намуди гули наргис ҳаст, ки гулбарги сафеду мобайнаш сиёҳ ва онро наргиси шаҳло мегўянд. Ва шоирон ин ибораро зиёд дўст медоранд. Ба ин ҷиҳато мо низ бояд аҳамият диҳем. Дарахтони қадбаланде мисли чинор ёдгориҳои меъмориро аз назари бинанда паноҳ мекунанд, ки хуб нест. Аз қадим дар Самарқанд ба дарахтони ороишӣ эътибор зиёд будааст. Дарахтони арғувонро (арғавон низ мегўянд) дар назди мазори файзосори Хоҷа Аҳрор дидаам. Ҳилолӣ гуфтааст:
Дар қабои арғавонӣ қадди он сарви равон,
Ҳаст чун нозукниҳоле аз дарахти арғавон.
Агар дарахти арғавонро дар майдони Регистон коранд, манзараи аҷибе ҳосил хоҳад шуд, ба сабаби он ки дарахт қади пасте дорад, ёдгориҳои меъмориро аз назари сайёҳон пинҳон нахоҳад кард.
Гулҳое дорем бо номҳои лирикии “Ошиқи печон”, “Мушку анбари Соро”, ки аз гулҳои печон аст ва метавонад ба Боғи шоирон накҳати хуше ворид кунад. Ба бузургтарин адибони Самарқанд, ки машҳури оламанду аз ҷониби илми адабиётшиносӣ, ҳамчун бузургони адаб эътироф гардидаанд, дар шаҳр муҷассамаҳо ҳастанд. Ба ин сабаб ба такрор дар Боғи шоирон муҷассамаи инҳоро гузоштан ифрот хоҳад буд.
Вале онҳо образҳое офариданд ҷаҳоншумул, ки мо бояд ба онҳо пайкараҳо гузорем. Ба мисли Фарҳоду Ширини Навоӣ, Лайлӣ ва Маҷнуни Ҷомӣ, Қори Ишкамбаи Айнӣ...
Яъне эҷоди Боғи шоирон нигоҳи тозаи шоирона ва эҷодкоронаро мехоҳад. Масалан гуфтем, ки ба Умари Хайём ҳайкал гузоштан лозим шуд. Чаро болои сараш токи ангур ва дар наздаш дўкони кулол набошад бо хумҳои бисёр?
Ё магар намеарзад, ки ба харсанге байти машҳури Рўдакӣ:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рўи дўстон.
ро ба забонҳои гуногун нависанд. Ин худ муҷассамаи ёдгорӣ хоҳад буд ба ин шеъри ҷовидона. Танҳо дар асри XX дар Самарқанд қариб сад нафар адиби касбӣ зиндагӣ кардааст.
Ҳама инҳоро дар Боғи шоирон натавон инъикос ё тасвир кард. Вале як рўйхати адибони классики соҳибдевон ва адибони касби асри бистумро дар лавҳаи мармарӣ сабт кардан нишони қадршиносии онон хоҳад буд.
Солҳои пеш дар майдони Регистон чойхонаи Навоӣ буд. Онро магар дар Боғи шоирон эҳё кардан мумкин нест? Ё магар гўшае барои қаҳвахонаи Хайём ҷудо кардан мушкил аст, то ки аз ин экзотикаи шарқӣ сайёҳони хориҷӣ зиёдтар баҳраманд шаванд ва аз даромади он хазинаи ҳукумати шаҳр бой шавад?
Дар ҳама китобҳои таърихӣ дар мавриде, ки аз Самарқанд сухан меравад, Самарқанди фирдавсмонанд гуфтаанд, яъне ба мисли ҷаннат пур аз гулбоғҳову обҳои равон гуфтан аст. Ва имрўз вазифаи муҳими мост, ки атрофи ёдгориҳои таърихӣ, ёде аз таърих дошта бошанд, дар иҳотаи гулу буттаҳо ва дарахтҳое қарор гиранд, ки замонҳои пеш буданд. Дур намеравему китоби “Самария”-и Абўтоҳирхоҷаи Самарқандиро варақ занем, хоҳем дид, ки кадом гулҳо ва дарахтон хоси Самарқанди таърихианд. Абўтоҳирхоҷа бисёр гулҳои хушбўю хушрўйи Самарқандро ном мебарад, аз ҷумла вард (садбарги сурх), настаран, насрин, арғувон, лолаи нўъмон, бунафшаҳои кабуду сурху сафед, намудҳои гули қашғарӣ, довудӣ, гули раъно, гули зебо, гули ҳиноӣ, гули бўстонафрўз, гули ошиқи печон, зулфи хубон, гули нофармон ва ғайра. Ҷое ки сухан аз рустании дорувори Самарқанд ҳарф мезанад, дар шаҳри Самарқанд челон ҳам ҳаст мегўянд. Дар кадом як таърихнома хонда будем, ки ҷаҳонгарде аз кадом кишвари дур ба Самарқанд омада дидааст, ки дар шаҳр дар гулгаштҳо аз рустаниҳое, ки деворча кардаанд, қайчи зада шаклҳои гуногуни ҷонваронро сохтаанд. Санъати ороиши чорбоғҳои шаҳрӣ ба ин дараҷае баланд будааст. Аммо ҳоло ба майдонҳои шаҳр назар кунед, мебинем, ки аз он мероси аҷдодии санъати боғбонию гулпарварӣ кам чизе боқӣ мондааст. Ин ҳама аз камҳавсалагӣ ва бедиққати мо ба маданияти боғдории миллӣ аст.
Ҳоло дар шаҳр теъдоди майдонҳое, ки газон ном доранду хоси шаҳрҳои аврупоӣ ё ғарбӣ аст, меафзояд. Газон ҳам даркор, вале дар ҷою мавкеи худаш, дар назди биноҳое, ки тарҳи меъмории аврупоӣ доранд ё атрофи ҳайкалҳои боғӣ. Дар газонҳои чорбоғҳои темурӣ асосан себарга мекоридаанд, ки як намуди юнучқа мебошад ва мисли алафҳои дигар даравидан лозим нест. Тарҳу шакли фаввораҳо ҳам бояд миллӣ бошанд. Солҳои истиқлол ҳайкалтарош Шаҳриёр Мухторов, ки пайкараи Рўдакӣ дар Самарқанд эҷоди ўст, барои фаввораҳои шаҳрӣ баъзе пайкараи духтарони кўза бар дастро офарид, ки гувоҳи эҷодкории ин ҳайкалтарош аст.
Дар лаби Ҳавзи сангини таърихии солҳои Хрушовӣ гўрондашудаи Самарқанд пайкараи сангини қурбоқа будааст, ки аз мавҷудияти он мўйсафедони гузари Боғи баланд ба ман нақл карда буданд. Яъне вақте ки мо оиди сохтмони фаввораҳои нави шаҳри таърихӣ ҳарф мезанем, бояд ба назар гирем, ки ин тавр анъанаи тасвири ҷонварони обӣ дар назди кўлу ҳавзҳо вуҷуд доштааст. Чаро дар байни фаввораҳо ҳайкали парии обӣ набошад, вақте ки дар асотири тоисломӣ фариштаи об, илоҳаи об вуҷуд дошт.
Ва ё ки агар дар Боғи шоирон ба қаҳрамонҳои Навоӣ Фарҳоду Ширин муҷассамае гузоранд, чаро ин ҷо ҷўи сангини пуробе, ки Фарҳод дар кўҳ кандааст бо шаршараҳои аҷиб набошад?
Муҳим он аст, ки агар мо ҳар коре, ки мекунем, ҳар чизе ки месозем, пеш аз ҳама мероси фарҳангиро пеши назар биёрем ва ҳар чизе ки арзишманд аст, барқарор кунем.
Вақте ки ин мақола ба поён мерасид, ба дасти камина китоби академик Аҳрор Мухторов “Санг ҳам дил дорад” (Душанбе, 1999) афтод. Донишманди номбурда навиштааст, ки соли 1511-12 вақти бори саввум Самарқандро тарк карданаш Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар харсанги чашмаи Озухаки деҳаи Оббурдони Масчоҳ байтҳои зерини Саъдиро дар санг ҳак намудааст:
Шунидам, ки Ҷамшеди фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар ба санге навишт:
“Бар ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд, чун чашм барҳам заданд.
Гирифтем олам ба мардию зўр,
Валекин набурдем бо худ ба гўр”
Ҳарарраҳу (яъне канд) Бобур, 917
Ба фикри академик Аҳрор Мухторов ин ягона ҳусни хатест, ки аз шоири бузург Бобур то ба имрўз расидааст. Агар нусхаеро аз он дар Боғи шоирон барқарор кунем, нисбати ин адиби бузург қадршиносии самарқандиён хоҳад буд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий