суббота, 19 апреля 2008 г.

НАРДБОНИ ХОҶА

(Хоҷа Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ)

Ҳикоя

“Эй ёри ҷаҳондида бигў, то зи киёнем?”

Ҳар бор бимонам сар, то хоб кунам як дам, ин сатр касе гўяд пурсанда, вале ғоиб. Ман ҳамагӣ посбон, посбону нигаҳбони мазору масҷиди кўҳна. Эй Хоҷа, куҷоӣ, магар дар самоӣ, аз ман ту чӣ хоҳӣ, аз як бепаноҳе?

“ Мо на хокему обему на оташу на обем, лек хўлаи пўлод дар дилҳо гудозем”

Эй Хоҷа, куҷоӣ? Магар танҳо садоӣ ?

“Мо ганҷи тилисмему саропо ҳама исмем”.

“Ба сират ҳама маънӣ, ба сурат ҳама ҷисмем”.

Ман одамаки хокӣ, дилбастаи покӣ, чанде бибўидам гулҳои сари қабрат. Акнун маро бигзор, як дам каме хобам, ки имрўз дилшикаста ва ранҷураму хаста.

“Эй мард, агар мардӣ, чаро дил додӣ ба бедардӣ?

Як бор зи худ мепурс, бо ҳақ ту чиҳо кардӣ?”

Эй Хоҷа, маро бигзор, мекунам илтимоси бисёр.

“Ҳарчанд ки мирем, яқин дон, ки намемирем.

Шоҳи ду ҷаҳонем дар он ҷо ки асирем”.

Эй Хоҷа, маро бигзор, шаб шуду пагоҳ – бозор. Ман бояд каме хобам, ки то кор кунам бисёр.

“Гар кор кунӣ бисёр, ту домани ҳақ нагзор, даст ба кору дил ба ёр, дил ба ёру даст ба кор!”

Эй Хоҷа, маро бигзор! Эй Хоҷа маро бигзор!

Посбон бо садои худ бедор шуд. Ў болои кати чўбин дароз кашида буд. Хесту нишаст ва ба ҷониби мақбараи хиштипухтагини Ҳоҷа нигоҳ кард. Болои он паррандаи сурхи нурафшоне менишаст. Парранда болҳои заррини худро ба ду тараф кушод ва баъд парвоз карда, болои зинаи баландтарини нардбони Хоҷа нишаст.

Нардбони Хоҷа, ки пойҳояш ба замин гўронида шуда буд, дар майдончаи назди мақбара ҳазор сол боз рост меистод ва касе ёд надорад, ки пояаш пўсида бошад. Ба он барфу борону боду офтоб асаре нагузоштааст.

Посбон хост, ки ин мурғи бахт ҳамин будагист, агар онро бидорад, ба мисли бобои моҳигир аз афсонаи машҳур ҳама талабашро иҷро мекунад.

Посбон ба сўи нардбон давида рафт ва пой ба зинаҳои он гузошта, боло баромад. Чӣ қадар ки боло мебаромад, дар қисми сари нардбон поймонакҳои нав пайдо шуда нардбон дарозтар мегардид ва мурғ парида боз болотар ба помонаки баландтарин менишаст. Посбон дар охир хаста шуд, мадораш намонд ва фаҳмид, ки мурғи бахташро ба даст оварда наметавонад. Он гоҳ ба ёдаш расид, ки ин нардбонро Хоҷа барои онҳое рост карда буд, ки ба ҳаҷ рафта наметавонистанд. Онҳо меомаданд ва ба нардбон мебаромаданд ва Каъбаро бо ҳама таҷаллӣ пеши рўи худ медиданд.

Азбаски баъди вафоти Хоҷа чанд касе, ки ба ин нардбон боло баромаданд, дар зинаи болоӣ нопадид шуданд ва дигар барнагаштанд, муфтӣ ба нардбон даст расонданро қатъиян манъ карда, барои он посбон гузошта буд.

Посбонро ба ёд расид, ки ў ба нардбони муқаддас “Бисмиллоҳ”нагуфта баромад, аз тарс арақи сард баровард. Ў ба он ҷонибе, ки одатан ба нардбон баромадагон менигаристанд, нигариста дўзахро мушоҳида кард. Сипас саросема поин шуд ва ба ҷои худ баргашта ба лаби кати хобаш нишаст.

Нардбон ба мисли чароғҳои неонӣ нурафшон шуда назаррабоӣ мекард ва кўтоҳ гашта ба шакли асл омада буд. Дар нўги он паррандаи сурхи зарринбол менишаст. Паррандаи зарринбол ба қавси моҳи нав мубаддал шуд.

Нардбон аз зери пойҳояш дуд бароварда, мушаквор ба осмон парид ва моҳи навро ба мадори худаш расонид.

Саҳар имоми масҷид аз ҷои худ ғайб задани нардбон огоҳӣ ёфт ва посбонро бисёр дашном дод ва сохтану ба ҷояш гузоштани нардбони навро фармуд.

Нардбони нав нардбони Хоҷа барин нашуд. Пойҳояш мепўсанд ва онро дар ду-се сол иваз карда меистанд.

Посбони мазор бошад, мисли пешина шабҳо доим хоб мекунад ва орзу дорад, ки як бор Хоҷа дар хоб ё бедорӣ бо овози хуши худ бипурсад:

— Эй мард, агар мардӣ, чаро дил додӣ ба бедардӣ?

Як бор зи худ мепурс, бо Ҳақ ту чиҳо кардӣ.

Комментариев нет: