суббота, 19 апреля 2008 г.

МЎР ВА ПУФФАК

Афсона

Баҳор омад. Барфҳо об шуданд. Офтоби баҳор заминро гарм кард. Сабза дамид. Мўрҳо гармиро ҳис карда, аз хонаҳояшон баромаданд. Мўри сиёҳи калоне низ аз хонааш баромад. Ба пушташ гармии офтоб расид. Мўр хушҳол гардид ва хамёза кашид.

Пуфаки гулобиранги бачаеро шамол рабуда буд. Ин Пуффак баъди бисёр дар ҳаво парвоз кардан бо истодани шамол ба замин фуромад. Фуромаду Мўри сиёҳро нописандона тела дода монд.

— Бин, ман чӣ хел калон! – гуфт бо ғурур Пуффак, ки ба калаи фарбеҳаки бачаи сурхинарў монанд буд.

Мўри сиёҳ дар ҷавоб гуфт:

Эй, тулум! Калон бошӣ ҳам, исту бистат – бод! Аз дастат ягон кор намебиёд.

Пуффак гуфт:

Эй симиёни скелет! Ту барин дона кашонда, доимо бо бинӣ заминро хат кашида намегардам! Ман парвоз карда метавонам. Аз ресмонам бигирӣ, туро ҳам дар осмон сайр мекунонам.

Дар дили Мўр ҳаваси парвоз пайдо шуд.

— Майлаш, мана доштам ресмонатро, парвоз кун, – гуфт Мўр.

Пуффак гуфт.

— Якта аз тагам зарба зан!

Мўр барои бо пой задан ҳаракат карданӣ буд, ки шамоли хобида хесту Пуффак ва Мўрро бо ресмони он ба осмон бардошт. Шамоли ҳарҷогарди бепарво онҳоро бо суръати тез бардошта бурдан гирифт. Ба Мўр парвоз мефорид. Аммо ба замин нигаристу ба дилаш воҳима даромад. Онҳо ба канори ватани мўрон, ки ҷўи калон аст, қариб расиданд. Агар аз болои ин ҷуй, ки ба забони мўрон Уқёнуси Калон ном дорад, парида гузаранд, чӣ мешавад? Эҳтимол, Мўр ҳаргиз аз ин ҷуй ба ақиб гузашта, ба ватанаш омада натавонад.

Дили Мўр ба Ватан сўхт ва ў ба Пуффак амр дод:

— Тулум, тез поин фуро,вагарна шикамата мекафонам!

— Наметавонам! – гуфт Пуффаки мағрур, ки барои вай Ватан куҷост фарқ надошт.

— Боди дарунатро камтар ба берун барорӣ, поин мефуроӣ! – гуфт Мўр.

— Бодамро сар диҳам, майда мешавам! Ман майда шудан намехоҳам! – гуфт Пуффак ва парвозро давом дод.

Мўр боз як бор ба поин, ба замин нигоҳ карда, ба ватанаш дилаш сўхт ва бо ғазаб ду дандони ханҷар барин тези пеши худро ба шиками Пуффак фурў хаст.

— Уфф-пуфф... Ту маро сўрох кардӣ! – гуфт Пуффак ва хурд шуда, поин фуромада , рўи сабза нишаст. Пуффак дар як лаҳза ба халтачаи холии резинӣ табдил ёфт. Баъди тамоман аз бод холӣ шудан ў наметавонист ҳатто садое барорад.

— Акнун туро шамол ба ҳар тараф намебарад, – гуфт Мўр ва ба тарафи хонаи худ равон шуд.

Комментариев нет: