суббота, 25 августа 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 31


Мурд, рӯша бурд.
Дар бораи ҳокимони золим, ки баъди мурданашон мардуми озордида суханҳои сахти пеш гуфта натавонистаашонро мегӯяянд.

Чапан.
Ба забони самаркандиён чапан касест, ки чарм дар рӯй дораду аз кашида гирифтани пулу моли касе шарм намедорад. Ҳамин хислати чапанӣ дар байни зиёиён низ дучор мешавад. Як профессори марҳум ба камина рӯи рост шарм надошта худро чапан гуфта буд. Ё худ баъди обед бойшудаҳо низ чапананд.

Худо кама тияд ҳам ғама натияд.
Дар мавриде мегӯянд, ки мушкилоти пулию молӣ пеш ояду ноилоҷ монанд.


Мушк он ки  худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд.
Шиори аз рекламаҳои телевизион дилбазаншудагон, ки рӯзе ба намоиш хоҳанд баромад.

Ҳавоя меларзонад.
Дар бораи касе мегӯянд, ки суханҳои баландпарвоз мегӯяд, масалан дар бораи дӯстиву бародарӣ, аммо барои он ягон кори  амалӣ намекунад.

Заргар оҳангар шуд.
Дар бораи касе мегӯянд, ки дар илму ҳунар мартабаи баланд дораду барои пул ё шӯҳрат ба кори пасттаре мегузарад.

Гесаша овард.
Ин калимаи гес неругоҳи обии барқӣ – ГЭС нест. Дар мавриде мегӯянд, ки масалан сароянда ба ҳама қоидаҳои мақомхонӣ риоя кунад.

Бурҷаш соли Хар. Дар соли Хар зоида шудагӣ.
Ҳама медонанд, ки ба номи Хар бурҷе нест. Дар бораи сарояндае мегӯянд, ки дар нолааш дард нест, аммо овозаш баланду форам аст.

Гунг ҳам меғунгад.
Масалан мегӯянд: «Дар ин ҳоли нохуш ҳатто гунг ҳам меғунгад».

Хӯрок хӯрӣ катта шавӣ, агар нахӯрӣ латта шавӣ.
Модарон ба хурдтаракони инҷиқи нохӯрам мегӯянд. Катта калимаи тоҷикӣ буда масалан  дар ин дубайтӣ омадааст:
Латта дар об латтатар аст,
Нахӯд аз мош каттатар аст.
Дар Самарқанд гурба ях нахӯрад,
Дар Бухоро хурӯс мурғи нар аст.

Хӯру мур.
Аз ҳад зиёд пурхӯрӣ кардан.

Боимҷон арзон, вале харҷаке дорад.
Ин харҷак равҷғани дунба аст ва нархи он аз боимҷон бист маротиба гаронтар аст.

Мазори беоқибат.
Дар бораи мансабдор ва сарватманде мегӯянд, ки ба касе ёрдам намекунад. Тахмин ба он маъност, ки мазор ба ғайр аз таъсири рӯҳии манфӣ ба касе манфиат наовардааст.

Маймун зоид.
Дар вақти борон, агар офтоб барояд, чунин мегӯянд.


Комментариев нет: