воскресенье, 30 сентября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 35


Дил, ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст,
Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.
Дил аз шиша ҳам нозуктар аст, ба ҳамин сабаб мо бояд суханҳоеро, ки ба дили каси дигар сахт мерасад, ҳафт бор андешида баъд бояд гӯем.

Аз паси ду харгӯш давӣ, яктеша ҳам дошта наметавонӣ.

Дар ду курсӣ нишастанӣ бошӣ бутат медарад.
Ҳар ду ба як маъност.

Беруни бало будана даруни бало бошӣ беҳтар (аст).
Аммо на дар ҳар як маврид. Масалан ибораи «Сиёсат – зани ҷалаб» низ машҳур аст дар Самарқанд. Дар замони шӯравӣ гапи сарварони коммунист бо корашон мувофиқат намекард.


Зани ёшу (ҷавону) шӯи пир,
Сават мону чӯҷа гир.

Тоҷик пулдор шавад, иморат мекунад, турк болои зан зан мегирад.
Ҳамин хел ақида ҳаст, гарчанд аксари туркнажодон дузана нестанд.
Дузанагӣ хоси миллати тоҷик нест. Гарчанд, ки дар давлати исломии Эрон ба чор зан гирифтан қонун иҷозат додааст, ягон нафар марди дузана нест.
Варианти дигар низ дорад: Тоҷик пулдор шавад хона обод мекунад, турк занҳоро зиёд мекунад.

Зана (яъне завҷая) зӯраш, марда (шавҳара) шӯраш.
Аммо бештар «Занака зӯраш мардака шӯраш» мегӯянд. Яъне дар масъалаи оиладорӣ набояд завҷа аз шавҳар бартарӣ пайдо кунад. Занҳо ба шавҳарҳо бо номи писари калонӣ ё «дадеш» гӯён муроҷиат мекунанд. Агар номи шавҳарро гиранд, маънои баробарӣ пайдо мекунад, ки тибқи таомул ҷоиз нест. Ҷомеаи мардсолории мусулмонӣ қонунҳои худро дорад.

Ба оши тайёр-баковул.
Сардори ошпазҳо хонсолорро баковул мегӯянд. Яъне ош напухта соҳиби мансаби хонсолорӣ гардидааст. Киноя ба мансабдороне, ки муфт соҳиби вазифа шудаанд.

Як падар ҳафт писара поида (сер карда) метонад, ҳафт писар як падара поида наметонад.
Зеро писарҳо бо ташвиши рӯзгори оилаи худ шуда, баъзан падарро фаромӯш мекунанд.

Гарчи бе аҷал нахоҳӣ мурд,
Ту нарав ба даҳони аждарҳо.
Яъне дар ҳама ҳолат инсон набояд ҷони худро дар хатар гузорад.

Дарахти дӯстӣ биншон, ки ганҷи беканор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор  орад.

Эҳтиёт – ними ҳаёт.

Бе пир марав дарбимонӣ,
Гарчанд Искандари замонӣ.

Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.

Гар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад пур аз бехирад рӯзгор.

Давидани гӯсола то каҳдон.
Дар замони муосир бо баҳонаи душвории иқтисодӣ бисёр ҷавонон ба ҷои илму ҳунар омӯхтан ба шаҳрҳои дур ба мардикорӣ мераванд. Сипас бе илму ҳунар монда «чёрно рабочий» яъне коргари корҳои чиркину вазнин мешаванд. Ин пешравӣ не, балки оқибравист.
Дар ин маврид мегӯянд: Давидани гӯсола то каҳдон. Яъне гӯсола танҳо барои пур кардани шиками худ метозад.
Ҷавонони доно дар ҳамон мардикориву мусофирӣ низ ба илму ҳунар омӯхтан вақт пайдо карда метавонанд.


Комментариев нет: