вторник, 11 сентября 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 33


Бе амри он султони бахт,
Барге наафтад аз дарахт.
Фикри омиёна аст, гӯё ҳама рӯйдод бо хости худо ва амри ӯ иҷро мешавад. Ҳол он ки тибқи улуми динӣ худо ба бандагон ҷузъи ихтиёр додааст ва корҳои савобу гуноҳи онон ба амри худо вобаста нест.

Ҳар чизе ки дар вайронаҳо дидӣ, дар ободиҳо нагӯй.
Замоне дар радиои Тоҷикистон кор мекардам ва маро ба Институти такмили ихтисоси соҳа, ки дар Маскав буд, ба таҳсил фиристоданд.
Таҷрибаомӯзӣ дар Радиои Умумииттифоқ буд ва камина фаҳмидам, ки ҳаҷми кори коргарони он нисбат ба муҳаррирони радиоҳои республикаҳои дигар даҳ маротиба камтар, аммо моҳонаашон сад фоиз зиёдтар аст будааст. Дар Ленинград ҳам ҳамин тавр. Азбаски дар замони шӯравӣ оиди адолати иҷтимоӣ, бародарию баробари бисёр ҳарф мезаданд ба ман алам мекард ва боре дар як летучка оиди ин беадолатӣ сухан кардам. Баъди маҷлис муовини раиси кумитаи радио ва телевизион роҳбари радио Мерган Султонов маро боздошт ва гуфт: - Ҳар чизе ки дар вайронаҳо дидӣ, дар ободиҳо магӯй.
Чаро мумкин набудааст?
Дасту дили мардум аз кор хунук мешавад.
Аз усто Амриддин шунидам, ки ин мақол дар байни устоҳои Самарқанд машҳур будааст, яъне агар усто дар хонаи ягон кас кор кунад, оиди он хонавода дар ягон ҷой набояд сухан гӯянд.


Болои яхба нависта мон.
Ба тариқи шӯхӣ мегӯянд, ба он маъно, ки ҳақи ягон хизмат ё молро доданӣ не. Чун ях дар гармӣ об шуда сабти қарз гум мегардад.

Худаш шоҳу табъаш вазир.
Ҳокимону сардорони аз худ рафта.

Дар тобистон борон боридана морон борад (беҳтар аст).
Чун борон дар тобистон ба зироат зиёни зиёд мерасонад.

Аз хирмани холӣ сад  ман шолӣ.
Дурӯғ дар корҳо, изофанависӣ, маълумоти сохтаи статистикӣ…

Хишт аз қолиб хест.
Дар бобати хатое, ки ислоҳаш душвор аст.

Дод гӯм мезанад, дод нагӯм, деги мачита мебаранд (яъне дуздон).
Ин додгӯяку доднагӯяк – журналист.

Ғалча.
Дар Самарқанд кӯҳистониро ғалча мегӯянд. Ғал ба маънои кӯҳ ва «ча» ба ҷои часпаки «ӣ». Номи як қатор деҳаҳои кӯҳистони Самарқанд бо «ғал» сохта шуда бо гузашти замон ин «ғал» бо «қул» иваз шудааст, ки дар таърихи забон як ҳодисаи табиӣ ҳисоб меравад. Ҳамин тавр Миронқул дар асл Миронғул, Чунгул дар асл Чунғул, Игриқул дар асл Игириғул ва Теппақул Теппағул аст.

Ҷиннибозор.
Бозори фурӯши яклухти маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳаи Дашти Сӯхтаи ноҳияи Самарқанд. Ба он сабаб ҷиннибозор яъне бозори девона гуфтаанд, ки соати кории он аз як маҳали шаб ба маҳали дигари он доим мекӯчид.

Шайтонхона.
Дар китобҳои таърихӣ номи ин  гузар Шаҳидонхона аст. Онро дар замони шӯравӣ Карасинка, сипас Усмон Юсупов ва ҳоло Бунёдкор мегӯянд.

Хараш аз об гузашт.
Дар бораи касе мегӯянд, ки баъди буд шудани кораш, ба шахси ба ӯ ёрӣ дода эътиборе намедиҳад.

Тӯятба ғалбер кати об мекашонам.
Ба бача коре фармоянду иҷро кунад, ба тариқи ҳазл баъзан чунин мегӯянд.

Май бинӯш, мазҳаб бисӯзу оташ андар Каъба зан,
Сокини бутхона бошу мардумозорӣ макун.
Байти машҳурест, ки самарқандиён зиёд такрор мекунанд. Ба ҷои мазҳаб дар асл масҳаф будагист, яъне Қуръон.

Беадабро ҳар куҷо бинӣ (ёбӣ) бикӯб,
Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб.
Фикри омиёна аст дар бораи тарбия. Ба мушоҳидаи донишмандон дуздӣ дар майдоне, ки дасти дуздро мебуранд, зиёдтар аст нисбат ба дигар ҷойҳои серодам.
Яъне тарбия кори донишмандона аст.

Замин накафид, ки даром.
Яъне аз ҳад зиёд шарм дошт.

Пагоҳ худо подшо (аст).
Ва ин тавр низ мегӯянд: Худованди карим имрӯзеша додаст.

Нон дар нондон, калидаш дар осмон.
Яъне муаммои ҳалнопазир.

Нон гуфта кулӯха газид.
Яъне хатои ахмақона кард.

Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар.
Зеро ҳамсоя зуд ба кӯмакат мерасад.

Аз ту ситораи осмон наздиктар.
Ба тариқи гила ба дӯстони бемеҳр мегӯянд.

Ба гузашта салавот.
Яъне гузаштаро нафрин накарда пеш рафтан гир.

Ба ҷои нобоб келин шудана бешӯ монад беҳтар.
Вақте  ки ба духтар хостгорҳо меоянд, тарафи духтар (яъне хешони наздик) ба гузари домодшаванда рафта оид ба ӯ маълумот мегиранд. Ва агар домодшаванда нобоб бошад, ба падару модари духтар чунин мегӯянд.

Комментариев нет: