четверг, 8 февраля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён -9

Зани ёшу (ҷавону) шӯйи пир,
Сабат мону чӯҷа гир.

Чирчиракҳои зери тобут. Ҳамин чӯҷаҳо (кӯдакон).

Бо ту буданам мушкил, бе ту буданам мушкил (зан).

Аз борон гурехта ба лойдон афтид. Аз коре гурехта ба бадтар аз он дучор шудан.

Марда мард мекардагӣ ҳам зан, номард мекардагӣ ҳам зан.


Як гап сесаду шаст паҳлу дорад. Яъне аввал фикр карда баъд гап зан.

Аввал андеша баъд гуфтор,
Аввал пойбаст (таҳкурсӣ) омадаст, баъд девор.

Зоғ хиромон қадам мондани кабкро ёд мегирам гуфта қадам мондани худашро гум кардас. Дар бораи тақлидкории касе мегӯянд.

Устухон бӯй дорад. Вақте ки хешон ҳамдигарро нодида шинохтанд, чунин гӯянд.

Ризқи бандаҳо меояд аз ҳақ,
Ғами беҳуда мехӯрад аҳмақ.
Ҳақ яъне худо. Аз банда ҳаракат, аз худо – баракат. Албатта худоро раззоқ яъне ризқдиҳанда мегӯянд, аммо то банда меҳнат накунад, ба мақсад намерасад.

 Ба ду тараф дойра мезанад. Дар бораи одамони дурӯя, ки ҳам ба душману ҳам ба дӯст муносибати хуб мекунанд.

Забони мурғонро мурғон медонанд. Агар касе ба каси дигар мувофиқат кунад, мегӯянд.

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шаванд то як писар мисли падар гардад.
Оиди душворию мушкилии тарбияи фарзандон гуфтаанд.

Мардӣ набувад фитодаро пой занад,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Фитода ба маънои камбағалу бекор омадааст, яъне навдавлатон агар ба ӯ кӯмак накунанд, номардӣ ҳисоб мешавад.

Як майиза (мавизро) чил кас хӯрдас. Ягон ғизои камро тақсим карда бо дигарон ба ҳам  бинанд, чунин мегӯянд.

Банди эзорашон суст. Дар бораи бонувони ҷойҳое мегӯянд, ки сабукпоҳо зиёд доранд. Аз онҳо арӯс интихоб кардан расм нест. Базан мешавад, аммо байни ошиқон.

Об дар замини сахт меистад. Оиди сарвати сарватмандон мегӯянд.

Мумсик гар аз пули худ нон шиканад,
Шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад.

Корда аввал худат-ба зан, дард накунад (баъд) ба дигарон зан.

Кори девонаҳо – таваккалӣ. Таваккалӣ ба маънои тахминӣ. Маънои таваккал умед ба худо буда як корро тахминан кардан мегиранд, натиҷа медиҳад ё не.

Гул он аст, ки худ бибӯяд,
На ин ки касе бигӯяд.
Яъне барои ташвиқу тарғиби чизи нағз ҳоҷат ба реклама нест.

Лаб гуфт омад, даҳон гуфт даромад, шикам гуфт он чӣ буд, ки ба поён нафуромад. Оид ба ғизои ночиз мегӯянд.


Комментариев нет: