суббота, 17 февраля 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 11

Ба як пул намеарзад. Ба як пул намегирам. Ба як тини сиёҳ намеарзад. Инҳоро дар мавриди ба нокас баҳо додан мегӯянд.

Ба як пули пучак намеарзад. Низ мегӯянд. Тахмин пули пучак ба маънои пули қалбакӣ омадааст.

Ҳама ош-ба қаттиқ. Қаттиқ калимаи ӯзбекӣ буда мости зардобаш гирифтаро гӯянд. Ин мақол оиди касе, ки ба ҳама кор бинӣ мехалонад.

То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст.

Решеш об-ба. Яъне захира ҳаст.


Аз нон рӯй намегардонанд. Яъне, агар касе нон диҳад, рад намекунанд. Ин одати хоси мардумист.

Сари калобаро гум кард. Ресмони калоба борик бошаду ба калоба часпида истад, сари онро ёфта ресмон гирифтан муаммо мешавад. Дар бораи касе гӯянд, ки корро аз чӣ сар кунад намедонад.

Зани хуби бофаросати порсо,
Кунад марди камбағала подшо.
Ин зарбулмасал аз ин байти Саъдӣ ҳосил шудааст:
Зани хуби фармонбори порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Порсо ба маънои покиза, хушахлоқ, доно, худотарс ва форс яъне тоҷик омадааст.

Ба ин маъно Фирдавсӣ гуфтааст:
Ба гетӣ ба ҷуз порсо зан маҷӯй,
Зани бадкуниш хорӣ орад ба рӯй.
Дар байни тоҷикон Ӯзбек, Қазоқ, Туркман барин номҳоро дучор мешавед. Аммо дар Осиёи Марказӣ номи ягон кас тоҷик нест. Ба ин сабаб, ки порсо ба тоҷик ҳаммаъно аст.

Зана зан, намурад табар кати зан. Ин гап ба замонҳои феодалӣ тааллуқ дошта дар замони шӯравӣ бо баробарии ҳуқуқи зану мард кӯҳна шуд. Имрӯз агар ягон мард ин ҳарфҳоро ба забон орад, эҳтимол дар хона аз зани худ шаллоқ мехӯрад.

Рӯзат ойликба (моҳонаба) монад. Дуои бади яҳудиёни Самарқанд. Яъне ба маънои рӯзғорат танҳо бо моҳонаи ками замони шӯравӣ монад. Ин моҳонаҳо барои талаботи хонавода нокифоя буданд, аммо аксарият ба он одат карда буданд.

Ҷин занад.
Арвоҳ занад. Дуоҳои бади Самарқандиён, ки таъсире надорад, чун то ҳол касеро на ҷин задааст на арвоҳ. Самарқандиён калимаи арвоҳро ба маънои рӯҳ истифода мекунанд.

Самарқандӣ, агар чапан ва авбош бошад, ин хел дашном мекунад: Ҳе ту барин косиба фалон кунам!
Ҳеҷ гоҳ туро фалон кунам намегӯяд, «ту барин» мегӯяд.

Меҳмон аз дар дарояд, ризқаш аз дарича мебиёд.

Ҳунар аз молу мероси падар беҳ.

Бузак намур, ки баҳор мешавад. Вақте ваъдаи иҷрояш номуайяннро шунаванд, чунин мегуянд.

Шайха ҳунараш набошад, хонақоро танг мегӯяд.

Таги коса – нимкоса. Вақте ки гапҳои тагдорро шунаванд, чунин мегӯянд.

 Шутура ба кафлес об намедиҳанд.

Чумчука (гунҷишка) кӣ кушад? Қассоб! Яъне ҳар як корро аҳли ҳамон касб бояд кунад.

Харҷи мумсик – дучанд.

Моргазида аз ресмони ало метарсад.

Об аз хурду нон аз калон. Обро аввал ба бача барои нӯшидан медиҳанд, баъд калонсол менӯшад. Нонро бошад калонсол бояд пора карда рӯи дастархон монад. Чунки нонҳое ҳастанд, ки ба пора кардани он зӯри бача намерасад.

Пул – чирки даст. Боз илова мекунанд: шустӣ меравад. Яъне ба пул дил набанд.

Дасти худро кор фармою миннати нокас накаш.

Аз дин буроиям аз халқ набуро.

Гоҳ ғамзаю усул гоҳ худою расул.

Пурсидана айбаш нест.

Муша ҷонканӣ, гурбая бозӣ.

Хӯрдан чу наҳанг, кор кардан чу бузи ланг.

То риш набарорӣ ба кӯса наханд.

Қассоб бисёр шавад, мол ҳаром мемурад. Яъне барои куштан  ё накуштани чорвои бемор баҳс мекунанду мол  ҳаром мемурад.

Шиштагӣ – бӯйро,
Гаштаги – дарё.
Яъне касе, ки дар як ҷо нанишаста ҷустуҷӯ мекунад, ҳам кор меёбаду ҳам пул.

Дидадаро шав, ба дида ҷо шав. Одами дилёбу хушсуханро ҳама дӯст медоранд.

Гумон аз имон  ҷудо мекунад. Яъне беасос аз одамон гумони бад накун.

Сахӣ дар ҳарду олам сарбаланд аст,
Бахилро даст кӯтоҳ, гӯр танг аст.

Интизорӣ – бадтар аз марг.

Бори каҷ ба манзил намерасад. Боре, ки болои маркаб каҷ мегузоранд, ба манзил нарасида дар роҳ меафтад. Ба маънои он ки амали нохуб чунин натиҷа хоҳад дод.

Аз бекор ҳама безор.

Гапи аз даҳон баромада – тири аз камон парида.

Даст ҷунбад - даҳон меҷунбад.

Хӯрданба нон несту пушти ҳавлиаш – қӯшатанӯр.

Як бому ду ҳаво. Дар мавриди духелагии фикру кор мегӯянд.

Ҳар буттаба алав афад, танҳо худаш месӯзад. Каси ба бало гирифторшуда худаш месӯзад.

Сафедори баланд зуд табар мехӯрад. Ба маънои ин қадар фукатро ба осмон накун, ки пеш аз ҳама дар сафедорзор сафедорҳои баландро мебуранд.

Дунё ба дасти нокасон бозӣ шуд,
Гӯсола раису модагов қозӣ шуд.
Зарбулмасали хеле кӯҳна. Аммо баъзан касе мансаб гирад, ки сазовори он набошад, инро ба ёд меоранд.

Агар бисёрфарзандӣ, ба онҳо шавӣ бандӣ.

Ҳазор дӯст кам, як душман – бисёр.

Биниро ганда гуфта бурида партофта наметонӣ. Яъне аз хоҳару додарат рӯй тофта наметонӣ.

Бача лою – оча кулол. Яъне оча чӣ хел тарбия кунад, бача ҳамон хел мешавад.

Усул ба дасти нақорчӣ. Яъне рақс ба зарбҳои нақора вобастагӣ дорад. Дар боби роҳбари ягон кор мегӯянд.

Аз шукр шакар зиёда гардад,
Ношукр зи хар пиёда гардад.

Дӯстон оинаи якдигаранд.

Ин лойи хушк ба девори мо намечаспад. Оиди тӯҳмати касе мегӯянд.

Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Яъне бо як тир ду нишон.

Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад. Яъне ҳар гапро дар ҳама ҷо гуфта намешавад.

Ваъдаат хушку холӣ,
Чӣ ин қадар меболӣ?

Аз нек боғ мемонад,
Аз бад – доғ.
Дар деҳаи Боғитиллои Самарқанд боғҳои худоӣ буданд, ки соҳибонашон пеш аз ҳаҷ рафтан ба аҳли деҳа тӯҳфа карда рафтаанд.

Он кас ки надонад, надонад, ки надонад.

Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.

Аспи дав тез аз пой мемонад. Яъне ҳар корро бо як маром бе шитоб бояд анҷом дод.

Ёри бад бадтар бувад аз мори бад.

Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро ба дилаш андохтанд.
Яъне ҳар кас ба ягон кор қобилият дорад.

Ҳунар аз дониш,
Дониш аз хониш.
Яъне донишро танҳо аз китобхонӣ ҳосил мекунӣ.

Ҳалвоя Ҳаким хӯрад, калтака ятим.
Зарбулмасали кӯҳна, чун имрӯз ятим-бачаи бепарастор нест. Аамо дар мавриде, ки як кас кори нодурусте кунаду каси дигарро ноҳақ ҷазо диҳад, ин зарбурмасалро ба ёд меоранд.

Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Яъне аз гапфурӯшӣ фоида нест, амал кардан беҳтар аст.

Якеро сад магӯй, садро яке гӯй.

Равғани чароғаш тамом шуд.  Яъне умраш ба охир расид.

Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад. Дар вақти дучор шудан бо шиносҳои дерин, ки дар шаҳрҳои дур зиндагӣ мекунанд, мегӯянд.

Як дари бастаю сад дари кушода. Дар вақти ҷавоби рад гирифтан (масалан дар хостгорӣ) мегӯянд.

Хара таъриф (ситоиш) кунӣ, худаша ҷар-ба мепартод. Яъне ба  хар таъриф намефорад. Вай ба халачӯб одат кардааст. Хар аз харигариаш намемонад. Дар бораи касе мегӯянд, ки чунин феълу хӯй дорад.

Авсун ба авсун санг мепаронад.

Гӯсфанд як бор аз ҷӯй парида гузараду дунбааш боло шуда ҷои номаҳрамаш намоён шавад, буз хандидааст. Яъне одатан буз доим думашро боло карда мегардад. Ишора ба одаме, ки айби худро намедонаду ба дигарон механдад. Мақоли ба ин монанд: Бе эзор ба остиндарида хандидааст.

Ба ҳар ҷое, ки хоҳӣ даршуданро,
Нигоҳ кун роҳи берун омаданро.
Яъне ба ҳар ҷой аввал андеша карда баъд пой гузор.


Комментариев нет: