Як донишманди ӯзбек, ки дар ИМА дар як донишгоҳ кор карда
будааст, аз телевизиони «Ӯзбекистон» чунин гуфт: Ман дар Амрико бо ректори
донишгоҳ ҳамсӯҳбат шуда будам. Ҳамагӣ як писар дорам, гуфт ӯ. Пурсидам, ки
мехонад ё кор мекунад? Ректор гуфт, ки мошин мешӯяд.
- Ҷаро ба донишгоҳи худатон надаровардед?
- Донишаш кофӣ нест,- гуфтааст ректор.
- Ин хел мошин шустан гирад, ояндааш чӣ мешавад?-
гуфтааст донишманди ӯзбек.
- Ин хел одам ба
донишгоҳ қабул гардад, ояндаи Америка чӣ мешавад?- гуфтааст ректор.
Акнун дар бораи онҳое, ки дониши кофӣ доранду ба курси
якуми мактаби олии Амрико дохил мешаванд. Доктор Мясников, ки барномаи
саломатии РТР-ро мебарад, гуфт, ки аз чорсад нафар ба курси якуми донишкадаи
тиббии Амрико дохилшудагон даҳ фоизи онҳо яъне чил нафар қобилиятноктари онҳо
диплом мегиранд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий