Чанд сол пеш ҳини сафарам ба Эрон пай бурдам, ки муштаракоти зиёдеро байни зиндагии мардуми Эрон ва Осиёи Маркази метавон пайдо кард.
Дар шаҳрҳои Эрон ҳар чое, ки барои ғизохўри менишастем, ходими ресторан аввал сатилчаи ях оварда болои миз мегузошт. Аз вазирони сомони муаррих Чайҳони навиштааст, ки дар Самарқанд корвонсарой, гузар, кўчаву хиёбоне нест, ки оби нўшокиро бо ях надиҳанд. Ва ҳамаи ин бепул будааст. Чайҳони ду ҳазор донаи чунин хумҳоро шумурдааст. Аммо дар ин сафар ман ях истеъмол карда наметавонистам бар асари сармохўрдаги. Вақте ки дар Исфаҳон ба ошхонае ворид шудему сари миз нишастем, пеш аз ҳама хидматгор ду сатилча яхро оварда болои миз гузошт. Байте аз шуарои классик ба ёдам расид, хондам:
Дар Самарқанд гурба ях нахўрад,
Дар Бухоро хурўс мурғи нар аст.
Ронандаи такси, ки моро ҳамроҳи мекард, гуфт:
Араб дар биёбон малах мехўрад,
Саги исфаҳони ях мехўрад.
Дар Самарқанд яххўри имрўзҳо ранги дигар гирифтааст. Дар кўчаҳо яхро тарошида болояш шинии тут ё ангур рехта мефурўшанд, ки номи он «роҳати чон» аст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий