Вақте ки дар бораи замони зиндагии наққоши бузурги Самарқанд Муҳаммадмуроди Самарқанди маводе чустучў мекардам..., ба китоби устод Айни “Восифи ва хулосаи “Бадоеъ-ул-вақоеъ” мурочиат намудам. Чашмам ба сатре афтод, ки устод Айни навиштааст: “Соли таваллуди Восифи дар чое қайд нашудааст. Аммо ў ба муносибати нақли кушта шудани Мўъминмирзо 11-сола будааст, яъне соли таваллудаш 890-и ҳичри баробар бо 1485-и мелоди.
Зайниддин Маҳмуди Восифи дар Ҳирот дар оилаи Абдучалил ном шахси илмдўст ва соҳибмансаб таваллуд шуда, дар муҳити адабие, ки Мир Алишер Навои ва устоди ў Мавлоно Чоми дар Ҳирот ба вучуд оварда буданд, ба воя расидааст. Амир Муҳаммад ном ҳамзамони Восифи дар бораи ў гуфтааст: Восифи дар чанд кор ягонаи замон ва бемонанд аст; якум, ў қувваи сарпанчае дорад, дар Хуросон ҳеч забардасте бар вай зафар наёфта ва панчаи ўро натофта; дуввум, қувваи рафтор (пиёдагарди) ва равандагии ў ба дарачаест, ки аз Машҳад то Ҳирот, ки 65 фарсанг (
Сипас, ҳунари тезнависи ва даҳ рўз ба гуруснаги тобовар будани ў васф шуда дар охир таъкид шудааст, ки панчоҳ-шаст байт қасидаи устодони назмро дар як шаб чавоб гуфта метавонад.
Восифи дар дарбори Ҳусайн Бойқаро ҳам котиби кардаасту ҳам муаллими. Баъди вафоти Мавлоно Абдураҳмони Чоми ва Мир Алишери Навои аҳли илму адаби Ҳирот бе такягоҳ ва сарпараст монданд. Бо вафоти Ҳусайн Бойқаро инқирози сиёсиву фарҳанги ниҳоят тоқатфарсо шуд. Соли 1508 Шайбонихон Ҳиротро ишғол намуд.
Андар балои азим падид ояд,
Фазли бузургмардию солори
гуфтааст шоир. Восифи ҳамчун муаллими поквичдон дар гурезонда пинҳон кардани шогирдони худ – шоҳзодаҳо фаъол иштирок мекунад, чони худро чандин бор зери хатар мегузорад. Вақте ки амалдорони Шайбонихон аз ин амалҳои Восифи хабар меёбанд, Восифи бо аҳли хонавода ба саҳро мегурезад ва пинҳон зиндаги мекунад. Восифи дар замони ҳучуми шоҳ Исмоили Сафави ба Хуросон ҳамчун як нафар шоир ва воизи машҳури суннимазҳаб дучори таъқиби террорчиёни сафави мешавад ва ба Эрон мегурезад, ки дар шаҳрҳои он пинҳони зиндаги кунад, аммо як ҳамроҳи суннимазҳаби ў дар Машҳад ба даст меафтад ва зиндони мешавад. Восифи барои халос кардани ў аз зиндон талоши зиёде ба харч дода, қарор медиҳад, ки боз ба зодгоҳаш Ҳирот баргардад. Аммо дар Ҳирот пинҳони зиндаги кардан ба дилаш зад. Ҳар рўз хабари кушта шудани ин ё он шоиру олими суннимазҳаб ба гўш мерасид. Восифи қарор медиҳад, ки роҳи Самарқандро пеш гирад, зеро дар Мовароуннаҳр низои хунини байни сунниву шиа ҳанўз рух надода буд, савдогароне, ки аз Самарқанд ба Ҳирот мерафтанд, мегуфтанд, ки айшу нўше, ки аҳли илму адаб дар Самарқанд дорад, ҳатто дар биҳишт нест. Дари шаробхонаҳо дар гузари Пули Сафеди Самарқанд доим боз аст, овози танбўрро бо қулқули резиши шароб чўр мекунанд. (Ҳоло аз Пули Сафеди мармарии болои чўи Новадон чизе боқи намонда бошад ҳам, дар чои қадими шаробхонаҳо арақзаводи “Зарафшон” буд, ачаб тасодуфе!) Аммо аз Ҳирот то Самарқанд роҳ дур ва пурхатар буд. Дар ҳама чо чосусони сафави амал мекарданд ва агар фаҳманд, ки аҳли илму адаб асту суннимазҳаб, бе гапу ҳарфе корд зада кушта мепартофтанд. Барои рўирост бо корвон сафар кардан ичозатномаи махсус лозим буд, ки “хати роҳдори” мегуфтанд. Чунин хатро ба ў на шайбониҳо медоданду на сафавиҳо. Восифи бо хати роҳдории сохтаи каси дигар ба роҳ мебарояд. Ҳамин тавр, ў соли 1512 ба Самарқанд расид, як сол дар ин шаҳр истиқомат кард, сипас ба Бухоро рафт, аз Бухоро ба шаҳри Саврони Туркистон рафт, сипас ба Фаркат, аз он чо ба Тошканду Шаҳрисабз ва боз ба Самарқанд омад. Аз Самарқанд ба Шоҳрухияи лаби дарёи Сир, аз он чо ба Оҳангарон ва боз ба Тошканд рафт. Восифи дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр бисёр солҳои умри босамари худро гузаронд, дар маҳфилҳои адаби иштирок намуд, имоми ва муаллими кард.
Восифи дар вақти зиндагиаш дар Мовароуннаҳр як бор ба сафари ҳарбии Убайдуллохон (хони Бухоро) ба Хуросон бар зидди сафавиён ҳамроҳ шудааст, азбаски дар чанги Зурободи Чом шикаст хўрда ақиб гаштаанд, дар хотираҳои худ аз натичаи он чизе нанавиштааст. Восифи соли 1539 зинда будааст, аммо пас аз ин кай вафот кардааст, маълум нест. Вай дар соли 1539 ба хони нав Ҳасансултони шашсола муаллим таъин гардидааст. Устод Айни, ки эчодиёти Восифиро тадқиқ кардааст, кайд мекунад, ки доираи эчодии Восифи ҳам дар насру ҳам дар назм хеле васеъ мебошад. Дар назм:
а) қасиданивиси забардаст аст, бисёр қасидаҳои устодони назмро бо муваффақият чавоб гуфтааст;
б) дар ғазал лирикаи баланд дорад;
в) чистонҳоро хеле устодона мегўяд;
г) дар эчоди муаммо ҳамто надорад;
д) қоидаи вазну қофияро аъло медонад, чавобан ба маснавии дубаҳраи Котиби порчаҳои чорвазна навиштааст;
е) дар забони шеъри иқтидори фавқулодда дорад;
ё) шеърҳои ҳачвии зоҳиран ситоиши дорад, ки аз иқтидори фавқулоддаи ў гувоҳи медиҳад.
Насри Восифи низ эчодкорона аст. Азбаски пеш аз Восифи жанри ёддоштнависи шакл нагирифта буд, Восифи ба қавли устод Айни, дар асари насрии калонҳачми худ (қариб ҳазор саҳифа) баъзан “фуртакигўи” кардааст, баъзан калимаҳоеро кор фармудааст, ки нависандагони имрўза онро беодоби меҳисобанд. Бо ҳамин сабаб, устод Айни онро бо ихтисор ва таҳрир ба забони имрўзаи адаби наздик карда “Хулосаи “Бадоеъ-ул-вақоеъ” номидааст. Китоби устод Айни “Восифи ва хулосаи “Бадоеъ-ул-вақоеъ” баъди даҳ соли навишта шуданаш, пас аз вафоти муаллиф соли 1956 дар Душанбе ба табъ расид. Маълум мешавад, ки устод Айни пеш аз он ки асари машҳуртарини худ “Ёддоштҳо”-ро нависад, асарҳои дар ин жанр эчодшудаи пешиниён, аз чумла, асари Зайниддин Маҳмуди Восифи “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-ро бо диққат омўхтааст ва таъсири ин адиби мумтозро дар ёддоштнависии Айни тадқиқ намудан вазифаи адабиётшиносон аст.
Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Восифи баробари устод Айни шарқшиноси машҳури рус Александр Болдирев низ тадқиқот бурдааст. Монографияи ў оиди Восифи дар мачмўаҳои илмии Эрмитаж соли 1940 қисм-қисм сипас соли 1956 дар Душанбе пурра чоп шудаанд. Асари Восифи “Бадоеъ-ул-вақоеъ” аз чониби аҳли илм яке аз шоҳкориҳои адабиёти асримиёнагии точик арзёби гардидааст. Ба ҳамин сабаб соли 1961 матни комили илми-интиқодии “Бадоеъ-ул-вақоеъ” дар ду чилди бузург дар нашриёти Академияи улуми Иттиҳоди Шўрави дар Маскав ба табъ расида буд. Устод Айни кайд кардааст, ки ин кори олими рус назире надорад, зеро аз рўи 25 дастхат тайёр шудааст. Солҳои 1964-69, ки камина донишчўи факултаи суханшиносии ўзбек ва точики Донишгоҳи Самарқанд будам, ин китоби нодирро дар дўконҳои Самарқанд мефурўхтанд, ман ҳам харида будам ва аз рўи он дарси саводи забону хати форси ҳам мегузаштем бо роҳнамоии устод Ҳусейн Далели (чояшон чаннат шавад). Ин китоб бори дуюм солҳои 1971-72 дар Теҳрон низ ба табъ расидааст. Яъне омўзиши эчодиёти Восифи ва фаъолияти ў аз доираи як-ду мамлакат фаротар рафтааст ва аҳамияти байналхалқи пайдо кардааст.
Акнун меоем сари ин масъала, ки чаро Восифи бо орзуи Самарқанд омад, вале дар ин шаҳр дуру дароз намонд. Восифи, вақте ки ба шаҳри Самарқанд даромад, шаҳрро чун ҳисори мустаҳкам дарёфт ва бозорашро монанди рўи арўсон ороста, меваҳои латифаш рўҳафзо ва обҳои софу зулолаш чун оинаи чеҳранамо. Ин рўзе буд, ки дар масчиди чомеи Самарқанд хутбаи намози чумъаро ба номи Убайдуллохон хондаанд ва азбаски дар хонаводаи Шайбониён аз рўи қоида бародари калонтар бояд подшоҳ шавад, Убайдуллохон Кўчкунчисултонро дар Самарқанд ба тахти шоҳи шинонд. Илму маданият дар Самарқанд дар замони набераи Амир Темур Мирзо Улуғбек хеле ривоч ёфта, расадхонаву мадрасаҳо сохта шуда бошад ҳам, баъди кушта шудани ў рў ба инқироз оварда буд. Баъди аз тахти Самарқанд барканор карда шудани Бобур Мирзо шайбониён Самарқандро пурра соҳиби карданд. Ҳокими нав султон Абўсаид ба чои обод кардани мадрасаҳои таъмирталаб, дуруст кардани харобиҳои Самарқанд, ки сабабгораш худаш буд, барои забти Хуросон сафари ҳарби кард. Шоиру олимони тарбияёфтаи дар замони Мирзо Улуғбек дар Самарқанд аз ҳокимон ягон ёрии модди надида, мачбур шуда буданд Самарқандро тарк карда ба Ҳирот, ба оғўши бозу меҳрубони Мир Алишер Навои ва Мавлоно Абдураҳмони Чоми шитобанд. Дар Самарқанд асосан аз фузало ва шуаро онҳое монда буданд, ки на илмашон ва на шеърашон дар Ҳирот харидор дошт, яъне дарачаи шеъру илмашон нисбат ба шеъру илми Ҳирот дар мақоми поёнтар қарор дошт. Дар ҳамин вақт Хуросон ва Ироқ аз чониби сафавиёни шиа ишғол мегардад ва онҳо бераҳмона ба куштани удабо ва фузалои суннимазҳаб сар мекунанд. Ҳамин тавр, аз таъқиби сафавиҳо як гурўҳ шоиру олимони Эрону Ироқ гурехта, ба Самарқанд меоянд.
Шоиру олимони то ин вақт муқими Самарқанд ва ин чо зодашуда дар баҳсҳо ва мусобиқаҳои шеъргўи доимо аз он омадаҳо мағлуб ва шарманда мешуданд. Шоиру олимони сусти Самарқанд бошанд, бар зидди удабову уламои омада аз фитнаву тўҳмат истифода мекарданд. Ба донишманди машҳур Мавлоно Ҳочии Табрези, ки ба сабаби сунни буданаш аз сафавиҳо гурехта ба Самарқанд омада буд, “шиамазҳаб аст”-гўён тўҳмат карда ба зиндон нишонданд. Ба ҳамин сабаб, муҳит дар Самарқанд ба Восифи вақти бори аввал омаданаш, бо вучуди он ки суннимазҳаб ва воизу шоири машҳур буд, асосан душманона буд. Албатта, дар Самарқанд онҳое низ буданд, ки ба қадри чунин адибони бузург мерасиданд, аммо дастгирии онҳо ҳамин қадар буд, ки нағзакак меҳмондори мекарданд. Вале ин зиёфатҳо ҳам чуноне ки Восифи дар боби “Зиёфати Мавлоно Хочаги” нақл кардааст, бо кўшиши бадгўи дар ҳаққи омадаҳо ва шармандагии ҳасудон хотима меёфт. Дар боби мунозираи Восифи бо вазири Кўчкинчихон низ чунин воқеа ба қалам омадааст. Восифи дар масхара кардани ў аз усули шеъри зоҳиран мадҳия, вале ботинан ҳачв истифода кардааст. Оғози ин шеър чунин аст:
Ҳаст дар силсилаи хоқони
Мўҳрдоре, ки надорад сони.
Агар “надорад сони”-ро ба “мўҳрдор” татбиқ кунед, яъне “ҳ”-и сонии “мўҳрдор”-ро партоед, “мурдор” ҳосил мешавад.
Хотираҳои Восифи дар бораи сармои сахти Самарқанд, қаҳту гарони ва аҳволи талабагони фақири хуросони дар он зимистон низ чолиб аст. Восифи менигорад, ки зимистони соли 1512 дар Самарқанд сармои сахте ҳукмрон шуд. Муллобачаҳои хуросоние, ки дар мадрасаҳои Самарқанд таҳсил мекарданд, бе нон монданд. Дар Самарқанд сарватманди чавоне буд, номаш Фўлодсултон. Ўро ба сабаби саховатманди ва дасткушоди Миракои Шоҳ мегуфтанд. Восифи ба ў як мактуб навишта ҳоли муллобачаҳои хуросониро баён мекунад. Мирако ҳама толибилмони хуросониро даъват карда, зиёфат мекунад, ба Восифи пўстини мўина, ба муллобачаҳо пўстини гўсфанди куртаву эзор ҳадя мекунад. Вале ба сабаби бепули ду муллобача пўстинҳоро фурўхта мехўранд ва дар сармо ҳалок мешаванд. Восифи мачбур мешавад, ки ба васфи султон Абўсаид қасидаи мадҳияви нависад ва инъом талаб кунад. Султон ба шоир барои қасидааш даҳ сар гўсфанди фарбеҳ, бист ман орд, 600 танга ва чор дарахт барои ҳезум медиҳад. “Мо он чизҳоро гирифта ба мадраса овардем ва он зимистонро бо он толибилмони фақир ва чанде дигар аз фақирон бо фароғат гузаронидем”, – навиштааст Восифи. Дар зери таъсири Восифи Мақсуди Шаҳрисабзи, ки дар гузари Пули Сафед шаробхона кушода буд, шаробфурўширо тарк карда, ба мадраса омада, машғули илмомўзи мешавад. Азбаски ў ба Восифи ихлоси зиёде дошт, ҳамсўҳбати доими гардид, душманони Восифи дар бораи муносибатҳои онҳо тўҳматҳо карданд. Восифи мачбур мешавад, ки роҳи Бухороро пеш гирад. Бори охир Восифи ба Самарқанд баъди саргардониҳои зиёде дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр бо ташвиқу даъвати вазири Кўчкунчихон Хоча меояд. Хоча ўро аз Туркистон ҳамроҳи худ ба Самарқанд меорад. “Бузургон ва ашрофи Самарқанд дар ҳаққи камина аз расми банданавози чизеро фурўгузошт накарда, фақирро дар масчиди Аттории Самарқанд имом таъин намуданд, – менависад Восифи, — Ҳар ҳафта рўзи панчшанбе дар он масчид ваъз муқаррар шуд”.
Чуноне ки гуфтем, Зайниддин Маҳмуди Восифи дар воизи ягонаи замон буд. Дар мачлисҳои ваъзи ў он қадар одами бисёр ғун шуд, ки масчиди Аттори танги кард. Бинобар ин мачлисҳои ваъзи Восифиро ба масчиди чомеи Самарқанд ба вақти баъди намози чумъа кўчонданд. Ин зиндагии Восифи дар Самарқанд як сол давом кард. Ҳокими Шоҳрухия Келдимуҳаммад ба ў нома фиристода талаб кард, ки Восифи ба дарбораш ояд. Восифи баҳонаҳо пеш меоварду рафтанро ба фардо вомегузошт, зеро рад кардан дар симои ҳокими тавоно боз як душман зиёд кардан буд ва бузургони Самарқанд низ намехостанд, ки Восифи боз аз Самарқанд равад. Восифи ба наздикони Келдимуҳаммад мактубҳо навишта, хоҳиш кардааст, ки султонро аз раъяш гардонанд. Аммо Келдимуҳаммад ба султон Абўсаид нома навишта хоҳиш карда, ки Восифиро ба дарбори ў фиристад ва ба ҳамин мазмун фармоне ҳам ба бузургони Самарқанд фиристод. Абўсаид ба вазираш Хоча Офоқ фармон медиҳад, ки асбоби сафари Восифиро тайёр кунад. Соли 1525 Севунхочахон вафот кард ва Келдимуҳаммад ба тахти Тошканд нишаст. Восифи дар Тошканд боз ҳам соҳибмашварат ва надими султон буд. Восифи ёздаҳ боби “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и худро дар Самарқанд навишт, бо вучуди зиддияти мударрисон ва шоирони камсавод, байни хосу ом билохир обрўи баланде пайдо кард. Ў орзу мекард, ки ба ин шаҳри пайғамбарони шеър бозгардад, рўзҳои охиринашро дар ҳамин чо гузаронад, ва ҳамин чо хок шавад. Аммо ҳукуматдорони давр ин имкониятро ба ў надоданд. Ў охирин лаҳзаҳои умрро дар Тошканд гузарондааст. Восифи бисёр солҳои умрашро барои ривочи фарҳанги ин сарзамин бахшид. Оё дар Тошканд чои гўри ў маълум аст? Ягон кўчае ба номи ў ҳаст? Намедонам!
Вақте ки зиндагиномаи Восифиро дар Самарқанд чамъбаст мекунем, равшан мушоҳида мешавад, ки ў дар ҳар ду сафараш тавассути сўҳбатҳо, ваъзгўи дар мачлисҳо маърифати мардуми Самарқандро баланд бардоштааст. Мардуми Самарқанд низ мартабаи ўро баланд бардошта то ба мақоми имомии намози рўзи чумъаи Масчиди Чомеъ расонидаанд. Ин шўҳрати самарқандии ў сабабгори ба вазифаи надими ба дарбори султон Келдимуҳаммад даъват шудани ў гардидааст. Восифи ҳамчун донишманди дин аз аҳли сунна ва чамоа часурона ҳимоя кардааст. Вақте ки шоҳ Исмоили Сафави зери байрақи густариши мазҳаби шиа мардуми Қарширо бо дасти туркони қизилбош қатли ом кард ва шоири машҳур Камолиддин Бинои низ кушта шуд, дили мардуми Самарқанд ва дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳрро яъсу навмеди фаро гирифт. Бинои, ки дар Самарқанд 12 сол зиндаги кардааст, обрўи баланде дошт, сарвари шоирони дарбори шайбониён буд. Дар ҳамин вазъият ҳунари воизии Восифи буд, ки ба мардум нерўи тоза мебахшид. Ва худи ў низ дар ҳарбу зарбҳо барои дифои мардуми Мовароуннаҳр аз террорчиёни қизилбоши сафави шахсан иштирок мекард. Чунин мисолҳо, ки таассуби дини, яъне экстремизми дини сабабгори эчоди террор мешавад, дар таърих зиёд аст. Хизмати Восифи дар тарбияи ходимони давлат, соҳибмансаб гардидани ў дар давлати шайбониён тадқиқ нашудааст. Вазифаи надими, ки дар охири умр ба ў расид, ба истилоҳи имрўза баробари сармушовири давлати аст. Тахмин меравад, ки маошаш ҳам хуб буд, чун дар охири умр дар васфи шаҳри Тошканд маснавие мегўяд, ки то ҳол назир надорад. Эҳтимол ин байтҳоро вақти аз Самарқанд рафтанаш гуфтааст:
Меравам аз кўи ту, бо чони пурғам, хайр бод!
Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайр бод!
Аҳли оламро зи ман гар буд дар хотир ғубор,
Ман зи олам меравам, бар аҳли олам хайр бод!
Доираи як мақола имкон намедиҳад, ки оиди зиндагии Восифи дар Самарқанд муфассал нақл кунем. Ба ҳамин сабаб, дар ин мақола, ки мақсади он як нигоҳи мухтасар ва сатҳи ба зиндагии ў ва чалби муҳаққиқон ба тадқиқи он ва ҳам ёди неки ин инсони бузург буд, ба воқеаҳое, ки ў дар Самарқанд аз сар гузаронидааст, танҳо баъзе ишораҳо ҳаст.
Комментариев нет:
Отправить комментарий