Роҳбари идораи мачмўи Регистон Қурбон Ҳасанов, ки аз бойгонии шахсии худ ин аксҳоро барои ин намоиш ҳозир кардааст, оиди таърихи тармими ёдгориҳои Регистон нақл намуда, ба устоҳои гулдасте, ки то имрўз барои тармими ёдгориҳои таърихи бо дили гарму меҳри беандоза нисбати мероси милли меҳнат карда омадаанд, як чаҳон ташаккур гуфт. Ёрдамчии ҳокими вилоят Х.Муҳаммадиев хидмати бузурги Қурбон Ҳасановро дар ҳифзи ёдгориҳои Регистон қайд намуда ба ў грамотаи фахрии ҳокими вилоят ва тўҳфаи хотирави супорид.
Сипас муовини ҳокими шаҳри Самарқанд Ш.Ёриев низ сухани нотиқи пешинаро тақвият дод ва таъкид намуд, ки ҳар кас бояд дилсўзиро нисбати ҳифзи мероси милли аз Қурбон Ҳасанов омўзад. Дар намоиши аксҳои таърихи кошину зарфҳои ҳангоми ҳафриёти бостоншиноси аз майдони Регистон пайдошуда низ ба намоиш гузошта шудааст.
Дар тахияи ин намоиши ачиб баробари роҳбарони ташаббускор Қурбон Ҳасанов ва Беҳрўз Маъруфи рассомон А.Полянцев, П.Мирзаев, А.Саматов, Б.Абдуллоев саҳми калон гузоштанд.
Дар суратҳо: мадрасаи Улуғбек, меъмор Қавомиддин Шерози. Акси аввали асри XX. Ва акси имрўзаи мадрасаи Шердор, меъмор Абдучаббори Самарқанди.
2 комментария:
Зинда бошеду сарбаланд. Аз хондани эссехои Шумо кас рохат мекунад.
Оё торнигор ё веблоги точикие аз Бухорои Шариф низ мавчуд аст? Холо ки дигарбора китобхои хонуми Сухареваро дар бораи Бухоро мехонам, фикр мекунам дар махаллахои он гашту гузор дорам, он гуна дар богу кучабогхои Самарканд бо хондани навиштахои Шумо.
Doroos bar shoma hamzaban va ham mihane aziz .
Neveshteye shoma ra be kondi khandam chan dabire ( alefba ) cyrylic ra taze amookhtam .
Aya shoma camarqandi hastid ?
Baraye shoma behtarin arezooha ra daram .
Be webloge shoma peyvand dadam .
Khoda negahdar
Отправить комментарий