Сангпушт замоне баққол будас, аз тарозу мезадас, худо
дар ғазаб шудасу байни ду паллаи тарозу ҳабс кардас. Аз тарозу ҳаққи харидорро
задан бадтарин гуноҳ аст.
Аз боварҳои мардумӣ.
Ҳам ғарию ҳам пешхезӣ.
Вақте ки бо пули ҳаром бойшуда даъвои мансаб мекунад.
Арӯс чӣ гуна, модарарӯс намуна.
Домодшавандаро мегӯянд: Арӯсшавандая модараша бин, зеро
баъди чанд сол шаклу афташ модараш барин
мешавад.
Мурдӣ, рӯта бурдӣ.
Дар он маврид мегӯянд, ки дар вақти зинда будани
мансабдор дар бораи ӯ суханҳои танқидӣ гуфта наметавонанду баъди мурданаш
мегӯянд. Зеро дигар тарсе намондааст, ки ӯ қасос мегирад.
Фӯртунбой.
Дар бораи касе гӯянд, ки хурду ҳавобаланд бошад.
Мурғи ҳақгӯй.
Мурғи шабовез низ мегӯянд. Аз рӯи ривояти мардум мурғест,
ки шабҳо бо як пой ба шохе овезон шуда
ҳақ-ҳақ мегӯяд, то замоне, ки аз гулӯяш хун начакад. Гӯё худо ширфурӯшеро барои
ба шир об омехта ба мардум фурӯхтанаш ӯро ба чунин мурғ мубаддал кардааст.
Дар замони кӯдакиям шабҳои тобистон дар хонаи
тобистонаамон садои ин мурғро, ки аз тарафи боғоти деҳаи Чоршанбе меомад,
мешунидам. Ва падарам ба суоли ин овози кадом парранда аст, чунин посух медод.
Дар бораи он ки хук чӣ тавр пайдо шудааст, низ ривояте
ҳаст. Гӯё як зану шавҳари баднафс ба полези ҳамсоя даромада картошкаву сабзӣ,
шалғам барин бехмеваҳоро медуздидаанд. Инро дида қаҳри худо омадааст ва онҳоро
ба хук мубаддал карда гуфтааст, ки минбаъд танҳо аз зери замин решаҳоро кофта
мехӯред.
Мушта торикиба зад.
Ба «Обро лой карда моҳӣ дошт» монанд аст. Оиди чунин
маккорон низ мегӯянд: Дар рӯзи равшан аз чашмат сурмая мезанад. Яъне медуздад.
Кайка наъл кардагӣ.
Оиди шахси бомаҳорат мегӯянд. Варианти дигараш: Кайка
наъл кардагию пашшая кишан.
Шутура бо кафлес об наметиян.
Вақте ки ба мақолаи хуб ганорари кам гиред, ин мақол ба
ёдатон меояд!
Чирчиракҳои таги тобут.
Фарзандони баъди 60-солагӣ таваллудшуда.
Куни халта.
Фарзанди охирин,
аз ҳама хурдсолтар.
Тарафи немис.
Домодҳои бодӣ оиди хонаводаи арӯс.
Дилам олуғда шуд.
Дар Самарқанд ин калимаи архаистиро танҳо нисбат ба дил
кор мефармоянд. Яъне аз таҳти дил хашмгин шудан.
Рӯдакӣ гуфтааст:
Шери олуғда, ки
берун ҷаҳад аз хона ба сайд,
То ба чанг орад
оҳурову оҳубарраро.
Рӯямоя бо шаппотӣ сурх карда гаштем.
Яъне даромад он қадар кам, ки наметавонад боис рӯсурхӣ
гардад.
Келин омад хингил кати,
Хингили бедингил кати.
Аз эҷоди шифоҳии кӯдакони солҳои панҷоҳуми асри бисти
Самарқанд.
Оби Ҷайҳун аз
нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён
ояд ҳаме.
гуфтааст Рӯдакӣ.
Яъне самарқандиён
аспро хинг мегуфтаанд. Оиди чорвои
саворӣ сухан равад хару хингил мегӯянд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий