Нӯҳтая кандагӣ.
Оиди писарбачаҳои бадрафтор, ки насиҳатро намегиранд.
Даҳонҳаром.
Касоне, ки дар гуфтор суханҳои кабеҳ, аз қабили номҳои
олати таносулро ба кор мебаранд. Яъне ба даҳон калимаҳои ҳаромро гирифтаанд.
Дар бораи ин қабил мегӯянд: Вай даҳон ё калӯшкӯҳна?
Дар ин гап ҷон ҳаст.
Дар Самарқанд сухан ҷон дорад. Дар он маврид мегӯянд, ки
сухан рост бошад.
Мушта торикиба зад.
Яъне кори пинҳонӣ кард.
Оба пуф карда менӯшад.
Яъне хеле эҳтиёткор аст.
Кулли ёмин бадтар.
Агар нархҳо гарон шудан гирад, ё зиндагӣ рӯз ба рӯз
мушкил шудан гирад, мегӯянд.
Оббо!
Нидои афсӯс, аз ғайричашмдошт дигар шудани вазъ. Ба «О
боже!»-и русӣ монанд.
Аз ҳама гӯр бохабар.
Одами аз ҳама воқеаҳо огоҳ.
Даҳонкалон.
Одаме, ки мағрурона гап мезанад, гӯё нофи Замин бошад.
Сарватмандони «баъди обед бойшуда».
Боғаш бедевол.
Одами бепарво.
Хомчӯт.
Хомчӯт кардам мегӯянд, пеш аз оғози коре камтар фикр
кардан аст. Яъне ҳаматарафа ва амиқ фикр кардан нест. Тарҳи хомакии коре.
Комментариев нет:
Отправить комментарий