Меҳр дар чашм.
Яъне касеро кам бубинед, меҳраш дар дилатон кам мешавад.
Муҳаббат, ишқ калимаҳои арабианд. Меҳр арабӣ нест. Муҳаббат, ҳабиб аз як
решаанд, ишқ, ошиқ, маъшуқа низ.
Меҳр – номи худои бостонии мардуми мост, ки пеш аз дини
зардуштӣ дини меҳрпарастӣ, яъне митроизм дар марзҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон
будааст ва тавассути сарбозони Искандари Македонӣ ба Аврупо паҳн шудааст. Номи
аврупоиаш – Митро.
Ба ин сабаб дар калимаи меҳр унсури қудсӣ, яъне осмонӣ
ҳаст.
Дар дил ҳавасҳо дорам, дасти норасо дорам.
Яъне ба хароҷоти калон пул ё имконият надораду бояд
қаноат кунад.
Бел кунед.
Яъне ронед, пеш кунед, кавшашро дар пеши пояш монед.
Вақте эронӣ вел кунед мегӯяд, ин бел кунед не, балки ба маънои раҳо кунед ва
озод кунед. Эҳтимол ин вел аз бели тоҷикӣ пайдо шудааст.
Карам.
Меваи полизии маълум. Аммо самарқандиён доллари амрикоиро
карам мегӯянд. Карам арзонтарин маҳсулот аст, аммо доллар дар қимат – гарон.
Аммо самарқандиён долларро масхараомез карам номида ҷозибаи онро камтар карданӣ
мешаванд ба таъбире.
Сӯми ватаниро ҳаргиз карам намегӯянд. Патриотизм!
Комментариев нет:
Отправить комментарий