Ҷаранги мис аз тилло баланд аст.
Ба ин монанд аст мақоли «Садои гови бешир - баланд». Дар
Самарқанд ибораи «мисаш баромад» ба маънои аслаш ошкор шуд аст.
Зангӯларо аз мис месозанд. Ва баъзе созҳоро низ. Аз мис
бисёр чизҳои хуб сохта мешавад, алалхусус ҳунари ҳаккокӣ дар мис ривоҷ дорад ва
баъзеи ин осор аз нархи тилло кам нестанд.
Аммо мис мис аст, тилло тиллост!
Истеъдоди ҳақиқӣ – тиллост. Вақте ки эҷодкори асил нею
ноасили беистеъдод пешгаҳнишин шуд, ҷаранги мис аз тилло баланд аст мегӯянд.
Аз насли худ дур шавӣ, аз асли худ дур шавӣ.
Ин ҷо калимаи насл ба маънои хонавода, авлод омадааст.
Яъне анъана, урфу одати хуби миллӣ дар назар аст, ки менталитети миллиро ташкил
мекунад.
Бисёр касон аз Самарқанд барои кор ба шаҳрҳои дур
рафтанду дар он ҷо мондаанд ва фарзандони онҳо дур аз анъанаҳои миллӣ тарбия
ёфтаанд, ҳаттто забони модарии худро дуруст намедонанд. Ба он сабаб, ки падару
модарони онҳо ягон китоб ё рӯзномаи миллиро ба онҳо барои хондан надодаанд. Ҳол
он ки Интернет пур аст аз ин гуна ғизои маънавӣ.
Пас аз мурдан кал ҷингиламӯй мешаваду кӯр – бодомчашм.
Ин мақол ба хотираҳое, ки баъзан дар газетаҳо чоп
мекунанд, дахл дорад. Баъди мурдан дар бораи марҳум сухани бад намегӯянд аз рӯи
таомул. Аммо баъзан он қадар ситоиш мекунанд, ки беихтиёр ин мақол ба ёд меояд.
Ва мақоли дигари ба ин монанд:
Гав баъди мурданаш сершир мешавад.
Кала бахту кӯра бахт, пасмонда кулӯха бахт.
Муносибати мардум ба мафҳуми бахт. Гӯё ки бахт ба меҳнату
дониш, маҳорату кордонӣ вобаста нест.
Вақте ки писарҳои мансабдорон низ мансабе мегиранд, чунин
мегӯянд.
Кундакафон як тангаю инҷобизан – сад танга.
Яъне музди кории кундакафон як танга ва инҷобизан сад
танга будааст. Зеро барои инҷобизан (усто, инженер, прораб барин) шудан камаш
даҳ сол илму ҳунар омӯхта ва таҷриба ҳосил кардан лозим аст.
Дузд бой намешавад.
Магар ҳамаи ин бойҳо бо пули меҳнати ҳалол бой шуданд?
Камбағал, ки бой шуд, ба пеши ошдон харакӣ меравад.
Бойҳои ҳозира ба маъракаи ҳамдеҳа мошинсавор мераванд, то
ки «иномарка»-ро намоиш диҳанд.
Одами мағрур – аз ҷамоат дур.
Халқ одами ҳавобаландро намеписандад.
Хӯрӣ катта шавӣ, нахӯрӣ латта шавӣ.
Шиори ришвахӯрони муосир.
Гар хӯрдию дам кардӣ,
Умри худро кам кардӣ.
Самарқандӣ дар Америка.
Кам-кам хӯру ҳар дам хӯр.
Самарқандӣ дар Самарқанд.
Ҳеҷ кас нофи худашро худаш набуридаааст.
Ба ин маънӣ ин шеър:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд муллои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Ду зан як ҷо шуд, пагоҳӣ буд, бегоҳ шуд.
Оиди сергапии занҳо гуфтаанд.
Барф мераваду хунукиаш мемонад.
Баъзе мансабдорон муранд ҳам, таъсири хунукиашон дер гоҳ
ҳис хоҳад шуд.
Каси бадфеълу нодон,
Зинда бошад, мурда дон.
Муша ҷонканию гурбая бозӣ.
Гурба баъди доштани муш зуд намехӯрад. Камтар бозӣ
мекунад. Яъне мушро ҷанд бор аз чанголи худ раҳо мекунад. Ҳар бори чунин озодӣ
муш хурсанд шуда мегурезад, аммо гурба бо як ҷаҳиш боз ӯро зери чанголи худ
мегирад. Ба оппозиция баъзан озодӣ додани диктаторҳо барин.
Замини сӯхтагӣ сабз мешавад, аммо рӯйи одами сӯзондагӣ
– доим сиёҳ.
Девона гурез, ки маст омад,
Маст гурез, ки зармаст омад.
Зармаст – баъди обед бойшудагиҳои аз худ рафтагӣ.
Лабе, ки табассум надорад, сӯрохи девор аст.
Мусулмонӣ – дар шикамсерӣ.
Дар асл бошад, дар ислом кам хӯрдан тавсия мешавад.
Оби рехтая бардошта наметонӣ.
Ба маънои обрӯ гуфтаанд.
Расвои хона бошу маърака не.
Яъне дар маърака хеле хушмуомила ва боадаб будан, либоси
хуб ба бар карда рафтан лозим. Кӯҳна бошад ҳам бояд тоза бошад, чунон ки дар ин
байт гуфтаанд:
Либоси кӯҳна қадри мардон кам насозад,
Агар гавҳаршинос бошӣ, теғро урён тамошо кун.
Комментариев нет:
Отправить комментарий