Кулли ёмин – бадтар.
Аз баланд шудани нархҳо касе шикоят кунад, ҳамсӯҳбаташ ин
мақолро ба забон меорад.
Баъди ош як дам набош.
Палавро ош мегӯянд. Таоми серравғану сергӯшт, ки ҳаст,
ҳазмаш мушкил аст барои организм.
Ба инсабаб баъди хӯрдани палав дам гирифтан беҳтар аст,
то ки ба дил зӯр наояд.
Марда биниаш бошад, бас.
Яъне зебоӣ хоси мардон нест.
Хушрӯгия ба табақ намемонанд.
Яъне ҳусн чизе нест, агар зан таоми болаззат пухта
натавонад.
Хешӣ ба хешию, савдо – бегона.
Яъне ба фурӯхтани чизе ба хешон чун ба бегона муносибат
мекунанд.
Дард – дигар, аҷал – дигар.
Ҳуқуқшиноси машҳури Самарқанд Азиз Юнусов дар бемористони
кардиология даҳ рӯз табобат гирифтанд. Духурҳо баъди таҳлили лабаратории хун ва
кардиограмма сиҳат буданашонро исбот карданд. Азиз ака барои ба хона рафтан бо
телефон мошин даъват намуда, як чойник чойи сабз дам карданд ва ҷон ба
ҷонофарин таслим карданд. Духтурҳои ба сарашон рост истода мегуфтанд: Дард –
дигар, аҷал – дигар.
Нокардакор туя ба ин кор чӣ кор?
Яъне барои ҳар як кор маҳорат ва таҷриба лозим.
Ба зани беҳунар баҳона ҳезуми тар.
Одами беҳунар – дарахти бесамар.
Мисли девори намкаш,
Ҳар гапа ба худ накаш.
Мурғ бо пару бол, одам бо хешу табор.
Аспи ҷав хӯрдагӣ монда намешавад, зани пардоз кардагӣ
пир.
Ҳусн - дар даҳон.
Ин мақол хилофи мақоли болоӣ таъкид бар он дорад, ки ҳусн
ба истеъмоли таоми хуб вобаста аст.
Бо нодон дӯст
машав, бо лаққӣ ҳамгап.
Лаққӣ сири дилатро ба ҳама ошкор мекунад.
Чӣ аспхару чӣ зангир,
Девонаи безанҷир.
Азбаски «Чашми дилдода - кӯр» мегӯянд, ба ҷавонписари
ошиқ падару модари рӯзгордида маслиҳат медиҳанд, ки дар зангирӣ шитоб накунад.
Зеро умри ишқ ҳамагӣ ду сол аст, он тарафаш оиладории муқаррарӣ, ки камаш 50-60
сол давом мекунад, сар мешавад.
Дар интихоби арӯс ба он эътибор медиҳанд, ки духтар камаш
3-4 сол хурд бошад. Муносибати ғайримусбати мардуми рӯзгордида ва пуртаҷриба ба
ишқи духтару писари ҳамсин хусусан дар Самарқанд маъмул аст. Як мард дар умри
худ камаш чор бор ошиқ мешавад ва шарт нест, ки бо ҳамаи онҳо никоҳ кунад,
мегӯянд пирони рӯзгордида. Ишқи аввал меваи таббодзада барин аст. Ба қавли
устод Лоиқ «норасида мефитад аз шохсор».
Ҳар куҷо паривашест, деве бо ӯст.
Бетамиз бисёр шуд, дев ба қурбоқа ҳушдор шуд.
Ба фикрам ҳоҷат ба шаҳр нест. Тиби муосир бо бухори
моддаҳои пуртаъсир аз ғадудҳои бонувон дар майнаи мардон ҳосил шудани ишқро
исбот кардааст. Ба ин сабаб баъди балоғат дар як парта нанишастани писару
духтарон беҳтар аст.
Рӯзе мерасад, ки донишмандони тиб масъалаи таълими
алоҳидаи духтару писарҳои болиғро ба миён хоҳанд гузошт. Аз дӯстони камина се
нафар ба ман гуфтанд, ки дар мактаб ба духтарони ҳамсинфашон ошиқ шудаанд, аммо
падару модарашон нахостанд, ки писарҳоро хонадор кунанд. Онҳоро ба духтарҳои
ҷавонтари худашон интихобкарда хонадор карданд. Ва онҳо шукри худо мекунанд, ки
волидон кори дуруст кардаанд. Як нафари онҳо ба ман гуфт: - Ман маъшуқаи ҳамсинфамро баъди бист сол дучор шудам. Бо
шавҳару фарзандон назди саробӯстони ман саробӯстон хариданду маро ба як пиёла
чой даъват карданд.
Ман чойнику пиёла ва дигар асбоби рӯзгорро нотоза ва
таоми дилнокаши ӯро дида ба худо шукр гуфтам, ки ин духтарро зан накардаам.
Писари як шиноси
дигарам, ки дар донишгоҳ мехонд, ба ҳамкурси худ ошиқ шуд. Ба нею нестони
падару модар гӯш накарда ӯро никоҳ кард. Келин дар деҳаи кӯҳӣ бо падару модари
шавҳар дар як ҳавлӣ зиндагӣ кардан нахост. Сипас ошиқон сексияро аз шаҳр иҷора
гирифтанд. Барои хона харидан пул даркор буд ва навдомод зани ҷавонашро дар
сексияи шаҳрӣ танҳо монда ба Кореяи Ҷанубӣ ба мардикорӣ рафт. Пулро танҳо ба
занаш мефиристод. Ҳашт сол дар корҳои вазнин кор кард ва бо бемории гурдаҳо
баргашт. Баргашта омада дид, ки занаш шавҳари дигар карда дар ғоиби ӯ се нафар
фарзанд зоидааст.
Квартира ба номи зан, аз пулҳои барои харидани мошин
фиристодааш низ ному нишоне нест. Ҳосил аз ин қадар заҳмати мусофирӣ танҳо
бемории гурдаҳо!
Дигар пушаймонӣ суд надорад. Мана натиҷаи ба маслиҳати
падару модар гӯш накардан!
Комментариев нет:
Отправить комментарий