вторник, 8 мая 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 23


Киникашон ба ҳамдигар бастагӣ.
Нофро самарқандиён киник низ мегӯянд. Ин ҷо таъна ба он ки бе ягон ҳамроҳи доимӣ он одам ба ҷое рафтан намехоҳад.

Такка бошаду шир тияд.
Такка – бузи нари бадбӯй аст, ки бо ин нуқс дар гуфтугӯ истифода мешавад.
Вақте ки аз ошхонае бо аробачаи пури ахлот берун омадани бомжеро мебинам, ин мақол ба ёдам меояд. Яъне ин мақол дастури кории бизнесменҳои кӯҳнаву нав аст.

Хӯрӣ  катта шавӣ, нахӯрӣ латта шавӣ.
Зарбулмасали хомфарбеҳу тағораишкамҳо.


Мурғ фарбеҳ шавад, кунаш танг мешавад.
Ин зарбулмасал дар асл ба мурғи мокиён не, балки ба бизнесменҳои навсарватманд ишора мекунад. Мокиёни фарбеҳ бо куни тангаш тухми майда мезояд, аммо аз баъди обед бойшуда як сӯм ҳам рӯёнида наметавонед.
Як навсарватманд, ки писари як олими машҳур буд, ба ҷашни падари марҳумаш ба Самарқанд омад. Дар як мактаби олӣ ба муносибати ҷашни олими намоён маҷлис баргузор шуд. Дар хотима эълон карданд, ки меҳмонони шаҳрҳои дур ва адибону олимони ба соҳибҷашн наздик, хешу ақрабо ба як пиёла чой ба ресторан даъват мешаванд, то ки дар атрофи дастархон онҳое, ки ба сабаби тангии вақт натавонистанд марҳумро ёдоварӣ кунанд, ин қарзи худро амалӣ намоянд.
Ҳама даъватшудагон ба ресторани эълоншуда омада диданд, ки ягонто ҷои холӣ нест. Писари соҳибҷашн бошад мегуфт, ки намедонам чӣ шудааст? Ман заказ дода будам.
Аммо на узрхоҳӣ кард, на ба ягон ошхонаи дигар бурд. Ба гапи ӯ касе бовар накард. Ҳама ин амалро як навъ найранг маънидод карда мегуфтанд: Мурғ фарбеҳ шавад, кунаш танг мешавад. Ин хел зотҳо ба дарё ташна бурда ташна меоранд.

Мисоли дигар:
Солҳое, ки дар «Овози Самарқанд» кор мекардам, бо сабаби камшумории обуначиён спонсор, яъне ҳомиёни серпулро мекофтем. Як шиносам маслиҳат дод, ба пеши Фалонӣ равам, ман ваъда додаму нарафтам. Зеро ягон кори хайри ӯро нашунидаам. Сипас он шиносам, ки бо Фалонӣ замоне ҳамсинф будааст маро худаш ба мошинаш савор карда бурд ва дар роҳ гуфт, ки Фалонӣ дар фалон қаҳвахонаи рӯ ба рӯи идораи корхонааш моро интизор аст.
Вақти обед буд, гумон кардам, ки моро бо як коса шӯрбо гусел мекунад. Фалонӣ бо ҳамсабақаш солҳои мактабхониро ба ёд оварда хеле сӯҳбат кард. Таоми якуму дуюмро хӯрда шудем ва баъди як қадаҳӣ қаҳва нӯшидан шиноси камина аз Фалонӣ илтимос кард, ки аз рӯи имконият як миқдор маблағ ба рӯзнома ҳадя кунад.
- Наметавонам!  - Бо шиддат гуфт Фалонӣ, - Чорта иморати ҳаштқабата сохта истодем. Ба ягон кас ягон тин дода наметавонам.
Омин карда хестем. Ҳама таомҳоро Фалонӣ супориш дода бошад ҳам ӯ аз ҷой хеста ба пешхизмат гуфт: - Имрӯз ман як сӯм дар киса надорам, ана ин ҷӯраам медиҳад.
Шиносам ҳисобӣ карду бо мошинаш маро ба редаксия бурда монд ва дар вақти аз мошин  фуромада истоданам гуфт: - Акнун фаҳмидам, ки барои чӣ ба наздаш нарафта будед. Мурғ фарбеҳ шавад, кунаш танг мешавад.
- Одам бой шавад, чашмаш танг мешавад,- илова кардам ман.

Гӯри бетақутуқ нест.
Яъне дар ҳар хонавода муаммо ҳаст.

Фарзанд – азиз, одобаш аз вай азизтар.

Аввал хеш, баъд дарвеш.

Аввал айби худата гӯй, сонӣ айби дигарҳоя.

Аз тӯҳмати ногаҳону аз балои охиратзамон худо нигоҳ дорад (дуо)

Дили подшо – назаргоҳи халқ.

Дил - назаргоҳи ҳақиқат.

Калла бошад, каллапӯш ёфт мешавад.

Аз дахонаш бӯйи шир мебиёд.
Дар бораи хурдсолии касе.

Шохе, ки баланд рафт, бояд, ки табар хӯрад.
Боғбонҳо шохи баландрафта – яъне нарракиро мебуранд.

Аз одами хуб обу гил мемонад,
Аз одами бад доғи дил мемонад.


Комментариев нет: