Тибқи хабарҳои радиои «Озодӣ» дар Точикистон бо номаи як олим ба унвони раиси ҷумҳур баҳсе оиди зарурати бозгашт ба хати ниёгон ё худ аз нав расман ҷорӣ кардани хати арабии форсӣ шурўъ шудааст. Камина дар замони мубориза борои мақоми давлати давлатии забони тоҷикӣ бо Муҳаммадраҳими Сайдар мақолае навишта будем таҳти унвони «Расмулхати бобоӣ – нури басари моӣ!». Ин мақоларо барои чоп ба сардабири анвақтаи «Адабиёт ва санъат» Аскар Ҳаким супоридем. Мақола баҳсбарангез буд ва мо ҳам мехостем масъалаи бозгашт ба хати форсӣ дар баҳс бо иштироки васеи донишмандон ва адибон муҳокима шавад. Аскар Ҳаким мақоларо ба узви шўрои ҳафтанома директори Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёт Абдуқодир Маниёзов барои маслиҳат супорид. Он кас мақоларо дар дасти худ панҷ - шаш моҳ нигоҳ доштанд. Дар ин муддат баҳсҳо оиди мақоми давлатии забони тоҷикӣ ҳал гардида барои муҳокимаи бозгашт ба хати форсӣ вақт намонд. Ҳамин тавр мақолаи мо дар «Адабиёт ва санъат» 2 ноябри соли 1989 чоп шуд. Баъди ин ҳодисаи баёнгари равшани хунукназарии Маниёзов нисбати тақдири забон дилам аз эшон тамоман хунук шуд. Агар ҳамон вақт, яъне қариб бист сол пеш бо мақолаи ману Сайдар баҳсро оғоз мекарданд, паҳлуҳои гуногуни ин масъала хеле таҳлилу тадқиқ гардида имрўз ба хулосаи қатъӣ расидан имконпазир мегардид. Сафари Абдулло, ки аз донишмандони тавонои тоҷик аст, мақолае таҳти унвони «Пайванди хат бо забон» навишта буд. Ҳар дуи ин мақола ба ҳар фарҳангии тоҷик дастрас аст, зеро дар маҷмўаи «Дарси хештаншиносӣ» (дафтари дуюм), Душанбе, «Ирфон» с. 1991 чоп шудааст. Ҳоло таассуроти ҳосил шуд, ки гўё ин мақолаҳо ҳеҷ набуданду чоп нашудаанд ва баҳси масъалаи хатро шахсе ба тозаги оғоз кардааст.
Агар рўшанфикрони тоҷик барои эҳёи дастовардҳои фарҳанги миллии қарнҳои гузашта мубориза кардан мехоҳанд, корро аз муҳокимаи масъалаи эҳёи тақвими миллӣ шурўъ кардан лозим аст. Тақвими миллӣ ва солшумории миллии мо эҷоди гузаштагони мост ва чунин тақвим, ки бо кўшиши Умари Хайём такмил ёфта то ҳол дар ҷаҳон дақиқтарин ҳисоб меёбад, ифтихор ва сарбаландии мардуми иронинажод аст. Масъалаи бозгашт ба хати форсӣ бошад хеле муракаб ва бузургтар аз он аст, ки баъзеҳо гумон мекунанд ва бо як даҳон сухани Иброҳим Усмон ҳал намешавад. Ў дар мусоҳиба чунин гуфт: Хати форсии арабӣ ҳама овозҳои забони тоҷикиро ифода карда наметавонад.
Аммо нагуфт, ки хати кирилӣ низ бо имлои кунунӣ ҳама овозҳои тоҷикиро ифода карда наметавонад, хусусан овозҳои дарозу кўтоҳро.
Шеъри арўзии мо тақозо дорад, ки овозҳои дарозу кўтоҳ дар хат ифода шаванд.
Агар чунин баҳс оғоз ёбад он хеле тўлонӣ хоҳад буд ва мебояд, ки дар анҷуманҳои илмӣ ҳамаҷониба муҳокима шавад. Аммо эҳёи тақвим осонтар аст, зеро онро бо тақвими ҷории григорианӣ баробар мавриди истифода қарор додан мумкин аст.
2 комментария:
Устоди гиромй,
Ба назари ман, мухим нест, ки кй огозгари бахс будааст. Он замон бахс такрибан хал шуда буд ва карор буд соли 1996 ба дабира (хатт)-и худй баргардем. Аммо зохиран ин мавзуъ холо бо котеъияти бештар матрах шудааст. Шояд боиста он аст, ки хамаи чехрахои адабй ба монанди шумо басеч шаванд ва ин бор забони моро ба курсй биншонанд.
Адиби арчманд Адаш Истад!
Ман маколаи дар блог навиштаатон «Эхёи таквим ё хат?»-ро хондам ва бо хама фикрхои шумо хамовоз хастам. Танхо баъзе чизхоро илова карданиям, ки бо некуандешиву содагии худ пай набурдаед. Мансабдорони замонии шурави ва чи кунуни аксар одамони хеле мураккабанд. Абдукодир Маниёзов низ истисно нест. У ва дигар мансабдорони мансабпараст дар замони шурави ва чидар замони истиклол дасти хукумат буданду хастанд. Аммо он кадар махорати зиёде касб кардаанд, ки супориши хукуматро ичро кунанд хам инро шумо ва ман баринхо харгиз нахохем фахмид. Он вакт низ Маниёзов маколаи номбурдаи шумо ва Мухаммадрахим Сайдарро дар сандуки оханинаш 5-6 мох кулф карда супориши – Сека ё Маскавро ичро кардагист. Шумо дар маколаатон сухани Иброхим Усмонро иктибос кардаед, ки вай хам доимо дасти хукумат буду хаст ва то мурдан хамин тавр хохад монд, гарчанде медонад, ки агар рузе мурад мурдаашро дар кабристони давлати – Лучоб дафн намекунанд.
Шумо эхтимол аз ёд бурдаед, ки замоне дар Иттифоки журналистон комиссиони тахияи лоихаи конуни матбуот кор мекард ва шумо узви он будед. Байни шумо ва Ирохим Усмон оиди масъалаи моддаи «Дар Точикистон матбуот озод аст» бахси шадиде сурат гирифт. У даъво мекард, ки матбуот хеч гох озод буда наметавонад. Сипас ин модда бо пофишории шумо ба лоиха чун моддаи якум ворид гардид, аммо бо кушиши Ирохим Усмон аз моддаи якум гирифта ба моддаи панчум буд ё понздахум аз ёдам рафтааст, поин фуроварданд. Он гох шумо аз чой хестед ва гуфтед: Ман бо касоне, ки озодии матбуотро кори панчуму дахумдарача медонанд, сари як миз нишастан намехохам! Дарро сахт пушида баромада рафтед. Пай набурдед, ки Ирохим Усмон аз озодии матбуот метарсад. Касе метарсад, ки нукси зиёде дорад ва матбуоти озод онро ошкор кунад шарманда хохад шуд.
Ирохим Усмон солхои зиёде барои хукумат журналист – гуломонро тайёр мекард ва онхо дар комиссиони тахияи лоихаи конуни матбуот аксариятро ташкил медоданд. Сипас аз чанчол тарсида ба шумо гуфтанд, ки варианти шуморо низ пешниход хоханд кард. Аммо ин як фиреб буд, ки шуморо ором кунанд, то ки бо изхори норизои дар матбуот журналистони озодандешро нашуронед.
Агар диккат карда бошед, пай бурдан душвор нест, ки хануз хам кухнаандешоне хамсони Маниёзову Ирохим Усмон хеле зиёданд ва чилави бисёр корхо дар дасти онхост.
Отправить комментарий