Эҳтимол баъзеҳо бигўянд: чӣ зарурате ҳаст ба ҷорӣ кардани тақвими кўҳнаи миллӣ? Бо ҷорӣ кардани он чӣ чиз дар ин ҷомеа тағйир меёбад?
Хеле чиз дар мафкураи мардум тағйир меёбад. Якум: Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 21-уми март расман сари соли нав нест. Яъне онро ҳамчун як чизи аз ниёгон боқӣ мондаву баъд ба архиви таърих супоридашуда ёд мекунанд танҳо дар арафа ва рўзҳои Наврўз. Баъди қарори ҳукуматӣ он аз кўҳнаколахонаи таърих берун омада ба мақоми аввал мебарояд. Дуюм: Бо мақоми расмӣ касб кардани тақвими миллӣ ҷашни Наврўз ҳамчун ҷашни оғози соли нав мақому манзалати аслӣ ва азалии худро пайдо мекунад.
Саввум: Ҳисоби соли нав аз яхбандони 1-уми январ нею аз рўзҳои гарму пуранвори Наврўз оғоз ёбад, ба кайфияти инсон дар тамоми моҳу рўзҳои баъдинаи сол таъсири пурфайзи равонӣ хоҳад дошт.
Чорум: Тақвими миллӣ ба мардуми кишвар ҳар рўз ёдовар мешавад, ки халқи мо дар Шарқи куҳанбунёди соҳиби таърихи тўлониву фарҳангу маърифати инсонпарваронаи худ зиндаги дорад.
Панҷум: Мақоми расмӣ додан ба тақвими миллӣ як навъ қадршиносии мероси фарҳангии ниёгон аст ва он мартабаву обрўи мардуми моро дар назди халқҳои дигар боло хоҳад бардошт. Дар акси ҳол мо дар назари миллатҳои дигар ҳамчун халқи қадрношинос хоҳем буд.
Мақоми расмӣ гирифтани тақвими миллӣ афзалияти зиёди дигар ҳам дорад, ки оиди онҳо рўшанфикрони тоҷик бояд дар мақолаҳояшон мулоҳиза биронанд.
1 комментарий:
Устоди блоги Герби шердор!
Пайдост, ки шумо хукумати кунунии Точикистон ва сарвари онро фархангдусту миллатпараст мешуморед, вагарна чунин пешниходро барои мухокима ба интернет намегузоштед.
Аммо ба фикри камина ин хукуматдорони Точикистон зохиран фархангдусту миллатпарваранд. Дар чавоби номаи як донишманд ба унвони раиси чумхур оиди эхёи хати ниёгон санчопансохо ба кор даромаданд ва аз телевизион ба халк фахмонда истодаанд, ки ин амал кобили ичро нест. Дар боби пешниходи шумо оиди чори кардани таквими милли бошад, санчопансохои хукумати ба дахон об гирифта чунин вонамуд хоханд кард, ки умуман аз ин гуна гапхо хабаре надоранд. Зеро оиди ичронопазир будани ин пешниход ягон бахона пеш овардан ахмаки хохад буд.
Бовар кунед, дар чодаи эхёи арзишхои милли ягон нафари кусинишин кор кардан намехохад.
Отправить комментарий