Мазза аз қайла гурехт.
Дар Самарқанд зирбакро қайла низ мегӯянд.
«Баъди он ки ҷӯраам С. ба ваъдааш вафо накард, дар
вохӯриҳо сӯҳбатамон шира намегирифт, яъне мазза аз қайла гурехта буд.» (Аз
дафтари хотира). Баъзе газетаҳоро мехонед, ҳама гапҳои оддӣ, гӯё ягон муаммо
дар зиндагӣ нест. Яъне мазза аз қайла гурехтааст.
Ба деги ҷӯшон як сатил оби хунук.
«Аз бом нохост тароша афтидагӣ барин як сухани бӯнок
гуфту ба дили ҷӯшон як сатил оби хунук рехтагӣ барин шуд, сӯҳбатамон дигар қӯр
намегирифт.» (Аз дафтари хотира).
Бо ҳавои даҳан дар нӯги шохи сафедор оши палав
мепазад.
Ба ҷои нӯги сафедор осмони ҳафтӯм низ мегӯянд.
Дар бораи одами аз ҳад зиёд бодӣ.