Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо изҳороти худ дар Рўзи забони форсии тоҷикӣ оиди барнагаштан ба хати арабиасоси тоҷикӣ, масъулияти азимеро ба гардани худ гирифтанд.
Ин масъулият иборат аст бо вуҷуди гуногунии хат ҳамчун сарвари ҷамъияти тоҷикони ҷаҳон фазои ягонаи фарҳангии форсигўёнро нигоҳ доштан ва ба рушди он саҳм гузоштан. Аз ин пас ҳукуматро мебояд идораю муассисаҳоро бо компютерҳо ва прогромҳои компютерии баргардонии хат аз форсӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба форсӣ таъмин намояд. Дар амал татбиқ намудани ин нақша таҳия ва таълифи барномаи махсуси давлатиро талаб мекунад, зеро маблағи калонеро сарф кардан мебояд.
Акнун бояд интизор шуд, ки дар ин бобат Дастгоҳи президентӣ ва ҳукумат чӣ иқдомеро пеш мегиранд ва ҳалли мушкилот дар чи шакл ба зуҳур хоҳад омад. Зеро ин масъала танҳо бо як чунин тадбир ҳал намегардад. Масъалаи ба хати кириллии тоҷикӣ баргардон ва чоп кардани осори беҳтарини илмиву адабии форсизабонон яке аз бузугтарин муаммоҳост. Ин ҳам таҳияи дастури алоҳидаро мехоҳад.
1 комментарий:
Дастури "чаноби олй" вахйи мунзал нест ва онро харфи нихойи хам наметавон донист. У чи бихохаду чи на, саранчом бозгашт ба хатти порсй танхо чораи Точикистон барои берун омадан аз вартаи фархангист.
Отправить комментарий