(Ҳаҷвия ва ё афсона барои калонсолон)
Сари хамро шамшер намебуррад мегуфт Хоҷа Насриддин. Хари ў баъди маргаш бесоҳиб монда дар кўча бо сари хам рафта истода буд, ки бачае ба гарданаш ресмон баста савор шуд. «Сари хамро шамшер намебуррад, лекин ба болоят савор мешаванд» - хулоса баровард хари Хоҷа, ки Афандихар ном дошт.
Хоҷа Насриддин пеш аз вафот харашро ба шоҳаншоҳ васият карда буд. Ў шунида буд, ки дар хархонаи шоҳаншоҳӣ маркабҳо аз бекорӣ чарб баста ба баҳмут монанд шудаанд. Хоҷа мехост, ки хари пираш дар охири умр моли шоҳаншоҳӣ шуда, каме кайфу сафо кунад.
Баъди гўрондани Хоҷа касе васияти ўро ба гўши Қозӣ Абдураҳмон расонид ва ў миршабҳоро фиристод, ки аз куҷое бошад, хари Хоҷаро пайдо кунанд.
- Моли мўъмин – хуни мўъмин, - гуфт Қозӣ Абдураҳмон. – Ман намегузорам, ки як мўй аз сари хари Хоҷа Насриддин кам шавад.
Миршабҳо хари Хоҷаро зуд пайдо карданд. Зеро ки ин харро ҳама хурду калони шаҳр хуб мешинохтанд. Хари Хоҷа қатрон барин сип-сиёҳ буд ва лаби поёнаш кашола шуда меистод. Аз ин сабаб ба бинанда чунин менамуд, ки ин хар хандида истодааст.
Вақте ки миршабҳо Афандихарро ёфта оварданд. Қозӣ Абдураҳмон ҳамсояҳои шодравон Хоҷа Насриддинро даъват карда харро нишон дод ва пурсид:
- Ин хари Хоҷа аст ё дигар?
- Хар ҳамону лекин полонаш дигар, тақсир, - гуфт ҳамсояи дасти рост.
- Хар куҷое ки равад, боз ҳамон хар аст, тақсир, - фаҳмонд ҳамсояи дасти чап.
- Ман ҳам медонам, ки ҳамон хар аст, - розӣ шуд Қозӣ Абдураҳмон. – Шукр, ки чашмонам хира нестанд. Лекин аз рўи расмият аз ду шоҳид пурсида бо ҳуҷҷату мўҳр қонунӣ кардан лозим. Чӣ илоҷ, қоғазбозӣ аз ҷамъияти гузашта ба мо боқӣ мондааст.
Баъд ҳамсояҳо ба чанд варақ қоғаз, ки котиби Қозӣ Абдураҳмон пур карда буд, имзо гузоштанд. Қозӣ қарори худро ба ҳозирин хонд:
«Қозӣ Абдураҳмон қарор мекунад: мувофиқи васияти Хоҷа Насриддин, ки аз шахсони маҳбуби шоҳаншоҳ буд ва бо латифаҳои намакинаш табъи ҳазрати олиро хуш медошт, хари Хоҷа Насриддин, тахаллусаш – Афандихар моли шоҳаншоҳӣ эълон карда мешавад. Аз ҳамин рўз эътиборан касе бе иҷозати ҳазрати олӣ наметавонад ба ў савор шавад, балки ў метавонад ба каси дигар савор шавад. (Дар ин ҷо Қозӣ Абдураҳмон айнакашро аз чашм гирифта ба котиб бо тааҷҷуб нигоҳ кард ва пурсид:
- Чӣ тавр хар метавонад ба одам савор шавад?
Котиб ҷавоб дод: - Масалан, агар хар роҳ рафтан нахоҳад, касе ба ғайри аҳли дарбор ҳуқуқ надорад, ки ўро хала кунад, он гоҳ илоҷи дигар нест, ба ғайри ба занбар андохта бардошта бурдан. Баъд Қозӣ Абдураҳмон аз ҷавоби котиб қонеъ шуда айнакро ба чашм монда давоми қарорро хонд). Касе наметавонад, ки пеши роҳи ин харро бигирад ва дигар имтиёзҳои навиштаву нонавишта дар ихтиёри вай аст».
Ҳамсояи дасти чап ва ҳамсояи дасти рост ба ҳоли Афандихар ҳасад бурданд.
- Акнун аз охури баланд ем мехўрад, - гуфт яке.
- Ба ҷои об шарбати анор, ба ҷои хас пиставу кишмиш мехўрад, - гуфт дигарӣ.
Афандихар ин гапҳоро шунида гардан ёзонда сарро шутурмурғвор баланд гирифт. Миршабе ўро аз нўхтааш дошта пиёда бурданӣ буд, ки Қозӣ Абдураҳмон гуфт:
- Магар аробае нест, ки бор карда баретон?
Зуд аспу аробаи қўқандӣ ёфта Афандихарро бардошта савор карданд ва ў дар болои ароба рост истода, дар ҳақиқат баланд шудани мартабаи худро ҳис кард.
Акнун мебоист ароба роҳӣ мешуд, ки боз Қозӣ Абдураҳмон эрод гирифт:
- Магар мумкин аст, ки ношуста ва наъл накарда ба даргоҳи шоҳаншоҳӣ барем? Беэҳтиромӣ мешавад, ҷанобон, нисбати ҳазрати олӣ. «Кўр ба бозор наравад, хар ба ҳаммом» ба ёд овард зарбулмасали борҳо аз забони Хоҷа Насриддин шунидаашро Афандихар. Аммо эътирозе накард. «Дидан даркор аст, ки ҳаммом чи хел аст», фикр кард ў. Гармобаи гузари Хоҷа як рўз занонаю рўзи дигар мардона буд. Вақте ки хари Хоҷаро ба ҳаммом аварданд, навбати занҳо буд. Занҳоро аз ҳаммом пеш карда Афандихарро дароварданд. Баробари дохили ҳаммом шудан ба димоғи хар бўи атру дигар хушбўиҳои занона расид ва ў маст шуда, дилаш бехуд гардида афтид. Барои он ки харро ба хуш оваранд, ба биниаш саргинашро доштанд, аз бўи тунди он ба худ омада дид, ки мўи баданаш аз тозагӣ барқ мезанад.
Яке аз миршабҳо гуфт: - Хари сиёҳ ба шустан сафед нашудааст.
Кайфи хар баланд шуду ҳангос зад. Он дар гунбади ҳаммом аксандозӣ карда, хеле аҷиб садо дод.
- Бай-бай, боз якта шавад, - гуфт миршаб.
Хар суруди дигарро намедонист. Ҳамон суруду оҳанги пешинаро такрор хонда аз дил гузаронд: «Сабил монад, ба отарчиҳо монанд шуда истодаам».
- Ҷаноби олӣ! – гуфт миршаб ба ў. – Агар ҳоло тоқӣ медоштед ва ман кисаи серпул, якта биступанҷиро ба таги тоқиатон мечаспондам. Росташа гўям, - таърифу тамаллуқро давом дод миршаб, ки аз афташ, ба туфайли хушомад ба хари шоҳаншоҳӣ вазифаи баландро соҳиб шудан мехост, - шумо ба хар ҳеҷ монанд нестед!
«Набошад ман ба ки монанд?» - аз дил гузаронид хар.
- Шумо ба одамизод монанд, - давом дод миршаб.
«Маро ҳақорат накун, - аз дил гузаронд хар, - харигарие, ки баъзе одамон мекунанд, ягон хар нисбат ба хари дигар намекунад. Одамро одам вайрон мекунад, оламро об. Ягон бор диди, ки хар одамро вайрон карда бошад? Не баръаксашро дидан мумкин аст».
Вақте ки Афандихарро аз ҳаммом бароварда ба ароба савор мекарданд, дар атроф тамошобини бисёре ҷамъ шуд.
- Акнун хари калон шуд, - гуфт яке.
- Хар агар ҳаммом кунад, боз ҳамон хар аст, - луқма партофт дигаре.
Афандихар ба ҷониби онҳо бо нафрат нигариста фикр кард: «Омиёни бефарҳанг! Шумо маззаи қанду наботро аз куҷо донед?»
Аробаро миршаб ҳай кард ба назди дўкони наългар овард. Наългар як марди хузарби чорпаҳлуи шофбуруте буд ва ў хари Хоҷа Насриддинро дар болои ароба дида хеле хандид. Миршаб давида рафта бо дасташ даҳони ўро баст ва ба гўшаш пичиррос зад. Ваҷоҳати наългар дигар шуд. Рангаш канд. Ў ба назди хар омада узр пурсид:
- Бандаи ношукрро бубахшед, тақсир. Ман аз баланд шудани мартабаи шумо хабар надоштам.
Афандихар ҳис намуд, ки наългар худро ҷиддӣ вонамуд кунад ҳам дарун-дарун хандиданаш аз чашмонаш аён аст.
- Ҳупрр…, - ҳупррид Афандихар, ки ин маънои «ҳм…»-ро дошт
Баъд наългар наълҳои кўҳнаи харро канда, таги сумҳоро тоза кард ва наълҳои нав зад.
- Наълҳои пўлодӣ, тақсир, - гуфт наългар, - поятон наълҳои тиллоиро дар даргоҳи шоҳаншоҳӣ мебинад. Шунидем, ки наългари шоҳаншоҳ наълҳои заррин доштааст.
Вақте ки кор анҷом ёфт, наългар дид, ки хар ларзида истодааст.
- Харҳои шоҳаноҳӣ табиатан нозук мешаванд. Ҳаво салқин аст. Ба болояш ягон рўмоли пашмин партоед, - гуфт наългар ба миршаб. Миршаб аз дўкони савдогаре як ҷомаи пашминро ба зўрӣ кашида гирифт ва ба болои хар партофта, аробаро ҷониби Арки ҳазрати олӣ ҳай кард.
Афандихарро саиси шоҳаншоҳ ба хархона дароварда назди охури пури хас гузошт ва як лагад зада ҷомаро аз болояш гирифта гуфт: - Боз якта муфтхўр зиёд шуд.
Ҳама хаёлҳои ранга дар бораи зиндагии ояндаи биҳиштӣ аз сари Афандихар парида рафтанд.
Ҳақиқатан зиндагии хари Хоҷа Насриддин дар молхонаи подшоҳӣ хуб буд, аз хўрок камбуде надошт.
Аммо ин ҳама рўзи хуб дер давом кард. Рўзи дуввум саги дўстдоштаи Ҷаноби Олӣ бемор шуд. Дурусттараш байтор бемории дандонҳои сагро муайян намуд.
- Агар гўшти хари пирро нахўрад, ва устухони онро нахояд, на танҳо дандонҳо, балки тамоми устухонҳо мулоим шуда ба пусидан сар мекунанд, - гуфт байтор ва илова кард:
- Хари Хоҷа Насриддин дар байни харҳоятон мувофиқтар аст, зеро харҳои дигар ҷавонтар ва хомфарбеҳанд.
Шоҳ ба куштани хари Хоҷа фармон дода бо табассум илова кард: - Гўшти хару дандони саг!
Шоҳ мақоли машҳури халқиро такрор намуд.
Аммо атрофиёни шоҳ бо тамоми ҷиддият ва қатъият изҳор карданд, ки баъди аз забони мубораки Ҷаноби Олӣ садо додани ин ибора ба мақол мубаддал гардид. Ва Ҷаноби Олӣ на танҳо хари пири Хоҷа Насриддин, балки ҳама харҳои дигарро низ дар назар дошт, - мегуфтанд «онон».
Дар ин бобат баёнгари ин воқеа низ чизе илова карда наметавонад. Зеро дар ҳама давру замон гапи «онон» ҳақ асту рост, худо маро биёмурзад!
Комментариев нет:
Отправить комментарий