Дар мақолаи «Авҷи хурофотпарастӣ» муносибати худро ба хурофот муайян кардаам, ки он дар ҳамин блог нашр гардидааст.
Аммо унсурҳои хурофотӣ, мистика дар жанри асарҳои хаёлӣ, илмию фантастикӣ барои офаридани образҳои муассиру хотирмон, ки доимо истифода шудаанд, барои тақвияти хурофот набуда ба мақсади ҳайби таваҷҷўҳ ба аҳодиси пурасрор ва то ҳанўз номакшуф низ ҳаст.
Камина дар ҳикояи фантастикии «Мазори деҳаи Муғон» «арвоҳ»-и гузаштагонро бо вайронкориҳои замони шўравӣ муқобил гузошта ба ҳалли бадеии асар муваффақ гардидаам. Ва андеша ин буда, ки мазор то кадом дараҷа дар шуури мардум мақом дорад.
Аммо дирўз телевизиони Тоҷикистон аз мазори Сангтўда репортажи кадом як журналисти ин телевизионро намоиш дод, ки «ман ҳам ба ин мазор эътиқод дорам» гуфта хоки мазорро болои чашмаш ниҳод.
Аз хонандагони блог узр мехоҳам, агар ҳикояи маро ин тавр нодуруст фаҳмида бошанд.
Ҳоло дар фикри онам, ки агар мазорпарастӣ дар Тоҷикистон ба ин дараҷа расида бошад, ки паёмнигори телевизион ҳам дар қатори як одами бесаводи омӣ фикр мекунад, китоби худро оташ занам?
То ки ин ҳама навиштаҳои камина дар жанри фантастика ангезае барои хурофотпарастӣ нагардад?
1 комментарий:
Ба фикрам, аз он чо ки холо дар Душанбе додгоҳбозӣ муд шудааст, метарсам, Шуморо барои он китобоҳоятон ба додгоҳ хоҳанд кашид, махсусан барои достони "Одами говкалла". Шумо хануз хамон вакт пешгуй кардед, ки мо ба чи рузе хохем расид.
Он паёмнигор гуфт, эътиқод дорад, ки хоки мазори Сангтуда озахро гум мекунонад. Хамин кабил паёмнигорон имруз гули сари сабади чомеаи моянд, ки аз одамоне иборат аст, ки замоне каллаи онхоро тасвир карда будед.
Онхоро на танхо чашм балки дил низ пур аз озах аст ва ин мараз табобате надорад.
Кишвар ва мардуми мо дар масире ҳаракат дорад, ки баъд аз 50 соли дигар моро ба карни санг хохад расонд.
Ишк ба Сангтуда аз он чост.
Отправить комментарий