(Маслиҳат ба навқаламон)
воскресенье, 24 апреля 2022 г.
Ҳикоя навистан мушкил нест!
суббота, 16 апреля 2022 г.
Мӯъҷизаи деҳаи Тоҷи Хуршед
(ҳикоя)
среда, 13 апреля 2022 г.
Саёҳат ба кадамҷои Рӯдакӣ
Дӯстамон Эркин Мавлонов деҳаи Панҷшанбесиёбро, ки хушманзар будааст, хеле ситоиш кард ва илова намуд, ки ин деҳаи қадимӣ буда, чанори ҳазорсола, масҷиди кӯҳна ва як қабри шахси номаълум дар саҳни масҷид дорад, ки мардум Чилдухтарон мегӯянд. Ҳар мазоре, ки беном бошад, чилдухтарон мегӯянд мардум ва ривояте ба он ном мебофанд.
- Ин қабр дар зери чанори ҳазорсола аст. Ин ҷо қадамҷои Рӯдакӣ,- гуфт ӯ.
Номи масҷиди кӯҳна Моҳи тобон аст ва қабристон низ. Мо бо сокини саду як солаи деҳа вохӯрда чизе оид ба таърихи деҳа фаҳмида натавонистем, ки худи ӯ аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба он ҷо соли 1934 кӯчида омада будааст. Дар он атроф мардуми болооби Зарафшон, ки аз қадимзамон зиндагӣ мекунанд зиёданд ва забони бисёриҳо ӯзбекӣ шудааст. Аммо деҳаи Зарафшони ҳамсоя ба Панҷшанбесиёб истисност, он ҷо панҷакентиён сарҷамъанд.