четверг, 17 февраля 2022 г.

Чӣ тавр китоб умрро дароз мекунад?

Чӣ тавр китоб умрро дароз мекунад? Хонандаи китоб ҳангоми хондани китоб умри персонажҳои асари бадеиро аз сар мегузаронад. Албатта агар асари бадеии ҳақиқиро хонад. Агар бо ҳазор персонажи китоби бадеӣ шинос шавад, соҳиби умри ҳазор персонаж мешавад. Ҳамин тавр умри биологии худро дароз карда метавонед ҳам бо китобхонӣ шумо метавонед, умри маънавии худро ба миллионҳо сол расонед.

 

Ҳар як инсон китобест, ки онро омӯхтан лозим мешавад. Масалан бигирем мардҳое ҳастанд, ки ба як зан қаноат намекунанд. Одами бомаърифат бошад, хуб медонад, ки зан китоби бузургест, ки чӣ қадар зиёд хонӣ, саҳифаҳои нохондаи шавқовар зиёдтар боқӣ мемонад.

 

Касе, ки инро намефаҳмад, бигзор асари Чехов “Ҳамсар” (Жена)-ро хонад.

 

Марди мусулмони бомаърифат бо як зан қаноат мекунад, дар ҳоле ки ислом ба чор зан доштан иҷозат додааст.

 

15 рӯз дар Ҷумҳурии исломии Эрон будам. Аз ҳама шоносҳоям мепурсидам: Ягон кас ин ҷо ҳаст, ки ду зан дорад? Дар посух мегуфтанд – намедонем.

 

Адабиёти бачагона ба инсон калиде медиҳад барои фаҳмидан ва дарқи амиқи адабиёти калонсолон. Бачае, ки бо адабиёти бачагона тарбия наёфтааст, дар ҷавонӣ ва миёнсолӣ ҳаргиз китоб намехонад.

 

Мо тоҷикон адабиёти бачаҳоро ба ҳоли худ партофта мондаем, гӯем, ба ҳақиқат наздикем. Зеро он чӣ ки барои бачаҳо нашр мекунем, якум хеле кам аст, дуввум аз ҷиҳати сифат баланд нест.

 

Ҳангоми сафар дар Эрон аз як дӯкони китофурӯшӣ китобҳои зиёд гирифта ба назди касса омадам, пеш аз ман даҳ-понздаҳ кас бо китобҳо дар навбат меистод. Ҳол он ки ба компютерҳо аксарият даст доранд ва имкони аз интернет хондани асарҳоро доранд. Фикр мекунам, ки онҳоро аз хурдӣ ба китобхонӣ он қадар ворид кардаанд, ки барои ҳар як эронӣ (манзурам эронии Эрони муосир), ки агар нону ош ғизои бадан бошад, ғизои мағзи инсон китоб аст ва ин асос ба эронӣ будани ӯст. Яъне китоб дар герб нест, балки асоси мавҷудияти миллат гардидааст.

 

Дар Самарқанд дӯконе буд бо номи Тоҷккитоб, ки китобҳои тоҷикӣ аз Тоҷикистон меомад. Дар Бухоро чунин дӯкон набуд. Мана сабаби барвақтар мурда истодани забони тоҷикӣ дар Бухоро. Пантуркистҳо баъди пош хӯудани Иттиҳоди шӯравӣ аввал ҳамин дӯконро бастанд ва фармон доданд ба гумрук, ки ягон китоб аз Тоҷикистон нагузарад.

 

Ҳоло китоб овардан мумкин шудааст, вале поезд гузашта рафтааст ва  анъанаи китобхонӣ гум шудааст, идеал дигар китоб не, идеали аксар доллар гардидааст. Бисёр ҷавононеро мебинам, ки дар даст смартфон ва дар гӯш наушникҳо мусиқии поп гӯш мекунанд. Пурсед, ки китоб мехонӣ, мегӯяд: вақт нест. Ҳол он ки дар Интернет сайти аудиокнига ҳаст, китобро гӯш кардан мумкин.

 

Дар Самарқанд дар замони шӯравӣ дӯкони китоб ё газета дар ҳар қадам буд. Гузариш ба капитализм он қадар нест кард, ки дар як шаҳр панҷ мактаби олидор ҳамагӣ се дӯкони китоб монд. Панҷ сол қалб мансабдорон ба чунин хулоса омаданд, ки бе китоб намешавад. Баъд бо тантана дар шаҳр мағозаи калонтарини китобро кушоданд, ки китобҳои тоҷикро низ мефурӯшанд. Аммо харидори тоҷик кам. Имрӯзҳо ҳар кас, ки пул дорад, метавонад, китобро нашр кунад. Дар натиҷа филтре, ки замони шӯравӣ ба чопи асарҳои суст роҳ намедод, гум шуд. Як ношир ба ман гуфт, ки дар Ӯзбекистон ҳафтсад номгӯй китоби тоҷикӣ чоп шудааст.

 

Сифату мазмуни ин китобҳо албатта ба дараҷаи ҷаҳонӣ нестанд.

 

Чанд моҳ пеш аз вафот Баҳманёр ба Самарқанд омада буд. Ӯ бисёр китоб мутоила мекард. Ман аз ӯ дар бораи насри имрӯзаи Тоҷикистон мепурсидам. Фалонӣ чӣ тур, шунидам, ки фалон асараш чоп шудааст, он дар кадом сатҳ аст? Посухи Баҳманёр доим чунин буд: Барои Тоҷикистон мешавад!

 

Баъди рафтани ӯ фикр мекунам: Эҳтимол шавқи офариниши асарҳои олӣ гум шудааст. Нависандаҳо ба дараҷаи мафкураи омма поин омадаанд.

 

Мумкин ман хато мекунам, бигзор адабиётшиносон акси онро исбот кунанд.

 

Зиндагӣ рӯйдоде мураккаб ва пурмуаммост. Барои фаҳмидани он зӯри майнаи як инсон кофӣ нест. Кӯмаки адибон, файласуфон ва дигар донишмандон лозим. Чунин кӯмак дар китобҳо дарҷ мешавад. Масалан хонаи шумо сӯхта истодааст. Шумо набудед, расида омадед. Ба шумо танҳо имкони наҷоти як каси даруни хона дармонда ҳаст. Даруни хона ду кас дармондаанд, модари пири шумо ва зани ҷавонатон. Шумо киро наҷот медиҳед?

 

Яъне нависандаи ҳақиқӣ дар асарҳои худ ба мушкилтарин муаммоҳои зиндагӣ ҷавоб мегӯяд.

 

Дар аввали мақола оиди он ки китоб умрро дароз мекунад, як кӯтоҳӣ аз камина гузашт. Зеро бисёр донишмандон бар ин ақидаанд, ки китобхонӣ умри биологиро низ дароз мекунад. Масалан мушоҳида шудааст, ки китобдӯст ба бемориҳои вобастаи мағзи сар хеле кам дучор мешавад. Ва азбаски тамоми узвҳоро мағзи сар идора мекунад, китобхонӣ барои тамоми бадани инсон пешгирикунандаи бисёр бемориҳост. Ба ғайри ин инсон бо китобхонӣ ба илми тиб шинос мешавад, ки ҳатман ба ин восита умрашро дароз мекунад.

 

Китобҳои бадеӣ бошад дар ҳодисаҳои барои ҷон хатарнок чӣ тавр рафтор карданро дар мисоли зиндагии персонажҳо нишон медиҳад.

 

Яъне китоби хуб пеш аз ҳама зиндагисоз аст.

 

Комментариев нет: