(Маслиҳат ба навқаламон)
Насри бадеӣ дар фарҳанги инсони муосир нақши асосӣ дорад баробари дром. Дар таърихи адабиёти форсӣ 15 ҳазор шоири шинохта ҳаст. Ба ин маънӣ мегӯям, ки маъданҳои конҳои назм аз қаду бару жарфу паҳно кофта шудаанд ва мисли шоирони раддаи аввал хеле боистеъдод ва кашшофи беназир мебояд, буд, то тавонад баъди нашри чанд китоб чун шоир эътирофатон кунанд.
Аммо дар жанрҳои насри бадеӣ майдон васеъ аст, заминҳои корам нашудаи обию лалмӣ низ хеле зиёданд.
Мо тоҷикон шоироне дорем, ки бо назм маҳдуд нашудаанд, ба наср ва драмнависӣ низ қалам санҷидаанд, ба мисли Гулрухсор, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ ва албатта ин анъана аз Саъдию Восифию Айнӣ сар шудааст. Устод Айнӣ эътироф кардааст, ки чорчӯбаи назм танг омад. Агар устод Айнӣ дар чорчӯбаи назм маҳдуд мемонд, пиру нобиғаи асри бист нею, як шоири қаторӣ мебуд.
Ин ҷо асари эпикие чун “Шоҳнома” истисност, зеро он эпос аст дар навбати аввал.
Дар Ӯзбекистон шоирони тоҷик кам нестанд, аммо носирон ангуштшуморанд. Ва дар рӯзномаҳо таҳти унвони ҳикоя навиштаҳое ба табъ мерасанд, ки баъди хондан мебинед, ки лавҳаанд на ҳикоя.
Барои ман дар ҷавонӣ “Бинӣ” ва “Шинел”-и Гоголь, “Му-му”-и Тургенев, ҳикояҳои Чехов эталон буд. Дертар бо эҷоди Фазлиддин Муҳаммадиев шинос шудам, ки бо ҳикояҳои “Даъво”, “Сози Мунаввар”, “Рӯзи дафни Усто Оқил” ба қатори ҳикоянависони мумтоз ҷой гирифта буданд. Ҳамаи ин барои насрнависи ҷавон мактаби адабӣ аст.
Барои шоир навиштани ҳикоя душвор нест, зеро ин жанр дарунмояи тавъаме дорад бо шеър.
Барои ба талаби жанри ҳикоя ҷавобгӯй будани маҳсули қалам кофист, ки ба чанд шарт риоя шавад. Шарти якум инаст, ки ҳикоя бояд шавқовар бошад. Шарти дуввум ин ки ҳодисае рух диҳад, зеро ин жанр эпикист.
Шарти саввум ин ки кӯтоҳ бошад. Аз як ҷузъи чопӣ, яъне 16 саҳифаи китоб зиёд набошад. Дар озмуни ҷаҳонии кӯтоҳтарин ҳикоя Эрнест Хемингуэй ғолиб омада буд: “Пойафзоли кӯдаконаро мефурӯшам, напӯшидагӣ”.
Бубинед, ҳамагӣ як ҷумла ва чӣ фоҷиаи азиме дар он ниҳон аст!
Ҳикоя одатан бо экспозитсия оғоз меёбад, яъне адиб оид ба персонаж маълумот медиҳад. Чӣ хеле ки дар шеър ҳусни мактаъ ва ҳусни хотима мушоҳида мешавад, ҳикоя низ дар сохти кониозитсионӣ мушобеҳӣ он аст.
Агар дар роман ва қисса гап кашол ёбад, дар ҳикоя охирҳои он чунин аст, ки гӯё аз кӯҳ ба поин сарозер мешавед ва суръати воқеа маефзояд.
Агар роман ва қиссаро масалан ба шир монанд кунем, пас ҳикоя қаймоқ ё равғани зард аст. Яъне ҳикоя фишурдаи ягон воқеаи муҳими ҳаётист.
Дар ҳикоя ба мисли дигар жанрҳои насру драматургия муколамаи персонажҳо бояд характери онҳоро ифода кунад.
Дар интернет ривоятҳои латифамонанд биёр чоп мешаванд ва якеро аз назар мегузаронем.
Ривоят мекунанд, ки се нафар ба қатл маҳкум шуданд, онҳо якум - олими дин, дуввум - ҳуқуқшинос ва саввум - донишманди физика буд.
Дар вақти қатл олими дин пеш баромад ва сарашро зери гилотин гузошт.
Ба ӯ гуфтанд: Сухани охиринатро бигӯй!
Олими дин гуфт: Худоё, Худоё, Худоё! Ӯст, ки маро наҷот медиҳад.
Баъди ин ҷаллод ресмони гилотинро сар дод. Корди гилотин башаст поин омад ва болои гардан расам - нарасам истод.
Шоҳ ба ҷаллод фармон дод: - Ӯро озод кардам, ки Худо наҷот дод.
Сипас навбат ба ҳуқуқшинос расид. Аз ӯ низ сухани охиринашро пурсиданд. Ӯ гуфт:
- Худоро ба мисли донишманди дин намешиносам, аммо инсоф ва адолат маро наҷот медиҳад.
Ҷаллод сару гардани ӯро зери гилотин монда ресмонро сар дод.
Боз корд болои гардан омада истод.
Шоҳ нидо кард: - Гуноҳашро бахшидам ки адолат ӯро наҷот дод.
Ба назди гилотин шахси саввум донишманди физикаро оварданд ва аз ӯ низ сухани вопасин пурсиданд.
Физик гуфт: Ман Худоро ба дараҷаи донишманди дин намешиносам, ва адолатро чун ҳуқуқшинос. Аммо сабаби набуридани сари ин ҳар ду дар як тугуни ресмони ин мошини сарбурӣ аст.
Гиреҳро боз карданд, гилотинро сар доданд ва сари физик аз тан ҷудо шуд. Мошини сарбуриро худи ин физик ихтиро карда буд.
Ва дар охири ривоят ин ҷумлае омадааст:
Беҳтар аст, ки баъзан даҳонатон баста бошад. Ҳатто агар шумо ҳақиқатро донед. Ҳамааш ҳамин.
Акнун биандешед, ки ин ривоят бо кадом мақсад эҷод шудааст?
Ва ба ин ривоят сарлавҳа ёбед.
Агар шумо аз он ҳикоя созед, персонажҳоро бо кадом характер меофаред?
Онҳо барои кадом гуноҳашон ба қатл маҳкум шудаанд?
Ҷаллод ба тугун кардани ресмон ҷуръат намекард, аз тарси ҷазои сахт.
Гиреҳро худи шоҳ сохт, зеро муллои педофилро ҷазо диҳад, мардум хоҳанд гуфт: “Худи шоҳ, бачабозу бачабозро ҷазо дод”.
Ҳуқуқшинос бошад, гӯё аз кадом китоби дастнависи бостонӣ моддаи қонунеро ёфт, ки ба шоҳ иҷозати хоҳари худро зан карданро медиҳад. Ҳуқуқшиносро барои таҷовуз ба номуси хоҳари худаш ба маҳкама кашида буданд.
Омадем ба сари донишманди физика. Ӯ Худо, шайтон, фариштаро ин ҳама бофтаи хаёлоти одамон аст мегуфт. Ӯ таъкид мекард, ки шоҳ сояи Худо нест, вай мисли ҳамаи дигарон як инсони оддӣ аст.
Шоҳ ҳама корхонаҳои калону заминҳоро харида ба хешовандони худ додааст ва халқе, ки дар зери дасти онҳо кор мекунанд, музди ночиз мегиранд, ки бо он маблағ фарзандони худро дар мактабҳои олӣ хононда наметавонанд, чун ин мактабҳоро худи шоҳ пулакӣ гардондааст.
Маълум, ки ин суханони ӯ “сояи Худо”-ро сахт дар ғазаб оварда буд ва ба ҷурми инкори Худо ӯро маҳкум ба марг намуд.
Дар байни ин се ба қатл маҳкумшудагон инсони беайбу бегуноҳ танҳо ҳамин физик буд. Ва танҳо ӯ кушта шуд!
Ин физик, ки лақабаш Чизик буд дар шакл як себи дукафон буд бо Андрей Сахаров, ҳамон хел ҷуссаи хурди лоғар дошт гардан ба мисли думчаи мурӯд ва сари чун пушти тоси мисин ялаққосӣ. Аммо чашмони калон-калон дошт ва номаш Шакар буду фамилияаш Қандов. Аммо даъво дошт, ки қанду шакар душмани одам аст, нахӯред беҳтар. Ва худ шириниро бад медиду намехӯрд.
Аммо шоҳ ширинихӯр буд. Бемуҳобо дар як сол садҳо кило асалу мураббо мехӯрд. Ва сухани дӯстдоштааш “Қандата аз пули худат зан, қандоб хӯр” буд.
Дар ҷусса низ фарқ байнашон калон. Шоҳ филҷуссаву филпой, соҳиби чашми тангу даҳони калон. Чоки даҳон аз гӯши чап то гӯши рост. Абрӯвон ғафси сиёҳ чун пари ғоз. Аммо абрӯвони Қандов абрӯ нею думчаҳои муши зард барин. Сари тоси бемӯяшро гуфтем, дар муқобили ӯ шоҳ каллаи пурмӯй дорад ва мӯйҳо қариб аз нисфи ҷабин сар карда қад кашидаанд. Хулласи калом - бӯзинасуроб. Аммо мо ба гӯшҳои калонаш айб намегирем, иллат мегӯед ё мӯъҷиза он буд, ки шабҳо ин гӯшҳо аз сар ҷудо ва гунҷишкак шуда парида ба хонаҳои одамон мерафтанд ва он чӣ ки одамон оиди давлатдории шоҳ, беадолатии вазирон мегуфтанд оварда ба каллаи шоҳ мерасониданд.
Баъд саҳар навкарон ба хонаи он танқидгари “сохти демократии беҳтарини ҷаҳон” рафта ӯро кашон-кашон ба қатлгоҳ меоварданд.
Дар ҳама кишварҳои асримиёнагӣ тамошонаҳо аҳён-аҳён буданд ва тамошои асосии мардум, театри калонтарин ҳамон қатлгоҳи майдони назди қасри шоҳ буд, ки ҳар рӯз мардум шоҳиди фоҷеъае мешуданд. Дар ин рӯзи қатли ин се нафар мардуми зиёде ҷамъ шуда буданд ва дар байни онҳо шогирдони дар мадраса аз физик дарс омӯхта низ буданд, ки шиор медоданд: - Озодӣ ба физики донишманд!
Аммо нисбат ба ин шогирдон теъдоди мударрису муллобачаҳои мутаасиб садҳо карат зиёд буд ва садои “Марг бар Чизики физик!” садои шогирдонро батамом пахш мекард. Беҳуда намегӯянд, ки ҷаранги мис аз тилло баланд аст.
Дар ҳикоя персонажи манфӣ дучори нокомӣ мешавад. Инак давоми ҳикоя ё худ ҳусни мақтаи он тибқи фарзияи камина чунин сурат мегирад: Шоҳ баъди ин ҳар шаб хоб мебинад, ки сару гарданаш дар зери мошини сарбурӣ аст ва доим дод гуфта бедор мешавад.
Мунаҷҷими дарбориро мефармояд, ки хобашро таъбир кунанд. Мунаҷҷим баъди мушоҳидаи ситораҳо мегӯяд: Ба кишвар душман таҳдид дорад. Ҳамсоядавлати мо мошинҳои нафтандозу сангандози зиёде сохта истодааст, ки ба кишвари мо ҳуҷум кунад. Мебояд мо манҷаниқҳо ва силоҳи оташфишон созем.
Шоҳ мегӯяд: Бисозед!
- Чӣ тавр месозем, ки сарвари физикҳоро куштем?
Шоҳ мегӯяд: - Магар физикҳои дигар сохта наметавонанд?
Сарвазир мегӯяд: - Шоҳам наметавонанд, зеро камсаводанд, онҳо ба муаллимон ришва дода аз имтиҳонҳо гузаштаанд ва роҳбари донишгоҳ тағои ришвахӯри шумост.
Ҳамин тавр шоҳ дар ҷанг мағлуб шуда асир меафтад ва бо ҳамон мошини сарбурии физик сохтагӣ кушта мешавад.
Чоҳканро чоҳ дар пеш!
Шумо мегӯед, ки магар дар он кишвар, маълум, ки кишвари Аврупоӣ (зеро мошини сарбурӣ гилотина дар Аврупо бори аввал пайдо шуда буд) рӯшанфикре пайдо нашуд, ки ба шоҳ гӯяд: - Физики донишмандро куштан баробар аст ба душман таслим шудан.
Буд чунин кас, ки Вазири Доно ном дошт. Дар тамоми кишвар ин ягона касе буд, ба ӯ ҳуқуқи озодии баён аз ҷониби шоҳ арзонӣ дошта шуда буд. Аммо гӯшҳои шоҳ кар буданд. Каригарии ӯ аҷиб буд: Ҳамон ҳарфҳоеро мешунид, ки онҳоро шунидан мехост. Гӯшҳои шоҳ он қадар калон буданд, ки мисли лаълиҳои бузурги мавҷгир камтарин пичирроси мухолифро мешуниданд, аммо аҷиб он ки сухани ростро не. Аз мӯъҷизаат гардам Худой!
Солҳои аввали таҳсил дар мактаби миёна дар китоби хониш ҳикоячае буд, ки “Рӯбоҳ ва Лаклак” ном дошт. Дар ин ҳикояча нақл аз он буд, ки Рӯбоҳ Лаклакро ба меҳмонӣ даъват карда таомеро болои табақи калон хеле тунук паҳн карда меорад ва Лаклак чӣ қадар нӯл занад, чизе хӯрда наметавонад. Рӯбоҳ тамоми таомро худ ба ҷиғилдон мезанад.
Дафъаи дигар Лаклак Рӯбоҳро ба меҳмонӣ даъват мекунад ва ба пеши ӯ таомро ба кӯзаи сафоли даҳантанг меорад ва гиред гиред Рӯбоҳҷон гуфта, худ бо минқори дароз ба кӯзаи даҳантанг андохта таомро ботамом худаш мехӯрад.
Ин як мисол аст. Аммо агар ҳикоя шавад, Рӯбоҳ ҳатман Лаклакро мехӯрад. Яъне дар ҳикоя муҳим аст, ки воқеаи хотирмон рух диҳад.
Чунон ки дидед, ҳикоянависӣ, осонтар аст нисбат ба шеърнависӣ!
Шаҳзодаи Самарқандӣ, ки қаблан шеър менавист, ба наср рӯй овард ва дар Аврупо се роман чоп кард.
Шумо низ муваффақ ва машҳур хоҳед шуд, агар асарҳои насрӣ нависта дарди мардуми худро инъикос кунед.
Дар охир мепурсед, ки дар навиштани ҳикоя кадом услуб мувофиқтар аст. Ин вобаста аст ба мавзӯи ҳикоя.
Баъзеҳо гумон мекунанд, ки насри бадеии тоҷикӣ дар асри бист бо асарҳои Фитрат ва Айнӣ арзи ҳастӣ намуд. Аммо Айнӣ дар як навиштааш таъкид бар он мекунад, ки дар кӯдакӣ достонҳои халқиро бисёр шунида буд.
Оре дар фарҳанги мо “Ҳазору як шаб”, “Чор дарвеш”, “Абӯмуслимнома” барин достонҳои халқӣ аҳамияти решагӣ доранд.
Мо насрнависон хуб медонем, ки насри бадеии тоҷик таърихи ҳазорсола дорад ва решаҳои дарахти насри муосир аз ҳамон сарчашмаҳо об мехӯранд.
Палав, ки пухт, алави таги дегро кушта панҷ-шаш дақиқа дам мекунанд.
Аммо ҳикояи нав палав нест, он тифли навзод аст. Шир дода парвариш мекунанд. Чиллаи худро дорад. Чил рӯз гаштаю баргашта хонда деталҳои хотирмон илова мекунанд. Рӯнавис карда меистанд. Тургенев гуфтааст: “Бузургвор Лев Толстой “Ҷанг ва сулҳ”-ро ҳашт бор навишт, мо ки бузург нестем, Худо ин амалро барои мо нависандагони каторӣ ҳатман зарур донистааст”
Ана дидед. Ҳикоя навистан чӣ қадар осон!
Мақоларо дар як рӯз навистан мумкин, барои эҷоди он истеъдоди худодод лозим нест. Аммо байни мақола ва ҳикоя фарқ аз замин то осмон.
Мақола халтура шуда метавонад, аммо ҳикоя не.
Комментариев нет:
Отправить комментарий