суббота, 16 апреля 2022 г.

Мӯъҷизаи деҳаи Тоҷи Хуршед

 (ҳикоя)

 Дар ин деҳа ҳодисаи аҷибу ғарибе рух додааст: духтарон ба ҳайвони обии безабон табдил ёфтаанд.

 Ривоят ин аст, ки  ҳавзи калони назди масҷид, ки мулло ё авлиёе аз Бухорои Шариф ба ин ноҳияи деҳотии Самарқанд омада сохта буд, ҳавзи оддӣ набуд, чизе дошт сеҳромез. Оби ҳавз аз чашмаҳои зери заминаш таъмин мегардид ва ба оби ҳавз қурбоқаро партоед, вақвақвақ гӯён баромада мегурехт. Мардуми деҳаи Тоҷи Хуршед аз ин ҳавз на об мегирифтанд, на бар он наздик меомаданд. Ривояте маълуму машҳур буд, ки дар як замони қадим, ки адрасу атлас гаронбаҳо будааст ва духтарон урён шуда ба ҳавз медароянд. Ҳамин вақт як марди барзангии ғӯли кӯҳисуроб дар лаби ҳавз пайдо мешавад. Духтарон аз шарм ба об ғӯта зада ҳама ба моҳӣ мубаддал мешаванд. Дар хонаат, паҳлуи зани ҳалолат намешинӣ барзангии гӯр?

 Ана ба касофати ҳамун марди ҳаромхиштаки чашмдарида деҳа аз чил духтари нозанин маҳрум мешавад. Албатта мардуми боору номуси деҳа мефаҳманд, ки он барзангӣ кӣ буд ва дошта пинҳонӣ ахта мекунанд. Шабона ба сараш халта пушонда, худ ҳамма ниқоб дар рӯй ин корро кардаанд ва ӯ ягонтаи онҳоро намешиносад ва даъво ба қозӣ бурда наметавонад. Баъд занаш ӯро партофта шавҳари дигар меёбад ва барзангӣ маҷбур мешавад, ки худкушӣ кунад.

 Аммо қиссаи мо дар ин бора нест.

 Қисса дар он бора, ки дар замони шӯравӣ ба деҳа як писарчаи гандумгуни 13-сола омад ва дар назди дарвозаи масҷид гиря карда нишаст. Имоми масҷид мулло Амонулло баъди пурсуҷӯ фаҳмид, ки ин писарбачаи тоҷик на номи деҳаашро ва на номи падару модарашро медонад, ба милисаи участка, ки участковой мегуфтанд, муроҷиат кард, то ки ин бачаро ба интернати сағираҳои бекас супорад.

 Участковой ин корро кард, аммо бача гурехта омада боз дар таги дари масҷиди деҳа гиря карда нишаст. Мӯйсафедҳо ба ин имом гуфтанд, ки ин ҳолат бе сабабе нест, бояд воқеиятро чӣ хеле ки ҳаст, қабул кунем. Бигузор дар ҳучраи посбони масҷид хуфту хез кунад, дар мактаби деҳа хонад. Рӯзе хешовандонаш хабар меёбанду гирифта мебаранд.

 Имом розӣ шуд, ки ба сифати посбон қабул кунад ва зиндагияшро таъмин намояд.

 Аммо солҳо гузаштанду дар рӯзномаҳо сураташро чоп карда эълон дода бошанд ҳам касе аз хешонаш пайдо нашуд.

 Ӯ, ки ном надошт, Одам ном монданд, азбаски кадпаст буд, мардум Одам нею Одамча мегуфтанд. Танбокуи носвор, сақич, қурут, сигор дар таги дари масҷид мефурӯхт. Аз имом рустӣ шабҳо кам-кам шароб низ менӯшид. Мардуми деҳа аз шикори моҳии хавз ҳазар мекарданд, охир ин моҳиҳо одамҳои моҳӣ шуда будаанд.

 Аммо Одамча на ба ин ривоят бовар дошт, на ба мавҷудияти Худо. Ва рӯзеро мепоид, ки имом  мулло Амонулло ба шаҳр раваду ӯ чашми мардумро дур дида аз ҳавз моҳӣ дошта пухта хӯрад.

 Ва имомро рӯзе ба маҷлиси имомҳои вилоят даъваташ карданд ва ӯ ба шаҳр рафту Одамча майдонро холӣ ёфт .

 Ӯ ба оби ҳавз шаст партофта як моҳии калонро дошт ва тоза карда дар дег пухта хӯрд. Шастро дар хоначааш руст кард, ки имом набинад.

 Саҳар дид, ки дар қафаси синааш ду пистони занона рӯидааст, мӯйлабаш рехтааст ва куллан ҷисмаш занона шудааст, аз мӯъҷизаат гардам Худо! Сипас ба кӯча баромад, то ки ба назди муллои дуохон Абдулкарим равам. Дари муллоро тақақ карда гуфт: - Домла борми сиз? (яъне ҳастед?). Аз ин пеш ягон калима ба ӯзбекӣ намедонист, ҳайрон шуд.

 Ба муллои азоимхон гуфт: - Мени жин урди (маро ҷин зад), бир кечада хотинга айналибман. (Дар як шаб ба зан мубаддал шудаам).

 Мулло Абдулкарим гуфт: Ман бо зарби дуо ду пӯстакро бо ҳам дигар ҷанг андохта, оби дар ҷӯй равонро чаппа ба оқиб равон карда метавонам, мурдаро гап занонда метонам, лекин занро мард карда наметавонам. Ғайбатчиҳо мегӯянд, ки муллои азоимхон ба тамоман зан будани ӯ шубҳа кардааст ва Одамча далели ниҳонии худро нишон додааст. Баъд байни онҳо коре шудааст шармандавор. Худо нигоҳ дорад аз ин касофатҳо!

 Одамча ба масҷид баргашт ва аз дур дид, ки аз мазори шоири гумном, ки зери чанори ҳазору садсола аст дуд мебарояд. Наздиктар рафт, бинад, ки чӣ сабабгорест!

 Аз як сӯрохии гӯри шоир мори сиёҳе баромаду аз пои Одамча сахт газид. Одамча ҳамон лаҳза ҷон дод.

 Оташи қабр баланд шуду ба шохҳои хушки чанор расид ва бо шамол ба масҷид гузашт. То мардум хабардор шуда ба сӯхторнишонӣ сар кардаанд, ки масҷиди кӯҳна батамом сӯхта хокистар шуд.

 Ҳайфи нақшу нигори бостонӣ, ҳайфи гаҷкориҳои олӣ!

 Аз касофати як шум сӯхт шаҳри Рум! Ин мақол аз қадимзамон дар байни тоҷикон машҳур аст.

 

 

  

 

 

 

 

 

Комментариев нет: