Назаре ба кандакориҳои усто Мирҷамол Асадов
Аҳли ҳунар вобаста ба касби худ ҳар тоифа пире доранд, ва ибтидои пайдоиши пешаи худро аз ў медонанд. Масалан челонгарону сарояндагон Ҳазрати Довудро, ки аз паёмбарони тоисломӣ аст, пири худ меҳисобанд. Дуредгарони Самарқанд паёмбар Ҳазрати Нўҳро пири худ меҳисобанд ва мегўянд, ки худо нахустин бор бо чўб кор карданро ба ў омўзонд ва ин паёмбар аз чўб киштии худро сохту инсону ҳайвонотро аз ғарқшавӣ дар тўфон наҷот дод. Дар ҳақиқат дуредгарон ба сифат кардан меарзанд, зеро зиндагиро бе ҳунари онон тасаввур натавон кард. Хона месозед ё ҷевону мизу курсӣ лозим аст, бе дуредгар намешавад.
Аммо дуредгарон вобаста ба маҳорат ду тоифаанд. Онҳое, ки дару тиреза, кат ё мизу курсиҳои оддӣ ва арзонро месозанд ва онҳое, ки сутунҳои миллии кандакорӣ, муқарнасҳо, дарҳои бағдодӣ, мизу курсиҳо, ҷевонҳо вакатҳои пурнақшунигор меофаранд. Инҳоро дуредгарони кандакор, ҳаккок мегўянд ва онҳо суннатҳои ниёгонро аз аҷдод ба авлод мерос мегузоранд. Сулолаи Асадовҳо яке аз сулолоҳои дуредгарони машҳури Самарқанд аст.
Ҳунари ҳаккокӣ яъне кандакории чўб, ба мисли касби гачкорӣ торихи қадима дорад. Ҳанўз дар асри даҳи мелодӣ торихнавис Норшахӣ дар китоби «Торихи Бухоро» нависта буд, ки дар бозорҳои Бухоро бутҳои аз чўб тарошида шударо дуредгарону ҳайкалтарошон мефурўхтанд ва дар торихномаҳо сабт аст, ки дарҳои масҷиди дар Бухоро сохтаи Қутайба соли 713 сурати аз чўб тарошидаи одамонро доштааст, вале чеҳраи ононро тарошида партофтаанд. Ҳайкалҳои чўбини аз Панҷакенти бостонӣ ёфтаи бостоншиносон, хусусан раққосаҳои зебои суғдӣ аз ҳунари баланди ниёгон гувоҳӣ медиҳад. Суратҳои дар чўб кандашудаи парандагону ҷонварони дигар аз бисёр деҳаҳои болооби Зарафшон пайдо гардидаанд, ки заминаҳои нерўманди таҳҷоии ин ҳунарро собит мекунад. Баъди ҷорӣ шудани дини ислом тасвири ҷонварону одамон дар дару девор мамнўъ ҳисоб шуд ва кандакорони чўб ба тасвири рустанӣ ва нақшҳои ҳандасӣ бипардохтанд ва дар ин ҷода мўъҷизаҳо офариданд.
Донишмандони торихи санъати кандакории чўб аз мавҷудияти як мактаби бузурги ин ҳунар дар Суғд ҳарф зада оиди бозёфтҳои тасвири ҳайвоноти тахайюлӣ дар Шоҳи Зинда аз мақбараи Қусам ибни Аббос таъкид меварзанд.
Яъне ҳар як асар хоҳ сутуну хоҳ дари хона дар шаклу сурат нотакрор аст. Устоҳои кандакори чўб дар ҳар як вилояти Ўзбекистон ҳастанд ва услуби хосаи худро доранд. Дар Самарқанд низ ин ҳунар ба туфайли истиқлол ривоҷ намуд ва ҳоло фурўши катҳои чўбини кандакории миллиро дар кўчаи ин шаҳри бостонӣ дидан метавон.
Аммо дуредгарҳое низ ҳастанд, ки бо эҷоди маҳсулоти ба якдигар монанд не, балки бо офаридани асарҳои нотакрори кандакории чўб машғуланд ва сухани банда оиди яке аз онҳо усто Мирҷамол хоҳад буд, ки пешаи падари худ усто Мирусмонро давом медиҳад.
Хусусан хонаводаи усто Насрулло Соҳибназаровҳо дар кандакории чўб мўъҷизаҳое доранд, яъне Самақанд дорои як мактаби дорои устодони бузург аст ва нақли мо доири яке аз намоёнтари онҳост, ки тавассути усто Амриддин Наҷмиев шинос шудаам.
Дар гузашта аҳли ҳар як касб ҷомеаи худро дошт ва раиси ҷомеа аз беҳтарин устоҳои мўйсафед интихоб мегардид, ки ин вазифаро раис ё оқсаққол мегуфтанд. Вазифаи асосии оқсаққол назорат кардан ба риояи оинномае буд, ки худ онҳо рисола меноманд. Ин рисолаҳо ба тариқи оиннома ё худ устав навишта шуда дар онҳо барои устои ҳар як касб талабҳои асосӣ дарҷ шудаанд. Дастхати баъзе ин рисолаҳо то ба имрўз расидаанд ва аҷиб он аст, ки дар онҳо сухан асосан аз саховатпешагӣ, мардумдўстӣ, ҳақпарастӣ барин сифатҳои олии инсонӣ ва оини ҳаракати ҷавонмардӣ меравад.
Тарбияи шогирд яке аз рукнҳои асосии кори ҳар як усто буда, агар шогирд яке аз фарзандони ў бошад, талабҳои усто боз ҳам сахтгиронотар мешаванд. Ҳатто барои камтарин гуноҳ ҷазои сахт медиҳанд. Талаб ба риояи меъёрҳои ахлоқии мусулмонӣ ҳамчунон баланд аст. Ҳам усто Мирусмон ҳам писари ў усто Мирҷамол ва ҳам писари усто Мирҷамол усто Мансур дар натиҷаи чунин талабҳои сахт тарбия ёфта устодони бузурги касби худ гардидаанд.
Дар замонҳои пешин маданият ва дороии сокинони шаҳру деҳотро аз рўи дару дарвозааш муайян мекардаанд. Агар дарвозаю дари кандакори дошта бошад, маълум, ки чӣ касест. Дарҳои бе нақшу нигорро ба хонае, ки дар он ғуломону хизматгорон зиндагӣ мекарданд, мешинонданд. Ба ҳамин сабаб дарҳои ҳаккокӣ шуда бағдодӣ номида шудааст, зеро «Бағдод» - пойтахти Хилофат буд ва дар Самарқанд дар деҳаи Бағдод низ бисёр ҳунармандони аз Бағдод Амир Темур оварда буданд. Дарҳои бенақшро убайдӣ номидаанд, маънои «убайд» ғулом аст. Солҳои аввали истиқлол ва каме пештар аз он дар Самарқанд шинондани дарвозаҳои кандакорӣ оғоз гардид, аммо бо таъсири чанде аз сарватмандон, ки ба ҷои дарвозаҳои кандакории чўбӣ дарвозаҳои оҳании рангаш сурх шинондаанд, ин анъанаи неки қадима умри дароз надид. Аммо ба фикри усто Амриддин Наҷмиев таваҷҷўҳи мардум ба санъати кандакории чўб кам нашудааст, сарватмандоне, ки меҳмонхонаҳо месозанд ва ба бизнеси сайёҳӣ машғуланд, мехоҳанд, ки дар меҳмонсарои онҳо ҳама чиз аз дару тиреза то сандалию зинапояҳо рангу бори миллӣ дошта бошанд ва талаботи сайёҳони хориҷиро қонеъ гардонанд. Зеро сайёҳи хориҷӣ ба Самарқанд барои он намеояд, ки боз ҳамон дару тиреза ва мебели аврупоиро бубинад, вай мехоҳад дар муҳити миллӣ истиқомат кунад, бо ҳунари ҳунармандони миллӣ шинос шавад, чизеро аз маҳсули дастии онон харида ҳамчун армуғон бо худ барад.
Устоҳои дуредгар дар ин бобат имконияти калон дошта метавонанд. Асбобҳои миллии мусиқиро, нарду шоҳмот, сандукчаҳои кандакорӣ, курсиву мизҳои қадима бо нафосату назокати нотакрор танҳо устоҳои дуредгари ҳаккок сохта санъати баланди миллии моро дар назари ҷаҳониён ҷилвагар карда метавонанд. Дар зиндагӣ ҳаррўзаи оддӣ бошад, мақоми онон доимо баланд буду ҳаст ва ҳар як инсон аз гаҳвора то тобут бо маҳсули дасти онон рўбарўст.
Аммо ҷойгоҳи баланд ва мақоми хоси Самарқанд дар рушду равнақи ин ҳунари миллӣ қобили қайд аст. Дар водии Зарафшон намунаҳои барҷастаи ҳунари кандакории чўб дар Бухоро зиёд аст, аммо ба сабаби он ки ҷангал асосан дар кўҳҳои атрофии Самарқанд будааст, чўбро ба оби Зарафшон партофта ба Бухоро мебурдаанд, ки ба сабаби камобии дарё кори заҳматталаб будааст.
Дертар дарҳоро дар Самарқанд сохта баъд ба Бухоро бурда фурўхтан расм гардидааст. Ба ин сабаб имрўз, ки санъатшиносон оиди хусусиятҳои нозуки санъати кандакории Бухоро ҳарф мезананд, баъзан ин ҷиҳати онро фаромўш мекунанд. Устоҳои ҳаккок ба дарҳои сохтаи худ имзо намегузоранд. Ин ҷо як дари торихии мақбараи Қусам ибни Аббоси Шоҳи Зинда истисност. Умуман дарҳои кандакорӣ он қадар зиёд будаанд, ки Н.Бочинский ном олими рус мегўяд, ки будани онҳо дар ҳавлиҳо не, агар дар ҷое набошад тааҷҷубовар аст.
Яъне дару дарвозаи кандакорӣ муҳимтарин ва асоситарин рукни маданият ва умуман ҳаёти мардуми мо будааст. Устоҳои дуредгари ҳаккок ба ғайри иморату асбобҳои зарурии рўзгор боз барои косибони дигар масалан читгар қолабҳои заруриро месохтаанд. Сохтани қолабҳо низ маҳорати баландро талаб мекунад. Дуредгарҳоро дарсоз, наҷҷор ва харрот низ мегўянд. Калимаҳои наҷҷор ва харрот арабианд. Азбаски ин ҳунар қабл аз ислом ҳам дар Осиёи Марказӣ ривоҷ дошт, мо истифодаи калимаи қадимтар – дуредгарро мақул донистем. Дар забони халқ бошад «дарсоз» гуфтан зиёд мушоҳида шавад ҳам қобили қабул нест, зеро устоҳои ин пеша ба ғайри дар боз даҳҳо намуди дигарро низ месозанд. Дар байни халқ ба ҷои дуредгар шакли дигари он «дурезгар»-ро истифода мекунанд, ки ин тавр гуфтан ҳам хато нест.
Усто Мирусмони раҳматӣ устоди усто Амриддин низ маҳсуб мешуданд ва усто Амриддин боре вохўрии маро бо ин пири ҳунари кандакорию гачкорӣ ташкил карда буданд. Усто Мирусмон нақл карда буданд: «Асоси касби моро андешаи ба манфиати мардум кор кардан ташкил мекунад. Вақти маросими додани унвони усто ба шогирд, бобои усто Абдуҳафиз ба дастам дода гуфтанд: - Ҳамчун теша мабош, ки доим ба ҷониби худ метарошӣ. Сипас арраро дода гуфтанд: - Ҳамчун арра бош, гоҳ ба сўи худу гоҳ ба сўи дигарон.
Сарвари сулолаи дуредгарон Асадовҳо усто Мирусмон Асадов аст, бародари Қаҳрамони Ўзбекистон Мирумар Асадов. Усто Мирусмон соли 1921 дар гузари Кулолон таваллуд шудааст. Хонаи тобистониашон дар гузари Сафедӣ будааст. Як сол пеш вафот намуд.
Бобои усто Мирусмон усто Абдуҳафиз оқсақол (аз ҷониби модар) устои кандакори чўб будааст ва чўбкории айвони масҷиди мазори Хоҷа Аҳрор ва меҳмонхонаи Аброми Қалам (ҳоло осорхонаи кишваршиносӣ) ва дар Выставкаи умумиитифоқи хоҷагии халқи СССР чўбкории павильони Ўзбекистонро анҷом додаст. Усто Абдуҳафиз Ҷалилов ва усто Ширин Муродови Бухороӣ солҳои пеш аз ҷанг дар мадрасаи Шердори Самарқанд мактаби ҳунармандони меъмории миллиро таъсис дода буданд ва бисёр устоҳои тармимгари ёдгориҳои меъморӣ парвардаи ҳамин мактабанд. Усто Абдуҳафиз ба ин мактаб набераи худ Мирусмонро овардааст ва ў шогирди ин мактаби машҳур мебошад. Дар ин мактаб усто Ширин аз гачкории миллӣ ва усто Абдуҳафиз нозукиҳои санъати кандакории чўбро меомўзонданд. Дар ин мактаб тағои усто Мирусмон усто Муҳаммадамин низ таҳсил кардааст. Усто Абдуҳафизро барои он оқсақол мегўянд, ки пири устоҳои чўбкор ҳисоб меёфт ва агар байни корфармою усто баҳсе хезад, ба ў муроҷиат мекарданд, ки қазоват кунад.
Усто Абдуҳафиз Ҷалилов соли 1941 вақте ки ба ҷанги зидди фашизм писаронаш рафтанду аз ду фарзандаш хати сиёҳ омад, ба ин ғам тоб наёварда аз олам даргузашт. Шогирдони мактаби ҳунармандиро низ ба ҷанг сафарбар карданд, бисёриҳо дар фронт қурбон шуданд ва фаъолияти мактаби ҳунармандии Шердор ҳам ба охир расид.
Усто Мирусмон Асадов, ба сабаби он ки ба устои кандакори чўбкор талаб кам буд, ҳунарҳои дигари меъмории миллӣ гачкорӣ, кошинкорӣ ва иморатсозиро аз бар намуда дар сохтану ороиши Чойхонаи «Роҳат», иморати бинои Кумитаи марказии Тоҷикистон, Театри Лоҳутӣ, Қасри маданияти деҳаи Арбоби Хуҷанд, Осорхонаи Панҷакент ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намудааст.
Усто Мирусмон панҷ фарзандро ба камол расондааст. Ду писар ва се духтар. Писарҳо Миркамол ва Мирҷамол ном доранд ва пешаи падарро давом медиҳанд. Ҳар ду ҳунари дуредгарию кандакориро дар назди падари худ усто Мирусмон омўхтаанд. Усто Мирҷамол ба ёд меорад, ки дар 12-13 солаги баъди дарси мактаб ва рўзҳои истироҳат ва таътил ба падари худ дар сохтмонҳо кўмак менамуданд. Солҳои 70-80-ум дар таъмиру тармими мақбараю масҷиди Имом Бухорӣ дар деҳаи Хартанги Самарқанд, масҷиди ҷомеъи Бибихоним, мадрасаҳои Регистон иштирок кардаанд.
Кори аз ҳама ҷолиби онҳо бо роҳбарии падари худ рост кардани пештоқи афтодаистодаи равоқи шимолии мадрасаи Тиллокорӣ буд. Усто Мирусмон зери таҳкурсии равоқ сутунҳои фўлодӣ гузошта онҳоро болои домкратҳо устувор кард, сипас бо ресмонҳо аз боло баста ба қафо оҳиста-оҳиста кашидани онҳоро ташкил намуд. Сипас то соли 1975 тармими равоқҳою ҳуҷраҳои мадрасаи Тиллокорӣ ва дигар мадрасаҳои Регистон давом кард.
Кори заҳматталаб аст, кандакорӣ. Масалан 20 нафар се дари кандакории маҷмўаи мақбараи Имом Бухориро дар ҳашт моҳ ба анҷом расониданд. Нақшҳои онҳоро аз шогирдон Мансур Асадов (писари усто Мирҷамол) бо истифодаи шаклҳои кандакории дари мақбараи Қусам ибни Аббоси Шоҳи Зинда эҷод кардааст. Панҷараи болои дар ва дигар корҳо ҳама эҷодкоронаанд.
Дарҳои ёдгории меъмории Имом Мотурудӣ ки эҷоди падару писар усто Мирҷамол ва усто Мансур аст ва дар он низ услуби дари машҳури қадимаи даромадгоҳи мақбараи Қусам ибни Аббос истифода шудааст. Панҷараи масҷиди калони ёдгории меъмории масҷиди ҷомеъ (Бибихоним) низ ҷустуҷўи эҷодиро талаб кард, то ки нақшҳои онро бо нақшҳои қадимаи миллӣ мувофиқ кунонанд. Дарвозаҳои онро мувофиқ ба сабки миллӣ эҷод кардаанд.
Усто Мирҷамол бо роҳбарии усто Мирусмон дар тармиму сохтмони маҷмўаи Ҳазрати Имоми Тошканд, ҳаммоми Тблисии Гурҷистон, сохтмони бинои пажўҳишгоҳи ангурпарварии Ростови лаби Дон, мағозаи «Зарафшон»-и Москва, масҷиди Калон, мадрасаи Улуғбек ва зиёратгоҳи Баҳовваддин Нақшбанди Бухоро, дар мақбараи Ҳаким-ат-Тирмизии Сурхондарё, дар бинои театри шаҳри Ҷиззах, хона-музейҳои Ғафур Ғулом, Ойбек ва Мухтор Ашрафии Тошканд, театри миллии ба номи Ҳамзаи Тошканд, Майдони Хотираи Тошканд иштирок кардааст.
Пурра номбар кардани ҳама корҳои эҷодию тармимии сулолаи устоҳо Мирусмону Мирҷамолу Мансур аз имкон берун аст. Зеро усто тамоми умр дам нагирифта кор мекунад, ҳам нони ҳалолаш ҳам зиндагию эҷодаш маҳсули дастонашанд. Устоҳо пеши худ мақсад нагузоштаанд, ки номи корҳо, номи эҷоди он, ҳаҷму сурати ҳамаи онҳоро дар дафтаре ҷамъ оваранд. Зеро дар байни кандакорон ҳатто зери асари худ имзо – «амали усто фалон» навиштан расм набудааст.
Чўби кадом дарахт барои кадом намуди кор мувофиқ аст, устоҳои дуредгар тўли садсолаҳо омўхтаанд. Агар дар Хоразм аз норван (як намуди сада, қайроғоч) дару сутунҳо созанд, аз сафедор бештар панҷара месозанд.
Чўби мурўд барои қолиби читгарӣ мувофиқ буда, аз чўби тут асбобҳои мусиқӣ месозанд. Чўби бед барои панҷарасозӣ мувофиқтар аст.
Вобаста ба шароит чўби арча, чинор, чормағз, булутро истифода мекунанд. Чормағз баъди суфта шудан нафосати худро намоён мекунад ва чўби дарахти чормағзи 50-сола беҳтарин ҳисобида мешавад. Чунин чормағзро ҷустуҷў карда ёфта соҳиби онро ба афтонда фурўхтани он розӣ кунондан худаш як машақат аст. Усто Мирҷамол мегўяд, ки асосан бо чўби чормағзу чинор кор мекунад. Дар катҳои кандакории ў асосан чормағз ба кор рафтааст ва дар панҷараи онҳо чўби чинор истифода шудаанд. Азбаски ранги чўби чинор сафеду чормағз тиратар аст, ин усул ба кори ў намуди хосае дода нотакрории нақшҳои ислимии панҷараҳоро равшан таъкид менамояд.
Чормағз дар байни дуредгарон чўби аз ҳама зеботарин ва мустаҳкам ҳисоб мешавад. Таркиби он сахт буда дарахташ чӣ қадар куҳансолтар бошад, ранги он тиратар аст. Ранги дарахти ҷавони чормағз сафед аст ва онро кандакорон ба инобат мегиранд. Ҳатто дар як дарахт ду хел чўб будааст ва чўби тарафи офтобрўяи тана сахттару мустаҳкамтар мешудааст ва баъди суфта кардан ҷило медодааст. Баъди тайёр шудани тахтаҳо усто дар қоғази ахта (калька) нақшҳоро кашида бо хокаи сиёҳӣ ба тахта мегузаронад. Ин ҷо байни кори кандакору гачкор монандие ҳаст. Аммо мушкилоти кандакори чўб он аст, ки бо ягон ҳаракати ноҷо вақти ҳаккокӣ нақшро вайрон кунад, илоҷи ислоҳ кардани он нест. Тамоми заҳмати бисёрмоҳа барбод рафтанаш мумкин.
Усто Мирҷамол соҳиби услуби хоси худ мебошад. Агар ба сутунҳои сохтаи ў бо диққат нигаред, равшан мешавад, ки ин устои моҳир дар вақти сохтани сутунҳои айвонҳои зиёратгоҳи Имоми Бухорӣ асосан ба анъанаи мавҷудаи сутунсозии миллӣ такя намудааст. Агар дар «кўзагӣ»-и сутунҳои ин зиёратгоҳ шакли «тарбузӣ» истифода шуда бошанд, дар сутунҳои чойхонаи назди масҷиди Қўшҳавз усули «дегӣ» истифода шудааст. Байни кўзагӣ ва филпоя боз шаклҳои мудаввар ҳаст, ки симои хоси онро муайян мекунанд. Навпардозӣ асосан дар муқарнаси сутункалла ба назар мерасад. Сутункаллаҳои ин чойхона аз парракҳо сохта шуда зоҳиран муқарнасро ба ёд меоранд.
Дар сутунҳои айвонкаравот (ҳавлии шахсӣ дар Тошканд) бошад, нақши кандакорӣ шиками кўзагиро низ фаро гирифтааст. Аммо усто Мирҷамол ҳамаи ҷои сутунро ҳаккокӣ накарда танҳо як кисми миёна – ба чашми бинанда намоёни онро бо нақш фаро гирифта як меъёри муайянро риоя мекунад. Аммо чӣ қадар нақшҳои ҳандасиву ислимӣ дар сутун зиёд бошад ҳам нафосати сутунро, мавзунии онро, ки баъзан ба сарву баъзан ба танаи инсон монандии рамзӣ пайдо мекунад, ҳамон кўзагӣ ё худ кўзагулиҳои болои филпоя таъин мекунанд. Боз як шакли «кўзагӣ»-ро, ки эллипсшакл аст, тухумӣ мегўянд ва устоҳо барои боз ҳам хушнамудтар намудани қомати сутун ба кор мебаранд.
Сутун дар корҳои эҷодии усто Мирҷамолу писари ў Мансур симои хоси худро дорад, вақте ки бо пояҳои каровот якҷоя мешавад, хусусан дар айвонкаровот. Ин ҷо сутун бо пояҳои каровот ҳам аз ҷиҳати шаклу ҳам аз ҷиҳати сабки нақшофарӣ тавъам, яъне ҷудонопазир аст. Баробари ин рўҳияи миллие, ки дар тасвири кўшку айвонҳои қадимаи минётурнигорони шарқ вуҷуд дорад, нигоҳ дошта шудааст.
Сутунҳои кандакории чўбии «кўзагӣ»-дор бо филпоя ва сутункаллаҳои муқарнасу бошагиҳо аз замони ҳукмрониии сомониён маълуманд ва қасру кўшкҳои ононро шукўҳи хоса мебахшиданд. Устоҳои дуредгар кўшидаанд, ки сифатҳои чунин сутунҳо кам нагардад, анъанаи ниёгонро ҳифз намоянд ва ба ояндагон расонанд. Агар ин сутунҳоро бо сутунҳои румиву юнонӣ муқоиса кунед, равшан хоҳед дид, ки сутунҳои кандакории миллӣ дар нафосату назокат ва умуман бадеият чӣ афзлияти бузургеро соҳибанд. Устои гачкор Амриддин Наҷмиев низ дар сутунҳои гачӣ анъанаро пурра риоя мекунад.
Усто Мирҷамол ва писари ў усто Мансур дар вақти сохтани сутунҳои айвони шашкунҷа (ҳавлии шахсӣ, Тошканд, с. 2000) низ тариқи навпардозиро пеш гирифтаанд. Мо ин ҷо дар сутункаллаҳо ба ҷои муқарнасу бошаҳои анъанавӣ парракҳои дар сутунҳои чойхонаи Қўшҳавз ба коррафтаро мебинем. Сохти сутунҳо кўзагии дегианд, аммо аз филпоя сар карда то сутункалла бо нақшҳои ҳаккокии ислимӣ фаро гирифта шудаанд. То ин вақт дар эҷоди устоҳои Самарқанд филпоя ва шиками кўзагиро бо нақшҳои барҷаста ҳаккокӣ кардан расм набуд. Ҳаккокии шифти чўбии ин айвон низ аз корҳои тозаи онҳост. Сутунҳои панҷараи ин айвон низ, ки бо баландии филпояҳо сохта шудаанд, шакли кўзачаҳои нафисро хотиррасон мекунанд.
Сутуни меъмории миллӣ маҳсули эҷоди ҳазорсолаҳо буда ҳазор сол пеш дар кўшку қасрҳои шоҳони Сомонӣ шакли комили худро пайдо кардааст ва барои он ба он як чизи нав илова кардан усто бояд шахси фавқулодда боистедод бошад. Чуноне ки гуфтем, қисми аз ҳама поёнии сутун, яъне курсии он филпоя ном дорад. Худи ҳамин ном шакли онро муайян кардааст. Яъне дар поён васеъ ва дар боло бориктар мешавад. Дар торихи меъмории миллӣ филпояҳои гуногунро вомехўрем. Дар аксар маврид онро алоҳида ва аз санг сохтаанд. Баъзан чун дар сутунҳои масҷиди Хоҷа Зудмурод мебинем, аз чўян ҳам рехтаанд. Шаклҳо ҳам гуногун – аз шаклҳои ҳандаси (геометри) то мудаввар.
Усто Мирҷамол вобаста ба вазифаи иншоот ва шароит филпояҳоро метарошад. Филпояҳои ў қисми ҷудонопазири сутунанд ва сутунҳо чун ниҳол аз поя чун сарв сабзида қад кашидаанд. Вақте ки ин сутунҳо дар байни иморат нею дар боғ (айвонкаравоту айвончаҳои чорбоғӣ) чой гирифтаанд, барои таъмини ҳамоҳангии он бо табиат усто дар онҳо низ нақшҳои ислимиро ҳаккокӣ кардааст. Ва ин ба назар кам намудааст ва нақшҳо чун гули ошиқи печон ба шиками ҳамвору лайси «кўзагӣ»-и сутун низ печидаанд. Донишмандони санъати меъмории миллӣ бояд ба ин эҷодкориҳои усто эътибор диҳанд ва соҳиби завқи баланд будани ўро эътироф кунанд. Ва умуман аҷиб ин аст, ки филпоя дар куҷо тамом мешаваду қисми «кўзагӣ»-и сутун оғоз меёбад, аниқ кардан душвор аст, зеро дар қисми болои филпоя усто як шакли мудавваре месозад, ки монанди шакли кўзагии сутун мебошад. Эҳтимол ҳамин чиз пайванди даруниву эстетикии филпояро бо сутун таъмин мекунад. Айвонкаравот эҷоди усто Мирҷамол ва писари ў усто Мансур мебошад. Ин ҷо афзоиши заковати нақшҳои ҳаккокии каравот яъне кати чўбин ва дар панҷараи онҳо истифода шудани нақшҳои ислимӣ ҷолибанд. Ва сифати олии ин кор таъмини пайванди узвии каравоту айвон мебошад. Айвонкаравот боз хонтахта ва як курсии дарози секаса дорад, курсии секаса панҷараву нақшҳои ҳаккокии такягоҳи каравотро такрор намуда узви ҷудонопазир будани курсиро бо айвонкаравот таъкид мекунанд. Яъне ҳар касе, ки дар болои каравот пойҳоро қат карда нишаста наметавонад, ба ин курси мемалол мешинад. Ин ҷо усто на танҳо анъанаҳои миллиро ҳифз кардааст, балки онро ривоҷ дода ба талаботи асри ҳозира низ мувофиқ гардондааст.
Оиди «кўзагӣ»-и сутунҳо баъзе муҳаққиқон навиштаанд, ки як намуди кўзагулест, ки дар наққошии рангтасвири миллӣ ва гачкории миллӣ мебинем. Решаи онро «дарахти мунаббат» номидан то кадам дараҷа дуруст аст, муайян кардан душвор мебошад. Аммо ҳама гуна нақшҳое, ки дар қадимзамон ба дару девор ҳаккокӣ мекарданд ё мекашиданд, маънои динӣ доштанд ва дарахти ҳаёт низ гуфтаанд. Сипас бисёр намуди нақшҳоро ҳамчун балогардон истифода мебурдаанд. Дар асрҳои охир бошад ин нақшҳо маънои эстетикӣ, шоирона ба худ гирифтаанд. Чӣ қадар навпардозӣ кунед ҳам ба ҷои кўзагии сутун шакли ҷолибтаре пайдо карда наметавонед. Кўзагӣ ҳамчун миёни борики нозанин нафосату назокати худро дорад.
Дар як мақола оиди ҳама корҳои эҷодии усто Мирусмону усто Мирҷамолу усто Мансур ҳарф задан аз имкон берун аст.
Аз навиштани ин мақола мақсад ин буд, ки хонанда дар мисоли як хонаводаи кандакорон оид ба ин бахши ҳунари мардумӣ каме тасаввурот ҳосил кунад.
Усто Мирҷамол акнун 52-ро пур кардааст, писараш усто Мансур хеле ҷавон аст. Умед аст, ки онҳо анъанаҳои падаронро пайваста давом дода ба мисли устоҳои машҳури дерини Самарқанд ҳунари кандакории миллиро шўҳрати олам мекунанд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий